Главная / Илм / МАЛАХ дар Канзи Шифо (Китоб)

МАЛАХ дар Канзи Шифо (Китоб)

malax-660x330Малах — ин чонвар (хашарот) ба хама маълум мебошад. Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: хурдани малах куввати бох мебахшад, баданро аз ахлоти гафсгашта пок мекунад, беморихои касабаи шушро ба ибро меоварад; чакмезакро шифо мебахшад. Дувоздах адад малахро бол, пой ва сари онро канда дур намуда, бо 3,5 грамм куфтаи самари хушки мурд ё куфтаи барги хушки он бихуранд, истискоро (водянкаро) дафъ месозад; инчнин барои иллати махав фоида мебахшад. Малахро бо пойхояш куфта бимоланд, озах, доги кунчидак ва кутури пустро дафъ менамояд, хусусан сухта, бо сирко сиришта бимоланд, кавитар мегардад. Даруни зочаи тухмашро куфта, ба доги кунчидак бимоланд, онро дур месозад. Малахи фарбехи беболи онро бирён карда бихуранд, барои каждумгазида нафъ дорад.

Навъи сабзи гардандарози онро, ки дар боготу зироат ба хам мерасад, бо ришта баста, ба гардан овезанд, таби дуруздамиёнро ба ибро меоварад. Агар малахи намаккардаро бихуранд, моддахои носолимро дар бадан пайдо мекунад, дар пусти бадан кутур ва иллати хоришро ба амал меоварад, моддахои солими баданро месузонад. Агар ин тавр зарар расонад, сиканчабин, анори майхуш, шираи тухми чилмангуштак (семизут) биёшоманд, ислох менамояд. Агар малахро бисузанд, дигар малаххо ин мавзеъро тарк карда гурезон мешаванд, вале агар нагурезанд, мемиранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …