Главная / Илм / Муми занбури асал дар Канзи Шифо (Китоб)

Муми занбури асал дар Канзи Шифо (Китоб)

mumi_asal-660x330Ин чирми хонаи занбури асал аст, ки асалро дар он чамъ мекунад. Он се навъ аст: 1. Он аст, ки занбури асал асалро дар он чамъ мекунад. Ранги ин мум моил ба сурхию зарди, мулоим, чарб ва хушбу мебошад, инчунин аз нави он буйи асал меояд. 2. Он аст, ки пардахои дахани хонаи худро аз он месозад ва дар он асал намебошад. Ин дар хубию бади миёнахол аст. 3. Он аст, ки бо номи таслит машхур мебошад — он чизи сиёхранг аст, ки бар кур (хонаи занбур)-и худ мемолад. Ин дар давоги бадтар аз дигархояш мебошад. Инро ба руси прополус меноманд.

Мизочи муми занбури асал кариб дар дарачаи дувум гарм ва дар тари муътадил аст. Кувваташ то си сол боки мемонад. Хислатхои шифобахши он: хусусиятхои умумии он тахлилдихандаи варамхо ва моддахои гафс дар бадан; пазонандаи моддахои нодаркор ва тайёркунанда барои хорич шудан аз бадан ва мулоимкунандаи асабхост; ислохкунанда ва нигохдорандаи хислати давохо дар мархамхо мебошад.

Ду грамми онро ба андозаи донаи гандум реза-реза карда, дар равгани кунчид хал намуда бинушанд, захмхои ботини (аз чумла захми меъда ва шуш), харошида шудани рудахо ва исхоли кухнаро шифо мебахшад, инчунин захрхоро аз бадан дафъ мекунад, дарди даруни узвхои сина, сурфа ва силро даво мебошад, шири дар хар чойи бадан шахшударо тахлил медихад ва дафъ месозад; дарди гулу ва забончаи халкро ба ибро меоварад, овозро соф мекунад.

Агар ин мумро сухта, дудашро бигиранд, беморони табро арак меоварад, буйи мурдори хавои вабоиро дафъ мекунад, бадбуйии биниро нест мегардонад, азияти буйи мурдор ва кабристониро ислох мекунад. Агар инро дар равгани гули сурх ё дар равгани зайтун гудохта, бо он хукна (клизма) кунанд, барои харошида шудани рудахо багоят фоида дорад. Инро бо равгани бунафша даромехта бимоланд, дагалии узвхои даруни сина ва дигар дагалихои баданро дафъ месозад, варамхоро мепазонад, барои хориш ва кутур дору мешавад ва дахани захмхоро васеъ карда, барои хорич шудани чирк ва рими онхо шароит пайдо менамояд; захми захри тири захрнокро дафъ мекунад.

Мумравганро, ки бо равгани савсан ё савсани сафед тайёр карда шуда бошад, ба рухсора бимоланд, ранги руйро сурх ва соф мегардонад, догхои кунчидакро дафъ месозад, асабхои сахтгаштаро мулоим мекунад. Агар ин мумравганро аз муми зард ё сурх бо равгани савсан ё равгани гули сурх тартиб дода, се хафта дар офтоб гузошта, баъд бимоланд, варамхои паси гуш ва каши онро тахлил медихад ва моддахои ба он варамхо рехташавандаро манъ мекунад. Муми занбури асалро ба танхои варак сохта, бар пистони занхо гузошта банданд, шах шудани ширро дар он манъ мекунад ва агар ба асабхои шахшуда ва варамхо гузошта банданд, онхоро тахлил медихад ва мулоим мегардонад.

Ин мумро реза-реза карда, бо куфтаи зардчуба даромехта, дар халтача андохта, бо равгани кунчид гарм карда, бо он гармбанди намоянд, варам ва бодхоро тахлил ва дардхоро таскин медихад. Вале хурдани ин мум иштихоро мебандад ва дар узвхои бадан гиреххо пайдо мекунад. Давои ин зарархояш нон хурдан ё бо нон хурдан аст. Микдори як бор хурдан аз ин дар як руз то 1,75 грамм аст. Ба чойи муми занбури асал орди бокилоро бихуранд, раво мебошад. Агар хонаи занбури асалро сухта, ба зарфе бимоланд ва он зарфро дар оби бахр ё оби талх бигузоранд, оби ширинро ба худ мекашад.

Барои дору муми занбури асалро сафед карда, баъд истеъмол менамоянд. Тарзи сафед кардани ин мум чунин аст, ки мумро гудохта, дар оби хунук андозанд ва чирки онро, ки дар зери он об чамъ мегардад, чудо кунанд ва хамин амалро такрор намоянд, хуб аст. Баъд онро дар деги сафоли нав гузошта, аз болояш оби дарёи шур ба он рехта (агар оби дарёи шур мухайё набошад, намакоб рехта), андак танакори армани дар он дохил карда, то гудохта шудан дар оташ гузоранду баъд аз оташ фуруд оварда, деги сафолини дигари хурдтареро, таги онро тар карда, дар он деги калон фуру баранд, то ки мум бар он бичаспад. Баъд ин дегчаи сафолинро аз он бардоранд ва сони баъд аз хунук шудани он мумро чудо карда бигиранд. Хамин тавр он дегчаро боз дар он деги калон фуру баранд ва хамин амалро чанд мартаба такрор намуда, мумро чудо намоянд. Баъд мумхоро курс сохта, ба ришта кашида, чанд руз дар офтоб биёвезанд ва ба он дафъа ба дафъа оби хунук бипошанд ва чанд шаб ба мохтоб овезанд, то он ки мум сафед шавад. Сони ин муми сафедро барои беморихои дар боло номбаршуда хамчун даво ба кор баранд. Амали дигари сафед кардани ин мум чунин аст. Мумро дар зарфе андохта, оби чушон ба он бирезанду муттасил бичушонаид, то ки мум сафед гардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …