Главная / Чамъият / Мухлатхои баррасии шикоят ва эътироз вобаста ба карорхои парвандаи хукуквайронкунии маъмури

Мухлатхои баррасии шикоят ва эътироз вобаста ба карорхои парвандаи хукуквайронкунии маъмури

Моддаи 155-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Мухлатхои баррасии шикоят ва эътироз вобаста ба карорхои парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Шикоят ва эътироз вобаста ба карорхои парвандаи хукуквайронкунии маъмури бояд дар мухлати дах шабонарузи баъди ворид шудани шикоят ва эътироз бо тамоми маводи парванда аз тарафи коллегияи суди оид ба парвандахои хукуквайронкунии маъмури, судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) барраси карда шаванд.
  2. Шикоят ва эътироз вобаста ба карорхои парвандахои хукуквайронкунии маъмурие, ки ба вайрон кардани конунгузори дар бораи интихобот ва раъйпурси алокаманд мебошанд, бояд дар мухлати панч шабонарузи баъди ворид шудани онхо барраси карда шаванд.
  3. Шикоят ва эътироз вобаста ба карори чазо дар намуди хабси маъмури ё бо рохи маъмури берун кардан аз худуди Чумхурии Точикистон бояд дар мухлати як шабонарузи баъди шикоят ва эътироз овардан барраси гарданд, ба шарте ки шахси ба чавобгарии маъмури кашидашаванда тахти хабси маъмури карор дошта бошад ё бо рохи маъмури аз худуди Чумхурии Точикистон берун карда шавад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
  4. Шикоят ва эътироз вобаста ба карори таъин кардани чазои маъмури хамчун боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият бояд дар мухлати панч шабонарузи баъди ба макомоти болои ворид шудани шикоят ва эътироз бо тамоми мавод барраси гарданд.

Дар борамон

Инчунин кобед

perepis

Аз 1-уми октябр дар Точикистон баруйхатгирии ахоли огоз мегардад

Аз 01.10.2020 дар Точикистон фаъолияти баруйхатгири – баруйхатгирии ахоли огоз мегардад. Дар ин бора дар …