Главная / Гуногун / Муносибатхои иктисодии байни Осиёи миёна ва Россия

Муносибатхои иктисодии байни Осиёи миёна ва Россия

Соли 1781 мутарчим М. Бекчурин ба сифати сафири хукумати Россияи подшохи ба Бухоро фиристода шуд. Вазифаи асосии сафорат муайян кардани  имконоти инкишофи тичорати Россияву Бухоро ва ба воситаи Россия кашондани молхои Бухоро, инчунин халли масъалахои сиёси буд.[1] Дар навбати худ бухороихо илтимос мекарданд, ки барои озодона тичорат кардан дар тамоми хоки Россия ба онхо ичозат диханд. Умуман, чи навъе ки Е.В.Бунаков хотирнишон мекунад, аз дахсолахои охири асри ХVIII Осиёи Миёна аввалин бор дар сиёсати хоричии хукумати Россия мавкеи чиддии мустакилро ишгол менамояд, зимнан максаду мароми тичорат дар ин чо кариб дар навбати аввал гузошта мешуд.140а Аз соли 1796 содироти молхо аз аморати Бухоро ба Россия аз 379 то 485 хазор сум, воридот аз 341 то 421 хазор сум афзоиш ёфт. Вале дар соли 1801 содироти молхои Бухоро ба Россия ба маблаги 732 хазор сум расид, дар айни замон кисмати асосии онро (беш аз 545 хазор сум) маснуоти нахи ва пахта, сипас кисмати дигарро (102 хазор сум) чарм ва бакияи онро пусти карокули, решаи ревоч ва соири колахо ташкил мекарданд.

Ба ин тарика, дар таркиби молхои содироти Осиёи Миёна нахи пахта, газворхои нахи ва  худи пахта мавкеи бартариро дошт ва зимнан 90% ин гурухи колоро ресмон ташкил медод. Дар ин бобат мушохидаи полковник Струков хеле чолиби диккат аст, ки соли 1810 дар хусуси тичорати Россияву Осиёи Миёна навишта буд: «Россия, ки дар истехсолоти худ нахи пахта надорад, инчунин зарурати мухимро ба микдори зиёде хам дар холати пахтаи табии ва хам се навъи ришта аз Осиё дарёфт менамояд. Илова бар истифодаи басо муфид дар чарогон онро дар фабрикахои рус барои тахияи матоъхои гуногуннавъ ба кор мебаранд. Баробари ин, хар навъ газворхои аз Осиё воридшавандаро хар ду чинси мардуми оми бо дилхушии тамом истифода мекунанд, зеро вай нарм ва бадошт аст ва аз ин ру, матои загирпоягиро, ки давлат барои (таъмини) армия ба вай эхтиёчи багоят бузурге дорад, аксаран бо он иваз мекунанд»[2].

Соли 1801 аз Бухоро ба Россия ба маблаги 732 хазор сум мол содир гардида, моли аз Россия ба Бухоро воридшуда аз ин маблаг якуним баробар камтар буд. Мухимтарин кисмати молхои воридотиро червонхои тилло (40%), мохут ва дигар матоъхо (21%), каламфур, кирмиз, муина ва амсоли инхо ташкил медоданд.

Дар соли 1813 гумоштаи Британия Мириззатулло мачбур шуд эътироф намояд: «Тичорат бо Россия барои Бухоро тичорати асосист». хар сол аз Россия як корвони иборат аз 4–5 хазор шутур меомад ва хамин кадар як корвон ба Россия мерафт[3].

Дар нимаи аввали асри ХIХ таназзули хочагии феодалии крепостнои шиддат ёфта, муносибатхои капиталисти вусъат пайдо мекунанд. Коргоххои хурди косиби беш аз пеш чои худро ба мануфактурахои капиталисти ва сипас ба истехсолоти фабрикии сармоядорон медиханд. Аз соли 1804 то соли 1860 микдори корхонахои саноати аз 2402 ба 15. 338 расида, микдори коргарон мутобикан аз 95,2 хазор то 565,1 хазор кас афзуд. Махсусан саноати бофандаги, ки дар нимаи дувуми солхои 20-ум ва нимаи аввали солхои сивуми асри ХIХ такрибан 70% саноати маснуот барорандаи русро ташкил мекард, хеле таракки намуд. Факат дар зарфи 7 сол аз соли 1825 то соли 1832 адади дастгохи бофандаги ду мартаба зиёд шуд.

Албатта, мо барои тафсил додани инкишофи иктисодиёти Россия имкон надорем ва ба ин хочат хам нест, зеро ин масъала дар тадкикоти зиёде мавриди барраси карор гирифтааст[4]. Мо ин чо факат дар баъзе чихатхои асосии он таваккуф менамоем. Саноати ба таракки руниходаи Россия ба бозор эхтиёч дошт. Инро бисёр арбобони онвакта ба хуби дарк менамуданд. Дар соли 1835 Г.Неболсин ин иддаоро хеле возеху равшан баён карда буд: «Аз он вакте ки фуруши молхои мануфактурии мо дар байни мардумони Осиёи Миёна ба равнак даромад, ин тичорат барои саноати дохилии мо ахамияти махсус пайдо намуд…»[5]. Чунон ки В.И.Ленин хотирнишон кардааст: «…капитализм бе пайваста васеъ кардани доираи хукмронии худ, бе колонизатсияи мамлакатхои нав… зиндаги ва таракки карда наметавонад». Ва боз: «Барои фабрикантхо бозор фавран даркор аст ва агар кафомондагии тарафхои дигари хочагии халк бозорро дар райони кухна тангтар мекарда бошад, дар ин сурат онхо бозорро дар райони дигар ё дар мамлакатхои дигар… чустучу хоханд кард»[6].

Махз хамин ва инчунин зарурати ба даст овардани маводи хоми Осиё сабабгори асосии вусъат ёфтани хачми робитахои иктисодии Россия бо Осиёи Миёна буд. Ба ин вачх махдудиятхои аз Россия ба кишвархои Осиё содир кардани тилло, филизоти сиёх ва ранга, маснуоти филизи (ба истиснои аслиха) ва галла аз байн бардошта шуданд. Ба точирони хар се дарача барои савдо кардан бо Осиёи Миёна ва ба шахсони хар зумра барои доду гирифти мубодилаги ичозат дода шуд. Ин ва дигар тадбирхо ба равнаки тичорат шароити мусоид фарохам оварданд. Колохои Россия хатто ба Афгонистон, Кошгар ва соири нохияхои машрикзамин низ рох ёфтанд [7]. Аммо аз хатар эмин набудани роххои корвонгард ба тараккии тичорат монеаи сахте гардида буд. Аксар вакт корвони точирон, хусусан онхое, ки аз Россия рохи мешуданд, ба хамла ва горати рохзанон дучор мегардид [8]. Корвонхоро хамрохи кардани дастаи мухофиз хам кумак расонида наметавонист. Масалан, корвони пуршумору пурбори точироне, ки солхои 1824– 1825 ба Бухоро харакат мекард, бо вучуди мухофизаи дастаи мусаллах аз тарафи рохзанон талаву тороч карда шуд [9].

Аз маводи хоми Осиёи Миёна махсусан пахта ахамияти калоне пайдо карда буд. Саноати бофандагии Россия микдори торафт бештари онро талаб менамуд. Ин аст, ки кашондани пахта муттасил меафзояд.[10] Дар огози асри ХIХ аз Осиёи Миёна хар сол кариб хазор пуд пахта ба Россия кашонда шуд, микдори он дар соли 1818 ба беш аз 10 хазор пуд, дар соли 1836 ба 38,5 хазор пуд ва дар соли 1858 ба зиёда аз 180 хазор пуд расид, яъне дар давоми ним аср 18 баробар афзоиш ёфт.

Дар навбати худ Осиёи Миёна хам аз тичорат бо Россия хеле манфиатдор буд. Бисёр махсулоти мухим, аз кабили чуян, охан, мис, маснуоти филизи, махз аз Россия ворид мегардид. Аз тангаи кисаи шахриён сар карда, то туп — хама аз филизоти рус сохта мешуд.

П.И.Неболсин навишта буд: «Мо ба Осиёи Миёна чунин молхоро мефиристем, ки дар тамоми Турон чизхои аз хама зарури ва мавриди масрафи умуми ахоли махсуб меёбанд. Тилло, нукра, мис, чуян, охан, хар гуна маснуоти филизи, пуст, ранг, шакар, мохут, чит ва матоъхои гуногуни пахтаги ва абрешими ба он чо аз мо мераванд. Осиёи Миёна филизот, чарм, мохут ва чит барин молхои моро мухол аст, ки бо хамии нарх аз ягон кишвари дигар гирифта тавонад»[11].

Мувофики мадракхои овардаи хамин муаллиф факат дар зарфи дахсолаи 1840–1850 танхо бо рохи Оренбург аз Россия ба давлатхои хонии Осиёи Миёна такрибан 40 хазор пуд мис, беш аз 400 хазор пуд охан, 75 хазор пуд чуян, 25 хазор пуд фулод, ба микдори зиёде сиккахои тилло ва нукра кашонда шуданд. Бояд гуфт, ки ин микдор аз истихрочи филизоти махалли бештар буд. Барои оммаи васеи ахолии Осиёи Миёна, махсусан, ворид намудани матоъ ахамияти калон дошт, аз ин ру, вай дар байни молхои ба ин кишвар содиркунандаи Россия чои аввалро ишгол менамуд. Умуман, тичорати Осиёи Миёнаву Россия, сарфи назар аз баъзе лахзахои ба мамониат дучор шудан ва хатто пас рафтан, беш аз пеш ривоч мегирифт.

Дар натичаи тавсеаталабии тичоратии Англия ва душворихое, ки солхои сивум ва чилум дар сохаи савдо ба миён омаданд, содироти Россия ба давлати хони хеле паст фаромада, нисбат ба воридот якуним-ду баробар кам гардид. Вале аз охири солхои 50-ум ва 60-ум тичорати Россияву Осиёи Миёна дубора чон гирифта, босуръат пеш рафт. Ба сабаби сар задани чангхои дохили дар Америка аз он чо ба Россия ворид намудани пахта нихоятдарача кам шуд ва ин, дар навбати худ, нархи пахтаро дар Россия хеле боло баровард. Дар бораи вусъати онвактаи муносибатхои тичоратии Россия ва Осиёи Миёна чунин далел гувохи медихад, ки дар Осиёи Миёна махз дар хамон вакт масохати киштзори пахта чандин баробар афзоиш меёбад. Пас аз як соли огози чанги дохилии Америка, яъне соли 1862 аз Осиёи Миёна кашондани пахта кариб се баробар зиёд мешавад.

Чунон ки дар боло таъкид ёфт, ба инкишофи тичорати Россияву Осиёи Миёна хар ду тараф хам манфиатдор буданд. Вале аз он набояд сарфи назар кард, ки дар тичорати хоричии Россия хиссаи воридоти Осиёи Миёна хатто дар давраи авчи худ низ факат 2–3 фоизи хачми умумии содироти давлати Русро ташкил менамуд, дар сурате, ки кисми асосии молхои содиротии Осиёи Миёна ба Россия фиристода мешуд. Ин холатро дар воридоти Осиёи Миёна хам метавон мушохида кард. Кисми зиёди молхои воридоти аз Россия меомад. Давлатхои Осиёи Миёна хеле пештар аз хамрох шудан ба Россия тахти нуфузи иктисодии давлати Рус карор гирифта буданд[12].

Манфиатдории хам Россия ва хам давлатхои хонии Осиёи Миёнаро нисбат ба инкишофи муносибатхои тарафайн омилхо, на ин ки омилхои сиёси, дар саъю кушишхои аз нимаи дувуми асри ХIХ ба зухур омадаи хукумати подшохи дар бобати тамоман ба зери назорати худ даровардани Осиёи Миёна ва ба ин васила аз истилои Англия – хатарноктарин харифи империяи Россия эмин нигох доштани он роли хеле мухим бозиданд. Инро бояд махсус таъкид кард, зеро баъзе муаллифон[13]хангоми тахкики ангезахои асосии амалиёти Петербург дар Шарк ба чихатхои иктисоди ахамияти лозими намедиханд.

Муносибатхои самарабахши тичоратии аморати Бухоро, давлати хонии Хева ва Хуканд аз як тараф ва Россия, аз тарафи дигар, дар заминаи фаъолияти чиддии дипломатии ин кишвархо беш аз пеш равнак меёфтанд. Дар зарфи тамоми нимаи аввали асри ХIХ онхо сафорат ва намояндагихои худро мубодила карда, ба халли масъалахои аз назари ин ва ё он давлат хеле мухим муваффак мегардиданд. Яке аз хамин кабил масъалахо хамоно мубодилаи мол ва тамоми муаммохои ба он алокаманд ба шумор мерафт.

Сафироне, ки аз Осиёи Миёна ба Россия фиристода мешуданд (алалхусус сафирони аморати Бухоро), кушиш мекарданд бочхои ба молхои хамватанонашон андохташударо кам кунанд, барои ба Осиёи Миёна содир кардани маснуоти мамнуъ, тилло ва танга (ки хар вакт кашондани онхо манъ мешуд) ичозат гиранд, онхо баъзан илтимос менамуданд, ки барои точирони ин ва ё он давлати хони дар ярмаркахои  Россия чой диханд ва боисрор дархост мекарданд, ки барои дар шахрхои гуногуни империяи Россия, на ин ки факат дар махалли махсус таъиншуда, хариду фуруш кардани точирони Осиёи Миёна имкон дода шавад.

хукумати подшохи, дар навбати худ, ба вусъати робитахои иктисоди ва бехтар шудани шароити тичорати савдогарони рус хавасманд буд ва чунин меангошт, ки ба ин васила нуфузи сиёсии худро дар Осиёи Миёна метавонад ба осони пахн ва устувор намояд. Вай дар назди сафирони худ, ки ба давлатхои хони рахсипор мешуданд, вазифаи тадкики ин давлатхо ва озод кардани раияхои дар ин сарзамин мисли гуломон зиндагикунандаи Россияро низ мегузошт.

Мавкеи душманонаи давлати хонии Хева муддати чандин соли нимаи аввали асри ХIХ Петербургро ба ташвиш меандохт. Вай ба максади тахти назорати худ карор додани тичорати Россияву Осиёи Миёна аз мавкеи чугрофии худ истифода бурдани мешуд. Хони Хева ба рохи корвон дастахои мусаллах фиристода, аз точирон банохак боч меситонд ва дар сурати эътироз карданашон онхоро горат менамуд; аксар вакт баъди конеъ кардани талаби ин дастахо низ корвон аз тороч эмин намемонд. Гайр аз ин, Хева ба бисёр кавму кабилахои казок, ки кайхо тобеияти Россияро кабул карда буданд, даъвои хукмрони дошт.

Кисса кутох, мавзуи гуфтушунидхои дипломати хеле бисёр буд. Илова бар ин, хар гох хукмронони давлатхои хони барои кофтукови сарватхои зеризамини аз хукумати подшохи фиристодани инженерон ва техникхои маъданшиносро хохиш менамуданд. хамин тарика, дар охири асри ХVIII амалдори сохаи маъдан Т.Бурнашев хамрохи А.Безносиков ба Бухоро омад. Д.Телятников бо хамон А.Безносиков ва баъдтар Т.Бурнашев ва М.Поспелов ба Тошканд, ки чанд вакт мустакил гардида буд, сафар карданд. Дар вакти сафари охирон кофтуковхои геологи (табии, дар шароити онвакта як дарача сатхи) анчом дода, ба хокими Тошканд Юнусхоча рочеъ ба он манбаъхои табии, ки у умедвори дошт, баъзе мадракхо пешниход карда шуд [14].

Дар навбати худ, сафирони Бухоро – девонбеги Азимчон Муъминчонов (солхои 1815 ва 1819) ва курчибоши Мирзо Мухаммадюсуф (соли 1816) ба Петербург рафтанд. Миссияи дипломатии А.Ф.Негри (солхои 1820–1821), ки ба хайъати он табиатшинос Э.Эверсман, капитани штаби генерали Е.Мейендорф ва дигарон дохил буданд, ба аморат ташрифи чавоби овард. харчанд бастани ягон хел шартномаи танзимкунандаи муносибатхои Россияву Бухоро (ки ба он хамеша хукумати подшохи саъй мекард), муяссар нагардид, сафари А.Негри ба аморат дар инкишофи муносибатхои байни империяи Россияву Бухоро ва дар бобати бо хам шиносо шудани ин ду давлат ба эътибори як мархалаи наве ахамият пайдо намуд.

Мубодилаи намояндагони мухталиф дар байни Россия ва давлати хонии Хуканд низ дорои чунин ахамият буд. Аз он чи, ки дар таърихи харду давлат накше гузоштааст, пеш аз хама, ба водии Фаргона сафар кардани Ф.Назаров (солхои 1813–1814) ва Н. Потанинро (солхои 1829–1830), ки илмро бо маълумоти рочеъ ба махалли номашхур гани гардонидаанд, бояд хотирнишон намуд. Дар солхои 1823–1829 сафирони хони Хуканд Мухаммадалихон – Турсунхоча Найзахочинов ва Хочи Миркурбон Мамадкосимов аввал ба Омск ва сипас ба Петербург фиристода шуданд.

[1] Ниг.: Бекчурин М., 1916.

140а Бунаков Е.В., 1941, с. 6–8.

[2] Рожкова М.К., 1949, с. 41.

[3] Соколов Ю.А., 1957, с. 198 (хамон чо ва с. 208 номбари молхо).

[4] Хромов А., 1946; 1950; Лященко П.И., 1947; Пажитнов К.А., 1958; Халфин Н.А., 1960, 1974; Очеркхо…, 1969 ва бисёр диг.

[5] Неболсин Г.П., 1835, II, с. 176.

[6] Ленин В.И. Асархо, ч. 3, с. 616, 613–614.

[7] Бобохочаев М.А., 1965.

[8] Ниг.: Масалан, тасвири uорати корвони соли 1803 – Гавердовский Г., 1823.

[9] Ниг.: Рожкова М.К., 1949, с. 46–48; Кайдалов Е., 1828; Халфин Н.А.,1974, с. 176-198.

[10] Дар дастуроте, ки ба мутарчим П.И.Демезон дар соли 1833 хангоми бо миссияи дипломати ба Бухоро сафар карданаш дода шуда буд, аз чумла фахмидани он ки «оё имкони зиёд кардани» истехсоли пахта хаст ё не ва агар бошад, то чи андоза» тавсия мешуд (Чабров Г.Н., 1957, с. III).

[11] Небольсин П.И., 1865, с. 22-23.

[12] Маълумоти солиёнаи нисбатан муфассал доир ба тичорати Россияву Осиёи Миёна дар нашрияи Вазорати молия, ки хар сол бо унвони «Тичорати хоричии давлати дар навъхои гуногуни он» мебаромад, оварда шудааст. {амчунин бисёр таълифоти пурарзиш низ мавчуданд: Мейендорф Е.Ф., 1826 (нашри франсави, нашри руси–1975); Небольсин П.И., 1835; Ханыков П.И., 1843; 1851; Семёнов А., 1859, Небольсин П.И., 1856, Кушева Е.Н., 1934; Бунаков Е.В., 1941; Рожкова М.К., 1949, 1963, Мухаммадчонов А.Р., Неъматов Т., 1957, Аминов А.М., 1959; Михалева Г.А., 1965; Халфин Н.А., 1965, 1974 ва u.

[13] Ниг.: масалан, Рожкова М.К., 1963; {идоятов Г.А., 1969.

[14] Доир ба нашри маълумоти хангоми ин сафар чамъшуда ниг.: «Сибирский Вестник», r. 4, 1818, с. 111–180, инчунин «Вестник Русского географического общества за 1851», r. 1, СПб, 1851, VI, с. 1–44.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …