Главная / Чамъият / МАРГ – Чон додани одам (Инсон) – охири умр

МАРГ – Чон додани одам (Инсон) – охири умр

Марг тухфаи муъмин аст

Худои таоло мефармояд: «Хар нафсе чашандаи марг аст; ва чуз ин нест, ки ба шумо рузи киёмат музди шумо ба томом дода хохад шуд, пас, хар ки аз дузах дур дошта шавад ва ба бихишт дароварда шавад, хамоно ба мурод расидааст. Ва зиндагонии дунё ба чуз бахраи фиребанда (чизе) нест».[1]

Байтхо:

Комати хам монеи умри сабукрафтор нест,
Обро аз мавч дар занчир кардан мушкил аст.

marg

Гафлат нагашт боиси таъчил умрро,
Дар хоб низ кофилаи мо равона аст.

* * *

Дил ба тори нафаси суcm мабанд аз гафлат,
Ки ба хар дам задан омода ба гусехтан аст.
(Мирзо Соиб).

Дар хадиси Пайгамбари ислом (с) омадааст, ки: «Марг тухфаи муъмин аст». Ва ба расидани тухфа хар кас хушхол мегардад. Марг пулест, ки хабибро ба хабиб мерасонад. Аммо хеч кас Хак надорад, ки ба сабаби зарари дуняви маргро орзу намояд. Хазрати Пайгамбари Худо (с) фармудаанд, ки: «Дар холати изтирори шадид ба ин хидоят амал намоед ва бигуед:

«Аллохумма ахйини мо конати-л-хаёту хайрал-ли ва таваффани изо конати-л-вафоту хайрал-ли». (Муттафакун алайх).[2]

Тарчума: Эй Аллох, маро зинда нигах дор, то замоне ки зиндаги бароям бехтар бошад ва ба ман мавт бидех, агар мавт бароям бехтар аст.

Ахволи инсон хангоми чон додан ва зикри аъмоле, ки дар он вакт бояд ба чо оварда шавад

Аломати карибулмавт[3] ин аст, ки зонухояш устувор намемонанд ва бинии у кач шуда, пилки чашмонаш поён меояд ва нафаси у боло мешавад. Ва дар ин холат вайро ба пушт хобонида, пойхояшро ба тарафи кибла намоянд ва дар зери сараш болишт бигузоранд, то каме боло шавад. Ва руяш ба тарафи осмон ва чониби кибла шавад, ба мисли холати шахсе, ки намози беморро адо менамояд, ки дар ин холат баромадани чон осонтар мебошад. Ва ба ин тарика пушонидани чашмони у ва печонидани либос осон шавад ва аз кач шудани андомхо махфуз мемонад. Вале афзалтар он аст, ки ба китфи рост бихобонанд ва руяшро ба суйи кибла бигардонанд, зеро ки ин аз суннат аст. Ва Хазрати Пайгамбари Худо (с) фармудаанд, ки: «Каъба киблаи шумост дар холати хаёт ва мамот».[4] Вале баъзе аз факехони ислом мефармоянд, ки аз ин ду холат кадомашро, ки барои сохибони майит осонтар бошад, онро интихоб намоянд.

Ва дар назди карибулмавт бояд нишаста, уро талкини калимаи таййиба «Ло илоха иллаллоху Мухаммадар-расулуллох» ва ё калимаи шаходат «Ашхаду ал-ло илоха иллаллоху ва ашхаду анна Мухаммадар-расулуллох,» карда шавад. Яъне бо овози баланд бихонанд, то у бишнаваду бигуяд. Вале набояд уро амр намоянд, ки чунин бигу, зеро дар холати нозук ва хассос карор дорад, Худо нахоста инкор кунад, ё аз дахонаш калимаи номуносибе барояд. Хазрати Пайгамбари Худо (с) фармудаанд, ки: «Мурдагонатонро калимаи таййиба талкин намоед». Ва хамчунин Хазрати Пайгамбари Худо (с) фармудаанд, ки: “Хар касе, ки охирин каломе аз даханаш барояд ва он калимаи «Ло илоха иллаллох» бошад, ба чаннат дохил хохад шуд».

Бинобар ин хар гох шахси карибулмавт як бор ин калимотро хонд, шумо дубора такрор накунед. Ва агар боз ягон сухани дуняви гуфт, боз такрор намоед, то ин ки охирин суханаш калимаи тайибаву шаходат бошад. Ва агар аз дахони шахси карибулмавт сухане аз калимоти куфр содир шавад, ба хисоб гирифта намешавад.

Ва хамчунин мустахаб аст, ки ба болои сараш касе сураи «Ёсин»-ро тиловат намояд. Зеро Хазрати Пайгамбари Худо (с) фармудаанд, ки: «Бар мурдагонатон сураи «Ёсин» бихонед».[5] Ва шахси хонанда бояд бо тахорат бошад, валекин фарк надорад, ки хонанда мард аст ё зан ва ё болиг аст ё ноболиг, аз руйи Куръон мехонад, ё азёд мехонад. Ба сабаби хондани сураи «Ёсин» азоби чонкандан осон мегардад.

Ва хамчунин дар ин хангом хузури одамони чунуб ва хоизаву нуфасо дар назди карибулмавт чоиз аст, вале бехтар он аст, ки хузур надошта бошанд. Ва мустахаб аст, ки рафикони бехтарин ва хешоваидони мехрубону шахсони пархезгор ва хамсоягони хуб хузур дошта бошанд. Ва онхо дар он мачлис бояд суханхое гуянд, ки инсонро ба ёди Худо ва дунёи охират андозад. Ва хамчунин шахси карибулмавтро об бинушонанд, зеро дар чунин холат ташнаги бар инсон галаба мекунад ва шайтон фиреб медихад.

Назм:

Малак ояд ба амри бурдани чон,
Касдu имони мо кунад шайтон.
У расад бо хазор фитнаву рев,
Ту амон дех зи чангали[6] он дев.
Хомии холи банда Худ боши,
Чист холи лаинаки лоши.

Ва хамчунин барои шахси карибулмавт лозим аст, ки ба Худои таоло гумони нек дошта, умедвори рахмату бахшиши Илохи бошад. Ва агар хушаш дар cap бошад ин дуоро бихонад:

«Аллохума-гфирли ва-рхамни ва-лхикни би-р-рафики-л-аъло».[7]

Тарчума: Эй Аллох, маро биёмурз ва бар ман рахм бифармо ва ба рафики аъло мулхак гардон.

Ва баъд аз хондани «Ло илоха иллаллох» ин дуоро низ бихонад:

«Аллохумма аъинни ало гамароти-л-мавти ва сакароти-л-мавт».[8]

Тарчума: Эй Аллох, маро ба сахтихои мавт мадад фармо.

Хазрати Пайгамбари Худо (с) фармудаанд, ки: «Вакте ки хозир шавед шумо ба назди бемор, ё майит, яъне он, ки наздик бошад ба мавт, пас, бигуед суханони некро ва дуои хайр кунед барои худ ва барои бемор ва майит ба шифову магфират, зеро ки фариштагон омин мегуянд бар он чи мегуед шумо».

Рубои:

Дунё хама cap ба cap ба комат шуда гир,

Пас умр бирафтаву ачал омада гир.

Гуи ба муроди хеш дасте бизанам,

Ин худ натавон, ту гар тавони, зада гир.

Китъа:

Гофиле мегуфт, к:-Эй банно[9], бинои хонаам,

Соз махкам в-арна з-онам гайри дарду гам чи суд?

Зираке бишниду гуфто:-Чун бинои умри мо

Сахт суcm омад, бинои обу гил махкам чи суд?

Рубои:

Бемояву суд xoхи омад охир,

Бегуфту шунуд хохи омад охир.

Бисёр марав ба авчи хасти боло,

Зеро ки фуруд хохи омад охир.

[1] Сураи Оли Имрон, ояти 185.

[2] «Ал-хисну-л-хасин». Сах. 214.

[3] Карибулмавт шахси миранда.

[4] Абудовуд.

[5] Аз Маъкил ибни Ясор ривоят аст, ки Расули акрам (с) фармуданд: “Хар кас барои ризои Аллох сураи «Ёсин»-ро бихонад, гунохони гузаштаи у афв шаванд, лизо ин сураи муборакро бар болини мурдагони худ бихонед». (Байхаки аз «Шуъабу-л-имон»).

[6] Чангал – чангол.

[7] «Ал-хисну-л-хасин». Сах. 218.

[8] «Ал-хисну-л-хасин». Сах. 218.

[9] Банно – бинокор.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …