Главная / Илм / МИАЗ

МИАЗ

miazМИАЗ (Myiasis; аз юн. myia – магас), миазхо, бемории одаму хайвонот, ки дар натичаи ба бофта ё чавфи организм рох ёфтани кирминаи магас руй медихад. Вобаста ба мавкеи кирмина М.-хо сатхи ва амик мешаванд. Инчунин аз руи баъзе фаркияти амалию вогири М.-хои сайёри рах-рах ва нодири пуст низ мавчуданд.
Ангезандаи М.-хои сатхи, одатан, кирминахои магаси гушт, магаси лошаи бахори, магаси лошаи сабз, магаси лошаи хокистари ва хатто магасхои хона мебошанд. Магасхо ба буйи бофтахои пусида парида омада, дар захму решхои фасоднок, харошхо ва диг. чойхои осебдидаи пуст, луобпардаи бини, чашм, чинхои атрофи узвхои таносул тухм мегузоранд. Кирминахои аз тухм баромада хеле сершуморанд ва тамоми мабдаи иллатро фаро мегиранд. Онхо чун китъачахои сафеди хокистари ба назар мерасанд (дар он чо кирминахо дар печутобанд).
Аз чойгирии кирминахо дар захм бемор, одатан, ягон норохатие хис намекунад. Факат баъзан бадан каме хориш ё бичир-бичир менамояд (дар бадан «мургак» медавад). Кирминахо аслан на бофтаи пусти солим, балки факат фасод ва бофтахои мавчударо истеъмол мекунанд. Баъди ба анчом расидани даври афзоиш, кирминахо аз пуст чудо шуда, берун аз бадани одам ба зоча мубаддал мегарданд. М.-и сатхи баъзан ба таври шадид чараён меёбад, ки он хангоми дар атрофи мултахимаи чашм, луобпардаи бини ва гуш чой гирифтани фасод мушохида мешавад. Агар кирминахои магаси хона ба шошароха (нойи шошагузар, уретра) ворид гарданд, М.-и узвхои шошаю таносул сар мезанад. Дар ин маврид кирминахо ба шошароха хам дар натичаи ба чойхои ифлос афтидани тухмхои магас ва дар он чо ба кирмина табдил ёфтани онхо ва хам бевосита аз чинхои беруни узвхои таносул ворид мегарданд. Агар одам кирминахои баъзе навъхои магасхои номбурдаро фуру барад ва дар айни хол туршии шираи меъдааш кам бошад, мумкин аст у ба М.-и руда гирифтор шавад. Дар чунин маврид руда дард карда, одамро зурзании дардноки дафъи зарурат (тенезма) азоб медихад, зуд-зуд дарун меравад. Бемори, одатан, шадид ва махсусан хангоми сирояти такрор хеле тулони чараён мегирад. Бемор бо начосати обаки кирминахои зиндаро ихроч мекунад. Кирминахо бо кай низ чудо мешаванд.
Ба гурухи М.-хои амик беморихои сабаб ва хусусиятхои амалиашон гуногун мансубанд. Яке аз омилхои умумии онхо ба пуст, насчи чарбии зери пуст ва бофтахои даруни ворид гаштани кирмина ва нафакат пусти бемор, инчунин пусти солимро низ фаро гирифтани чараёни бемори мебошад. М.-хои амик чараёни бадфарчом доранд. М.-и амики мукаррари, М.-и африкои (ё кордилобиоз) ва М.-и Америкаи Чануби (ё дерматобиоз) аз кабили М.-хои амик ба шумор мераванд.
М.-и амики мукаррари хам дар кишвархои иклимашон гарм ва хам муътадил мушохида мешавад. Ангезандаи он, одатан, кирминахои магасхоянд. Магаси модина, одатан, дар пусти аз харош, захм, реши римнок осебдида тухм мегузорад. Кирминахо нафакат бофтахои фавтида, инчунин бофтахои солимро низ мехуранд. Хангоми бо диккат муоина кардан, харакати хоси кирминахоро дидан мумкин аст. Онхо дар зери канорахои захм ва чинхо гурух-гурух маскан мегиранд. Кирминахо бофтахоро нобуд карда, нафакат сабаби осеби онхо, инчунин хатто боиси нуксонхои амик мегарданд. Дар чунин марвид таби бемор баланд мешавад, сар дард мекунад, бехолу бемадор мегардад, аз хуш меравад ва дарди шадиду ноором уро азоб медихад.
Гайр аз пуст кирминахо дар луобпардаи бини, дахон, чашм низ чой мегиранд. Кирминахо луобпардаро махв намуда, дар бофтахо ба худ рох мекушоянд ва то мушакпардаю устухонпарда мерасанд. Дар натича ихтилоли пахнои нафакат бофтахои нарм, инчунин бофтахои тагояку устухони халкум, халкбини, косахонаи чашм, гуши мобайни рух менамояд. Ходисахое низ маълуманд, ки бемори боиси табохии пурраи гузаи чашм, сар задани энсефалит ва халокати мариз гардидааст.
Кирминахои магаси волфарти дар бадани одам 3 – 6 руз зиста, баъд чудо шуда меафтанд. Онхо берун аз бадани одам ба зоча табдил меёбанд, аммо хамин мухлат ба ихтилоли амики пуст басанда аст. Баъзан магасхо аз нав дар захм тухм мегузоранд. Гохо мабдаи М.-хои амики мукаррари дар натичаи дар он чо тухм гузоштани дигар шаклхои магас ба мабдаи «омехта» табдил меёбад.
М.-и африкои бештар дар Африко пахн гаштааст. Ангезандаи он магаси Cardilobia anthropofaga мебошад. Модинаи магас дар хоки аз пасафканду пешоб ифлосшуда садхо тухм мегузорад. Кирминахои аз тухм баромада хангоми тамос ба пусти одам ва баъзе хайвонот (саг, калламуш) ворид мегарданд. Ба бемори бештар кудакон дар натичаи хокбози ва калонсолони машгули киштукор гирифтор мешаванд. Бади 1 – 2 руз чойи воридгаштаи кирмина мабдаи пурхун пайдо карда, дар буни он хангоми палмосидан хессаи гирехнок хис мешавад. Дар рузхои аввал баробари калон шудан, хесса ба гирехи пучакшакл табдил меёбад. Дере нагузашта буни он нарм мегардад ва мадда мекунад. Хангоми мадда кардан, гирех ва атрофи он сахт дард менамояд. Холи бемор вазнин гашта, бехоли рух медихад, аъзои бадан дард мекунад ва мумкин аст харорат баланд шавад.
Дар рузхои 12 ё 15-уми бемори мадда кафида, аз сурохи он ки ба чавфи гирех пайваст аст, кирмина намоён мешавад. Дарозии кирмина дар ин давраи инкишоф 10 – 15 мм аст. Сипас он аз бадан чудо шуда, дар хок ба зоча мубаддал мегардад. Дере нагузашта захм шифо меёбад. М.-и Амрикои Чануби асосан дар кишвархои субтропикии Америкаи Лотини мушохида мешавад. Ангезандаи он кирминаи хармагаси одам мебошад. Хангоми бемори модинаи магас дар бадани хашароти дуболаи хунмак (пашша, курпашша, магас) ва баъзе шаклхои кана тухм мегузорад. Дар он чо аз тухм кирминахо мебароянд. Сипас хангоми ба бадани одам нишастани чунин хашарот кирмина дархол ба пуст ворид мегардад. Баъди чанд руз дар чои воридгашта хессаи газакгирифта, сипас гирехи зерипусти пайдо мешавад, ки ба мадда табдил меёбад. Мадда кафида, аз он микдори ками зардобу фасод мебарояд. Сипас дар чойи мадда сурохи боки мемонад, ки барои нафас кашидани кирмина зарур аст. Дар сурохии мадда кирмина баъд аз 1 – 1,5 мох инкишоф ёфтан (дар ин муддат дарозии он 20 – 25 мм аст), аз бадани одам бадар меояд ва дар хок ба зоча мубаддал мегардад. Дар ин давра одам норохатии зиёд хис намекунад, факат чойи захм, махсусан дар давраи ба воя расидани кирмина, каме дард мекунад. Бемори, одатан, нек меанчомад.
М.-и сайёри рах-рахро кирминахои баъзе хелхои хармагас ба вучуд меоваранд. Кирминахо ба кабати поёни пустпарда ворид шуда, дар он чо ба худ роххои качу килеб мекушоянд. Бемори хам дар манотики гармсер ва хам дар кишвархои иклимашон муътадил вомехурад. Дар солхои охир М.-и рах-рахро бисёр олимон тавсиф кардаанд, ангезандаи он кирминаи хармагаси оилахои гуногун мебошад.
Ба бемори одамон бештар тобистон гирифтор мешаванд. Модинаи хармагас ба пашми чорво тухм мегузорад. Дар давраи маскунияти худ кирминахо дар даруни пуст рох кушода, боиси хориш мегарданд. Хангоми чойхои хоришноки баданро лесидани хайвонот кирминахо ба забон, сипас ба меъдаю руда мегузаранд. Дар меъдаю руда ба воя расида, кирминахо бо начосати хайвон хорич мешаванд. Одам бештар аз хайвоноте, ки дар баданашон (пашмашон) кирминахои давраи аввали инкишофро доранд, сироят меёбад. Кирмина бо узви газандаи худ (чангакхои хитини) кабатхои болои пустпардаро сурох карда, вориди он мегардад. Сипас дар пустпарда ва пуст роххои дарози нохамвор (ба мисоли накб) мекушояд. Дар чойи воридгаштаи кирмина доначаи хоришнок мебарояд. Кирмина факат шабона харакат мекунад ва хар шаб аз 4 – 5 то 25 – 30 см рохро тай менамояд.
Баъзан бо ёрии сузан кирминаро берун овардан имконпазир аст. Хангоми бемори варами раххои нахустин тадричан паст, рангашон чигари гашта, баъзан пуст мерезад. Ба бемори занон ва кудакони нафиспуст гирифтор мешаванд. Бемори шахсро норохат намесозад, факат у каме хориш ва сузиш хис мекунад.
Барои пешгирии М.-хо риояи коидахои бехдошти шахси, тозаю озода нигох доштани манзил, ободонии махалхои ахолинишин, нест кардани магасхо, пушида мондани хуроквори зарур мебошанд.
Ад.: Зоиров П. Т., Беморихои пуст, Д., 1999; хамон муаллиф, Болезни кожи, Д., 2002; хамон муаллиф, Частная дерматология и венерология, Д., 2007.

П. Т. Зоиров.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …