Главная / Илм / МАШМАША

МАШМАША

mashmashaМАШМАША (Malleus), сап, бемории сироятии одаму ҳайвонот, ки ҳангоми он дар узву бофтаҳо думбалҳо пайдо мешаванд. Ангезандаи беморӣ бактерияи чӯбчашакл (Pseudomonas mellei) аст. Он дар ҷойҳои сернам ва обу хок то 1 – 2 моҳ, дар тарашшӯҳи беморону ҷасади ҳайвоноти фавтида чанд ҳафта зинда мемонад; аз таъсири гандзудоӣ (дезинфекция) зуд нобуд мегардад.
М. асосан бемории аспу хар, хачир ва гӯрхарҳо буда, дар шакли музмин (2 – 3 сол ва зиёдтар), баъзан бо пайдоиши захмҳои римнок дар луобпардаи бинӣ ҷараён мегирад. Одам ҳангоми бо ҳайвонот, хусусан бо асп тамос доштан, сироят меёбад. Ангезанда ба воситаи пӯст ва луобпардаи захмдор ба организм дохил мешавад. Ба М. бештар саисон, духтурони ҳайвонот, галабонҳо, оҳангарон ва диг. дучор меоянд.
Аз лаҳзаи сироят то падид омадани нишонаҳои беморӣ 1 – 5 рӯз (баъзан 2 – 3 ҳафта) мегузарад. Ҷараёни М. шадид ва музмин аст. Дар мавриди М.- и шадид одамро якбора табларза гирифта, ҳарорати бадан хеле баланд мебарояд, мушакҳо ва банду буғум дард ва варам мекунанд. Дар ҷои вуруди ангезанда аввал доғҳои сурх, сонӣ обилачаи мӯҳтавиаш хунолуд пайдо мешавад. Баъди 1 – 2 рӯз обила мекафад. Пайдоиши сулфа бо балғами хунолуд ва тарашшуҳи хуну римолуди сабзранг аз бинӣ эҳтимол дорад. Дар мавриди М. – и музмин давраҳои беҳ ва бад шудани ҳолати бемор ба мушоҳида мерасанд. Беморӣ аз чанд моҳ то 2 – 3 сол давом мекунад.
Маризро ҳатман дар бемористон хобонда, аз дигарон ҷудо мекунанд. Ҳамаи ҳайвоноти касалро нест бояд кард. Касалии онҳо эхтимол ноаён гузарад. Аз ин рӯ, барои ошкор кардани чунин шакли касалӣ озмоиши аллергӣ бо маллеин (моддае, ки аз ангезандаи М. гирифта, безарар гардонда шудааст) ёрӣ медиҳад. Агар озмоиши чашм бо далели мусбат бошад, аспҳоро дар хоҷагиҳои алоҳида нигоҳ дошта, назорат мекунанд (ҳангоми рӯй додани аломатҳои М. аспҳоро нобуд месозанд). Саргин, хасу хошоки зери пой ва боқимондаи ему хошокро месӯзонанд. Бино ва ашёи нигоҳубини ҳайвонро дезинфексия мекунанд. Шахсони бо чорпо сарукордошта бояд чораҳои ба беморӣ дучор нашудани худро риоя намоянд (пӯшидани либоси махсус, дастпӯшак, ниқоби докагӣ, дар вақти кор нахӯрдани хӯрок ва накашидани носу сигор, баъди кор бо оби гарм ва собун тоза шустани даст). Барои гандзудоӣ маҳлули 10-фоизаи оҳаки хлорнок, маҳлули 2-фоизаи креолин ё асиди карболатро ба кор мебаранд. Одамони бо ҳайвоноти касал тамосдошта бояд 15 рӯз зери назорати тиббӣ бошанд.

В. Исмоилов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …