Главная / Чамъият / Муковимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният

Муковимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи муковимат бо вируси норасоии масунияти  одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с.2005, №12, мод.662; с.2008, №12, к.2, мод.1010; с.2014, №3, мод.153) 

Конуни мазкур асосхои хукукии амали намудани мачмуи чорабинихои муковимат ба пахншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуниятро танзим намуда, риояи хукукхои шахрванди, сиёси, иктисоди, ичтимои, фарханги ва озодихои асосии инсонро дар бар гирифта, барои пешгирии пахншавии сироятпазирии вируси норасоии масунияти одам, кам кардани таъсири мубталошави ба бемори, расонидани ёрии тахассусии тибби ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ва сабук гардонидани окибати он барои хар кас ва тамоми чомеа  нигаронда шудааст.

 

БОБИ 1

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

 Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин  истифода мешаванд:

 вируси норасоии масунияти одам – вирусе, ки холати норасоии масуниятро дар организми одам ба вучуд меорад;(КЧТ аз 14.03.14 с., № 1078)

– сирояти вируси норасоии масунияти одам – бемории давомноке, ки сабабгораш вируси норасоии масунияти одам аст;

– шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам – шахсоне, ки гирифтори вируси норасоии масунияти одам шудаанд (шахсони хомили вируси норасоии масунияти одам  ва мубталоибемории пайдошудаи норасоии мухассали масуният);

бемории пайдошудаи норасоии масуният – давраи интихои сироятёби, ки онро вируси норасоии масунияти одам боис шудааст; (КЧТ аз 14.03.14 с., № 1078)

– одамони мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният – шахсони дорои зухуроти клиникии бемори дошта, ки барои онхо иллатнокии амики системаи масуният аз таъсири вируси норасоии масунияти одам хос аст;

– дорухои зидди ретровируси– дорухои тиббие мебошанд, ки тавассути таъсири онхо ба вируси норасоии масунияти одам дар хуни организми шахси сироятшуда микдори вирусхо кам шуда, хаёти шахси сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам дароз  мегардад;

– гуруххои махсуси ахоли бо хатари бештари сироятёби аз вируси норасоии масунияти одам – шахсоне, ки эхтимолан метавонанд бо сарчашмаи вируси норасоии масунияти одам иртибот дошта, хамчунин дар инкишофи эпидемия ва чорахои чавоби накши асоси бозанд, аз чумла шахсони алокаи чинсии хамчинсона дошта, шахсони фохиша ва шахсоне, ки маводи нашъаоварро бо усули тазрик истеъмол мекунанд; (КЧТ аз 14.03.14 с., № 1078)

– гуруххои осебпазири ахоли – шахсоне, ки барои онхо бо сабаби таъсири шароити номусоиди оилави, иктисоди, ичтимои, фарханги ва мехнати хатари сироят ёфтан аз вируси норасоии масунияти одам зиёд мегардад, аз чумла мухочирони мехнати, махбусон, кудакони бесаробон, чавонони бемори дорои нишонаи беморихои бо рохи алокаи чинси сирояткунанда, шарикони чинсии шахсоне, ки маводи нашъаоварро бо усули тазрик истеъмол мекунанд; (КЧТ аз 14.03.14 с., № 1078)

– пинхони – муоинаи шахс бо максади ошкор кардани мубталошави ба вируси норасоии масунияти одам (машваратдихи, ташхис) бе ифшои насаб, ном, номи падар ва маълумоти дигар; (КЧТ аз 14.03.14 с., № 1078)

– махфи – манъ будани хама гуна мухокимаи вазъи солимии шахс ё дар бораи вай ошкор кардани маълумот, ба гайр аз муносибатхои байнихамдигарии касби ва танхо бо розигии худи шахс. (КЧТ аз 14.03.14 с., № 1078)

Моддаи 2. Конунгузори дар бораи муковимат бо вируси норасоии масунияти одам бемории пайдошудаи норасоии масунияти 

Конунгузори дар бораи муковимат бо вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Татбики Конуни мазкур 

Амали Конуни мазкур ба шахрвандони Чумхурии Точикистон, шахрвандони  хоричи, гурезахо, мухочирони ичбори ва шахсони бешахрванд пахн мегардад.

Конуни мазкур нисбат ба муассисаю ташкилот ва корхонахое, ки дар каламрави Чумхурии Точикистон бо тартиби мукарраршуда ба кайд гирифта шудаанд, новобаста аз шаклхои ташкилию хукукии онхо татбик карда мешавад.

Моддаи 4. Сиёсати давлатии Чумхурии Точикистон дар муковимат бо вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти

Сиёсати давлатии чумхурии точикистон дар муковимат бо вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  дар асоси Конуни мазкур, дигар конунхо ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, ки мутобики хамин Конун кабул карда мешаванд, дар амал татбик карда мешавад.

Давлат кафолат медихад:

– риояи тамоми хукук ва озодихо нисбати одамони аз вируси норасоии масунияти одам сироятёфтаю мубталои бемории пайдошудаи норасоии масунияти  ва аъзои оилаи онхо, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон;

– амалисозии назорати эпидемиологии пахншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар каламрави Чумхурии Точикистон бо назардошти риоя ва афзалияти хукуки инсон, пинхони будани ташхис ва риояи усулхои махфи анчом додани он;

– расонидани кумаки ройгони босифат ва аз чихати илми асосноки тахассусии тибби ва ичтимоию равоншиноси барои шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният бо риояи махфи будани муоинаи он(КЧТ аз 31.12.08с., № 476; аз 14.03.14 с., № 1078)

– дастрас ва бехатар будани азназаргузаронии тибби барои ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, аз чумла азназаргузаронии пинхони;

– таъмини воситахои пешгири, ташхис ва табобати сирояти вируси норасоии масунияти одам, инчунин назорат ба бехатарии маводхои тибби, моеъхои биологи ва бофтахое, ки бо максадхои ташхис, муолича ва илми истифода бурда мешаванд;

– инкишоф додани тадкикотхои илми оид ба проблемахои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти ;

– мунтазам ба ахоли додани иттилоот вобаста ба вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти, аз чумла тавассути воситахои ахбори омма;

– инкишоф додани хамкории байналмилали ва мубодилаи доимии иттилоот дар доираи барномахои байналмилалии муковимат бо вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти

– дастрас ва саривакти будани кумаки тибби ва ичтимоию равоншиноси;

– кабули даврии барномаи давлатии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният. (КЧТ аз 31.12.08с., № 476)

Чорахои муковиматро бо вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  Хукумати Чумхурии Точикистон ва макомоти махаллии хокимияти давлати амали мегардонанд. Дар татбики чорахо оид ба муковимат бо вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  корхонахо, муассисахо, ташкилотхо, иттиходияхои чамъияти сарфи назар аз шаклхои ташкилию хукуки, аз чумла иттиходияхои байналмилали, инчунин шахсони вокеи, аз чумла шахрвандони хоричи иштирок карда метавонанд. Давлат дастгирии ин шахсони вокеи ва хукукиро дар татбики барномахои мазкур кафолат медихад.

 

Моддаи 5. Маблаггузории фаъолият оид ба муковимат бо вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти

 

Маблаггузории фаъолият оид ба муковимат бо вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  хусусияти афзалиятнок дорад.

Маблаггузории чорабинихо оид ба муковимат ба пахншавии вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  аз хисоби манбаъхои зерин сурат мегирад:

– маблаги бучети давлати;

– маблаги фондхои максаднок, аз чумла Фонди миллии муковимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, ки фаъолияти он мувофики Низомномаи тасдикнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон танзим карда мешавад(КЧТ аз 14.03.14 с., № 1078)

– маблагхое, ки барои сугуртаи тиббии ихтиёри ва хатми равона карда мешаванд;

– сахмияхои ихтиёри ва хайрияи шахсони вокеи ва хукуки;

– дигар манбаъхои маблаггузорие, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст.

 

БОБИ 2

ПЕШГИРИ, ТАШХИС ВА МУОИНАИ ШАХСОНИ СИРОЯТШУДАИ  ВИРУСИ

НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ

 

Моддаи 6. Хукук ба пешгирии вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти

 

Ба шахрвандони Чумхурии Точикистон,шахрвандони хоричи,гурезахо, мухочирони ичбори ва шахсони бешахрванд кафолати хукукхои зерин дода мешавад:

– муоинаи пешгирикунанда бо риояи усулхои махфи, пинхони ва ихтиёрии ташхис тибки тартиби мукаррарнамудаи Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон; (КЧТ аз 31.12.08с., № 476; аз 14.03.14с., № 1078)

– азназаргузаронии тиббии ихтиёри, махфи ва пинхони бо максади ошкор сохтани мубталошавии шахс бо вируси норасоии масунияти одам ва ташхис дар муассисахои тибби новобаста аз шакли моликият; (КЧТ аз 14.03.14 с., № 1078)

– гирифтани ахборот дар бораи натичаи азназаргузарони ва тавсияхо оид ба пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам;

– мунтазам гирифтани иттилооти пурра ва босифат, аз чумла тавассути воситахои ахбори омма оид ба роххои сироятёби ва усулхои пешгирии вируси норасоии масунияти одам, барномаю хизматрасонихои мавчудаи пешгири, хукукхои инсон вобаста бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, инчунин оид ба муолича, нигохубин ва дастгирии шахсони аз вируси норасоии масунияти одам сироятёфта ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният; (КЧТ аз 14.03.14 с., № 1078)

– баргузор намудани чорабинихои маърифатию оммави, аз чумла вохурихо, семинархо, аксияхо ва таъсиси махфилхои пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар байни ахоли.

Ба гуруххои махсуси ахоли бо хатари бештари сироятёби аз вируси норасоии масунияти одам ва гуруххои осебпазири ахоли иттилооти махсус ва хизматрасонихое, ки ба тагйирёбии рафтори таваккали равона шудаанд, дода мешавад. (КЧТ аз 14.03.14 с., № 1078)

Бо максади пешгирии пахншавии вируси норасоии масунияти одам, бемории пайдошудаи норасоии масуният ва дигар беморихое, ки ба воситаи хун мегузаранд, Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон якчоя бо Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон барномаи пешниход кардани иттилоот ва баргузор намудани корхои маърифатиро дар муассисахои низоми ичрои чазои чинояти тахия ва татбик менамоянд. (КЧТ аз 31.12.08с., № 476; аз 14.03.14с., № 1078)

Ин хукукхо тавассути кумаки тахассусии тибби, бунёди шабакаи кофии муассисахо барои пешгири ва муоличаи беморони вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  таъмин карда мешаванд.

 

Моддаи 61. Афзалиятнокии пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният

 

Пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Чумхурии Точикистон яке аз самтхои афзалиятнок дар фаъолияти макомоти хокимияти давлати ба хисоб меравад.

Ин амалхо ба принсипхои риоя намудани хукукхои инсон асос ёфта, мувофики санадхои дахлдори байналмилалии танзимкунандаи хукукхои инсон вобаста ба сироятёби аз вируси норасоии масунияти одам ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният татбик карда мешаванд. (КЧТ аз 14.03.14 с., № 1078)

 

Моддаи 7. Азназаргузаронии тибби

 

Азназаргузаронии тибби дар муассисахои давлатии тандурусти, инчунин дар муассисахои хусусии тибби, ки ба онхо бо тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон ичозатнома (литсензия) дода шудааст, сурат мегирад. Азназаргузаронии хатмии тибби бояд махфи сурат гирад. (КЧТ аз 31.12.08с., № 476; аз 14.03.14с., № 1078)

Азназаргузаронии тиббии ихтиёри ва махфи ба истиснои холатхое, ки моддаи 9 Конуни мазкур пешбини кардааст, баргузор мегардад. (КЧТ аз 14.03.14с., № 1078)

Дар  азназаргузаронии тиббии шахс намояндаи конунии у низ хукуки иштирок кардан дорад.

Азназаргузаронии тиббии ноболигони ба синни 16 нарасида ва шахсоне, ки ба тартиби мукарраркардаи конун корношоям эътироф шудаанд, мумкин аст бо хохиш ё розигии намояндагони конунии онхо баргузор шавад ва онхо хукук доранд хангоми  азназаргузаронии тибби иштирок намоянд. (КЧТ аз 14.03.14с., № 1078)

Натичахои азназаргузарони ба шахси аз азназаргузарониро гузашта ё намояндаи конунии у бо тартиби мукарраркардаи  Хукумати Чумхурии Точикистон дода мешавад.

Шахсе, ки  азназаргузаронии тиббиро гузаштааст, хукук дорад дар хамин муассиса, инчунин  дар муассисаи дигари системаи давлатии тандурусти, новобаста аз мухлати гузаштаи азназаргузарони мавриди   азназаргузаронии такрории тибби карор гирад.

Тартиби азназаргузаронии тибби бо максади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, бахисобгири, муоинаи тиббии сироятшави ба вируси норасоии масунияти одам ва муоинаи пешгирии онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

Ба шахсе, ки сирояти вируси норасоии масунияти одам дар вай ошкор шудааст, дар бораи кафолатхои давлати, хукуку озодихо ва масъулият, ки ба зиндаги бо сирояти вируси норасоии масунияти одам алокаманд аст, инчунин дар бораи хадамоти дастгирии ичтимоию равоншиноси ва гуруххои кумаки якдигарии сирояти вируси норасоии масунияти одам ахбороти пурра дода мешавад.

 

Моддаи 8. Азназаргузаронии ихтиёрии тибби

 

Барои шахрвандони Чумхурии Точикистон, шахрвандони хоричи, гурезахо, мухочирони ичбори ва шахсони бешахрванд, ки дар каламрави Чумхурии Точикистон зиндаги мекунанд ё карор доранд, азназаргузаронии тибби ба тарики ихтиёри ва пинхони бо хохиш ё розигии хамин шахсон баргузор мешавад. (КЧТ аз 14.03.14с., № 1078)

 

Моддаи 9. Азназаргузаронии хатмии тибби

 

Донорхои хун, моеъхои биологи, узвхо ва бофтахои бадан  азназаргузаронии хатмии тиббиро мегузаранд.

Шахсоне, ки азназаргузаронии хатмии тиббиро рад кардаанд, донори хун, моеъхои биологи, узвхо ва бофтахои бадан буда наметавонанд.

Шахсони алохида аз руи нишондодхои эпидемиологи, ки Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад,  азназаргузаронии хатмии пинхониро барои сирояти вируси норасоии масунияти одам  мегузаранд.

 

Моддаи 10. Муоинаи тиббии шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам

 

Муоинаи тиббии шахрвандони Чумхурии Точикистон, шахрвандони хоричи, гурезахо, мухочирони ичбори ва шахсони бешахрванд, ки дар каламрави Чумхурии Точикистон зиндаги мекунанд ё карор доранд ва мубталои вируси норасоии масунияти одам мебошанд (хомилони вирус ва беморон), танхо бо максадхои эпидемиологи ва дар асоси махфи дар муассисахои дахлдори давлатии системаи тандурусти гузаронда мешавад.(КЧТ аз 14.03.14с., № 1078)

Маълумоти бадастовардаи Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон (табиб) дар бораи вазъи саломати оид ба вируси норасоии масунияти одам маълумоти махфи (сирри табиби) мебошад ва он танхо дар асоси карори суд ё бо дархости макомоти тафтишоти дода шуда, истифодаи ин маълумот бо максади таъкиби чинояти ва маъмурии шахсон манъ аст. (КЧТ аз 14.03.14с., № 1078)

 

Моддаи 11. Риояи сирри табиби

(КЧТ аз 14.03.14с., № 1078)

 

Маълумот дар бораи сирояти вируси норасоии масунияти одам ё мубталои бемории пайдошудаи норасоии масунияти шудан сирри табиби буда, онро Конун хифз мекунад. (КЧТ аз 14.03.14с., № 1078)

 

БОБИ 3

ХУКУК ВА ХИФЗИ ИЧТИМОИИ ШАХСОНИ СИРОЯТШУДАИ ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ/БЕМОРИИ ПАЙДОШУДАИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ВА АЪЗОИ ОИЛАХОИ ОНХО

 

Моддаи 12. Хукукхои шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти

 

Шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масунияти дорои чунин хукукхоянд:

– муносибати инсондустонаи чамъият, ки паст задани шаъну эътибори инсонро истисно менамояд;

– талаб кардани махфи нигох доштани маълумотхо дар бораи вазъи саломатии худ, агар шароит ва хусусияти хаёту мехнати онхо хатари сирояти ин вируси норасоии масунияти одамро ба дигарон ба вучуд наоварад; (КЧТ аз 31.12.08с., № 476; аз 14.03.14с., № 1078)

– чуброни зарари моддию маънавие, ки бинобар фош кардани маълумот дар бораи ба он шахсон сироят кардани вируси норасоии масунияти одам расонида шудааст; (КЧТ аз 14.03.14с., № 1078)

– фаъолияти касби аз руи ихтисоси интихобкарда, ба истиснои кор аз руи ихтисосхо ва дар вазифахое, ки бо руйхати махсус мукаррар шудаанд;

– ба ройгон гирифтани хамаи намудхои кумаки тахассуси ва махсуси тибби, аз чумла кумаки дорувори дар муассисахои давлатии тандурусти; (КЧТ аз 14.03.14с., № 1078)

– ба химоя аз табъиз (дискриминатсия), аз чумла хангоми дастраси ба табобат;

– ба иштироки фаъолона дар муайян кардани максадхои табобат, аз чумла вакт ва тарзи табобат ва хотима ёфтани он; (КЧТ аз 31.12.08с., № 476)

– ба падару модар ё намояндагони конунии кудакони таваллудкардаи модарони аз вируси норасоии масунияти одам сироятёфта аз лахзаи таваллуд то пурра мукаррар шудани ташхиси кудак оид ба мавчудияти вируси норасоии масунияти одам, бо максади минбаъд кам кардани хатари сироятёби бо вируси норасоии масунияти одам, гирифтани маводи ивазкунандаи шири модар. (КЧТ аз 14.03.14с., № 1078)

Дар муассисахои муоличави ба рад кардани кабул ва расонидани кумаки таъчили ба шахсони мубталои внмм/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  рох дода намешавад.

 

Моддаи 13. Манъи махдудкунии хукуки шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам

 

Аз кор озод кардан, нагирифтан ба кор, ба истиснои кор аз руи ихтисос ва дар вазифахои мукаррарнамудаи номгуи махсус, инчунин махдуд намудани дигар хукуку манфиатхои конунии шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам бо сабаби мубталои вируси норасоии масунияти одам буданашон, хамчунин махдуд кардани хукукхои манзили ва дигар хукуку манфиатхои конунии аъзои оилахои шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам рох дода намешавад. (КЧТ аз 14.03.14с., № 1078)

Истифодаи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ба сифати объектхои санчиши тиббии воситахо ва усулхои омузиши илми ё раванди таълим манъ аст.

Табъиз (дискриминатсия) дар асоси сирояти вируси норасоии масунияти одам манъ аст.

Дар асоси сирояти вокеи ва ё эхтимолии вируси норасоии масунияти одам содир намудани хама гуна харакати оммави бо максади барангехтани кинаву адоват ва пахн намудани муносибати нафратовари шахс ва ё гурухи ахоли амали гайриконунист.

Хама гуна махдудкунии хукук ва озодихои одамоне, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд, танхо бо максади таъмини хукук ва озодии шахсони дигар раво дониста мешаванд. (КЧТ аз 31.12.08с., № 476; аз 14.03.14с., № 1078)

 

Моддаи 14. Кумаки тибби ва ичтимоию равоншиноси ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти

 

Кумаки тибби ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти дар муассисахои давлатии тандурусти расонида мешавад. (КЧТ аз 14.03.14с., № 1078)

Хамаи намудхои кумаки тибби ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  дар асосхои умуми, аз руи нишондодхои клиники расонда мешавад.

Кумаки ичтимоию равоншиноси ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар муассисахои давлатии тандурусти, маориф, хифзи ичтимои, инчунин дар муассисахои хусусии тиббии дорои ичозатномаи дахлдор, ки бо ташкилотхои чамъияти ва намояндагони чомеаи шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам хамкори мекунанд, расонида мешавад. (КЧТ аз 14.03.14с., № 1078)

 

Моддаи 141. Кумаки тибби ва чорахои дорои хусусияти пешгирикунанда дар муассисахои низоми ичрои чазои чинояти

 

Шахсе, ки дар натичаи муоинаи у вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи масуният муайян шудааст, хангоми дар чойхои аз озоди махрум ё хабси пешаки карор доштан хукуки гирифтани кумаки тиббии дахлдор, машварат ва фиристода шудан ба дигар хадамоти мададрасонро дорад. (КЧТ аз 14.03.14с., № 1078)

Махбусон ва боздоштшудагон ба ташхиси ройгони махфии сирояти вируси норасоии масунияти одам ва ба машварат дар асоси розигии огохона, инчунин барои гирифтани маълумот оид ба вазъи саломатиашон хукук доранд. Маълумот оид ба вазъи саломати дар хуччатхое нигох дошта мешавад, ки он танхо барои кормандони тиб дастрас буда, факат бо розигии худи махбус ва ё дар холати зарурати таъмини бехатарии дигар махбусон ва кормандони махбасхо бояд ошкор карда шавад. (КЧТ аз 14.03.14с., № 1078)

 

Моддаи 15. Хифзи ичтимоии шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  ва аъзои оилахои онхо

 

Макомоти идораи хифзи ичтимои дар хамкори бо макомоти идораи тандурусти, маориф, мехнат ва шугли ахоли барномахоро оид ба дастгирии ичтимоии шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  ва аъзои оилаи онхо, аз чумла таъин кардан ва пардохтани нафакаю кумакпулихо, расонидани кумаки ичтимоию маиши, расонидани кумак барои гирифтани тахсилот, бозомузи ва бо кор таъминкуни тахия ва татбик менамоянд.

Макомоти идораи маориф, тандурусти ва хифзи ичтимои барномахои дастгирии ичтимоии кудаконеро, ки дар натичаи сирояти вируси норасоии масунияти одам ятим ё бе парастории волидон мондаанд, тахия ва татбик мекунанд.

Ба шахсоне, ки дар натичаи амалиёти тиббии бо тартиби расми ичрошуда вируси норасоии масунияти одам сироят кардааст, таъминоти нафакави ва хукуки  дар навбати аввал гирифтани манзил дар сурати набудани он ё зарурати бехсозии шароити манзили бо тартиби муайянкардаи конунгузори мукаррар карда мешавад.

Барои кудакони то 16-сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  мебошанд, кумакпулии давлатии хармоха таъин карда мешавад.

Тартиби додани кумакпулихо, хачм ва манбаи пардохти онхоро хукумати чумхурии точикистон муайян мекунад.

Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон якчоя бо Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон аз руи нишондодхои тибби таълими кудакон ва наврасонеро, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  буда, дар муассисахои  тандурусти ё шароити хона карор доранд, аз руи барномахои махсуси мактаби тахсилоти умуми  ташкил менамоянд. (КЧТ аз 14.03.14с., № 1078)

 

Моддаи 16. Хукуки волидоне, ки кудакони онхо мубталои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  мебошанд

 

Волидони кудаконе, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  мебошанд ва шахсоне, ки онхоро иваз менамоянд, дорои чунин хукукхоянд:

– дар беморхонахо хамрохи кудакон (то 14-сола) бошанд ва онхо дар ин давра аз кор озод шуда, ба онхо барои корношоямии муваккати кумакпули дода мешавад;

– дар холати аз кор озод кардани яке аз волидон бинобар нигохубини кудаки то 16-сола нигох доштани собикаи мехнати барои пардохти кумакпулии корношоямии муваккати ба шарте, ки то ба синни зикрёфта расидани кудак ба кор дохил шуда бошад;

– рафту омади ройгони яке аз волидон ё дигар намояндаи конунии кудаки то 18-сола хангоми ба чои табобат бурда овардани у.

Модароне, ки кудаки то 16-солаи мубталои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  доранд, барои гирифтани рухсатии харсола дар тобистон ё вакти дигари барояшон мувофик хукук доранд. Дар сурати набудани модар ва чунин кудакро тарбия кардани падар ё шахси дигар ин хукук ба хамин шахсон дода мешавад.

 

Моддаи 17. Чуброни зарари расонидашуда ба шахсони  мубталои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти

 

Зараре, ки ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  дар натичаи нодуруст ичро намудани вазифахои хизмати аз чониби кормандони тиббии муассисахои хизматрасонии тибби расонда шудааст, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон чуброн карда мешавад.

 

БОБИ 4

ХИФЗИ ИЧТИМОИИ КОРМАНДОНЕ, КИ ДУЧОРИ ХАТАРИ КАСБИИ 

СИРОЯТИ ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ МЕБОШАНД

 

Моддаи 18. Ба беморихои касби мансуб донистани вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти

 

Дар вакти ичрои вазифахои хизмати ба сирояти вируси норасоии масунияти одам гирифтор шудани кормандони тибби, фармасевти ва дигар кормандон  ба гурухи беморихои касби мансуб дониста мешаванд.

 

Моддаи 19. Хифзи ичтимоии кормандоне, ки дучори хатари касбии сирояти вируси норасоии масунияти одам мебошанд

 

Кормандоне, ки бо расонидани кумаки тибби ба ахоли, тадкикоти озмоишгохи ё илми аз руи масъалахои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  ва истехсоли дорувории вируси машгуланд, инчунин донорхо, кормандони хадамоти ичтимои ва дигар шахсоне, ки бахри расонидани кумак ба шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  чалб шудаанд, аз холатхои сирояти вируси норасоии масунияти одам  ва инчунин  маъюб гаштан ва фавтидани онхо аз бемории пайдошудаи норасоии масунияти  хангоми ичроивазифаи хизмати сугуртаи хатмии давлати карда мешаванд.

Тартиби сугуртаи хатмии ин гурухи кормандонро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

Маъмурияти муассисахои тибби, ки кормандони онхо барои сирояти вируси норасоии масунияти одам тахкикоти ташхиси мегузаронанд, ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  кумаки тибби мерасонанд, инчунин бо хун ва дигар маводи шахсони мазкур сарукор доранд, ухдадоранд ин кормандонро бо воситахои зарурии мухофизат таъмин намоянд ва  онхоро бо максади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам мунтазам муоина кунанд.

 

Моддаи 20. Хукуки кормандони тиббии мубталои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти 

 

Кормандони тиббие, ки дар натича ба таври дахлдор бинобар сидкан  ичро намудани вазифаи хизмати ба онхо вируси норасоии масунияти одам сироят кардааст ё бемори норасоии мухассили масуният шудаанд, дорои чунин хукукхоянд:

– дар навбати аввал ба бехтар кардани шароити манзили бо тартиби муайянкардаи конунгузори;

– ба нафакаи имтиёзноки пиронсоли, дар мавриди фавтидани онхо аз бемории пайдошудаи норасоии масунияти  ба пардохт кардани нафака дар хачми 100 фоизи музди кор ба аъзои корношоями оила ва фарзандони онхо то расидан ба синни балогат;

– ба рухсатии харсолаи давомнокиаш на камтар аз 36 рузи кори бо истифодаи он дар тобистон ё дигар вакти барои онхо мувофик;

– ба табобати харсола дар муассисахои муоличавию истирохати новобаста аз тобеияти идоравии онхо;

– ба чуброни зарар, ки  хачм ва тартиби онро конунгузори мукаррар мекунад.

Дар сурати сироят кардани вируси норасоии масунияти одам хангоми ичро ба таври дахлдор накардани вазифаи касби, дар натичаи вайрон намудани коидахо ва меъёрхои бехатари бо гунохи корманд хукуки уро барои чуброни зарар конунгузори муайян менамояд.

 

Моддаи 21. Имтиёзхо дар сохаи мехнат

 

Кормандони дахлдори муассисахои давлатии махсусгардонидашудаи низоми тандурусти, ки ба шахсони бо вируси норасоии масунияти одам сироятшуда ё беморони мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният ёрии тибби ё дигар кумакхо мерасонанд ва ба гузаронидани тахкикоти илми бо истифодаи маводи сироятёфта, истехсоли дорухои биологи барои ташхис машгул мебошанд, хукук доранд:(КЧТ аз 14.03.14с., № 1078)

– ба баромадан ба нафака мутобики руйхати №1-уми истехсолот, корхо, ихтисосхо, вазифахо ва нишондихандахои корхои зеризамини, кор дар шароити махсусан вазнини мехнат, ки машгул будан бо онхо ба нафака аз руи синну сол бо шартхои имтиёзнок хукук медихад;

 баиловапулии  музди кор дар хачми 100-фоиз;

– ба рухсатии харсолаи давомнокиаш то 56 рузи таквими;

– ба рузи кори кутох(рузи кори 6 соата).

 

БОБИ 5

МУКАРРАРОТИ  ХОТИМАВИ

 

Моддаи 22. Хамохангсози, мониторинг ва арзёбии самаранокии муковимат бо вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти

 

Хамохангсозии амалиёт оид ба муайян намудани афзалиятхои муковимат бо пахншавии вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти, тахияи барномахо ва накшахои фаъолият, тайёр кардани накшахои молияви, амали гардонидани мониторинг ва арзёбии самаранокии фаъолият дар хамаи зинахо аз чониби кумитаи миллии хамохангсози, ки намояндагони макомоти хокимияти ичроия ва конунгузор, ташкилотхои чамъияти, чомеаи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи  норасоии масунияти  ва дигар муассисаю ташкилот ва корхонахоро дар бар гирифта, дар фаъолияти муковимат бо вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  дар зинахои дахлдор фаъолона ширкат меварзанд, анчом дода мешавад.

Мониторинги татбики накшаю барномахо, арзёбии самаранокии фаъолият оид ба муковимат бо пахншавии вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  дар дарачаи милли ва минтакави  аз чониби гуруххои кори ва муассисахои дарачаи дахлдор, ки комиссияи байнисохавии дахлдор ваколатдор намудааст,мунтазам амали гардонида мешавад.

Ахборот дар бораи натичаи мониторинги пахншавии вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти , татбики накшаю  барномахо, инчунин арзёбии самаранокии фаъолият оид ба муковимат бо пахншавии вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти , аз чумла дар доираи шартномахои байналмилали сари вакт дар воситахои ахбори омма пурра чоп карда мешавад.

 

Моддаи 23. Хамкории байнисохави дар муковимат бо вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти

 

Хамаи муассисахои маориф ба накшахои таълими ва фаъолияти таълимию тарбияви масъалахои таргиби тарзи хаёти солимро ворид намуда, ба хонандагон дар бораи роххои сирояти вируси норасоии масунияти одам ва усулхои пешгирии вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  ахбороти пурра, босифат ва дастрас медиханд.

Вазорату идорахои Чумхурии Точикистон, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхо новобаста аз шакли ташкилию хукуки, якчоя бо Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон барномахои муковимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуниятро барои гуруххои осебпазир ва махсуси ахоли бо хатари бештари сироятёби аз вируси норасоии масунияти одам тахия ва татбик менамоянд. (КЧТ аз 14.03.14с., № 1078)

 

Моддаи 24. Хамкории байналмилали

 

Хамкории байналмилали дар муковимат бо пахншавии вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  дар доираи барномахои дахлдори байналмилали ва дигар санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи чумхурии точикистон, аз чумла дар сохаи мубодилаи донишхо ва тачрибаи андухта оид ба масъалаи хифзи хукуки инсон вобаста ба вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти , инчунин ба вучуд овардани механизмхои хифзи хукуки инсон дар заминаи вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  дар сатхи милли ва байналмилали амали гардонида мешавад.

 

Моддаи 25. Масъулияти шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам

 

Дидаю дониста зери хатари сироят гузоштан ё сироят кунондани шахси дигар (ё якчанд шахс) бо вируси норасоии масунияти одам аз чониби шахсе, ки ба сирояти вируси норасоии масунияти одам гирифтор буданашро медонад, боиси чавобгарии чиноятии мукарраркардаи конунгузории чумхурии точикистон мегардад.

Шахси гунахгор инчунин зарареро ки бинобар расонидани кумаки тибби ва ичтимои ба шахси сироятшуда расондааст, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории чумхурии точикистон чуброн мекунад.

 

Моддаи 26. Масъулияти кормандони тибби

 

Кормандони муассисахои тандурусти, ки вазифаи касбии худро хунукназарона ба чо овардаанд ва ин боиси ба шахси дигар (ё якчанд шахс) сироят кардани вируси норасоии масунияти одам гардидааст, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 27. Масъулият барои вайрон кардани Конуни мазкур

 

Риоя накардани Конуни мазкур боиси бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузори ба чавобгарии интизоми, маъмури, чинояти ва граждани кашидан мегардад.

 

Моддаи 28. Аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи пешгирии бемории СПИД (аломати норасоии масунияти бадан)»

 

Конуни Чумхурии Точикистон аз 27 декабри соли 1993 «Дар бораи пешгирии бемории СПИД (аломати норасоии масунияти бадан)» (Ахбори Шурои  Олии Чумхурии Точикистон, соли 1994, №2, моддаи 34; Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 1996, №3, моддаи 48; соли 1997, №23-24, моддаи 333) аз эътибор сокит дониста шавад.

 

Моддаи 29. Мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти

ЧумхурииТочикистон                                                                 Э.Рахмонов

 

ш. Душанбе,  28 декабри соли 2005

№ 150

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Cortes_de_cadiz-1

Харакати милли дар Испания дар огози асри XX

Аз даст додани мустамликахои америкои зарбае буд бар буржуазияи Каталония ва Басконияи Испания. Дар баробари …