Главная / Илм / Мозу дар Канзи Шифо (Китоб)

Мозу дар Канзи Шифо (Китоб)

mozu-600x330Мозу (ба русси — чернильный орешек) — Ин самари дарахти хиндист. Кувваташ то се сол боки мемонад. Мизочаш дар дарачаи якум сард ва дар дувум хушк аст. Вале баъзехо дар дарачаи дувум сард ва дар севум хушк гуфтаанд. Хислатхои шифобахши он: инро куфта, ба воситаи найча дар бини пуф кунанд, хуни биниро манъ мекунад.

Агар мозуро махин ос карда чун сурма ба чашм кашанд, шилпуки, обрави ва кутури чашмро шифо мебахшад. Куфтаи онро бо оби чилмангуштак (семизут) дар гуш чаконанд, хунрави ва рафтани римро аз даруни он бозмедорад.

Куфтаи онро ба дандон ва милки он бимоланд ва дар об чушонида, он обро бо сирко даромехта, дар дахан гардонанд, дандон ва милки онро мустахкам мекунад, рутубатхои мурдорро аз забон ва милки дандон мекашад, чушиши (пухтани) даханро шифо мебахшад, рутубати зарарноки узвхои даруни даханро дафъ мегардонад. Сурохи дандони кирмхурдаро аз куфтаи ин пур кунанд, пусиши онро манъ мекунад.

Соидаи онро бо об биёшоманд, захмхои гуногуни рудахоро ба ибро меоварад, исхоли кухнаро банд мекунад, бечо равон шудани хайзро ислох менамояд ва инчунин рутубати зиёдати ва бечоояндаи бачадонро хушк мегардонад. Агар мозуро бо таомхо бардавом бихуранд, низ хамин таъсирро дорад.

Мозуро дар об пухта, молида гузошта банданд, варамхои макъадро тахлил медихад, макъади (кутани) беруномадаро ба чояш мебарад ва бардамидани нофи тифлонро ба ислох меоварад ва агар ба он сирко хамрох кунанд, таъсираш зудтар мерасад ва кавитар мегардад.

Мозуро соида, бо сирко сиришта бимоланд, шукуфаи пуст ва сурхбодро, ки дар вакти ибтидо бошад, шифо мебахшад; ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш муй меруёнад, догхои кунчидак ва доги сафеди пустро дафъ мекунад.

Куфтаи мозуро ба гушти зоиди хар чо, ки бошад, бипошанд, онро логар сохта тахлил медихад, вале агар сухтаи онро бипошанд, дар ин бобат боз хам хубтар аст. Инро куфта гузошта банданд, варамхоро тахлил медихад ва реши давандаро аз давидан манъ мекунад, доначахои мурчагазак ва решхои хурандаро шифо мебахшад.

Агар мозуро дар об чушонида, он обро бо сирко бинушанд, хам хамин таъсирро дорад. Куфтаи онро бо сирко хамир карда бимоланд, устухони шикастаро ба хам мечаспонад.

Мозуро дар об чушонида ё онро як шабонаруз дар об тар карда, бо он об муйро бишуянд, муйро сиёх мегардонад. Агар инро куфта бимоланд, аракро манъ мекунад ва бадбуйии онро ба ислох меоварад. Мозуро дар равгани зайтун бисузанду баъд фишурда аз он равганро чудо карда, он равганро бимоланд, барои сиёх кардани муй ранги неку мебошад.

Ба дарун истеъмол кардани мозу барои узвхои дохили сина ва халк зарар дорад. Давои ин зиёнаш катиро ва шилми бодомхоро хурдан аст, инчунин онро бо тухми мурги нимпухта якчо бихуранд, зарараш ислох меёбад. Микдори як бор хурдан аз мозу дар як руз 4,5 грамм аст.

Агар ёфтани мозу мушкил гардад, ба чойи ин ба вазни он пусти анор, самари балут (чуфти балут), самари газ ва халилаи зардро истеъмол намоянд, раво мебошад. Тарики сухтани мозу чунин аст, ки дар руйи ахгар бисузонанд ё зарфи сафолро дар оташ гузошта, дар руйи он бирён намоянду дар шароб ё дар сирко хунук кунанд. Барои банд кардани хун ва хушк гардонидани захмхо, инчунин барои тахлил додани варамхо назар ба носухтаи он сухтааш таъсирноктар мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …