Главная / Биология / МОХИГИРЙ, МОХИПАРВАРИ ВА МУХОФИЗАТИ МОХИЁН

МОХИГИРЙ, МОХИПАРВАРИ ВА МУХОФИЗАТИ МОХИЁН

Одамон аз замонхои кадим мохигири карда, гушту тухмаки онро мехурданд. Холо равгану устухон ва пусти мохи хам истифода бурда мешавад (аз чумла дар Точикистон.

Кисми зиёди мохии шикоршуда истеъмол мешавад, танхо кисми камаш барои тайёр кардани орди Мохи (хуроки илова барои чорво, парранда, хавзхои мохипарвари) ва хамчун нури истифода бурда мешавад. Кимати асосии мохй дар он аст, ки ха.мчун махсулоти сергизо — сафеда истеъмол карда мешавад. Равгани мохй манбаи витамини Д аст, ки онро бештар аз чигари треска мегиранд.

mohiho

Мохихое, ки ба микдори зиёд сайд мешаванд, мохиёни шикори номида мешаванд. Мохихои асосии шикори ширмохи, треска, окуни бахри, вобла, загорамохи, килка, белуга, осетра, севрюга, стерляд, лососи шимоли, кузапуштак ва гайрахо мебошанд.

Барои аз бахру укёнусхо шикор кардани Мохи киштихои махсус, самолёту вертолётхо ва эхолокаторхо истифода бурда мешаванд, ки ба хар гуна олоти шикори чихозонида шудаанд. Барои сайди мохиёни каъри об тури калони зериоби ё тралро ба кор мебаранд. Мохиёни дар кабати болои об бударо бо тури пахни халтамонанд шикор мекунанд.

Барои самаранок сайд кардани мохиён, пеш аз хама, хусусиятхои биологии онхоро нагз донистан лозим аст. Масалан, дуруст интихоб кардани чойи шикор, вакт ва мухдати шикор, намуди маълуми мохии шикоршаванда, захрдор будан ё набудани онхо, микдори шикор, бо кадом максад лозим будани он ва гайрахо роххои самараноки шикори мохи мебошанд. Сол аз сол афзудани шикори мохи метавонад захиран табиии вайро кам кунад. Барои хамин хам олимон роххои дурусти парвариш ва зиёд кардани захираи мохиро пешкаш мекунамд. Барои шикори мохи коидаю конунхои махсуси хукумати чори карда шудааст. Масалан, манъ кардани истифодабарии турхои сурохиашон майда, махдуд кардани чой ва Вакти сайд имконият медиханд, ки мохиёни чавон сайд карда нашаванд. Манъ кардани шикори баъзе намуди мохиён, мубориза бар зидди шикори худсарона, ташкил кардани обанборхои сунъи, заводхои мохипарвари, ба шароит мутобиккунонии моххи додани гизои иловаги ба мохичахо, мубориза бо зараррасонхои мохи омилхои асосии парваришу зиёд кардани мохи мебошанд.

Дар Россия аввалин заводи мохипарвари аз тарафи В.П. Врасский 100 сол пеш таъсис ёфта буд. Олими намоён, профессор H.JL Гербильский усули тез ба воя расидани тухми мохиро бо рохи инкубатсиони кашф кард.

Дар Россия аввалин кароре, ки ба мохигири дахл дошт, хануз дар замони Петри I баромада буд. Вале назорат аз болои шикори Мохи ва кабул кардани конунхо оид ба мухофизати мохи дар замони шурави ривоч ефта буданд. Масалан, бо моддахои тарканда бехуш кардани мохиён, ба об cap додани хар гуна партовхои фабрикаву заводхо дар Точикистон хам манъ карда шудааст.

Дар моддаи 67 Конститутсияи нави Точикистон гуфта шудааст, ки «мухофизати табиат вазифаи тамоми халк мебошад». Аз чумла Мохи захираи бойи табиии оби буда, дар давраи шурави 20%-и гушти истеъмолии ахолиро ташкил мекард, Бо ин максад дар Точикистон, ки дорои захираи калони об мебошад, барои таракки додани хочагии мохипарвари имкониятхои калон мавчуданд, зеро дар кишвари мо зиёда аз 200 дарёю дарёча ва садхо кул хаст.

Дар хавзхои калони махсусгардонида шудаи нохияхои Хочамастон, Вахдат, Чилликул, Колхозобод, дар обанборхои Кайроккум, Норак хочагихои махсуси мохипарварию мохидори ташкил карда шуда буданд, ки холо бесару сомонанд. Дар ояндаи наздик обанбори калони Норак ва Рогун базаи асосии мохипарварию мохидории Точикистон хоханд шуд.

Мохиён ба гайр аз ахамияти хочаги доштанашон боз ахамият зебои хам доранд. Бо ин максад чанд аср мукаддам дар Осиё] Чанубу Шарки мохиёни ороиши: зарринмохи, шамшердум телескоп, кометаро парвариш мекарданд.

Савол ва супоришхо:

*1. Дар бораи мохигири ва коидахои он маълумот дихед.

  1. Дар бораи мохипарварй ва хавзхои парвариши мохи дар Точикистон накл кунед.
  2. Оид ба карору конунхои кукумати дар хусуси мухофизати мохихо дар Точикистон маълумот дихед.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …