Главная / Биология / Муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният
maxresdefault

Муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти  одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2005, №12, мод.662; с.2008, №12, қ.2, мод.1010; с.2014, №3, мод.153) 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии амалӣ намудани маҷмўи чорабиниҳои муқовимат ба паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуниятро танзим намуда, риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва озодиҳои асосии инсонро дар бар гирифта, барои пешгирии паҳншавии сироятпазирии вируси норасоии масунияти одам, кам кардани таъсири мубталошавӣ ба беморӣ, расонидани ёрии тахассусии тиббӣ ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ва сабук гардонидани оқибати он барои ҳар кас ва тамоми ҷомеа  нигаронда шудааст.

 

БОБИ 1

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин  истифода мешаванд:

 вируси норасоии масунияти одам – вирусе, ки ҳолати норасоии масуниятро дар организми одам ба вуҷуд меорад;(ҚҶТ аз 14.03.14 с., № 1078)

– сирояти вируси норасоии масунияти одам – бемории давомноке, ки сабабгораш вируси норасоии масунияти одам аст;

– шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам – шахсоне, ки гирифтори вируси норасоии масунияти одам шудаанд (шахсони ҳомили вируси норасоии масунияти одам  ва мубталоибемории пайдошудаи норасоии муҳассали масуният);

бемории пайдошудаи норасоии масуният – давраи интиҳои сироятёбӣ, ки онро вируси норасоии масунияти одам боис шудааст; (ҚҶТ аз 14.03.14 с., № 1078)

– одамони мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният – шахсони дорои зуҳуроти клиникии беморӣ дошта, ки барои онҳо иллатнокии амиқи системаи масуният аз таъсири вируси норасоии масунияти одам хос аст;

– доруҳои зидди ретровирусӣ– доруҳои тиббие мебошанд, ки тавассути таъсири онҳо ба вируси норасоии масунияти одам дар хуни организми шахси сироятшуда миқдори вирусҳо кам шуда, ҳаёти шахси сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам дароз  мегардад;

– гурӯҳҳои махсуси аҳолӣ бо хатари бештари сироятёбӣ аз вируси норасоии масунияти одам – шахсоне, ки эҳтимолан метавонанд бо сарчашмаи вируси норасоии масунияти одам иртибот дошта, ҳамчунин дар инкишофи эпидемия ва чораҳои ҷавобӣ нақши асосӣ бозанд, аз ҷумла шахсони алоқаи ҷинсии ҳамҷинсона дошта, шахсони фоҳиша ва шахсоне, ки маводи нашъаоварро бо усули тазриқ истеъмол мекунанд; (ҚҶТ аз 14.03.14 с., № 1078)

– гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ – шахсоне, ки барои онҳо бо сабаби таъсири шароити номусоиди оилавӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва меҳнатӣ хатари сироят ёфтан аз вируси норасоии масунияти одам зиёд мегардад, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, маҳбусон, кӯдакони бесаробон, ҷавонони бемори дорои нишонаи бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сирояткунанда, шарикони ҷинсии шахсоне, ки маводи нашъаоварро бо усули тазриқ истеъмол мекунанд; (ҚҶТ аз 14.03.14 с., № 1078)

– пинҳонӣ – муоинаи шахс бо мақсади ошкор кардани мубталошавӣ ба вируси норасоии масунияти одам (машваратдиҳӣ, ташхис) бе ифшои насаб, ном, номи падар ва маълумоти дигар; (ҚҶТ аз 14.03.14 с., № 1078)

– махфӣ – манъ будани ҳама гуна муҳокимаи вазъи солимии шахс ё дар бораи вай ошкор кардани маълумот, ба ғайр аз муносибатҳои байниҳамдигарии касбӣ ва танҳо бо розигии худи шахс. (ҚҶТ аз 14.03.14 с., № 1078)

Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам бемории пайдошудаи норасоии масунияти 

Қонунгузорӣ дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Татбиқи Қонуни мазкур 

Амали Қонуни мазкур ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони  хориҷӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд паҳн мегардад.

Қонуни мазкур нисбат ба муассисаю ташкилот ва корхонаҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта шудаанд, новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқии онҳо татбиқ карда мешавад.

Моддаи 4. Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти

Сиёсати давлатии ҷумҳурии тоҷикистон дар муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  дар асоси Қонуни мазкур, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи ҳамин Қонун қабул карда мешаванд, дар амал татбиқ карда мешавад.

Давлат кафолат медиҳад:

– риояи тамоми ҳуқуқ ва озодиҳо нисбати одамони аз вируси норасоии масунияти одам сироятёфтаю мубталои бемории пайдошудаи норасоии масунияти  ва аъзои оилаи онҳо, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– амалисозии назорати эпидемиологии паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти риоя ва афзалияти ҳуқуқи инсон, пинҳонӣ будани ташхис ва риояи усулҳои махфӣ анҷом додани он;

– расонидани кўмаки ройгони босифат ва аз ҷиҳати илмӣ асосноки тахассусии тиббӣ ва иҷтимоию равоншиносӣ барои шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният бо риояи махфӣ будани муоинаи он(ҚҶТ аз 31.12.08с., № 476; аз 14.03.14 с., № 1078)

– дастрас ва бехатар будани азназаргузаронии тиббӣ барои ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, аз ҷумла азназаргузаронии пинҳонӣ;

– таъмини воситаҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати сирояти вируси норасоии масунияти одам, инчунин назорат ба бехатарии маводҳои тиббӣ, моеъҳои биологӣ ва бофтаҳое, ки бо мақсадҳои ташхис, муолиҷа ва илмӣ истифода бурда мешаванд;

– инкишоф додани тадқиқотҳои илмӣ оид ба проблемаҳои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти ;

– мунтазам ба аҳолӣ додани иттилоот вобаста ба вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма;

– инкишоф додани ҳамкории байналмилалӣ ва мубодилаи доимии иттилоот дар доираи барномаҳои байналмилалии муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти

– дастрас ва саривақтӣ будани кўмаки тиббӣ ва иҷтимоию равоншиносӣ;

– қабули даврии барномаи давлатии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният. (ҚҶТ аз 31.12.08с., № 476)

Чораҳои муқовиматро бо вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардонанд. Дар татбиқи чораҳо оид ба муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои байналмилалӣ, инчунин шахсони воқеӣ, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ иштирок карда метавонанд. Давлат дастгирии ин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар татбиқи барномаҳои мазкур кафолат медиҳад.

 

Моддаи 5. Маблағгузории фаъолият оид ба муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти

 

Маблағгузории фаъолият оид ба муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  хусусияти афзалиятнок дорад.

Маблағгузории чорабиниҳо оид ба муқовимат ба паҳншавии вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  аз ҳисоби манбаъҳои зерин сурат мегирад:

– маблағи буҷети давлатӣ;

– маблағи фондҳои мақсаднок, аз ҷумла Фонди миллии муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, ки фаъолияти он мувофиқи Низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад(ҚҶТ аз 14.03.14 с., № 1078)

– маблағҳое, ки барои суғуртаи тиббии ихтиёрӣ ва ҳатмӣ равона карда мешаванд;

– саҳмияҳои ихтиёрӣ ва хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

– дигар манбаъҳои маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

 

БОБИ 2

ПЕШГИРӢ, ТАШХИС ВА МУОИНАИ ШАХСОНИ СИРОЯТШУДАИ  ВИРУСИ

НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ

 

Моддаи 6. Ҳуқуқ ба пешгирии вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти

 

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон,шаҳрвандони хориҷӣ,гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд кафолати ҳуқуқҳои зерин дода мешавад:

– муоинаи пешгирикунанда бо риояи усулҳои махфӣ, пинҳонӣ ва ихтиёрии ташхис тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 31.12.08с., № 476; аз 14.03.14с., № 1078)

– азназаргузаронии тиббии ихтиёрӣ, махфӣ ва пинҳонӣ бо мақсади ошкор сохтани мубталошавии шахс бо вируси норасоии масунияти одам ва ташхис дар муассисаҳои тиббӣ новобаста аз шакли моликият; (ҚҶТ аз 14.03.14 с., № 1078)

– гирифтани ахборот дар бораи натиҷаи азназаргузаронӣ ва тавсияҳо оид ба пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам;

– мунтазам гирифтани иттилооти пурра ва босифат, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма оид ба роҳҳои сироятёбӣ ва усулҳои пешгирии вируси норасоии масунияти одам, барномаю хизматрасониҳои мавҷудаи пешгирӣ, ҳуқуқҳои инсон вобаста бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, инчунин оид ба муолиҷа, нигоҳубин ва дастгирии шахсони аз вируси норасоии масунияти одам сироятёфта ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният; (ҚҶТ аз 14.03.14 с., № 1078)

– баргузор намудани чорабиниҳои маърифатию оммавӣ, аз ҷумла вохўриҳо, семинарҳо, аксияҳо ва таъсиси маҳфилҳои пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар байни аҳолӣ.

Ба гурўҳҳои махсуси аҳолӣ бо хатари бештари сироятёбӣ аз вируси норасоии масунияти одам ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ иттилооти махсус ва хизматрасониҳое, ки ба тағйирёбии рафтори таваккалӣ равона шудаанд, дода мешавад. (ҚҶТ аз 14.03.14 с., № 1078)

Бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси норасоии масунияти одам, бемории пайдошудаи норасоии масуният ва дигар бемориҳое, ки ба воситаи хун мегузаранд, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи пешниҳод кардани иттилоот ва баргузор намудани корҳои маърифатиро дар муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таҳия ва татбиқ менамоянд. (ҚҶТ аз 31.12.08с., № 476; аз 14.03.14с., № 1078)

Ин ҳуқуқҳо тавассути кўмаки тахассусии тиббӣ, бунёди шабакаи кофии муассисаҳо барои пешгирӣ ва муолиҷаи беморони вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  таъмин карда мешаванд.

 

Моддаи 61. Афзалиятнокии пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният

 

Пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Ин амалҳо ба принсипҳои риоя намудани ҳуқуқҳои инсон асос ёфта, мувофиқи санадҳои дахлдори байналмилалии танзимкунандаи ҳуқуқҳои инсон вобаста ба сироятёбӣ аз вируси норасоии масунияти одам ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният татбиқ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 14.03.14 с., № 1078)

 

Моддаи 7. Азназаргузаронии тиббӣ

 

Азназаргузаронии тиббӣ дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ, инчунин дар муассисаҳои хусусии тиббӣ, ки ба онҳо бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома (литсензия) дода шудааст, сурат мегирад. Азназаргузаронии ҳатмии тиббӣ бояд махфӣ сурат гирад. (ҚҶТ аз 31.12.08с., № 476; аз 14.03.14с., № 1078)

Азназаргузаронии тиббии ихтиёрӣ ва махфӣ ба истиснои ҳолатҳое, ки моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, баргузор мегардад. (ҚҶТ аз 14.03.14с., № 1078)

Дар  азназаргузаронии тиббии шахс намояндаи қонунии ў низ ҳуқуқи иштирок кардан дорад.

Азназаргузаронии тиббии ноболиғони ба синни 16 нарасида ва шахсоне, ки ба тартиби муқарраркардаи қонун корношоям эътироф шудаанд, мумкин аст бо хоҳиш ё розигии намояндагони қонунии онҳо баргузор шавад ва онҳо ҳуқуқ доранд ҳангоми  азназаргузаронии тиббӣ иштирок намоянд. (ҚҶТ аз 14.03.14с., № 1078)

Натиҷаҳои азназаргузаронӣ ба шахси аз азназаргузарониро гузашта ё намояндаи қонунии ў бо тартиби муқарраркардаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Шахсе, ки  азназаргузаронии тиббиро гузаштааст, ҳуқуқ дорад дар ҳамин муассиса, инчунин  дар муассисаи дигари системаи давлатии тандурустӣ, новобаста аз мўҳлати гузаштаи азназаргузаронӣ мавриди   азназаргузаронии такрории тиббӣ қарор гирад.

Тартиби азназаргузаронии тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии сироятшавӣ ба вируси норасоии масунияти одам ва муоинаи пешгирии онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Ба шахсе, ки сирояти вируси норасоии масунияти одам дар вай ошкор шудааст, дар бораи кафолатҳои давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва масъулият, ки ба зиндагӣ бо сирояти вируси норасоии масунияти одам алоқаманд аст, инчунин дар бораи хадамоти дастгирии иҷтимоию равоншиносӣ ва гурўҳҳои кўмаки якдигарии сирояти вируси норасоии масунияти одам ахбороти пурра дода мешавад.

 

Моддаи 8. Азназаргузаронии ихтиёрии тиббӣ

 

Барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ё қарор доранд, азназаргузаронии тиббӣ ба тариқи ихтиёрӣ ва пинҳонӣ бо хоҳиш ё розигии ҳамин шахсон баргузор мешавад. (ҚҶТ аз 14.03.14с., № 1078)

 

Моддаи 9. Азназаргузаронии ҳатмии тиббӣ

 

Донорҳои хун, моеъҳои биологӣ, узвҳо ва бофтаҳои бадан  азназаргузаронии ҳатмии тиббиро мегузаранд.

Шахсоне, ки азназаргузаронии ҳатмии тиббиро рад кардаанд, донори хун, моеъҳои биологӣ, узвҳо ва бофтаҳои бадан буда наметавонанд.

Шахсони алоҳида аз рўи нишондодҳои эпидемиологӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад,  азназаргузаронии ҳатмии пинҳониро барои сирояти вируси норасоии масунияти одам  мегузаранд.

 

Моддаи 10. Муоинаи тиббии шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам

 

Муоинаи тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ё қарор доранд ва мубталои вируси норасоии масунияти одам мебошанд (ҳомилони вирус ва беморон), танҳо бо мақсадҳои эпидемиологӣ ва дар асоси махфӣ дар муассисаҳои дахлдори давлатии системаи тандурустӣ гузаронда мешавад.(ҚҶТ аз 14.03.14с., № 1078)

Маълумоти бадастовардаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (табиб) дар бораи вазъи саломатӣ оид ба вируси норасоии масунияти одам маълумоти махфӣ (сирри табибӣ) мебошад ва он танҳо дар асоси қарори суд ё бо дархости мақомоти тафтишотӣ дода шуда, истифодаи ин маълумот бо мақсади таъқиби ҷиноятӣ ва маъмурии шахсон манъ аст. (ҚҶТ аз 14.03.14с., № 1078)

 

Моддаи 11. Риояи сирри табибӣ

(ҚҶТ аз 14.03.14с., № 1078)

 

Маълумот дар бораи сирояти вируси норасоии масунияти одам ё мубталои бемории пайдошудаи норасоии масунияти шудан сирри табибӣ буда, онро Қонун ҳифз мекунад. (ҚҶТ аз 14.03.14с., № 1078)

 

БОБИ 3

ҲУҚУҚ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ ШАХСОНИ СИРОЯТШУДАИ ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ/БЕМОРИИ ПАЙДОШУДАИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ВА АЪЗОИ ОИЛАҲОИ ОНҲО

 

Моддаи 12. Ҳуқуқҳои шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти

 

Шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масунияти дорои чунин ҳуқуқҳоянд:

– муносибати инсондўстонаи ҷамъият, ки паст задани шаъну эътибори инсонро истисно менамояд;

– талаб кардани махфӣ нигоҳ доштани маълумотҳо дар бораи вазъи саломатии худ, агар шароит ва хусусияти ҳаёту меҳнати онҳо хатари сирояти ин вируси норасоии масунияти одамро ба дигарон ба вуҷуд наоварад; (ҚҶТ аз 31.12.08с., № 476; аз 14.03.14с., № 1078)

– ҷуброни зарари моддию маънавие, ки бинобар фош кардани маълумот дар бораи ба он шахсон сироят кардани вируси норасоии масунияти одам расонида шудааст; (ҚҶТ аз 14.03.14с., № 1078)

– фаъолияти касбӣ аз рўи ихтисоси интихобкарда, ба истиснои кор аз рўи ихтисосҳо ва дар вазифаҳое, ки бо рўйхати махсус муқаррар шудаанд;

– ба ройгон гирифтани ҳамаи намудҳои кӯмаки тахассусӣ ва махсуси тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки доруворӣ дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ; (ҚҶТ аз 14.03.14с., № 1078)

– ба ҳимоя аз табъиз (дискриминатсия), аз ҷумла ҳангоми дастрасӣ ба табобат;

– ба иштироки фаъолона дар муайян кардани мақсадҳои табобат, аз ҷумла вақт ва тарзи табобат ва хотима ёфтани он; (ҚҶТ аз 31.12.08с., № 476)

– ба падару модар ё намояндагони қонунии кӯдакони таваллудкардаи модарони аз вируси норасоии масунияти одам сироятёфта аз лаҳзаи таваллуд то пурра муқаррар шудани ташхиси кӯдак оид ба мавҷудияти вируси норасоии масунияти одам, бо мақсади минбаъд кам кардани хатари сироятёбӣ бо вируси норасоии масунияти одам, гирифтани маводи ивазкунандаи шири модар. (ҚҶТ аз 14.03.14с., № 1078)

Дар муассисаҳои муолиҷавӣ ба рад кардани қабул ва расонидани кўмаки таъҷилӣ ба шахсони мубталои внмм/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  роҳ дода намешавад.

 

Моддаи 13. Манъи маҳдудкунии ҳуқуқи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам

 

Аз кор озод кардан, нагирифтан ба кор, ба истиснои кор аз рӯи ихтисос ва дар вазифаҳои муқаррарнамудаи номгӯи махсус, инчунин маҳдуд намудани дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам бо сабаби мубталои вируси норасоии масунияти одам буданашон, ҳамчунин маҳдуд кардани ҳуқуқҳои манзилӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии аъзои оилаҳои шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам роҳ дода намешавад. (ҚҶТ аз 14.03.14с., № 1078)

Истифодаи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ба сифати объектҳои санҷиши тиббии воситаҳо ва усулҳои омўзиши илмӣ ё раванди таълим манъ аст.

Табъиз (дискриминатсия) дар асоси сирояти вируси норасоии масунияти одам манъ аст.

Дар асоси сирояти воқеӣ ва ё эҳтимолии вируси норасоии масунияти одам содир намудани ҳама гуна ҳаракати оммавӣ бо мақсади барангехтани кинаву адоват ва паҳн намудани муносибати нафратовари шахс ва ё гурўҳи аҳолӣ амали ғайриқонунист.

Ҳама гуна маҳдудкунии ҳуқуқ ва озодиҳои одамоне, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд, танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии шахсони дигар раво дониста мешаванд. (ҚҶТ аз 31.12.08с., № 476; аз 14.03.14с., № 1078)

 

Моддаи 14. Кўмаки тиббӣ ва иҷтимоию равоншиносӣ ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти

 

Кўмаки тиббӣ ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ расонида мешавад. (ҚҶТ аз 14.03.14с., № 1078)

Ҳамаи намудҳои кўмаки тиббӣ ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  дар асосҳои умумӣ, аз рўи нишондодҳои клиникӣ расонда мешавад.

Кӯмаки иҷтимоию равоншиносӣ ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин дар муассисаҳои хусусии тиббии дорои иҷозатномаи дахлдор, ки бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони ҷомеаи шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ҳамкорӣ мекунанд, расонида мешавад. (ҚҶТ аз 14.03.14с., № 1078)

 

Моддаи 141. Кўмаки тиббӣ ва чораҳои дорои хусусияти пешгирикунанда дар муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ

 

Шахсе, ки дар натиҷаи муоинаи ӯ вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи масуният муайян шудааст, ҳангоми дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрум ё ҳабси пешакӣ қарор доштан ҳуқуқи гирифтани кўмаки тиббии дахлдор, машварат ва фиристода шудан ба дигар хадамоти мададрасонро дорад. (ҚҶТ аз 14.03.14с., № 1078)

Маҳбусон ва боздоштшудагон ба ташхиси ройгони махфии сирояти вируси норасоии масунияти одам ва ба машварат дар асоси розигии огоҳона, инчунин барои гирифтани маълумот оид ба вазъи саломатиашон ҳуқуқ доранд. Маълумот оид ба вазъи саломатӣ дар ҳуҷҷатҳое нигоҳ дошта мешавад, ки он танҳо барои кормандони тиб дастрас буда, фақат бо розигии худи маҳбус ва ё дар ҳолати зарурати таъмини бехатарии дигар маҳбусон ва кормандони маҳбасҳо бояд ошкор карда шавад. (ҚҶТ аз 14.03.14с., № 1078)

 

Моддаи 15. Ҳифзи иҷтимоии шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  ва аъзои оилаҳои онҳо

 

Мақомоти идораи ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти идораи тандурустӣ, маориф, меҳнат ва шуғли аҳолӣ барномаҳоро оид ба дастгирии иҷтимоии шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  ва аъзои оилаи онҳо, аз ҷумла таъин кардан ва пардохтани нафақаю кўмакпулиҳо, расонидани кўмаки иҷтимоию маишӣ, расонидани кўмак барои гирифтани таҳсилот, бозомузӣ ва бо кор таъминкунӣ таҳия ва татбиқ менамоянд.

Мақомоти идораи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ барномаҳои дастгирии иҷтимоии кўдаконеро, ки дар натиҷаи сирояти вируси норасоии масунияти одам ятим ё бе парастории волидон мондаанд, таҳия ва татбиқ мекунанд.

Ба шахсоне, ки дар натиҷаи амалиёти тиббии бо тартиби расмӣ иҷрошуда вируси норасоии масунияти одам сироят кардааст, таъминоти нафақавӣ ва ҳуқуқи  дар навбати аввал гирифтани манзил дар сурати набудани он ё зарурати беҳсозии шароити манзилӣ бо тартиби муайянкардаи қонунгузорӣ муқаррар карда мешавад.

Барои кўдакони то 16-сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  мебошанд, кўмакпулии давлатии ҳармоҳа таъин карда мешавад.

Тартиби додани кўмакпулиҳо, ҳаҷм ва манбаи пардохти онҳоро ҳукумати ҷумҳурии тоҷикистон муайян мекунад.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи нишондодҳои тиббӣ таълими кўдакон ва наврасонеро, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  буда, дар муассисаҳои  тандурустӣ ё шароити хона қарор доранд, аз рўи барномаҳои махсуси мактаби таҳсилоти умумӣ  ташкил менамоянд. (ҚҶТ аз 14.03.14с., № 1078)

 

Моддаи 16. Ҳуқуқи волидоне, ки кўдакони онҳо мубталои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  мебошанд

 

Волидони кўдаконе, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  мебошанд ва шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд, дорои чунин ҳуқуқҳоянд:

– дар беморхонаҳо ҳамроҳи кўдакон (то 14-сола) бошанд ва онҳо дар ин давра аз кор озод шуда, ба онҳо барои корношоямии муваққатӣ кўмакпулӣ дода мешавад;

– дар ҳолати аз кор озод кардани яке аз волидон бинобар нигоҳубини кўдаки то 16-сола нигоҳ доштани собиқаи меҳнатӣ барои пардохти кўмакпулии корношоямии муваққатӣ ба шарте, ки то ба синни зикрёфта расидани кўдак ба кор дохил шуда бошад;

– рафту омади ройгони яке аз волидон ё дигар намояндаи қонунии кўдаки то 18-сола ҳангоми ба ҷои табобат бурда овардани ў.

Модароне, ки кўдаки то 16-солаи мубталои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  доранд, барои гирифтани рухсатии ҳарсола дар тобистон ё вақти дигари барояшон мувофиқ ҳуқуқ доранд. Дар сурати набудани модар ва чунин кўдакро тарбия кардани падар ё шахси дигар ин ҳуқуқ ба ҳамин шахсон дода мешавад.

 

Моддаи 17. Ҷуброни зарари расонидашуда ба шахсони  мубталои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти

 

Зараре, ки ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  дар натиҷаи нодуруст иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби кормандони тиббии муассисаҳои хизматрасонии тиббӣ расонда шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

 

БОБИ 4

ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ КОРМАНДОНЕ, КИ ДУЧОРИ ХАТАРИ КАСБИИ 

СИРОЯТИ ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ МЕБОШАНД

 

Моддаи 18. Ба бемориҳои касбӣ мансуб донистани вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти

 

Дар вақти иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба сирояти вируси норасоии масунияти одам гирифтор шудани кормандони тиббӣ, фармасевтӣ ва дигар кормандон  ба гурўҳи бемориҳои касбӣ мансуб дониста мешаванд.

 

Моддаи 19. Ҳифзи иҷтимоии кормандоне, ки дучори хатари касбии сирояти вируси норасоии масунияти одам мебошанд

 

Кормандоне, ки бо расонидани кўмаки тиббӣ ба аҳолӣ, тадқиқоти озмоишгоҳӣ ё илмӣ аз рўи масъалаҳои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  ва истеҳсоли дорувории вирусӣ машғуланд, инчунин донорҳо, кормандони хадамоти иҷтимоӣ ва дигар шахсоне, ки баҳри расонидани кўмак ба шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  ҷалб шудаанд, аз ҳолатҳои сирояти вируси норасоии масунияти одам  ва инчунин  маъюб гаштан ва фавтидани онҳо аз бемории пайдошудаи норасоии масунияти  ҳангоми иҷроивазифаи хизматӣ суғуртаи ҳатмии давлатӣ карда мешаванд.

Тартиби суғуртаи ҳатмии ин гурўҳи кормандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Маъмурияти муассисаҳои тиббӣ, ки кормандони онҳо барои сирояти вируси норасоии масунияти одам таҳқиқоти ташхисӣ мегузаронанд, ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  кўмаки тиббӣ мерасонанд, инчунин бо хун ва дигар маводи шахсони мазкур сарукор доранд, ўҳдадоранд ин кормандонро бо воситаҳои зарурии муҳофизат таъмин намоянд ва  онҳоро бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам мунтазам муоина кунанд.

 

Моддаи 20. Ҳуқуқи кормандони тиббии мубталои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти 

 

Кормандони тиббие, ки дар натиҷа ба таври дахлдор бинобар сидқан  иҷро намудани вазифаи хизматӣ ба онҳо вируси норасоии масунияти одам сироят кардааст ё бемори норасоии муҳассили масуният шудаанд, дорои чунин ҳуқуқҳоянд:

– дар навбати аввал ба беҳтар кардани шароити манзилӣ бо тартиби муайянкардаи қонунгузорӣ;

– ба нафақаи имтиёзноки пиронсолӣ, дар мавриди фавтидани онҳо аз бемории пайдошудаи норасоии масунияти  ба пардохт кардани нафақа дар ҳаҷми 100 фоизи музди кор ба аъзои корношоями оила ва фарзандони онҳо то расидан ба синни балоғат;

– ба рухсатии ҳарсолаи давомнокиаш на камтар аз 36 рўзи корӣ бо истифодаи он дар тобистон ё дигар вақти барои онҳо мувофиқ;

– ба табобати ҳарсола дар муассисаҳои муолиҷавию истироҳатӣ новобаста аз тобеияти идоравии онҳо;

– ба ҷуброни зарар, ки  ҳаҷм ва тартиби онро қонунгузорӣ муқаррар мекунад.

Дар сурати сироят кардани вируси норасоии масунияти одам ҳангоми иҷро ба таври дахлдор накардани вазифаи касбӣ, дар натиҷаи вайрон намудани қоидаҳо ва меъёрҳои бехатарӣ бо гуноҳи корманд ҳуқуқи ўро барои ҷуброни зарар қонунгузорӣ муайян менамояд.

 

Моддаи 21. Имтиёзҳо дар соҳаи меҳнат

 

Кормандони дахлдори муассисаҳои давлатии махсусгардонидашудаи низоми тандурустӣ, ки ба шахсони бо вируси норасоии масунияти одам сироятшуда ё беморони мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният ёрии тиббӣ ё дигар кӯмакҳо мерасонанд ва ба гузаронидани таҳқиқоти илмӣ бо истифодаи маводи сироятёфта, истеҳсоли доруҳои биологӣ барои ташхис машғул мебошанд, ҳуқуқ доранд:(ҚҶТ аз 14.03.14с., № 1078)

– ба баромадан ба нафақа мутобиқи рўйхати №1-уми истеҳсолот, корҳо, ихтисосҳо, вазифаҳо ва нишондиҳандаҳои корҳои зеризаминӣ, кор дар шароити махсусан вазнини меҳнат, ки машғул будан бо онҳо ба нафақа аз рўи синну сол бо шартҳои имтиёзнок ҳуқуқ медиҳад;

 баиловапулии  музди кор дар ҳаҷми 100-фоиз;

– ба рухсатии ҳарсолаи давомнокиаш то 56 рўзи тақвимӣ;

– ба рўзи кори кўтоҳ(рўзи кори 6 соата).

 

БОБИ 5

МУҚАРРАРОТИ  ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 22. Ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва арзёбии самаранокии муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти

 

Ҳамоҳангсозии амалиёт оид ба муайян намудани афзалиятҳои муқовимат бо паҳншавии вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти, таҳияи барномаҳо ва нақшаҳои фаъолият, тайёр кардани нақшаҳои молиявӣ, амалӣ гардонидани мониторинг ва арзёбии самаранокии фаъолият дар ҳамаи зинаҳо аз ҷониби кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, ки намояндагони мақомоти ҳокимияти иҷроия ва қонунгузор, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи  норасоии масунияти  ва дигар муассисаю ташкилот ва корхонаҳоро дар бар гирифта, дар фаъолияти муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  дар зинаҳои дахлдор фаъолона ширкат меварзанд, анҷом дода мешавад.

Мониторинги татбиқи нақшаю барномаҳо, арзёбии самаранокии фаъолият оид ба муқовимат бо паҳншавии вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  дар дараҷаи миллӣ ва минтақавӣ  аз ҷониби гўруҳҳои корӣ ва муассисаҳои дараҷаи дахлдор, ки комиссияи байнисоҳавии дахлдор ваколатдор намудааст,мунтазам амалӣ гардонида мешавад.

Ахборот дар бораи натиҷаи мониторинги паҳншавии вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти , татбиқи нақшаю  барномаҳо, инчунин арзёбии самаранокии фаъолият оид ба муқовимат бо паҳншавии вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти , аз ҷумла дар доираи шартномаҳои байналмилалӣ сари вақт дар воситаҳои ахбори омма пурра чоп карда мешавад.

 

Моддаи 23. Ҳамкории байнисоҳавӣ дар муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти

 

Ҳамаи муассисаҳои маориф ба нақшаҳои таълимӣ ва фаъолияти таълимию тарбиявӣ масъалаҳои тарғиби тарзи ҳаёти солимро ворид намуда, ба хонандагон дар бораи роҳҳои сирояти вируси норасоии масунияти одам ва усулҳои пешгирии вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  ахбороти пурра, босифат ва дастрас медиҳанд.

Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, якҷоя бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуниятро барои гурӯҳҳои осебпазир ва махсуси аҳолӣ бо хатари бештари сироятёбӣ аз вируси норасоии масунияти одам таҳия ва татбиқ менамоянд. (ҚҶТ аз 14.03.14с., № 1078)

 

Моддаи 24. Ҳамкории байналмилалӣ

 

Ҳамкории байналмилалӣ дар муқовимат бо паҳншавии вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  дар доираи барномаҳои дахлдори байналмилалӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи ҷумҳурии тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи мубодилаи донишҳо ва таҷрибаи андўхта оид ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсон вобаста ба вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти , инчунин ба вуҷуд овардани механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар заминаи вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масунияти  дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ амалӣ гардонида мешавад.

 

Моддаи 25. Масъулияти шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам

 

Дидаю дониста зери хатари сироят гузоштан ё сироят кунондани шахси дигар (ё якчанд шахс) бо вируси норасоии масунияти одам аз ҷониби шахсе, ки ба сирояти вируси норасоии масунияти одам гирифтор буданашро медонад, боиси ҷавобгарии ҷиноятии муқарраркардаи қонунгузории ҷумҳурии тоҷикистон мегардад.

Шахси гунаҳгор инчунин зарареро ки бинобар расонидани кўмаки тиббӣ ва иҷтимоӣ ба шахси сироятшуда расондааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷумҳурии тоҷикистон ҷуброн мекунад.

 

Моддаи 26. Масъулияти кормандони тиббӣ

 

Кормандони муассисаҳои тандурустӣ, ки вазифаи касбии худро хунукназарона ба ҷо овардаанд ва ин боиси ба шахси дигар (ё якчанд шахс) сироят кардани вируси норасоии масунияти одам гардидааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 27. Масъулият барои вайрон кардани Қонуни мазкур

 

Риоя накардани Қонуни мазкур боиси бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ ва гражданӣ кашидан мегардад.

 

Моддаи 28. Аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии бемории СПИД (аломати норасоии масунияти бадан)»

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 «Дар бораи пешгирии бемории СПИД (аломати норасоии масунияти бадан)» (Ахбори Шўрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №2, моддаи 34; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, №3, моддаи 48; соли 1997, №23-24, моддаи 333) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 29. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

ҶумҳурииТоҷикистон                                                                 Э.Раҳмонов

 

ш. Душанбе,  28 декабри соли 2005

№ 150

 

Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

yasin

Сураи ҳазрати “Ёсин” бо тарҷмаи тоҷикӣ

Сураи Ёсин (Ё Син) – ин 36-умн сураи Қуръони карим буда иборат аз 83 оят мебошад …