Главная / Маданият ва санъат / МУРОД ВА НОМУРОДИ – Хикояи Виркан аз Сотим Улугзода

МУРОД ВА НОМУРОДИ – Хикояи Виркан аз Сотим Улугзода

Дертар Вирканро мастии чавони ва гурури пахлавони ба васвасаи зурозмои бо пахлавони Сугд андохт. Ба ин вайро ёру чурахояш хам якзайл таргиб мекарданд: «Ту бо ин китфу ёл, бо ин зури пахлавони, ки дори, голиб мебарои. Нахустпахлавони хакки туст». Хатто мегуфтанд, ки агар вай аз хариди лавозимоти набард – сипар, кулоху чавшан андеша дошта бошад, онхо тайёранд ин чизхоро худашон шарикона барояш бихаранд. Виркан чазм кард.

Расми сугдиён буд, ки хар сол рузи якуми мохи Навсард, ки сари соли сугди – Навруз буд ва огози тобистон хисоб меёфт, нахустпахлавони Сугд мукаррар мегардид, бо ин тарик, ки он руз барои пахлавон суфраи таому шароб густурда мешуд, хар ки аз он таом ва шароб хураду нушад, бо хамин худро ракиби пахлавон эълон карда, уро ба майдони мубориза мехонд. Агар дар майдон бар вай голиб ояд, худаш пахлавони якуми Сугд мешуд. Маглуб ба дасти голиб кушта мегардид.

osiyoi-miyona

Боре Виркан аз бозори Самарканд ба Ревдод баргашта уштурони аз бори ангишт холишударо дар дашт рахо карду ба хонаашон омада падарашро дар богчаашон машгули токбури ёфт. Дуяшон дар лаби чуй барои дамгири нишастанд.

 Виркан гуфт:

– Падар, Навруз наздик аст.

– Наздик, – тасдик кард пирамард ва пурсид:

– Чаро ту ёди Навруз карди?

– Ман бо Ёдхишетак набард кардан мехохам. Ёдхишетак

номи пахлавони Сугд буд. Ревахшиён хайрон шуд, бо дик-

кат ба писараш нигаристу гуфт:

– Туро чи шуд? Магар дар кони ангишт бо шимну (иблис)

дучор шуди ва у туро гумрох кард?

– Не, падар шимнуро ман надидам. Даме ки ин хаёл дар ман пайдо шуд, дилам бо худоёни бузургамон Зарвон, Баг, Митра буд, ин хаёлро ба дили ман онхо андохтанд.

– Охир ба Ёдхишетак агар даст наёби, кушта хохи шуд!

Чи магар аз чонат сер шуди?

– Хоху нохох рузе чон маро тарк мекунад, пас чи фарк дорад, ки андак пештар ё андак дертар. Аммо агар худоён маро мададгор шаванду бар пахлавони Сугд даст ёбам, хароина сарфарози ёфтаам.

– Ба занат гуфти?

– Хануз не. Вай албатта, рози намешавад, мешурад. Келинат даст задани маро ба хеч як коре, ки андак хатаре дар вай бошад, намехохад.

– Зеро хар хатаре, ки ба сари ту ояд, ба сари вай ва фарзанди ояндаи шумоён хам омадааст.

– Агар ту маро манъ накуни, ман ба Наниманча мегуям, ки падарам ин корро раво донист ва ичозатам дод. Ревахшиён ба сукут рафт ва сипас гуфт:

– Ман туро аз окибати ин кор огох кардам. Ту кудак нести, марди рашид (далер) ва хушманди, худат хуб бияндеш. Аммо агар ба набарди Ёдхишетак чазм куни, аввал ба вагн (парастишгох) бирав, назр бикун, аз магупат (муги калон) дуобигир.

Худи Ревахшиён бе он ки аввал ба парастишгох бираваду аз пешвоёни мазхаб дуо бигирад, ба хеч кори мухим ибтидо намекард, марди солех ва такводоре буд. Дар ризоияти у ба набарди писараш бо пахлавони Сугд низ сухани Виркан, ки гуфт ин хаёлро худоён ба дили вай андохтаанд, бетаъсир набуд.

Дар ду хонаи айвон дар миёна Виркан бо занаш ва модарарусаш мезистанд. Ревахшиён рахти пирии худро ба казнок кашида буд, казнокро аз лакулук холи ва андова карда буданд. Бо пайдо шудани ду зан рузгори хона, зисту зиндаги дар вай низом гирифт. Даруну берун доим руфтаю чинда, хонахо озода, хар руз дар сари вакт оташдон гарм ва дег чушон, пушокхо покиза. Ин хама аз кушишу гайрати кадбонуи чавон ва модари у буд. Ахли хонавода бо хам мехрубон буданд. Наниманча зани махбуба буд ва худаш хам шавхарашро аз чон дусттар медошт. Гуё саодат бо саломат хамъинон буд. Факат як чиз хамчун пораи абре дар рузи равшани офтоби соягустари хотир шуда буд: тарси мухточи.

Аз ду уштур яке барои туи аруси ба фуруш рафт ва нисфи пасандози ангиштфуруши хам харч шуд (нисфи дигари онро Виркан ба рузи мабодо нигох медошт). Хосили ним чуфт замин ва хамин микдор бог то нимаи зимистон хам намерасид. Ангишткаши бо як уштур суди казои надошт.

Вирканин шуглро тарк кард; шикор хам камтар (зеро ба чои падари пиргашта хоху нохох дар замину бог кор кардан лозим буд) ва аммо харочоти оила бештар шуда буд. Дасти беамони мухточи, нодори дари ин хонаро мекуфт.

Максади нихонии Виркан аз набарди пахлавони Сугд рафъи хамин мухточи буд. Зафар бар Ёдхишетак уро пахлавони лашкари подшох хохад кард ва ин мансаб ба вай ном, иззат, дорои хохад овард.

Виркан ба Наниманча, ки нияти пурхатари шавхарашро хеч намеписандид, ба таври нимхазлу нимчидди манзараи хаёти бо чоху чалолеро тасвир мекард:

– Ту хариру дебо хохи пушид, барракабоб бо шароби ноб хохи хурд. Ба мехмони рави, ба чашнхо ё ба дарбори подшох рави, ё ки ба гармоба рави, дар тахти равон хохи рафт, бо гуломону канизон хохи рафт. Дар кучахо мардумон тахти равони туро аз дур дида хоханд гуфт: «Ана Наниманчабону, зани нахустпахлавони Сугд, ба дарбор ё ба чашн ё ба гармоба равон аст».

Не, Наниманча ба ин афсонаю афсун фирефта намешуд.

– Магу, Виркан! – Чавоб медод у. – Ман хохони хариру дебо нестам, кабобу шароб хам дар гур шавад; ман бо ту ба нони чавину оби чуш серам. Зори мекунам, азизам, аз ин хаёлоти хом даргузар ва худатро, маро, фарзанди ояндаа монро дар хатар наандоз.

Виркан аз изхори нияти худ ба занаш пушаймон шуд.

«Чаро гуфтам? – надомат мекард у. – Гуфтан лозим набуд.

Зан аз чор девори хавли берунро намебинад, аз кори дунё бехабар аст, дили мардро намедонад. Лекин ман, – мегуфт у ба худ, – ман мардам, набояд бо гапи зан аз нияте, ки худоён ба дилам андохтанд, баргардам».

Боре вай ба Самарканд рафта, аз он чо бо сипар, чавшан ва кулохи мисин баргашт. Маълум шуд, ки уштурро фурухта, ба пули он пасандози ангиштфуруширо зам карда инанчомро харидааст.

Наниманча аз зорию илтичои бехудааш маъюс шуд, гирист. Аммо акнун уро ба чуз тан ба казо додану дуои чони шавхарашро кардан ва харосону ларзон окибати корро нигарон шудан чора набуд.

Ризояти падар хосил шуда буд, акнун Виркани зардуштимазхаб бузголаеро барои назр кашола карда пайи ривояти худоён ба оташкадаи Самарканд рафт.

Чун аз дарвозаи баландток вориди сахни васеи парастишгох шуд, дид, ки магупати сафедриши муйдароз ва сарупобарахна пеши оташхонаи тиллокори дар айвони дарози мунаккаш ва мусаввар, ки бар хашт сутуни кандакории нафис

карор гирифта буд, нишастааст. Вай донандаи китоби мукаддаси «Авасто» ва нигохдорандаи оташи абади буд. Баэътикоди зардуштиёни оташпарасти Сугд он оташро хазорсол пеш писари Сиёвуш барафрухта будааст, онхо дар като-

ри худоёни бисёр Сиёвушро хам мепарастиданд ва рузи марги уро, ки дар мохи хафтуми сугди вокеъ шуда будааст, мотам гирифта, сиёх пушида, побарахнаю гирён ва синазанон мегаштанд.

Магупат нишаста буду китоби дуохои зардушти «Офарингор»-и дар варакхои чарми хайвонот навишташударо мехонд. Виркан бузголаро ба мугбачаи хизматгор супурд ва мукиашро кашида побарахна ба айвон баромаду аввал

суи оташхона сачда кард ва сипас назди магупат зону зада, дасти уро гирифта бусиду гуфт:

– Эй донои доноён, донандаи ошкору нихон, вокифи асрори замину осмон, барои ман аз худоён неру бихох, ки нияти набард кардан дорам.

Магупат пурсид:

– Ту кисти?

– Виркан, писари Ревахшиёни Ревдоди.

– Магар туро душмане пеш омадааст?

– Не, бо Ёдхишетак – пахлавони Сугд набард мекунам.

Магупат чашмони хираи мижгонрехтаашро калонтар кушода, ба андоми гуянда нигарист, лекин дар вай чандон нишони пахлавони надид: на китфу бозуи сутург, на синаи чун сипар дамида, на гардани гафси пуррагу пай. Виркан чавонмарде кадаш аз миёна болотар, шонафарохи миёнборик ва хушпайкар буд. Факат дастхояш, панчахои дурушти шахшулаш, ки холо ба руи зонувони у ёзида буданд, аз нерумандии у хабаре медод; чунин менамуд, ки он панчахо нихоят сахтчанголанд ва хар чиро капанд, чун анбури оханин мекапанд.

Ва инчунин нигохи часуронаи чашмони калони мешии у як навъ гувохи шучоати нихониаш буд.

– Агар ба Ёдхишетак даст ёбам, ба вагн ду сар гусфанд бахшиш меорам, – гуфт боз Виркан. Магупат бо овози хирри дуое аз дуохои зардуштиро хонда ба чавонпахлавони номчуй дар набарди хатарноки у зафар талабид.

– Эй подшохи худоён, Зарвон, аё Митра, аё Баг, шумоёнро мепарастам; бандаи худатон Виркани Ревахшиёнро мададгор бошед, бар неруи тану чонаш бияфзоед ва дар разму набардхо забардасташ кунед…

Дар Сугд хеч яке аз маросимхои бисёри сугдиён бо чунин фарохи, шукух ва хуррамии тамоми халк чашн гирифта намешуд, чуноне ки Навруз гирифта мешуд. Марду занхо, бачахо либосхои рангоранги идона пушида, ба сайри сахрохо, богу бустонхо мебаромаданд ва ба шарафи вуруди тобистони файзбор таронахо мехонданд, бозихои гуногун барпоменамуданд. Мехмондорихо, зиёфатхои хамдигари авч мегирифтанд.

Ин чашн аз хама бошукухтару хуррамтар дар сайргохи беруни шахр баргузор мешуд: дар он чо созанда ва сарояндагон, гуяндагон, раккосон, шаъбадабозон издихоми халкро дилхуш мекарданд. Чавонон гуштингири, чавгонбози мекарданд, пойга метохтанд.

Дар сояи садаи калон, руи тахтасуфаи баланд барои нахустпахлавони Сугд хони алвон густурда, дар лаълии биринчи нон, гушти пухта, кузаи шароб гузошта шуда буд.

Дар сари хон касе набуд, худи пахлавон дар як канори сайргох бо саворони ишхид (лакаби подшохони сугд) саргармичавгонбози буд.

Саворе чомаи абрешимини сабзу гулоби дар бар ва камарбанди нукра дар камар, аспи саманди кашкаашро тундронда омаду дар пеши тахтасуфа пиёда шуд. Аспро набаст, чилавашро рахо кард: чонварро ба набаста истодан дар наздикии сохибаш аз аввал одат кунонда буд.

Ахли чашн Виркани Ревдодиро, ки дар маъракахо як бору ду бор дида буданд, шинохтанд ва зуд бар вай гирд омаданд, зеро пай бурда буданд, ки пиёда шудани у дар наздики хони зиёфати пахлавони Сугд бесабаб нест. Виркан даст дар сина нихода ба гирду пеш суи марду занхо салом кард ва ба болои тахтасуфа баромада нишасту аввал аз куза бачоми калони сафолин шаробро пур рехта покиза дам кашид ва сипас нон ва гуштро бо лукмахои калон-калон хурдан гирифт. Табъаш чок, чехрааш хандон буд. Аз издихоми мардумон галогула, нидохои тахсину тасанно баланд шуданд:

– Офарин, Виркани далер!

– Хамоварди Ёдхишетак танхо туи…

– Ту уро маглуб мекуни!…

– Худоён пахлавонии Сугдро ба ту фармудаанд!…

Инак, дар майдони машки сарбозон Ёдхишетак-пахлавони пахлавонон ва Виркани чуяндаи ин номи фохира аз дучониб баромаданду шутурмургвор чахида-чахида, дастхо-яшонро чун боли укоб афшонда-афшонда ба истикболи як-дигар равон шуданд.

Дар миёнчои майдон ба якдигар расида ду даст ба ду даст гирифтанду як-як китф ба китф расонда вохури карданд. Хар ду то миён луч, муи сари хар ду то буни гардан фаромада ва бо чамбараки нафиси симин баста. Ёдхишетак бузургпайкар, сари синаву китфони тавонояш пурмуй, кадаш аз харифним сар баландтар.

Виркан нисбат ба у борик, мушакхои бозувонаш ва ду пахлуяш аргамчинвор печида ва часта.

Дар гирдогирди майдон тамошобинон – мардумони шахр, сарбозон, аъёну ашроф, дарбориёни ишхид халка задаанд.

Дар чои баланд ишхиди зарринкулоху камар, риши кутоху сиёхи наълшаклаш ба гирди чехрааш аз чакка нимхалказада, дар ихотаи дарбориёни худ бар тахт нишаста буд. Офтоби пагохони тобон, карнайхо, таблу нагорахо пурсадо.

Пахлавонон гарми гуштингири. Гох аз душу миёни якдигар гирифта фурсате оромона алвонч мехуранд ва гохе тундутез гардида хамдигарро бардошта задани мешаванд.

Зур ба тарафи Ёдхишетак буд. Вай харифро бо вазни филонаи худ пахш кардани мешуд ё ки сабук ба душ, ба пахлу, ба болои сар мебардошту меандохт, лекин Виркани чобук хар бор ба по меафтид ва намегалтид, балки худи пахлавонро

зер кардани мешуд. Вай хам се бор похои Ёдхишетакро аз замин канда бо тамоми кувваташ уро чаппагардон кардани шуд, лекин похои оханини Ёдхишетак хеч катъ намешуданд ва хар бор сутун шуда сохибашонро аз галтидан нигох медоштанд, устувор ва кави буданд.

Хар дам хаёху ва гулгулаи тамошобинон бонги таблу карнайхоро пахш мекард.

Пахлавонон кариб ду соат гушти гирифтанд, аммо зафар ба хеч тараф даст надод.

Он гох ишхид амр кард, ки бас кунанд ва баъд аз пешин савора гушти гиранд.

Аммо гуштингирии савора хам, бо вучуде ки хеле тул кашид, натича надод, саворон якдигарро аз зин канда наметавонистанд. Ишхид дилтанг шуда маъракаро барбаст вафармуд, ки пахлавонон рузи дигар бо найза набард кунанд.

Дар бозгашт ба шахр Ёдхишетак дар акиби ишхид бо хамрохии саворони вай мерафт. Ишхид дар нисфи рох уро ба назди худ хонд. Ёдхишетак шитобон рафта дар наздики вай аз асп фаромадани шуд (дар пешгохи подшох, савора хозир шудан мамнуъ буд), лекин ишхид ишора кард – ичозат дод, ки савора ояд. Пахлавон чанде дар пахлуи вай асп ронд.

Ишхид пурсид:

– Харифатро чи гуна ёфти?

– Харифи шоистаест шохам, – чавоб дод Ёдхишетак. – Ба неру шерро монад, ба тезчанги палангро ва ба чобуки гурбаро.

– Ту аз у бим дори?

– Не, шохам, гуломи шохам умедвор аст, ки бо мадади худоён ва мехрубонии шохи бузург фардо бар вай зафар ёбад.

– Аммо чунин умедро у хам дорад.

– Оре, лекин гуломи шохам гумон намекунад, ки умеди Виркан бо дилпури бошад.

– Пас ту бо дили пур умедвори?

– Охир, гуломи шохам бо мадади худоён ва мехрубонии шохи бузург дар се соли гузашта се навбат бар ракибон зафар ёфт, пас чаро бо дилпури умедвор набошад, ки ин навбат хам худоён ва шохи бузург ба вай мехрубон ва мадад-

гор хоханд буд?

– Мо хохони зафари туем, аммо… хайф аст, ки чавонпахлавоне чун Виркан кушта гардад.

– Савганд ба Заврони бузург, ки инро гуломи шохам низнамехохад ва агар шохи бузург нафармояд, гуломи шохам уро намекушад, аммо гуломи шохам чи кунад, ки ин расмро пешиниён ниходаанд…

Оре, пахлавони номдори найзаву шамшеру каманду камон Ёдхишетак аз зафар ёфтани худ дар набарди фардо дилаш пур буд.

Пас Виркан чи?

Виркан дар шубха афтода буд.

Ёдхишетак аз гумони у пурзуртар, пурхунартар баромад.

Дар гуштии савора Виркан кариб буд, ки маглуб шавад. Дар хонаашон вай парешонхотир менамуд, камгап буд. Ревахшиён, ки дар маърака хозир ва гуштингирии писарашро бо дили тапон назора карда буд, ба андешаи Виркан пай бурд ва гуфт:

– Бешак, Ёдхишетак аз ту пурзуртар аст, аммо назар бату зудтар монда мешавад. Ту аз вай чавонтар ва чобуктари,хам пурбардошттар; ба гумон, агар ту тавони, ки набардро кашола дода уро монда куни, шояд голиб барои.

Аммо ин маслихатхои падар хотири Вирканро осуда накард. Вай шабхангом боз ба зиёрати оташкада рафта аз магупат дуою фотиха гирифт. Пагохи рохи аз шахр то майдони машки сарбоз беш аз пеш пуртараддуд буд. Туда-туда пиёдахо, аспакихо, харакихо ба он су мешитофтанд. Ишхид бо мушояати (хамрохии) дарбориён ва чокаронаш низ дар он чо хозир гашт.

Ёдхишетак савори аспи гарданфарози йургаи чиран, Вир-кан савори саманди кашкаи худ ба майдон даромаданд. Хар ду бо чихозу аслихаи чанговарон: найза, зирех, сипар, кулаххуди мисини рупушакдор мучаххазу мусаллах. Гулбонги духулу наъраи карнайхо огози набардро эълон кард.

Пахлавонон аз ду чониби майдон сари аспони шихакаши бекарорро ба чорхези пурхайбате андохта, найзахоро ба пеш рост карда ба мукобили якдигар тохтанд.

Пайконхои пулодини найзахо яке ба сипари Ёдхишетак ва аз они у ба зирехи Виркан дар гояти тунди куфта шуданд, аммо нахалиданд, гечиданд, аспони чанги ба хам бархурда шихаи пургулгулае кашида ду пои пеш барафроштанд, гузаштанд, рафтанд.

Издихоми халк аз хаячон дам ба дарун кашида садое намебаровард. Имруз ин набард бояд бо халоки яке аз пахлавонон анчомад.

Хамлахо, мусодамахои шадиду каттол дувоздах карат такрор шуданд. Найзаи хамлаовар гох бо зарби чобуконаи найза мукобил гардонда мешуд, гох ба сипару зирех ё кухаи зин бармехурд, гохо хариф дар лахзаи хатар зуд ба ин ё он пахлу хамида пайкони чоншикорро чапгалат медод.

Дар карати сездахум найзаи Виркан аз зарби гарони силохи ракиб шикаст, Ёдхишетак хамон лахза бо тамоми кувваташ ба зери шиками зирехпуши Виркан найза зад, уро аз болои зин чапагардон карда партофт.

Гиреве аз издихоми халк бархост. Фарёди чонхароши марде баланд гардид: – Вой писарам! Чавонмарг шуди! Э вой, хок бар сарам!

Ревахшиён ду дасти мусибат ба сар мезаду менолид. Виркани латхурдаву дар замин ёзида харакати бархос тан кард, лекин Ёдхишетаки савор найзаашро ба синаи у фишурда уро чунбидан, нафас рост кардан намемонд.

Голиб дар хамин холат суи ишхид таъзим кард. Ишхид бояд ба вай бо ишора ичозати куштан дихад ва он гох пахлавон найзаашро ба гулуи маглуб халонда уро хохад кушт.

Аммо ишхид диранг мекард, тааммул мекард, – шояд дилаш ба Виркан месухт.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Либос ва лавозимоти чангии Вирканро тавсиф намоед.
  2. Ёдхишетак аз Виркан чи бартари дошт?
  3. Разми Виркан ва Ёдхишетакро батафсил накл кунед.
  4. Ишхид дар размгох чи сахме дошт ва нисбати Виркан чи назар дошт?

Дар хамин лахза як марди фарбехчуссаи пахнриши чомадароз аз байни издихом пеш баромада, суи ишхид таъзим кард ва бо овози баланд гуфт:

– Зиндагонии подшохи бузург дароз бод, ман хуни Вирканро харидам!

Гуянда бозаргони машхури бухорои Нуфарн буд, ки бо кори бозаргонии худ ба Самарканд омада буд. Маънии хитоби Нуфарн ин буд, ки: агар Ёдхишетак рози шавад, манн Вирканро аз вай ба гуломи мехарам. Маглуби набард асири голиб хисоб меёбад, голиб уро одатан мекушад, аммо агар подшох ичозаташ дихаду харидор пайдо шавад, метавонад накушаду фурушад.

Агарчи Виркан маглуб шуд, Нуфарн пахлавониву диловарии уро дар майдон дид ва тан дод. Ба бозаргони давлатманде чун у барои мухофизати корвонхояш дар роххои пурхатари машрику магриб хамин гуна чокари далер даркор буд.

Виркан ба Ёдхишетак хитоб мекард, ки:

– Бикуш маро! Ба фурухтан рози нестам, зудтар бикуш!

Ёдхишетаки зотан нармгуфтор ва хушмуомила ба вай чавоб медод, ки:

– Худат медони, додар, ризояти асирро намепурсанд. Баъд, ана ишхид ишора кард, ки туро фурушам. Хайрият, аз рехтани хуни ту халос шудам. Ту зинда мемони, Виркани далер.

Вай бахои Вирканро чахорсад дирам кард. Мардумон хайрон монданд: охир, ин бахои як нафар гуломи оддист, Ёдхишетак метавонист асири пахлавонашро акаллан ду баробар зиёд бахо кунад.

– Пахлавони Сугд монанди кудак сода аст, – мегуфтанд мардумон.

Асп, сипар, чавшану кулохи Виркан хам аз они Ёдхише так шуданд. Бозаргон аспро аз вай хамчунин ба чорсад дирам харид.

Никохи Виркану Наниманча бекор шуд, зеро дар муохидаи издивоч, ки ба расми сугдиён шавхар ва зан дар пеши кози мебастанд, гуфта шуда буд, ки агар яке аз тарафайн ба асорат ё гуломи афтад, тарафи дигар аз кайди никох озод шумурда мешавад.

Бозаргон гуломи зархаридашро бо хамрохии падари дилрешу дилафгори вай ба манзили худ – ба мехмонхонаи ошнои самаркандиаш бурд.

Бо падару писар гуфтори нарм дошт, мехрубонвор муомила мекард.

Ревахшиён аз вай ичозат хост, ки Виркан ба Ревдод рафта, бо занаш хайрбод кунад.

– Албатта, – гуфт бозаргон. – Худам хам дар ин фикр будам. Падаратро гуселон, Виркан, то фардо ба ту рухсат, фардо ба хамин чо биё, пасфардо сафар мекунем.

Вакте ки падару писар ба Ревдод расиданд, посе аз шаб гузашта буд.

Он шаб хавлии онхо мотамсаро гардид.

Пагохи Ревахшиён, Наниманча ва модараш Вирканро то сари рохи Самарканд гусел карданд. Монанди азодорон навха мекарданд, айнан монанди азодороне, ки чигарбан дашонро ба рохи охир гусел мекунанд.

Дар кучахои деха ба онхо як туда мардон, занон ва бачагон хамрох шуданд. Аксари онхо низ мегиристанд. Вирканчехрааш тирагун буд, хомушона кадам мезад.

Падараш, занаш, модарарусаш уро охирин бор огуш карданд, фигон карданд, видоъ гуфтанд, ашки хасрат рехтанд.

Чун вай ба рохи калон афтод, Наниманча худро ба замин партофт, дар хок чулид, ду даст аз кафои шавхараш ёзонда фарёд зад:

– Виркан! Бидон, ки шавхари аввалу охирам туи!.. Аввалу охир!… Аввалу охир!!!…

Баъди ду руз бозаргони бухорои Виркани нокому номуродро ба ватани худ гирифта бурд.

Дар ин чо вай Вирканро саиси калон – сари саисони худ таъйин кард.

Наниманчаи мусибатзада азбаски дигар зани Виркан ва келини Ревахшиён хисоб намеёфт, гирёну нолон, дар кадаш кудаки хафтмоха, бо модараш ба кулбаи пешинаашон кучиданд.

Ревахшиён дар хона танхо монд. Акнун вай, агар тавонад, мебоист ба бекаси одат мекард.

Рузе чанд гузашт, як бегох дар хавлии холимондаи Ревахшиён нохост Ёдхишетак пайдо гардид. Ревахшиён дар

зери толори баланди ток руи суфа бедор хобида буд. Вай ба саломи пахлавон алек нагирифт, аз бистараш, ки намадикухнае буду бас, зеро пирамарди гамзадаи дилафгор ба чогах андохтан хам хавсалааш намонда буд, барнахост ва мехмо-

нашро ба нишастан таклиф хам накард. Пахлавон ба лаби суфа нишаста гуфт:

– Аз ман ранчиданат бечост. Гунохи ман чист?… Чаро ту шукр намекуни, ки ба хар хол писарат зинда монд?… Ноумед нашав, шояд вай рузе ба ту баргардад… Инак ман ба ту бахои уро овардам, ин чорсад дирамро бигир. – Гуянда хамё-

ни пурро ба пеши Ревахшиён афканд. Пахлавон марде бошараф ва покният буд.

– Намехохам, бубар! – ба пахлу хобида бо алам гуфт Ревахшиён.

– Ба захми дилам намак мапош. Ман фарзандфуруш нестам.

– Ман бо писарат на бо ихтиёри худам набард кардам, на бо ихтиёри худам фурухтамаш, аз ман маранч падар. Пул азони туст. Ёдхишетак инро гуфта бархост ва тез-тез кадам монда суи дари берун равон шуд.

 САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Виркан ба кадом мурод бо нахустпахлавони Сугд набард намуд?
  1. Калимахои «шимну», «вагн» ва «магупат»-ро маънидод намоед ва гуед, ки Виркан пеш аз набард аз ки дуо гирифт?
  1. Манзараи Навруз ва ба набарди пахлавонон баромадани сугдиёнро тасвир намоед
  1. Чаро Виркан гуломи Нуфарн гардид?

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …