Главная / Ҷамъият / МАРГ – Ҷон додани одам (Инсон) – охири умр

МАРГ – Ҷон додани одам (Инсон) – охири умр

Марг туҳфаи муъмин аст

Худои таоло мефармояд: «Ҳар нафсе чашандаи марг аст; ва ҷуз ин нест, ки ба шумо рӯзи қиёмат музди шумо ба томом дода хоҳад шуд, пас, ҳар ки аз дӯзах дур дошта шавад ва ба биҳишт дароварда шавад, ҳамоно ба мурод расидааст. Ва зиндагонии дунё ба ҷуз баҳраи фиребанда (чизе) нест».[1]

Байтҳо:

Қомати хам монеи умри сабукрафтор нест,
Обро аз мавҷ дар занҷир кардан мушкил аст.

marg

Ғафлат нагашт боиси таъҷил умрро,
Дар хоб низ қофилаи мо равона аст.

* * *

Дил ба тори нафаси суcm мабанд аз ғафлат,
Ки ба ҳар дам задан омода ба гусехтан аст.
(Мирзо Соиб).

Дар ҳадиси Пайғамбари ислом (с) омадааст, ки: «Марг туҳфаи муъмин аст». Ва ба расидани туҳфа ҳар кас хушҳол мегардад. Марг пулест, ки ҳабибро ба ҳабиб мерасонад. Аммо ҳеҷ кас Ҳақ надорад, ки ба сабаби зарари дунявӣ маргро орзу намояд. Ҳазрати Пайғамбари Худо (с) фармудаанд, ки: «Дар ҳолати изтирори шадид ба ин ҳидоят амал намоед ва бигӯед:

«Аллоҳумма аҳйинӣ мо конати-л-ҳаёту хайрал-лӣ ва таваффанӣ изо конати-л-вафоту хайрал-лӣ». (Муттафақун алайҳ).[2]

Тарҷума: Эй Аллоҳ, маро зинда нигаҳ дор, то замоне ки зиндагӣ бароям беҳтар бошад ва ба ман мавт бидеҳ, агар мавт бароям беҳтар аст.

Аҳволи инсон ҳангоми ҷон додан ва зикри аъмоле, ки дар он вақт бояд ба ҷо оварда шавад

Аломати қарибулмавт[3] ин аст, ки зонуҳояш устувор намемонанд ва бинии ӯ каҷ шуда, пилки чашмонаш поён меояд ва нафаси ӯ боло мешавад. Ва дар ин ҳолат вайро ба пушт хобонида, пойҳояшро ба тарафи қибла намоянд ва дар зери сараш болишт бигузоранд, то каме боло шавад. Ва рӯяш ба тарафи осмон ва ҷониби қибла шавад, ба мисли ҳолати шахсе, ки намози беморро адо менамояд, ки дар ин ҳолат баромадани ҷон осонтар мебошад. Ва ба ин тариқа пӯшонидани чашмони ӯ ва печонидани либос осон шавад ва аз каҷ шудани андомҳо маҳфуз мемонад. Вале афзалтар он аст, ки ба китфи рост бихобонанд ва рӯяшро ба сӯйи қибла бигардонанд, зеро ки ин аз суннат аст. Ва Ҳазрати Пайғамбари Худо (с) фармудаанд, ки: «Каъба қиблаи шумост дар ҳолати ҳаёт ва мамот».[4] Вале баъзе аз фақеҳони ислом мефармоянд, ки аз ин ду ҳолат кадомашро, ки барои соҳибони майит осонтар бошад, онро интихоб намоянд.

Ва дар назди қарибулмавт бояд нишаста, ӯро талқини калимаи таййиба «Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадар-расулуллоҳ» ва ё калимаи шаҳодат «Ашҳаду ал-ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадар-расулуллоҳ,» карда шавад. Яъне бо овози баланд бихонанд, то ӯ бишнаваду бигӯяд. Вале набояд ӯро амр намоянд, ки чунин бигӯ, зеро дар ҳолати нозук ва ҳассос қарор дорад, Худо нахоста инкор кунад, ё аз даҳонаш калимаи номуносибе барояд. Ҳазрати Пайғамбари Худо (с) фармудаанд, ки: «Мурдагонатонро калимаи таййиба талқин намоед». Ва ҳамчунин Ҳазрати Пайғамбари Худо (с) фармудаанд, ки: “Ҳар касе, ки охирин каломе аз даҳанаш барояд ва он калимаи «Ло илоҳа иллаллоҳ» бошад, ба ҷаннат дохил хоҳад шуд».

Бинобар ин ҳар гоҳ шахси қарибулмавт як бор ин калимотро хонд, шумо дубора такрор накунед. Ва агар боз ягон сухани дунявӣ гуфт, боз такрор намоед, то ин ки охирин суханаш калимаи тайибаву шаҳодат бошад. Ва агар аз даҳони шахси қарибулмавт сухане аз калимоти куфр содир шавад, ба ҳисоб гирифта намешавад.

Ва ҳамчунин мустаҳаб аст, ки ба болои сараш касе сураи «Ёсин»-ро тиловат намояд. Зеро Ҳазрати Пайғамбари Худо (с) фармудаанд, ки: «Бар мурдагонатон сураи «Ёсин» бихонед».[5] Ва шахси хонанда бояд бо таҳорат бошад, валекин фарқ надорад, ки хонанда мард аст ё зан ва ё болиғ аст ё ноболиғ, аз рӯйи Қуръон мехонад, ё азёд мехонад. Ба сабаби хондани сураи «Ёсин» азоби ҷонкандан осон мегардад.

Ва ҳамчунин дар ин ҳангом ҳузури одамони ҷунуб ва ҳоизаву нуфасо дар назди қарибулмавт ҷоиз аст, вале беҳтар он аст, ки ҳузур надошта бошанд. Ва мустаҳаб аст, ки рафиқони беҳтарин ва хешоваидони меҳрубону шахсони парҳезгор ва ҳамсоягони хуб ҳузур дошта бошанд. Ва онҳо дар он маҷлис бояд суханҳое гӯянд, ки инсонро ба ёди Худо ва дунёи охират андозад. Ва ҳамчунин шахси қарибулмавтро об бинушонанд, зеро дар чунин ҳолат ташнагӣ бар инсон ғалаба мекунад ва шайтон фиреб медиҳад.

Назм:

Малак ояд ба амри бурдани ҷон,
Қасдu имони мо кунад шайтон.
Ӯ расад бо ҳазор фитнаву рев,
Ту амон деҳ зи чангали[6] он дев.
Ҳомии ҳоли банда Худ бошӣ,
Чист ҳоли лаинаки лошӣ.

Ва ҳамчунин барои шахси қарибулмавт лозим аст, ки ба Худои таоло гумони нек дошта, умедвори раҳмату бахшиши Илоҳӣ бошад. Ва агар ҳушаш дар cap бошад ин дуоро бихонад:

«Аллоҳума-ғфирлӣ ва-рҳамнӣ ва-лҳиқнӣ би-р-рафиқи-л-аъло».[7]

Тарҷума: Эй Аллоҳ, маро биёмурз ва бар ман раҳм бифармо ва ба рафиқи аъло мулҳақ гардон.

Ва баъд аз хондани «Ло илоҳа иллаллоҳ» ин дуоро низ бихонад:

«Аллоҳумма аъинни ало ғамароти-л-мавти ва сакароти-л-мавт».[8]

Тарҷума: Эй Аллоҳ, маро ба сахтиҳои мавт мадад фармо.

Ҳазратӣ Пайғамбари Худо (с) фармудаанд, ки: «Вақте ки ҳозир шавед шумо ба назди бемор, ё майит, яъне он, ки наздик бошад ба мавт, пас, бигӯед суханони некро ва дуои хайр кунед барои худ ва барои бемор ва майит ба шифову мағфират, зеро ки фариштагон омин мегӯянд бар он чӣ мегуед шумо».

Рубоӣ:

Дунё ҳама cap ба cap ба комат шуда гир,

Пас умр бирафтаву аҷал омада гир.

Гӯӣ ба муроди хеш дасте бизанам,

Ин худ натавон, ту гар тавонӣ, зада гир.

Қитъа:

Ғофиле мегуфт, к:-Эй банно[9], бинои хонаам,

Соз маҳкам в-арна з-онам ғайри дарду ғам чӣ суд?

Зираке бишниду гуфто:-Чун бинои умри мо

Сахт суcm омад, бинои обу гил маҳкам чӣ суд?

Рубоӣ:

Бемояву суд xoҳӣ омад охир,

Бегуфту шунуд хоҳӣ омад охир.

Бисёр марав ба авҷи ҳастӣ боло,

Зеро ки фурӯд хоҳӣ омад охир.

[1] Сураи Оли Имрон, ояти 185.

[2] «Ал-ҳисну-л-ҳасин». Саҳ. 214.

[3] Қарибулмавт шахси миранда.

[4] Абӯдовуд.

[5] Аз Маъқил ибни Ясор ривоят аст, ки Расули акрам (с) фармуданд: “Ҳар кас барои ризои Аллоҳ сураи «Ёсин»-ро бихонад, гуноҳони гузаштаи ӯ афв шаванд, лизо ин сураи муборакро бар болини мурдагони худ бихонед». (Байҳақӣ аз «Шуъабу-л-имон»).

[6] Чангал – чангол.

[7] «Ал-ҳисну-л-ҳасин». Саҳ. 218.

[8] «Ал-ҳисну-л-ҳасин». Саҳ. 218.

[9] Банно – бинокор.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …