Главная / Илм / МАРХАМ

МАРХАМ

marhamМАРХАМ, навъе аз даво. Асоси М.-хоро равган (вазелин, ланолин, чарбуи хук ва г.) ва моддахои гуногуни доруи (ихтиол, сулфур, дерматол, дёгт, кислотаи салитсилат ва г.) ташкил медиханд. Таъсири М.-хо нисбат ба хамирахо амиктар аст. Хусусан М.-хое, ки дар асоси давохои гуногуни синтези тахия шудаанд, бештар истифода мегарданд; онхо ба пуст нагз ворид шуда, самараи дилхох меоранд.
М. хангоми ба пуст молидан, ба бухори об монеъ гашта, ихрочи гармиро кам мекунад, пустро метасфонад, ба харакати хун ва мубодилаи моддахо таквият мебахшад. М.-ро метавон бевосита ба пуст молид; онро ба болои дока гирифта ба захм низ мебанданд ё ба пуст мешаканд. М. ба чойхои солим ва бемуи пуст молида мешавад (агар зарур бошад, муйро метарошанд). Бо ин максад бо дасти тоза каме М. гирифта ба пусти бемор (хатман бояд тоза бошад) мешаканд, сипас бо харакатхои дарозруя ва гирдгардон то комилан хушк шудани пуст молиш медиханд.
Агар мурод аз истифодаи М. таъсири сатхи бошад, пас онро ба болои дока гирифта, ба чои осебдидаи пуст мегузоранд ва бо бинт мебанданд. Барои таъсири амик расондан, мас., ба инфилтрат, М.-ро бевосита ба болои он молида бо латта мепечонанд. Бо максади мулоим шудани карахш ва пулакчахо М.-ро 3 – 6 соат нигох доштан лозим аст. Барои табобати, мас., пулакчахои псориаз, обилахои сахтшуда ва г. М.-ро ба болои селлофан ё когази мумандуд гирифта «тарбанди» мекунанд. Хангоми табобати шукуфаи фалси ва хоришак М.-ро ба пуст сахт шакидан зарур аст. Ниг. низ Крем.

Б. О. Ишонкулова.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …