Главная / Маданият ва санъат / МУРОД ВА НОМУРОДӢ – Ҳикояи Виркан аз Сотим Улуғзода

МУРОД ВА НОМУРОДӢ – Ҳикояи Виркан аз Сотим Улуғзода

Дертар Вирканро мастии ҷавонӣ ва ғурури паҳлавонӣ ба васвасаи зўрозмоӣ бо паҳлавони Суғд андохт. Ба ин вайро ёру ҷўраҳояш ҳам якзайл тарғиб мекарданд: «Ту бо ин китфу ёл, бо ин зўри паҳлавонӣ, ки дорӣ, ғолиб мебароӣ. Нахустпаҳлавонӣ ҳаққи туст». Ҳатто мегуфтанд, ки агар вай аз хариди лавозимоти набард – сипар, кулоҳу ҷавшан андеша дошта бошад, онҳо тайёранд ин чизҳоро худашон шарикона барояш бихаранд. Виркан ҷазм кард.

Расми суғдиён буд, ки ҳар сол рўзи якуми моҳи Навсард, ки сари соли суғдӣ – Наврўз буд ва оғози тобистон ҳисоб меёфт, нахустпаҳлавони Суғд муқаррар мегардид, бо ин тариқ, ки он рўз барои паҳлавон суфраи таому шароб густурда мешуд, ҳар ки аз он таом ва шароб хўраду нўшад, бо ҳамин худро рақиби паҳлавон эълон карда, ўро ба майдони мубориза мехонд. Агар дар майдон бар вай ғолиб ояд, худаш паҳлавони якуми Суғд мешуд. Мағлуб ба дасти ғолиб кушта мегардид.

osiyoi-miyona

Боре Виркан аз бозори Самарқанд ба Ревдод баргашта уштурони аз бори ангишт холишударо дар дашт раҳо карду ба хонаашон омада падарашро дар боғчаашон машғули токбурӣ ёфт. Дуяшон дар лаби ҷўй барои дамгирӣ нишастанд.

 Виркан гуфт:

– Падар, Наврўз наздик аст.

– Наздик, – тасдиқ кард пирамард ва пурсид:

– Чаро ту ёди Наврўз кардӣ?

– Ман бо Ёдхишетак набард кардан мехоҳам. Ёдхишетак

номи паҳлавони Суғд буд. Ревахшиён ҳайрон шуд, бо диқ-

қат ба писараш нигаристу гуфт:

– Туро чӣ шуд? Магар дар кони ангишт бо шимну (иблис)

дучор шудӣ ва ў туро гумроҳ кард?

– Не, падар шимнуро ман надидам. Даме ки ин хаёл дар ман пайдо шуд, дилам бо худоёни бузургамон Зарвон, Баг, Митра буд, ин хаёлро ба дили ман онҳо андохтанд.

– Охир ба Ёдхишетак агар даст наёбӣ, кушта хохӣ шуд!

Чӣ магар аз ҷонат сер шудӣ?

– Хоҳу нохоҳ рўзе ҷон маро тарк мекунад, пас чӣ фарқ дорад, ки андак пештар ё андак дертар. Аммо агар худоён маро мададгор шаванду бар паҳлавони Суғд даст ёбам, ҳароина сарфарозӣ ёфтаам.

– Ба занат гуфтӣ?

– Ҳанўз не. Вай албатта, розӣ намешавад, мешўрад. Келинат даст задани маро ба ҳеҷ як коре, ки андак хатаре дар вай бошад, намехоҳад.

– Зеро ҳар хатаре, ки ба сари ту ояд, ба сари вай ва фарзанди ояндаи шумоён ҳам омадааст.

– Агар ту маро манъ накунӣ, ман ба Наниманча мегўям, ки падарам ин корро раво донист ва иҷозатам дод. Ревахшиён ба сукут рафт ва сипас гуфт:

– Ман туро аз оқибати ин кор огоҳ кардам. Ту кўдак нестӣ, марди рашид (далер) ва хушмандӣ, худат хуб бияндеш. Аммо агар ба набарди Ёдхишетак ҷазм кунӣ, аввал ба вағн (парастишгоҳ) бирав, назр бикун, аз мағупат (муғи калон) дуобигир.

Худи Ревахшиён бе он ки аввал ба парастишгоҳ бираваду аз пешвоёни мазҳаб дуо бигирад, ба ҳеҷ кори муҳим ибтидо намекард, марди солеҳ ва тақводоре буд. Дар ризоияти ў ба набарди писараш бо паҳлавони Суғд низ сухани Виркан, ки гуфт ин хаёлро худоён ба дили вай андохтаанд, бетаъсир набуд.

Дар ду хонаи айвон дар миёна Виркан бо занаш ва модарарўсаш мезистанд. Ревахшиён рахти пирии худро ба қазноқ кашида буд, қазноқро аз лақулуқ холӣ ва андова карда буданд. Бо пайдо шудани ду зан рўзгори хона, зисту зиндагӣ дар вай низом гирифт. Даруну берун доим рўфтаю чинда, хонаҳо озода, ҳар рўз дар сари вақт оташдон гарм ва дег ҷўшон, пўшокҳо покиза. Ин ҳама аз кўшишу ғайрати кадбонуи ҷавон ва модари ў буд. Аҳли хонавода бо ҳам меҳрубон буданд. Наниманча зани маҳбуба буд ва худаш ҳам шавҳарашро аз ҷон дўсттар медошт. Гўё саодат бо саломат ҳамъинон буд. Фақат як чиз ҳамчун пораи абре дар рўзи равшани офтобӣ соягустари хотир шуда буд: тарси мўҳтоҷӣ.

Аз ду уштур яке барои тўи арўсӣ ба фурўш рафт ва нисфи пасандози ангиштфурўшӣ ҳам харҷ шуд (нисфи дигари онро Виркан ба рўзи мабодо нигоҳ медошт). Ҳосили ним ҷуфт замин ва ҳамин миқдор боғ то нимаи зимистон ҳам намерасид. Ангишткашӣ бо як уштур суди казоӣ надошт.

Вирканин шуғлро тарк кард; шикор ҳам камтар (зеро ба ҷои падари пиргашта хоҳу нохоҳ дар замину боғ кор кардан лозим буд) ва аммо хароҷоти оила бештар шуда буд. Дасти беамони мўҳтоҷӣ, нодорӣ дари ин хонаро мекўфт.

Мақсади ниҳонии Виркан аз набарди паҳлавони Суғд рафъи ҳамин мўҳтоҷӣ буд. Зафар бар Ёдхишетак ўро паҳлавони лашкари подшоҳ хоҳад кард ва ин мансаб ба вай ном, иззат, дороӣ хоҳад овард.

Виркан ба Наниманча, ки нияти пурхатари шавҳарашро ҳеҷ намеписандид, ба таври нимҳазлу нимҷиддӣ манзараи ҳаёти бо ҷоҳу ҷалолеро тасвир мекард:

– Ту ҳариру дебо хоҳӣ пўшид, барракабоб бо шароби ноб хоҳӣ хўрд. Ба меҳмонӣ равӣ, ба ҷашнҳо ё ба дарбори подшоҳ равӣ, ё ки ба гармоба равӣ, дар тахти равон хоҳӣ рафт, бо ғуломону канизон хоҳӣ рафт. Дар кўчаҳо мардумон тахти равони туро аз дур дида хоҳанд гуфт: «Ана Наниманчабону, зани нахустпаҳлавони Суғд, ба дарбор ё ба ҷашн ё ба гармоба равон аст».

Не, Наниманча ба ин афсонаю афсун фирефта намешуд.

– Магў, Виркан! – Ҷавоб медод ў. – Ман хоҳони ҳариру дебо нестам, кабобу шароб ҳам дар гўр шавад; ман бо ту ба нони ҷавину оби ҷўш серам. Зорӣ мекунам, азизам, аз ин хаёлоти хом даргузар ва худатро, маро, фарзанди ояндаа монро дар хатар наандоз.

Виркан аз изҳори нияти худ ба занаш пушаймон шуд.

«Чаро гуфтам? – надомат мекард ў. – Гуфтан лозим набуд.

Зан аз чор девори ҳавлӣ берунро намебинад, аз кори дунё бехабар аст, дили мардро намедонад. Лекин ман, – мегуфт ў ба худ, – ман мардам, набояд бо гапи зан аз нияте, ки худоён ба дилам андохтанд, баргардам».

Боре вай ба Самарқанд рафта, аз он ҷо бо сипар, ҷавшан ва кулоҳи мисин баргашт. Маълум шуд, ки уштурро фурўхта, ба пули он пасандози ангиштфурўширо зам карда инанҷомро харидааст.

Наниманча аз зорию илтиҷои беҳудааш маъюс шуд, гирист. Аммо акнун ўро ба ҷуз тан ба қазо додану дуои ҷони шавҳарашро кардан ва ҳаросону ларзон оқибати корро нигарон шудан чора набуд.

Ризояти падар ҳосил шуда буд, акнун Виркани зардуштимазҳаб бузғолаеро барои назр кашола карда пайи ривояти худоён ба оташкадаи Самарқанд рафт.

Чун аз дарвозаи баландтоқ вориди саҳни васеи парастишгоҳ шуд, дид, ки мағупати сафедриши муйдароз ва сарупобараҳна пеши оташхонаи тиллокорӣ дар айвони дарози мунаққаш ва мусаввар, ки бар ҳашт сутуни кандакории нафис

қарор гирифта буд, нишастааст. Вай донандаи китоби муқаддаси «Авасто» ва нигоҳдорандаи оташи абадӣ буд. Баэътиқоди зардуштиёни оташпарасти Суғд он оташро ҳазорсол пеш писари Сиёвуш барафрўхта будааст, онҳо дар қато-

ри худоёни бисёр Сиёвушро ҳам мепарастиданд ва рўзи марги ўро, ки дар моҳи ҳафтуми суғдӣ воқеъ шуда будааст, мотам гирифта, сиёҳ пўшида, побараҳнаю гирён ва синазанон мегаштанд.

Мағупат нишаста буду китоби дуоҳои зардуштӣ «Офарингор»-и дар варақҳои чарми ҳайвонот навишташударо мехонд. Виркан бузғоларо ба муғбачаи хизматгор супурд ва мўкиашро кашида побараҳна ба айвон баромаду аввал

сўи оташхона саҷда кард ва сипас назди мағупат зону зада, дасти ўро гирифта бўсиду гуфт:

– Эй донои доноён, донандаи ошкору ниҳон, воқифи асрори замину осмон, барои ман аз худоён неру бихоҳ, ки нияти набард кардан дорам.

Мағупат пурсид:

– Ту кистӣ?

– Виркан, писари Ревахшиёни Ревдодӣ.

– Магар туро душмане пеш омадааст?

– Не, бо Ёдхишетак – паҳлавони Суғд набард мекунам.

Мағупат чашмони хираи мижгонрехтаашро калонтар кушода, ба андоми гўянда нигарист, лекин дар вай чандон нишони паҳлавонӣ надид: на китфу бозуи сутург, на синаи чун сипар дамида, на гардани ғафси пуррагу пай. Виркан ҷавонмарде қадаш аз миёна болотар, шонафарохи миёнборик ва хушпайкар буд. Фақат дастҳояш, панҷаҳои дурушти шахшўлаш, ки ҳоло ба рўи зонувони ў ёзида буданд, аз нерумандии ў хабаре медод; чунин менамуд, ки он панҷаҳо ниҳоят сахтчанголанд ва ҳар чиро қапанд, чун анбўри оҳанин меқапанд.

Ва инчунин нигоҳи ҷасуронаи чашмони калони мешии ў як навъ гувоҳи шуҷоати ниҳониаш буд.

– Агар ба Ёдхишетак даст ёбам, ба вағн ду сар гўсфанд бахшиш меорам, – гуфт боз Виркан. Мағупат бо овози хиррӣ дуое аз дуоҳои зардуштиро хонда ба ҷавонпаҳлавони номҷўй дар набарди хатарноки ў зафар талабид.

– Эй подшоҳи худоён, Зарвон, аё Митра, аё Бағ, шумоёнро мепарастам; бандаи худатон Виркани Ревахшиёнро мададгор бошед, бар неруи тану ҷонаш бияфзоед ва дар разму набардҳо забардасташ кунед…

Дар Суғд ҳеҷ яке аз маросимҳои бисёри суғдиён бо чунин фароҳӣ, шукўҳ ва хуррамии тамоми халқ ҷашн гирифта намешуд, чуноне ки Наврўз гирифта мешуд. Марду занҳо, бачаҳо либосҳои рангоранги идона пўшида, ба сайри саҳроҳо, боғу бўстонҳо мебаромаданд ва ба шарафи вуруди тобистони файзбор таронаҳо мехонданд, бозиҳои гуногун барпоменамуданд. Меҳмондориҳо, зиёфатҳои ҳамдигарӣ авҷ мегирифтанд.

Ин ҷашн аз ҳама бошўкуҳтару хуррамтар дар сайргоҳи беруни шаҳр баргузор мешуд: дар он ҷо созанда ва сарояндагон, гўяндагон, раққосон, шаъбадабозон издиҳоми халқро дилхуш мекарданд. Ҷавонон гўштингирӣ, чавгонбозӣ мекарданд, пойга метохтанд.

Дар сояи садаи калон, рўи тахтасуфаи баланд барои нахустпаҳлавони Суғд хони алвон густурда, дар лаълии биринҷӣ нон, гўшти пухта, кўзаи шароб гузошта шуда буд.

Дар сари хон касе набуд, худи паҳлавон дар як канори сайргоҳ бо саворони ишхид (лақаби подшоҳони суғд) саргармичавгонбозӣ буд.

Саворе ҷомаи абрешимини сабзу гулобӣ дар бар ва камарбанди нуқра дар камар, аспи саманди қашқаашро тундронда омаду дар пеши тахтасуфа пиёда шуд. Аспро набаст, ҷилавашро раҳо кард: ҷонварро ба набаста истодан дар наздикии соҳибаш аз аввал одат кунонда буд.

Аҳли ҷашн Виркани Ревдодиро, ки дар маъракаҳо як бору ду бор дида буданд, шинохтанд ва зуд бар вай гирд омаданд, зеро пай бурда буданд, ки пиёда шудани ў дар наздики хони зиёфати паҳлавони Суғд бесабаб нест. Виркан даст дар сина ниҳода ба гирду пеш сўи марду занҳо салом кард ва ба болои тахтасуфа баромада нишасту аввал аз кўза баҷоми калони сафолин шаробро пур рехта покиза дам кашид ва сипас нон ва гўштро бо луқмаҳои калон-калон хўрдан гирифт. Табъаш чоқ, чеҳрааш хандон буд. Аз издиҳоми мардумон ғалоғула, нидоҳои таҳсину тасанно баланд шуданд:

– Офарин, Виркани далер!

– Ҳамоварди Ёдхишетак танҳо туӣ…

– Ту ўро мағлуб мекунӣ!…

– Худоён паҳлавонии Суғдро ба ту фармудаанд!…

Инак, дар майдони машқи сарбозон Ёдхишетак-паҳлавони паҳлавонон ва Виркани ҷўяндаи ин номи фохира аз дуҷониб баромаданду шутурмурғвор ҷаҳида-ҷаҳида, дастҳо-яшонро чун боли уқоб афшонда-афшонда ба истиқболи як-дигар равон шуданд.

Дар миёнҷои майдон ба якдигар расида ду даст ба ду даст гирифтанду як-як китф ба китф расонда вохўрӣ карданд. Ҳар ду то миён луч, мўи сари ҳар ду то буни гардан фаромада ва бо чамбараки нафиси симин баста. Ёдхишетак бузургпайкар, сари синаву китфони тавонояш пурмўй, қадаш аз ҳарифним сар баландтар.

Виркан нисбат ба ў борик, мушакҳои бозувонаш ва ду паҳлўяш арғамчинвор печида ва ҷаста.

Дар гирдогирди майдон тамошобинон – мардумони шаҳр, сарбозон, аъёну ашроф, дарбориёни ишхид ҳалқа задаанд.

Дар ҷои баланд ишхиди зарринкулоҳу камар, риши кўтоҳу сиёҳи наълшаклаш ба гирди чеҳрааш аз чакка нимҳалқазада, дар иҳотаи дарбориёни худ бар тахт нишаста буд. Офтоби пагоҳонӣ тобон, карнайҳо, таблу нағораҳо пурсадо.

Паҳлавонон гарми гўштингирӣ. Гоҳ аз дўшу миёни якдигар гирифта фурсате оромона алвонҷ мехўранд ва гоҳе тундутез гардида ҳамдигарро бардошта заданӣ мешаванд.

Зўр ба тарафи Ёдхишетак буд. Вай ҳарифро бо вазни филонаи худ пахш карданӣ мешуд ё ки сабук ба дўш, ба паҳлў, ба болои сар мебардошту меандохт, лекин Виркани чобук ҳар бор ба по меафтид ва намеғалтид, балки худи паҳлавонро

зер карданӣ мешуд. Вай ҳам се бор поҳои Ёдхишетакро аз замин канда бо тамоми қувваташ ўро чаппагардон карданӣ шуд, лекин поҳои оҳанини Ёдхишетак ҳеҷ қатъ намешуданд ва ҳар бор сутун шуда соҳибашонро аз ғалтидан нигоҳ медоштанд, устувор ва қавӣ буданд.

Ҳар дам ҳаёҳу ва ғулғулаи тамошобинон бонги таблу карнайҳоро пахш мекард.

Паҳлавонон қариб ду соат гўштӣ гирифтанд, аммо зафар ба ҳеҷ тараф даст надод.

Он гоҳ ишхид амр кард, ки бас кунанд ва баъд аз пешин савора гўштӣ гиранд.

Аммо гўштингирии савора ҳам, бо вуҷуде ки хеле тўл кашид, натиҷа надод, саворон якдигарро аз зин канда наметавонистанд. Ишхид дилтанг шуда маъракаро барбаст вафармуд, ки паҳлавонон рўзи дигар бо найза набард кунанд.

Дар бозгашт ба шаҳр Ёдхишетак дар ақиби ишхид бо ҳамроҳии саворони вай мерафт. Ишхид дар нисфи роҳ ўро ба назди худ хонд. Ёдхишетак шитобон рафта дар наздики вай аз асп фаромаданӣ шуд (дар пешгоҳи подшоҳ, савора ҳозир шудан мамнўъ буд), лекин ишхид ишора кард – иҷозат дод, ки савора ояд. Паҳлавон чанде дар паҳлўи вай асп ронд.

Ишхид пурсид:

– Ҳарифатро чӣ гуна ёфтӣ?

– Ҳарифи шоистаест шоҳам, – ҷавоб дод Ёдхишетак. – Ба неру шерро монад, ба тезчангӣ палангро ва ба чобукӣ гурбаро.

– Ту аз ў бим дорӣ?

– Не, шоҳам, ғуломи шоҳам умедвор аст, ки бо мадади худоён ва меҳрубонии шоҳи бузург фардо бар вай зафар ёбад.

– Аммо чунин умедро ў ҳам дорад.

– Оре, лекин ғуломи шоҳам гумон намекунад, ки умеди Виркан бо дилпурӣ бошад.

– Пас ту бо дили пур умедворӣ?

– Охир, ғуломи шоҳам бо мадади худоён ва меҳрубонии шоҳи бузург дар се соли гузашта се навбат бар рақибон зафар ёфт, пас чаро бо дилпурӣ умедвор набошад, ки ин навбат ҳам худоён ва шоҳи бузург ба вай меҳрубон ва мадад-

гор хоҳанд буд?

– Мо хоҳони зафари туем, аммо… ҳайф аст, ки ҷавонпаҳлавоне чун Виркан кушта гардад.

– Савганд ба Заврони бузург, ки инро ғуломи шоҳам низнамехоҳад ва агар шоҳи бузург нафармояд, ғуломи шоҳам ўро намекушад, аммо ғуломи шоҳам чӣ кунад, ки ин расмро пешиниён ниҳодаанд…

Оре, паҳлавони номдори найзаву шамшеру каманду камон Ёдхишетак аз зафар ёфтани худ дар набарди фардо дилаш пур буд.

Пас Виркан чӣ?

Виркан дар шубҳа афтода буд.

Ёдхишетак аз гумони ў пурзўртар, пурҳунартар баромад.

Дар гўштии савора Виркан қариб буд, ки мағлуб шавад. Дар хонаашон вай парешонхотир менамуд, камгап буд. Ревахшиён, ки дар маърака ҳозир ва гўштингирии писарашро бо дили тапон назора карда буд, ба андешаи Виркан пай бурд ва гуфт:

– Бешак, Ёдхишетак аз ту пурзўртар аст, аммо назар бату зудтар монда мешавад. Ту аз вай ҷавонтар ва чобуктарӣ,ҳам пурбардошттар; ба гумон, агар ту тавонӣ, ки набардро кашола дода ўро монда кунӣ, шояд ғолиб бароӣ.

Аммо ин маслиҳатҳои падар хотири Вирканро осуда накард. Вай шабҳангом боз ба зиёрати оташкада рафта аз мағупат дуою фотиҳа гирифт. Пагоҳӣ роҳи аз шаҳр то майдони машқи сарбоз беш аз пеш пуртараддуд буд. Тўда-тўда пиёдаҳо, аспакиҳо, харакиҳо ба он сў мешитофтанд. Ишхид бо мушояати (ҳамроҳии) дарбориён ва чокаронаш низ дар он ҷо ҳозир гашт.

Ёдхишетак савори аспи гарданфарози йурғаи ҷиран, Вир-кан савори саманди қашқаи худ ба майдон даромаданд. Ҳар ду бо ҷиҳозу аслиҳаи ҷанговарон: найза, зиреҳ, сипар, кулаҳхуди мисини рўпўшакдор муҷаҳҳазу мусаллаҳ. Гулбонги дуҳулу наъраи карнайҳо оғози набардро эълон кард.

Паҳлавонон аз ду ҷониби майдон сари аспони шиҳакаши беқарорро ба чорхези пурҳайбате андохта, найзаҳоро ба пеш рост карда ба муқобили якдигар тохтанд.

Пайконҳои пўлодини найзаҳо яке ба сипари Ёдхишетак ва аз они ў ба зиреҳи Виркан дар ғояти тундӣ кўфта шуданд, аммо нахалиданд, ғеҷиданд, аспони ҷангӣ ба ҳам бархўрда шиҳаи пурғулғулае кашида ду пои пеш барафроштанд, гузаштанд, рафтанд.

Издиҳоми халқ аз ҳаяҷон дам ба дарун кашида садое намебаровард. Имрўз ин набард бояд бо ҳалоки яке аз паҳлавонон анҷомад.

Ҳамлаҳо, мусодамаҳои шадиду қаттол дувоздаҳ карат такрор шуданд. Найзаи ҳамлаовар гоҳ бо зарби чобуконаи найза муқобил гардонда мешуд, гоҳ ба сипару зиреҳ ё кўҳаи зин бармехўрд, гоҳо ҳариф дар лаҳзаи хатар зуд ба ин ё он паҳлў хамида пайкони ҷоншикорро чапғалат медод.

Дар карати сездаҳум найзаи Виркан аз зарби гарони силоҳи рақиб шикаст, Ёдхишетак ҳамон лаҳза бо тамоми қувваташ ба зери шиками зиреҳпўши Виркан найза зад, ўро аз болои зин чапагардон карда партофт.

Ғиреве аз издиҳоми халқ бархост. Фарёди ҷонхароши марде баланд гардид: – Вой писарам! Ҷавонмарг шудӣ! Э вой, хок бар сарам!

Ревахшиён ду дасти мусибат ба сар мезаду менолид. Виркани латхўрдаву дар замин ёзида ҳаракати бархос тан кард, лекин Ёдхишетаки савор найзаашро ба синаи ў фишурда ўро ҷунбидан, нафас рост кардан намемонд.

Ғолиб дар ҳамин ҳолат сўи ишхид таъзим кард. Ишхид бояд ба вай бо ишора иҷозати куштан диҳад ва он гоҳ паҳлавон найзаашро ба гулўи мағлуб халонда ўро хоҳад кушт.

Аммо ишхид диранг мекард, тааммул мекард, – шояд дилаш ба Виркан месўхт.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Либос ва лавозимоти ҷангии Вирканро тавсиф намоед.
  2. Ёдхишетак аз Виркан чӣ бартарӣ дошт?
  3. Разми Виркан ва Ёдхишетакро батафсил нақл кунед.
  4. Ишхид дар размгоҳ чӣ саҳме дошт ва нисбати Виркан чӣ назар дошт?

Дар ҳамин лаҳза як марди фарбеҳҷуссаи паҳнриши ҷомадароз аз байни издиҳом пеш баромада, сўи ишхид таъзим кард ва бо овози баланд гуфт:

– Зиндагонии подшоҳи бузург дароз бод, ман хуни Вирканро харидам!

Гўянда бозаргони машҳури бухороӣ Нуфарн буд, ки бо кори бозаргонии худ ба Самарқанд омада буд. Маънии хитоби Нуфарн ин буд, ки: агар Ёдхишетак розӣ шавад, манн Вирканро аз вай ба ғуломӣ мехарам. Мағлуби набард асири ғолиб ҳисоб меёбад, ғолиб ўро одатан мекушад, аммо агар подшоҳ иҷозаташ диҳаду харидор пайдо шавад, метавонад накушаду фурўшад.

Агарчи Виркан мағлуб шуд, Нуфарн паҳлавониву диловарии ўро дар майдон дид ва тан дод. Ба бозаргони давлатманде чун ў барои муҳофизати корвонҳояш дар роҳҳои пурхатари машриқу мағриб ҳамин гуна чокари далер даркор буд.

Виркан ба Ёдхишетак хитоб мекард, ки:

– Бикуш маро! Ба фурўхтан розӣ нестам, зудтар бикуш!

Ёдхишетаки зотан нармгуфтор ва хушмуомила ба вай ҷавоб медод, ки:

– Худат медонӣ, додар, ризояти асирро намепурсанд. Баъд, ана ишхид ишора кард, ки туро фурўшам. Хайрият, аз рехтани хуни ту халос шудам. Ту зинда мемонӣ, Виркани далер.

Вай баҳои Вирканро чаҳорсад дирам кард. Мардумон ҳайрон монданд: охир, ин баҳои як нафар ғуломи оддист, Ёдхишетак метавонист асири паҳлавонашро ақаллан ду баробар зиёд баҳо кунад.

– Паҳлавони Суғд монанди кўдак сода аст, – мегуфтанд мардумон.

Асп, сипар, ҷавшану кулоҳи Виркан ҳам аз они Ёдхише так шуданд. Бозаргон аспро аз вай ҳамчунин ба чорсад дирам харид.

Никоҳи Виркану Наниманча бекор шуд, зеро дар муоҳидаи издивоҷ, ки ба расми суғдиён шавҳар ва зан дар пеши қозӣ мебастанд, гуфта шуда буд, ки агар яке аз тарафайн ба асорат ё ғуломӣ афтад, тарафи дигар аз қайди никоҳ озод шумурда мешавад.

Бозаргон ғуломи зархаридашро бо ҳамроҳии падари дилрешу дилафгори вай ба манзили худ – ба меҳмонхонаи ошнои самарқандиаш бурд.

Бо падару писар гуфтори нарм дошт, меҳрубонвор муомила мекард.

Ревахшиён аз вай иҷозат хост, ки Виркан ба Ревдод рафта, бо занаш хайрбод кунад.

– Албатта, – гуфт бозаргон. – Худам ҳам дар ин фикр будам. Падаратро гуселон, Виркан, то фардо ба ту рухсат, фардо ба ҳамин ҷо биё, пасфардо сафар мекунем.

Вақте ки падару писар ба Ревдод расиданд, посе аз шаб гузашта буд.

Он шаб ҳавлии онҳо мотамсаро гардид.

Пагоҳӣ Ревахшиён, Наниманча ва модараш Вирканро то сари роҳи Самарқанд гусел карданд. Монанди азодорон навҳа мекарданд, айнан монанди азодороне, ки ҷигарбан дашонро ба роҳи охир гусел мекунанд.

Дар кўчаҳои деҳа ба онҳо як тўда мардон, занон ва бачагон ҳамроҳ шуданд. Аксари онҳо низ мегиристанд. Вирканчеҳрааш тирагун буд, хомўшона қадам мезад.

Падараш, занаш, модарарўсаш ўро охирин бор оғўш карданд, фиғон карданд, видоъ гуфтанд, ашки ҳасрат рехтанд.

Чун вай ба роҳи калон афтод, Наниманча худро ба замин партофт, дар хок ҷўлид, ду даст аз қафои шавҳараш ёзонда фарёд зад:

– Виркан! Бидон, ки шавҳари аввалу охирам туӣ!.. Аввалу охир!… Аввалу охир!!!…

Баъди ду рўз бозаргони бухороӣ Виркани нокому номуродро ба ватани худ гирифта бурд.

Дар ин ҷо вай Вирканро саиси калон – сари саисони худ таъйин кард.

Наниманчаи мусибатзада азбаски дигар зани Виркан ва келини Ревахшиён ҳисоб намеёфт, гирёну нолон, дар қадаш кўдаки ҳафтмоҳа, бо модараш ба кулбаи пешинаашон кўчиданд.

Ревахшиён дар хона танҳо монд. Акнун вай, агар тавонад, мебоист ба бекасӣ одат мекард.

Рўзе чанд гузашт, як бегоҳ дар ҳавлии холимондаи Ревахшиён нохост Ёдхишетак пайдо гардид. Ревахшиён дар

зери толори баланди ток рўи суфа бедор хобида буд. Вай ба саломи паҳлавон алек нагирифт, аз бистараш, ки намадикўҳнае буду бас, зеро пирамарди ғамзадаи дилафгор ба ҷогаҳ андохтан ҳам ҳавсалааш намонда буд, барнахост ва меҳмо-

нашро ба нишастан таклиф ҳам накард. Паҳлавон ба лаби суфа нишаста гуфт:

– Аз ман ранҷиданат беҷост. Гуноҳи ман чист?… Чаро ту шукр намекунӣ, ки ба ҳар ҳол писарат зинда монд?… Ноумед нашав, шояд вай рўзе ба ту баргардад… Инак ман ба ту баҳои ўро овардам, ин чорсад дирамро бигир. – Гўянда ҳамё-

ни пурро ба пеши Ревахшиён афканд. Паҳлавон марде бошараф ва покният буд.

– Намехоҳам, бубар! – ба паҳлў хобида бо алам гуфт Ревахшиён.

– Ба захми дилам намак мапош. Ман фарзандфурўш нестам.

– Ман бо писарат на бо ихтиёри худам набард кардам, на бо ихтиёри худам фурўхтамаш, аз ман маранҷ падар. Пул азони туст. Ёдхишетак инро гуфта бархост ва тез-тез қадам монда сўи дари берун равон шуд.

 САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Виркан ба кадом мурод бо нахустпаҳлавони Суғд набард намуд?
  1. Калимаҳои «шимну», «вағн» ва «мағупат»-ро маънидод намоед ва гўед, ки Виркан пеш аз набард аз кӣ дуо гирифт?
  1. Манзараи Наврўз ва ба набарди паҳлавонон баромадани суғдиёнро тасвир намоед
  1. Чаро Виркан ғуломи Нуфарн гардид?
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bobo

Бобое Файз

Рамаҳои колхози Рӯдакӣ зимистон ба даштҳои Ӯзбакистон мерафтанду тобистон ба чарогоҳҳои худамон, ба Тоҷи- кистон …