Главная / Илм / МЕЛЕНА

МЕЛЕНА

melenaМЕЛЕНА (Melaena; юн. melaina [nosos] – бемории сиёх), начосати сип-сиёхи бадбуй; аломати асосии хуншории сурхруда, меъда ва рудахо. М. мумкин аст дар натичаи фуру бурдани хун, мас., хангоми хунрави аз бини ё шуш низ ба вучуд ояд.
Сабаби сиёх гаштани пасафканд дар он мавчуд будани сулфиди охан (дар руда дар натичаи таъсири мутакобилаи гемоглобин ва гидрогенсулфид хосил мешавад) аст. Начосат аз истеъмоли баъзе дорухо (карболен, дорухои охандор) низ метавонад сиёх шавад, вале дар ин гуна мавридхо он намуди мукаррари дошта, чило намедихад. Усули асосии ташхиси М. мушохидаи пасафканди бемор аст. Агар ин кор гайриимкон бошад, пас дар асоси маълумоти собикаи бемори (рангпаридагии пуст, коллапс, кам будани гемоглобини хун ва г.) ба тахкики руда (ректороскопия) даст мезананд.
М. дар навзодхо хакики ва дуругин мешавад. М.-и хакики мумкин аст рузхои аввали хаёти кудак дар натичаи ихтилоли раванди лахтабандии хун сар занад. Дар ин гуна мавридхо хамзамон бо М. аз ноф хун меравад, пуст ва мултахимаи чашм сурх мешавад, кудак хун кай мекунад. Сабаби М.-и дуругин хангоми таваллуд фуру бурдани хуни модар, макидани пистони кафидаю хунрав ва г. мебошад. Дар кудакони нисбатан калон М. бинобар чурраи сурохи сурхрудагии диафрагма, васеъшавии варикозии венахои сурхруда, капилляротоксикози хунрез, захми меъда ва рудаи дувоздахангушта падид меояд.
Дар сурати ба мушохида расидани М. бемор бояд бе таъхир дар шуъбаи чаррохи бистари карда шавад. То ин лахза ба мариз истеъмоли гизо манъ аст; барои шикастани ташнаги оби хунукро чуръа-чуръа менушанд; бехтараш дар болои шикам ях ё ягон чизи хунуки дигар гузошт.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …