Главная / Илм / МАШМАША

МАШМАША

mashmashaМАШМАША (Malleus), сап, бемории сироятии одаму хайвонот, ки хангоми он дар узву бофтахо думбалхо пайдо мешаванд. Ангезандаи бемори бактерияи чубчашакл (Pseudomonas mellei) аст. Он дар чойхои сернам ва обу хок то 1 – 2 мох, дар тарашшухи беморону часади хайвоноти фавтида чанд хафта зинда мемонад; аз таъсири гандзудои (дезинфекция) зуд нобуд мегардад.
М. асосан бемории аспу хар, хачир ва гурхархо буда, дар шакли музмин (2 – 3 сол ва зиёдтар), баъзан бо пайдоиши захмхои римнок дар луобпардаи бини чараён мегирад. Одам хангоми бо хайвонот, хусусан бо асп тамос доштан, сироят меёбад. Ангезанда ба воситаи пуст ва луобпардаи захмдор ба организм дохил мешавад. Ба М. бештар саисон, духтурони хайвонот, галабонхо, охангарон ва диг. дучор меоянд.
Аз лахзаи сироят то падид омадани нишонахои бемори 1 – 5 руз (баъзан 2 – 3 хафта) мегузарад. Чараёни М. шадид ва музмин аст. Дар мавриди М.- и шадид одамро якбора табларза гирифта, харорати бадан хеле баланд мебарояд, мушакхо ва банду бугум дард ва варам мекунанд. Дар чои вуруди ангезанда аввал догхои сурх, сони обилачаи мухтавиаш хунолуд пайдо мешавад. Баъди 1 – 2 руз обила мекафад. Пайдоиши сулфа бо балгами хунолуд ва тарашшухи хуну римолуди сабзранг аз бини эхтимол дорад. Дар мавриди М. – и музмин даврахои бех ва бад шудани холати бемор ба мушохида мерасанд. Бемори аз чанд мох то 2 – 3 сол давом мекунад.
Маризро хатман дар бемористон хобонда, аз дигарон чудо мекунанд. Хамаи хайвоноти касалро нест бояд кард. Касалии онхо эхтимол ноаён гузарад. Аз ин ру, барои ошкор кардани чунин шакли касали озмоиши аллерги бо маллеин (моддае, ки аз ангезандаи М. гирифта, безарар гардонда шудааст) ёри медихад. Агар озмоиши чашм бо далели мусбат бошад, аспхоро дар хочагихои алохида нигох дошта, назорат мекунанд (хангоми руй додани аломатхои М. аспхоро нобуд месозанд). Саргин, хасу хошоки зери пой ва бокимондаи ему хошокро месузонанд. Бино ва ашёи нигохубини хайвонро дезинфексия мекунанд. Шахсони бо чорпо сарукордошта бояд чорахои ба бемори дучор нашудани худро риоя намоянд (пушидани либоси махсус, дастпушак, никоби докаги, дар вакти кор нахурдани хурок ва накашидани носу сигор, баъди кор бо оби гарм ва собун тоза шустани даст). Барои гандзудои махлули 10-фоизаи охаки хлорнок, махлули 2-фоизаи креолин ё асиди карболатро ба кор мебаранд. Одамони бо хайвоноти касал тамосдошта бояд 15 руз зери назорати тибби бошанд.

В. Исмоилов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …