Главная / Гуногун / Мусаввирӣ ва хаттотӣ дар асрҳои XVII-XVIII

Мусаввирӣ ва хаттотӣ дар асрҳои XVII-XVIII

Дар китобхона ва музейҳои мамлакатҳои ҷахон нусхаҳои хаттии китобҳои гуногун мазмуни асрҳои XVII- XVIII маҳфузанд. Баъзе аз онҳо бо миннатюраи мусаввирони Осиёи Миёна зинат ёфтаанд. Аз намунаи кори онҳо маълум мешавад, ки анъанаи мактаби миниатюрии асри XVI давом ва инкишофи босазои худро дар асрҳои баъдина пайдо намудааст. Мисоли онро мо дар асари Шарафиддин Алии Яздӣ “Зафарнома” мебинем. Ин нусха соли 1628 дар Самарқанд китобат шуда, 12 миниатюраро дар бар мегирад. Ҳамаи расмҳо бисёр зебо ва ҷолибанд. Мусаввири забардаст дар саҳнаҳои рамзӣ бо як маҳорати ҳайратангез тавонистааст миқдори зиёди симоҳои одамро ҷой диҳад. Дар ин миниатюра симои 28 одам ва 18 асл мавҷуд аст. Дар миниатюра ҷанги 20 кас тасвир ёфтааст. Саҳнаи базми Темур низ пуродам аст: дар ин ҷо аҳли кибор, сипоҳиён, мутрибон, ҳофизон, ровиён ва соқиёнро метавон дид. Саҳнаҳо хеле зебо ва хушранг офарида шудаанд.

im10

Ба ҳамин навъ санъати баланд асари муаллифи масчоҳӣ Масъуд ибни Усмони Кӯҳистонӣ — “Таърихи Абдулхайрхон”, асари Ҳотифӣ — “Темурнома” зеб ёфтаанд. Яке аз мусаввирони забардасти замон Муҳаммадмуроди Самарқандӣ буд. Ӯ асари маъруфи Саъдии Шерозӣ “Бӯстон”- ро бо санъати волои худ зеб додааст.

Китобҳои гуногунмазмун, махсусан девони шоирони замонҳои мухталиф, аз тарафи хаттотони маъруфу машҳури асри XVII-ибтидои асри XVIII руйнавис мешуданд. Нисбат ба мусаввирон хаттотон афзалият доштанд. Хушхаттарин ва маъруфтарини онҳо дар дарбори хонҳо ва ашроф хизмат мекарданд. Хаттотони маъруфи ин аср Мир Имод ва Ҳоҷӣ Ёдгор буданд. Хаттотӣ як навъи боэътибори касбу ҳунар ба шумор мерафт. Азбаски шоирони доираҳои шаҳр ба воситаи шеър зиндагии худро таъмин карда наметавонистанд, бисёри аз онҳо баробари шеъргӯӣ хушнависӣ ва хаттотӣ низ мекарданд. Ин ҳунар барояшон мадори маош мегардид. Якс аз устодони хат Ҳочӣ Муҳаммад Собири Самарқандӣ ҳам шоир, ҳам устоди ҳафтқалам (яъне устоди ҳафт намуд хат) буд. Дигар устоди хат шоири забардаст Мумтози Самарқандӣ ба шумор мерафт.

Санъати баланди хаттотие, ки дар навиштани китобҳо мушоҳида мешавад, аз хатҳои рӯи санги қабрҳо фарқ мекунад. Аз катибаҳои боқимондаи кӯҳистони тоҷик—Мастчоҳу Фалғар, бармеояд, ки дар асри XVII ҳунари зебои асри XV-XVI рӯ ба таназзул ниҳода буд. Устодони хатти рӯи сангҳо дар кӯҳистон Ҳоҷӣ Маҳмуд, Боқӣ писари Муҳаммад ва дигарон буданд.

Ба санъати мусаввирон ва хаттотони забардаст ҳунари саҳҳофон (муқовакунандаи китоб) ҷӯр буд. Зебоӣ ва бозоргир шудани китоб ба ҳунари онҳо низ вобастагӣ доштт. Муқоваро устоҳо аз чарм сохта, рӯи онро бо гулҳо оро медоданд. Ба рӯи муқова ба ғайр аз гулу гулкорӣ ном ва соли ҷилдсозиашонро устоҳо сабт мекарданд. Яке аз саҳҳофони устокори асри XVII Мулло Ортуқ писари Сӯфӣ Турсун буд. Ӯ соли 1683 Қуръонро чунон устокорона муқова кардааст, ки бинандаро дар ҳайрат мегузорад.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

sharshara

Шеър дар бораи Шаршара

Шаршара ноз дорад, Мӯйи дароз дорад. Шаршара кони мағал, Шаршара кони ғазал, Зеби дара шаршара, …