Главная / Илм / МИАЗ

МИАЗ

miazМИАЗ (Myiasis; аз юн. myia – магас), миазҳо, бемории одаму ҳайвонот, ки дар натиҷаи ба бофта ё ҷавфи организм роҳ ёфтани кирминаи магас рӯй медиҳад. Вобаста ба мавқеи кирмина М.-ҳо сатҳӣ ва амиқ мешаванд. Инчунин аз рӯи баъзе фарқияти амалию вогирӣ М.-ҳои сайёри рах-рах ва нодири пӯст низ мавҷуданд.
Ангезандаи М.-ҳои сатҳӣ, одатан, кирминаҳои магаси гӯшт, магаси лошаи баҳорӣ, магаси лошаи сабз, магаси лошаи хокистарӣ ва ҳатто магасҳои хона мебошанд. Магасҳо ба бӯйи бофтаҳои пӯсида парида омада, дар захму решҳои фасоднок, харошҳо ва диг. ҷойҳои осебдидаи пӯст, луобпардаи бинӣ, чашм, чинҳои атрофи узвҳои таносул тухм мегузоранд. Кирминаҳои аз тухм баромада хеле сершуморанд ва тамоми мабдаи иллатро фаро мегиранд. Онҳо чун қитъачаҳои сафеди хокистарӣ ба назар мерасанд (дар он ҷо кирминаҳо дар печутобанд).
Аз ҷойгирии кирминаҳо дар захм бемор, одатан, ягон нороҳатие ҳис намекунад. Фақат баъзан бадан каме хориш ё биҷир-биҷир менамояд (дар бадан «мурғак» медавад). Кирминаҳо аслан на бофтаи пӯсти солим, балки фақат фасод ва бофтаҳои мавҷударо истеъмол мекунанд. Баъди ба анҷом расидани даври афзоиш, кирминаҳо аз пӯст ҷудо шуда, берун аз бадани одам ба зоча мубаддал мегарданд. М.-и сатҳӣ баъзан ба таври шадид ҷараён меёбад, ки он ҳангоми дар атрофи мултаҳимаи чашм, луобпардаи бинӣ ва гӯш ҷой гирифтани фасод мушоҳида мешавад. Агар кирминаҳои магаси хона ба шошароҳа (нойи шошагузар, уретра) ворид гарданд, М.-и узвҳои шошаю таносул сар мезанад. Дар ин маврид кирминаҳо ба шошароҳа ҳам дар натиҷаи ба ҷойҳои ифлос афтидани тухмҳои магас ва дар он ҷо ба кирмина табдил ёфтани онҳо ва ҳам бевосита аз чинҳои беруни узвҳои таносул ворид мегарданд. Агар одам кирминаҳои баъзе навъҳои магасҳои номбурдаро фурӯ барад ва дар айни ҳол туршии шираи меъдааш кам бошад, мумкин аст ӯ ба М.-и рӯда гирифтор шавад. Дар чунин маврид рӯда дард карда, одамро зӯрзании дардноки дафъи зарурат (тенезма) азоб медиҳад, зуд-зуд дарун меравад. Беморӣ, одатан, шадид ва махсусан ҳангоми сирояти такрор хеле тӯлонӣ ҷараён мегирад. Бемор бо наҷосати обакӣ кирминаҳои зиндаро ихроҷ мекунад. Кирминаҳо бо қай низ ҷудо мешаванд.
Ба гурӯҳи М.-ҳои амиқ бемориҳои сабаб ва хусусиятҳои амалиашон гуногун мансубанд. Яке аз омилҳои умумии онҳо ба пӯст, насҷи чарбии зери пӯст ва бофтаҳои дарунӣ ворид гаштани кирмина ва нафақат пӯсти бемор, инчунин пӯсти солимро низ фаро гирифтани ҷараёни беморӣ мебошад. М.-ҳои амиқ ҷараёни бадфарҷом доранд. М.-и амиқи муқаррарӣ, М.-и африқоӣ (ё кордилобиоз) ва М.-и Америкаи Ҷанубӣ (ё дерматобиоз) аз қабили М.-ҳои амиқ ба шумор мераванд.
М.-и амиқи муқаррарӣ ҳам дар кишварҳои иқлимашон гарм ва ҳам мӯътадил мушоҳида мешавад. Ангезандаи он, одатан, кирминаҳои магасҳоянд. Магаси модина, одатан, дар пӯсти аз харош, захм, реши римнок осебдида тухм мегузорад. Кирминаҳо нафақат бофтаҳои фавтида, инчунин бофтаҳои солимро низ мехӯранд. Ҳангоми бо диққат муоина кардан, ҳаракати хоси кирминаҳоро дидан мумкин аст. Онҳо дар зери канораҳои захм ва чинҳо гурӯҳ-гурӯҳ маскан мегиранд. Кирминаҳо бофтаҳоро нобуд карда, нафақат сабаби осеби онҳо, инчунин ҳатто боиси нуқсонҳои амиқ мегарданд. Дар чунин марвид таби бемор баланд мешавад, сар дард мекунад, беҳолу бемадор мегардад, аз ҳуш меравад ва дарди шадиду ноором ӯро азоб медиҳад.
Ғайр аз пӯст кирминаҳо дар луобпардаи бинӣ, даҳон, чашм низ ҷой мегиранд. Кирминаҳо луобпардаро маҳв намуда, дар бофтаҳо ба худ роҳ мекушоянд ва то мушакпардаю устухонпарда мерасанд. Дар натиҷа ихтилоли паҳнои нафақат бофтаҳои нарм, инчунин бофтаҳои тағояку устухони ҳалқум, ҳалқбинӣ, косахонаи чашм, гӯши мобайнӣ рух менамояд. Ҳодисаҳое низ маълуманд, ки беморӣ боиси табоҳии пурраи ғӯзаи чашм, сар задани энсефалит ва ҳалокати мариз гардидааст.
Кирминаҳои магаси волфартӣ дар бадани одам 3 – 6 рӯз зиста, баъд ҷудо шуда меафтанд. Онҳо берун аз бадани одам ба зоча табдил меёбанд, аммо ҳамин мӯҳлат ба ихтилоли амиқи пӯст басанда аст. Баъзан магасҳо аз нав дар захм тухм мегузоранд. Гоҳо мабдаи М.-ҳои амиқи муқаррарӣ дар натиҷаи дар он ҷо тухм гузоштани дигар шаклҳои магас ба мабдаи «омехта» табдил меёбад.
М.-и африқоӣ бештар дар Африқо паҳн гаштааст. Ангезандаи он магаси Cardilobia anthropofaga мебошад. Модинаи магас дар хоки аз пасафканду пешоб ифлосшуда садҳо тухм мегузорад. Кирминаҳои аз тухм баромада ҳангоми тамос ба пӯсти одам ва баъзе ҳайвонот (саг, калламуш) ворид мегарданд. Ба беморӣ бештар кӯдакон дар натиҷаи хокбозӣ ва калонсолони машғули киштукор гирифтор мешаванд. Бади 1 – 2 рӯз ҷойи воридгаштаи кирмина мабдаи пурхун пайдо карда, дар буни он ҳангоми палмосидан хессаи гиреҳнок ҳис мешавад. Дар рӯзҳои аввал баробари калон шудан, хесса ба гиреҳи пучакшакл табдил меёбад. Дере нагузашта буни он нарм мегардад ва мадда мекунад. Ҳангоми мадда кардан, гиреҳ ва атрофи он сахт дард менамояд. Ҳоли бемор вазнин гашта, беҳолӣ рух медиҳад, аъзои бадан дард мекунад ва мумкин аст ҳарорат баланд шавад.
Дар рӯзҳои 12 ё 15-уми беморӣ мадда кафида, аз сӯрохи он ки ба ҷавфи гиреҳ пайваст аст, кирмина намоён мешавад. Дарозии кирмина дар ин давраи инкишоф 10 – 15 мм аст. Сипас он аз бадан ҷудо шуда, дар хок ба зоча мубаддал мегардад. Дере нагузашта захм шифо меёбад. М.-и Амрикои Ҷанубӣ асосан дар кишварҳои субтропикии Америкаи Лотинӣ мушоҳида мешавад. Ангезандаи он кирминаи хармагаси одам мебошад. Ҳангоми беморӣ модинаи магас дар бадани ҳашароти дуболаи хунмак (пашша, кӯрпашша, магас) ва баъзе шаклҳои кана тухм мегузорад. Дар он ҷо аз тухм кирминаҳо мебароянд. Сипас ҳангоми ба бадани одам нишастани чунин ҳашарот кирмина дарҳол ба пӯст ворид мегардад. Баъди чанд рӯз дар ҷои воридгашта хессаи газакгирифта, сипас гиреҳи зерипӯстӣ пайдо мешавад, ки ба мадда табдил меёбад. Мадда кафида, аз он миқдори ками зардобу фасод мебарояд. Сипас дар ҷойи мадда сӯрохӣ боқӣ мемонад, ки барои нафас кашидани кирмина зарур аст. Дар сӯрохии мадда кирмина баъд аз 1 – 1,5 моҳ инкишоф ёфтан (дар ин муддат дарозии он 20 – 25 мм аст), аз бадани одам бадар меояд ва дар хок ба зоча мубаддал мегардад. Дар ин давра одам нороҳатии зиёд ҳис намекунад, фақат ҷойи захм, махсусан дар давраи ба воя расидани кирмина, каме дард мекунад. Беморӣ, одатан, нек меанҷомад.
М.-и сайёри рах-рахро кирминаҳои баъзе хелҳои хармагас ба вуҷуд меоваранд. Кирминаҳо ба қабати поёни пӯстпарда ворид шуда, дар он ҷо ба худ роҳҳои каҷу килеб мекушоянд. Беморӣ ҳам дар манотиқи гармсер ва ҳам дар кишварҳои иқлимашон мӯътадил вомехӯрад. Дар солҳои охир М.-и рах-рахро бисёр олимон тавсиф кардаанд, ангезандаи он кирминаи хармагаси оилаҳои гуногун мебошад.
Ба беморӣ одамон бештар тобистон гирифтор мешаванд. Модинаи хармагас ба пашми чорво тухм мегузорад. Дар давраи маскунияти худ кирминаҳо дар даруни пӯст роҳ кушода, боиси хориш мегарданд. Ҳангоми ҷойҳои хоришноки баданро лесидани ҳайвонот кирминаҳо ба забон, сипас ба меъдаю рӯда мегузаранд. Дар меъдаю рӯда ба воя расида, кирминаҳо бо наҷосати ҳайвон хориҷ мешаванд. Одам бештар аз ҳайвоноте, ки дар баданашон (пашмашон) кирминаҳои давраи аввали инкишофро доранд, сироят меёбад. Кирмина бо узви газандаи худ (чангакҳои хитинӣ) қабатҳои болои пӯстпардаро сӯрох карда, вориди он мегардад. Сипас дар пӯстпарда ва пӯст роҳҳои дарози ноҳамвор (ба мисоли нақб) мекушояд. Дар ҷойи воридгаштаи кирмина доначаи хоришнок мебарояд. Кирмина фақат шабона ҳаракат мекунад ва ҳар шаб аз 4 – 5 то 25 – 30 см роҳро тай менамояд.
Баъзан бо ёрии сӯзан кирминаро берун овардан имконпазир аст. Ҳангоми беморӣ варами рахҳои нахустин тадриҷан паст, рангашон ҷигарӣ гашта, баъзан пӯст мерезад. Ба беморӣ занон ва кӯдакони нафиспӯст гирифтор мешаванд. Беморӣ шахсро нороҳат намесозад, фақат ӯ каме хориш ва сӯзиш ҳис мекунад.
Барои пешгирии М.-ҳо риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, тозаю озода нигоҳ доштани манзил, ободонии маҳалҳои аҳолинишин, нест кардани магасҳо, пӯшида мондани хӯрокворӣ зарур мебошанд.
Ад.: Зоиров П. Т., Бемориҳои пӯст, Д., 1999; ҳамон муаллиф, Болезни кожи, Д., 2002; ҳамон муаллиф, Частная дерматология и венерология, Д., 2007.

П. Т. Зоиров.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …