Главная / Илм / Мурд дар Канзи Шифо

Мурд дар Канзи Шифо

Мурд — Ин буттаро ба араби ос ва ба руси мирт меноманд. Навъхои бустони ва сахрои низ дорад. Дарахти сахроии он нисбат ба бустониаш кучактар ва интихояш ба бузургии буттаи анор мешавад. Барги бустониаш сабзтар, гафстар ва он кадар дароз намешавад, хушбуй аст, хазон намекунад. Таъмаш андак талх ва чун мозу забонро мегазад. Гулаш сафед ё сурхча ва хушбуй мебошад.

murt

Самараш дар аввал сабз ва баъди расидан, яъне хангоми пухтан ба худ ранги сиёх мегирад, таъмаш андак ширин ва каме талхи низ дорад. Агар онро бихоянд, чун пусти анор сатхи даруни даханро ба хам меоварад, яъне мазааш тунч аст, балки аз пусти анор хам кавитар ва хамчун гизо камкувват аст. Тухмаш майдаи сафед ва хамвори суфта, дар баъзе самараш сето ва дар баъзе бисёр хуллас, аз се то дах дона тухм дорад, ки ин вобаста ба калон ё хурд будани самари он аст.

  Мизочаш мураккаб-ул-кувват, балки кисми хунуки дар мизочи он голибтар мебошад ва, инак, чузъи гарми дар он камтар аст. Сардии мизочи он то ба дарачаи якум ва хушкаш дар дарачаи дувум аст.

   Барг, гул, самар, тана ва решаи он нисбат ба якдигар дар хушкиву сарди фаркият доранд. Яъне дар тухм, барг ва решаи он сарди бештар аст ва кисми дигари он зидди инхо мебошад. Аммо тухмаш думизоча мебошад, яъне ба хамаи мизочхо форам аст, зарар намекунад. Таъмаш тунчи, талхи ва ширини, инчунин латофат низ дорад: бинобар ширини доштанаш сурфаи гармро шифо мебахшад, аз чихати таъми тунчи доштагиаш ихолро мебандад ва бинобар талхи доштанаш пешоброн аст.

   Хислатхои шифобахши он: ин бинобар хушбуй буданаш рухи одамиро мулоим, яъне ором мекунад; ба сабаби куввати кабзияташ, яъне бинобар неруи нигохдорандаги ва латиф доштанаш дарунро мебандад – азбаски чунин аст, боиси пок, тоза, мустахкам, равшан, кави гаштани рухи  инсони мегардад. Ба воситаи ин хислатхояш ба дил низ кувват мебахшад, иллати дилтапак (дилбози), дарди сар, чарх задании сар, сиёх задани чашм,  дарди гуш ва омадани рим аз даруни он, дарди дандон, чушиши (пухтани) дахан ва нотавонии забонро шифо мебахшад, чашмро кави мекунад, варамхоро пас мегардонад, захм ва чарохатро сихат мебахшад.

   Агар инро бихуранд ва гузошта банданд, хун кай кардан ва хунравиро аз хар аъзо, ки бошад, дафъ мекунад, араккуниро манъ месозад, меъда ва рудахоро кувват мебахшад; пешобро меронад, варамхоро тахлил медихад, сангхои гурдаро бархам медихад, сангхои гурда ва хичакро майда карда мерезонад, хуни хайзро манъ, хатто катъ мекунад, сустии гурдахоро бархам медихад, бавосирро шифо мебахшад ва устухони шикастаро бо хам пайваст мегардонад.

   Самари он куввати тарёки дорад, яъне таъсири захрхоро мешиканад ва аз бадан онро дафъ мекунад, хусусан захри гунда ва каждумро зиёдтар ва зудтар дафъ месозад.

    Барги тарашро куфта батанхои ё бо сирко сиришта ба пешони гузошта бандан, хуни бинтро манъ мекунад; ва ба сар гузошта банданд, сабусаки сарро пок менамояд ва агар сар захм дошта бошад, хушк мекунад. Чун дар оби баргаш як микдор гулоб ва камтар кофур дохил карда ва баъд латтаи загирпоягиро дар он тар намуда, аз ру ба меъда бигузоранд, дарди сареро, ки сабабаш галабаи сафро, яъне зиёд шудани сафро дар меъда бошад, шифо мебахшад.

   Самари онро пухта, бо шароб хамир карда, ба сар гузошта банданд, дарди сареро, ки сабабаш галабаи балгам ва сафро бошад, дафъ мекунад.

    Баргашро куфта, бо равгани гули сурх ва зардии тухми мург сиришта, ба сар гузошта банданд, чарх  задани сар ва сиёх задани чашмро, ки аз зарба хурдан ва дар натичаи сахт афтодан содир шуда бошад, даво мешавад. Барги тарашро бибуянд, майнаро кувват мебахшад ва намегузорад, ки бухорхои зарарнок аз  поёни  бадан ба магзи сар бароянд ва инчунин  намемонад, ки он бухорхоро майна кабул кунад, низ иллатхои чарх задани сар ва сиёх задании чашмро дафъ мекунад.

  Агар бо равгани он сарро чарб намоянд, варамхои сар ва суботро, ки хоби сахт ва ба душвори бедоршаванда аст, ки аз расидани бухори поёни бадан ба магзи сар бошад, шифо мебахшад.  Ин хислати он бинобар куввати сарди доштанаш майнаро кави мегардонад ва намегузорад, ки бухорхои нав ба боло бароянд, балки онхоро тахлил медихад  ва пароканда мекунад.

Оби барги тарашро дар чашм чаконанд, дарди чашмро таскин медихад ва чашми аз косахонааш берунбаромадаро, ки дар тибби кадим хучуз-ул-айн меноманд, аз нав ба чояш мебарад.

  Хокистари хар як кисми онро чун сурма ба чашм кашанд, барои иллиатхои нохунак, шилпуки ва обравии чашм давои хубест ва дар ин бобат бехтар аз тутиё мебошад, инчунин инро дар иллатхои чашм ба чойи тутиё бо муваффакияти том истифода тавон кард.

   Оби барги онро дар гуш чаконанд, дархол дардашро дур мекунад, гушро кави ва омадани римро аз он дафъ мегардонад, бо ин восита захми даруни гушро ба ибро меоварад. Оби барги онро дар дахан гардонанд, дарди  дандонхоро, ки аз гарми бошад, таскин медихад, инчунин сустии милки дандон, нотавон гаштани забон ва пухтани даханро нафъ мебахшад.  Нушидани оби барг ва шарбати самари он низ беморихои мазкурро дармон мебошад.

   Баргашро буй кунанд, дилро кави ва иллати дилттапак (дилбози)-ро дафъ мекунад. Оби барги онро бимоланд ва самари расида ё шарбаташро бихуранд, меъдаро кувват медихад, хусусан усораи онро, ки оби дар офтоб гафсгардонидаи он мебошад, бо кивоми барги зуф бихуранд, зудтар таъсир мебахшад.

   Хох самар ё баргашро дар об чушонида, он обро бинушанд, хама навъхои ислохро, ки давомнок бошанд, катъ мекунад. Агар тухмашро куфта бихуранд, намегузорад, ки моддахои бегона ба меъда рехта шаванд.

   Баргашро куфта ба зери ноф гузошта банданд, исхолхои сафрови ва савдовиро дафъ мекунад.

   Чун 75 грамм оби барги онро бо равгани кунчид бинушанд, балгамро башиддат аз бадан ба воситаи исхол дафъ мекунад. Ин оби барги онро бо дар офтоб гафс гардонида, яъне усораи барги онро бихуранд, дарунро мебандад,  исхолхои кухнаро манъ мекунад ва барои бавосир фоида дорад. Агар оби барг ва меваи онро бардавом бинушанд, беморихои мазкур инчунин иллати кай кардан ва иллати ташнашавиро, ки обхура меноманд, шифо мебахшад.

   Агар барг ва самари онро сухта, ба дудаш бидоранд, донаи бавосирро, ки сабаби тул кашидани ин бемори мебошад, меафтонад. Ва аз дуди он чонварони майдаи зарарнок мегурезанд, вале нагурезанд, мемиранд.

   Самарашро бихуранд, сузиши пешоб (сузок), захми хичак, бечо равон шудани хайзи занхо ва бисёру бемаврид омадани рутубатро аз бачадони онхо шифо мебахшад.

   Усораи самараш, яъне оби самарашро дар офтоб гафс гардонида бихуранд, пешоб ва хайзи бандшударо равон мекунад. Ва агар самари онро дар об чуш дода, он обро бинушанд, беандоза равон шудани рутубатро аз бачадон ба холати эътидолаш меоварад.

   Баргашро куфта, бар бавосир гузошта банданд, онро шифо мебахшад ва агар ба хоя гузошта банданд, варами онро мегардонад.

   Дар обе, ки барги он чушонида шуда бошад, то ноф даромада нишинанд, макъад (кутан) ва бачадони беруномадаро ба чохои худашон мегардонад ва бисёр равон шудани рутубати  бачадонро ислох мекунад. Агар оби барги онро ба макъаде, ки берун баромада бошад, бимоланд, онро ба чояш мебарад ва дигар барнамеояд.

    Баргашро куфта гузошта банданд, варамхои гармро мегардонад, решаи чамра (карбункул), ки реши мухлик аст, обилахо, доначахои дар пуст пайдогашта, захмхо, милкаки нохун, инчунин захмхоеро, ки дар кафи дасту похо бошанд, инчунин аз оташ сухтани хамаашро шифо мебахшад.

    Самарашро пухта, бо шароб хамир карда гузошта банданд, решхоеро, ки дар бучулаки по ва дар зери похо пайдо мешаванд, дафъ мекунад, инчунин ба сутагии оташ ва обилаахои он нафъ дорад.

    Самарашро дар об пухта, баъд онро бо шароб хамир карда гузошта банданд, нотавон гаштани пайвандхои баданро ба ислох меоварад. Баргашро куфта, ба чохои латхурдаи аъзо гузошта банданд, ба ибро меоварад ва инчунин ба пошнаи по, ки дард мекарда бошад, нафъ дорад.

    Наск, мозуи сабз, гули сурх ва шилми акокиёро куфта, бо оби барги мурд хамир  карда, ба аъзо ва асабхое, ки сусту нотавон  гашта бошанд, гузошта банданд, ба ислох меоварад, инчунин пиронро багоят фоида дорад.

    Баргашро дар об чушонда, он обро ба пайвандхое, ки дардманд бошанд, бирезанд, дарди  онхоро дар бадан таскин медихад ва инчунин ба узве хам, ки устухонаш шикаста бошад, бирезанд, боиси зуд пайваст ва сихат шудани он мегардад. Агар бо ин об доги сафеди пустро бишуянд, сихат мебахшад.

   Чун барги хушки онро куфта бипошанд, аз пойафзор харошида шудани пошна ва аъзои шикастаро ба ислох меоварад. Реша, барг ва самари он – хар якеро аз инхо дар об чуш дода бошанд, он об доруи кувватбахши муй аст, яъне намегузорад, ки муй бирезад, балки онро дароз ва сиёх мегардонад. Инчунин баргашро дар об чушонида, бо он об сарро бишуянд, хамин хислатхоро дорад.

   Тухмашро ос карда, дар хаммом ба хар чойи бадан, ки гузошта банданд, рутубатхои бегонаро, ки баданро суст мегардонанд, аз пуст дур мегардонад ва барои бадан кувват мебахшад.

   Тухмашро бо равгани гов ва равгани гусфанд чушонида, ба хар чойи бадан, ки бимоланд, арак карданро манъ мекунад.

   Барги хушкашро куфта бипошанд, буйи бади зери багал ва каши ронро дафъ мекунад ва агар сухтаи он ё хокистарашро бипошанд, догхои кунчидакро аз пусти ру дур мекунад.

   Агар самари онро бо оби барги лаблабу бипазанду онро ба сар бимоланд, дона ва обилахои сабусакхои сарро нест мегардонад. Чун онро куфта, бо оби бокило хамир карда, ба догхои кунчидаки рухсора бимоланд, онхоро нест месозад.

    Инчунин самари он барои газидани каждум ва гунда даво мешавад, хангоме ки ба микдори то 10,5 грамми онро бо шароб биёшоманд.

    Агар дарахти мурдро ёфтан душвор гардад, ба чойи он барги тутро истеъмол намоянд, раво мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …