Главная / Чамъият / МАЧЛИСХО, ГИРДИХАМОИХО, НАМОИШХО ВА РОХПАЙМОИХО

МАЧЛИСХО, ГИРДИХАМОИХО, НАМОИШХО ВА РОХПАЙМОИХО

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАЧЛИСХО, ГИРДИХАМОИХО, НАМОИШХО ВА РОХПАЙМОИХО

Конуни мазкур муносибатхои чамъиятиро вобаста ба ташкил ва  баргузор намудани мачлисхо, гирдихамоихо, намоишхо, пикетгузорихо ва рохпаймоихо дар каламрави Чумхурии Точикистон танзим намуда, ба таъмини амали шудани хукуки бо Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон мукарраршудаи шахрвандони Чумхурии Точикистон (минбаъд – шахрвандон) ба иштирок намудан дар чорабинихои мазкур равона шудааст.

majlis

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

чорабинии оммави – чорабинии ошкоро, осоишта ва ба хама дастрас, ки дар шакли мачлис, гирдихамои, намоиш, пикетгузори ва рохпаймои ё дар пайвастшавии мухталифи ин шаклхои чорабинии оммави баргузор шуда, бо ташаббуси шахрвандон, хизбхои сиёси, иттиходияхои чамъияти ва дини амали карда мешавад;

мачлис – иштироки якчояи шахрвандон дар чой ва вакти пешаки муайяншуда барои мухокимаи ошкоро ва хал намудани масъалахои дорои ахамияти чамъияти ё изхори муносибати онхо ба амали шахсон ва (ё) фаъолияти ташкилотхо, руйдодхои чамъиятию сиёси ва ичтимои, инчунин халли масъалахои марбут ба манфиати умум;

гирдихамои – иштироки оммавии шахрвандон дар чой ва вакти пешаки муайяншуда барои изхори ошкоро ва (ё) мухокимаи афкори чамъияти дар бораи масъалахои мавчуда, чалб намудани таваччухи чамъият ва макомоти давлати ба масъалахои чамъиятию сиёси ва ичтимоии хаёти шахрвандон, инчунин эътироз намудан ба макомоти хокимияти давлати оид ба ин масъалахо;

намоиш – изхори оммавии муташаккили акидаи умуми аз чониби гурухи шахрвандон ва (ё) эътироз намудан оид ба масъалахои хаёти чамъиятию сиёси, норозиги ё дастгирии ягон ташаббус, амал ё мавкеи макомоти давлати, иттиходияхои чамъияти, шахсони мансабдор ё шахрвандон бо истифода аз плакатхо, транспарантхо ва дигар воситахои аёнии ташвикот дар чой ва вакти пешаки муайяншуда;

пикетгузори – изхори оммавии манфиатхои чамъиятию сиёси, гурухи, шахси ва дигар манфиатхо аз чониби шахрванд ё гурухи шахрвандон ё изхори норозиги (бе рохпаймои), аз чумла дар шакли гуруснанишини оид ба ягон масъала бо истифода ё бе истифодаи плакатхо, транспарантхо ва дигар воситахои аёнии ташвикот бо чойгиршавии шахрванд ё гурухи шахрвандон дар назди объекти пикетшаванда дар чой ва вакти пешаки муайяншуда;

рохпаймои – харакати оммавии муташаккили шахрвандон дар хатсайри пешаки муайяншудаи кисми пиёдагард ё мошингарди куча (рох), кучабог, хиёбон, майдон бо максади чалб намудани таваччух ба ягон масъала ё изхори оммавии рухияи ичтимои-сиёсии худ ва ё эътироз овардан;

ташкили чорабинии оммави – хабардор намудани иштирокчиёни эхтимоли, пешниход кардани ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммави ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, бурдани ташвикоти пешаки, тайёр ва пахн намудани  воситахои аёнии ташвикоти, инчунин дигар амалхое, ки бо максади ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммави содир карда мешаванд;

дастури баргузор намудани чорабинии оммави – хуччате, ки чадвали вактии (накшаи соатии) мархалахои асосии баргузор намудани чорабинии оммавиро бо нишон додани шахсони масъул барои хар як мархала дар бар мегирад;

ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммави – хуччате, ки тавассути он ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур дар бораи баргузор намудани чорабинии оммави бо максади таъмини тартиботи чамъияти ва амнияти чамъияти хабар дода мешавад;

ташкилотчии чорабинии оммави – шахрванд ё гурухи шахрвандон, хизбхои сиёси, иттиходияхои чамъияти ва дини, ки ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати аризаро дар бораи баргузор намудани чорабинии оммави пешниход менамоянд ва тартиби баргузор намудани онро (максад, сана, вакт, чой, шакли баргузор намудан ва дигар шартхоро) муайян менамоянд;

намояндагони ташкилотчии чорабинии оммави – шахрвандоне, ки ба онхо ташкилотчии чорабинии оммави ваколатхои муайян ва вазифахои амрдихии худ, аз чумла оид ба таъмини тартибот хангоми баргузор намудани чорабинии оммави, таъминоти техникии он ва дигар ваколатхоро вогузор менамояд;

иштирокчии чорабинии оммави – шахрванде, ки хангоми баргузор намудани чорабинии оммави дар чои баргузории он хузур дошта, рафтор ва амалхои у бевосита аз дастгири намудани чорабинии оммавии мазкур ва ниятхои ташкилотчиёни чорабинии оммави дарак медиханд;

чои кушоди чамъияти – заминхои истифодаи умуми, ки майдонхо, кучахо, пайрохахо, гузаргоххо, роххо, сохилхо, богхо, гулгаштхо, кучабогхо, аз чумла, худуди ба бинохои макомоти давлати ва муассисахо хамшафатро дар бар гирифта, ба он чо даромадани озодона манъ ё махдуд нест;

чойхои махсус мутобикгардонидашуда – бинохо, иншоот ва худудхое, ки махсус барои баргузор намудани чорабинихои дахлдор таъин шудаанд, инчунин аз тарафи молик, ичорагир ё дигар истифодабарандаи конунии онхо бо салохдиди худ мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон истифода мешаванд;

намояндаи ваколатдори макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати – яке аз муовинони раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ё нохия, ки дар рафти баргузории чорабинихои оммави бевосита иштирок намуда, амалхоро оид ба чорабинихои оммави мувофика менамояд;

намояндаи ваколатдори макомоти корхои дохили – яке аз муовинони сардори макомоти корхои дохили (вилояти, шахри ва нохияви) ё сардори шуъбаи хифзи тартиботи чамъияти, ки дар минтакаи у чорабинии оммави доир мегардад ва оид ба ин масъала дар раёсат ё шуъбаи корхои дохилии дахлдор фармон бароварда мешавад;

намояндагони воситахои ахбори омма – намояндагони воситахои ахбори оммаи давлати, гайридавлати ё аккредитатсияшудаи хоричи, ки дар чорабинихои оммави хузур дошта, дар бораи он иттилоот пахн менамоянд.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи мачлисхо, гирдихамоихо,  намоишхо ва рохпаймоихо 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи мачлисхо, гирдихамоихо, намоишхо ва рохпаймоихо ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон иборат аст.

Моддаи 3. Доираи амали Конуни мазкур

  1. Амали Конуни мазкур ба ташкил ва баргузор намудани чорабинихои оммави берун аз худуд ё бинохои ба ташкилотчии чорабини тааллукдошта, ба ичора гирифташуда ё дар истифодаи дигари конунии у карордошта, инчунин ба иштирок кардани шахрвандон дар онхо пахн мегардад.
  2. Махдудиятхо вобаста ба ташкил ва баргузор намудани чорабинихои оммави, инчунин иштироки шахрвандон дар онхо тибки Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.
  3. Амали Конуни мазкур пахн намегардад:

– ба чорабинихое, ки дар чойхои махсус мутобикгардонидашуда баргузор мешаванд;

– ба мачлисхо (конференсияхо) ва гирдихамоихои коллективхои мехнати, мачлисхои (пленумхо, анчуманхо, кoнференсияхoи) иттифокхои касаба, хизбхои сиёси, иттиходияхои чамъияти ва дини, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон, оиннома ва низомномахои онхо баргузор мешаванд;

– ба корпартоихои дар худуди корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхо баргузоршаванда, ки тартиби баргузор намудани онхоро конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мехнат муайян кардааст.

  1. Чорабинихое, ки дар доираи маъракаи интихобот баргузор мешаванд, анчом додани маросимхои дини ва дигар чорабинихое, ки манъ карда нашудаанд, бо Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба танзим дароварда мешаванд.

Моддаи 4. Максадхои баргузор намудани чорабинии оммави

Чорабинии оммави бо максадхои изхори озодона ва ташаккули афкори чамъияти, пешниходи талабот дар бораи масъалахои мухталифи хаёти сиёси, иктисоди, ичтимои ва фархангии мамлакат, масъалахои сиёсати хоричии давлат, чалб намудани таваччухи шахрвандон, макомоти давлати, иттиходияхои чамъияти ба ин масъалахо, инчунин барои химоя ё дастгирии ягон ташаббуси дорои ахамияти ичтимои баргузор мешавад.

Моддаи 5. Принсипхои баргузор намудани чорабинии оммави

Баргузор намудани чорабинии оммави ба принсипхои зерин асос меёбад:

– конуният;

– эхтиром ва риояи хукуку озодихои инсон ва шахрванд;

– шаффофияти кабули карорхо;

– ихтиёри будани иштирок дар чорабинии оммави.

Моддаи 6. Хузури намояндагони воситахои ахбори омма хангоми баргузории чорабинихои   оммави

  1. Намояндагони воситахои ахбори омма хангоми баргузории чорабинихои оммави бо максади таъмини ошкорбаёнии равандхои чамъияти метавонанд хузур дошта бошанд.
  2. Намояндагони воситахои ахбори омма, ки дар чорабинии оммави хузур доранд, бояд:

– бо худ хуччатхои тасдиккунандаи шахсият ва ваколатхояшонро дошта бошанд;

– ба рафти чорабинии оммави дахолат накунанд ва ба амалхои ташкилотчии чорабинии оммави ва намояндагони у монеъ нашаванд;

– талаботи конунии ташкилотчии чорабинии оммави, намояндагони у, намояндаи ваколатдори макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, намояндаи ваколатдори макомоти корхои дохили, кормандони макомоти корхои дохили ва дигар макомоти давлатиро ичро намоянд.

БОБИ 2. КАФОЛАТИ ХУКУКИ ШАХРВАНДОН

БА БАРГУЗОР НАМУДАНИ ЧОРАБИНИХОИ ОММАВИ

Моддаи 7. Хукуки шахрвандон ба баргузор намудани чорабинихои оммави

  1. Шахрвандон хукук доранд дар чорабинихои оммавие, ки Конуни мазкур пешбини намудааст, ихтиёран иштирок намоянд. Мачбур намудани шахрвандон барои иштирок дар чорабинихои оммави манъ аст.
  2. Давлат хукуки шахрвандон ба баргузор намудани чорабинихои оммави ва иштирок дар онхоро бо роххои зерин кафолат медихад:

– ба шахрвандон ва иттиходияхои онхо пешниход намудани майдонхо, кучахо, пайрохахо, гузаргоххо, роххо, сохилхо, богхо, гулгаштхо, кучабогхо ва дигар чойхои кушоди чамъияти барои баргузор намудани чорабинихои оммави;

– пахн намудани иттилоот тавассути воситахои ахбори оммаи давлати;

– мусоидати макомоти хокимияти давлати ва шахсони мансабдор дар муташаккилона баргузор намудани чорабинихои оммави.

  1. Макомоти хокимияти давлати, шахсони мансабдори корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхо, новобаста аз шаклхои ташкилию хукукиашон, иттиходияхои чамъияти ва шахрвандон хукук надоранд ба чорабинихои оммавие, ки бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур баргузор мешаванд, монеъ шаванд.
  2. Махдудкунии иштироки шахрвандон дар чорабинихои оммави, ба истиснои холатхои пешбининамудаи Конуни мазкур, манъ аст.

Моддаи 8. Кафолати хукуки шахрвандон ба озодона изхор кардани андешахо хангоми    баргузор намудани чорабинии оммави 

Ташкилотчии чорабинии оммави, шахсони мансабдор ва дигар шахрвандон хукук надоранд ба иштирокчиёни чорабинии оммави барои изхори андешахои худ, ки ба максадхои чорабинии оммави мухолиф набуда, тартиботи чамъияти ва тартиби мукаррарнамудаи ташкилотчиро дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавии мазкур вайрон намекунанд, монеъ шаванд.

БОБИ 3. ТАРТИБИ ТАШКИЛ ВА БАРГУЗОР НАМУДАНИ ЧОРАБИНИХОИ ОММАВИ

Моддаи 9. Ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммави

  1. Ба ташкили чорабинии оммави инхо мансубанд:

– огохкунии иштирокчиёни эхтимолии чорабинии оммави ва пешниходи ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммави ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии дахлдор;

– бурдани ташвикоти пешаки;

– тайёр ва пахн кардани воситахои аёнии ташвикот;

– чамъоварии маблаги пули барои гузаронидани чорабинии оммави;

– таъминоти моддию техникии баргузор намудани чорабинии оммави;

– дигар амалхое, ки бо максади тайёр кардан ва баргузор намудани чорабинии оммави анчом дода шуда, ба конунгузории Чумхурии Точикистон мухолифат намекунанд.

  1. Хангоми баргузор намудани чорабинии оммави мумкин аст рамзхои гуногун, нишонахои махсус ва дигар воситахои изхори оммавии афкори чамъияти ё шахси, инчунин воситахои аёнии ташвикот истифода бурда шаванд.

Моддаи 10. Ташкилотчии чорабинии оммави

  1. Ташкилотчии чорабинии оммави шахрванд ё гурухи шахрвандон, ки ба синни 18 расидаанд, хизбхои сиёси, иттиходияхои чамъияти ва дини, ки ухдадории ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммавиро ба зимма гирифтаанд, буда метавонанд.
  2. Хизбхои сиёси, иттиходияхои чамъияти ва дини, ки ташкилотчии чорабинии оммави мебошанд, шахси (шахсони) барои ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммави масъулро аз хисоби хайати рохбарикунандаи онхо муайян мекунанд. Шахсе (шахсоне), ки хуччатхои рохбарияти хизбхои сиёси, иттиходияхои чамъияти ва диниро оид ба масъули ташкил ва баргузории чорабинии оммави таъин шудани у (онхо) пешниход намудааст (намудаанд) ва дар ариза оид ба баргузор намудани чорабинии оммави ба хамин сифат зикр гардидааст (гардидаанд), ухдадориро оид ба тибки Конуни мазкур ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммави дар шакли хатти кабул мекунад (мекунанд).
  3. Ташкилотчии чорабинии оммави хукук дорад аз баргузор намудани он даст кашад ва рохбари макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатиро, ки дар бораи додани ичозат барои баргузор намудани чорабинии оммавии мазкур карор кабул кардааст, ба таври хатти огох намояд ва дар ин хусус иштирокчиёни онро хабардор кунад.
  4. Ташкилотчии чорабинии оммави шуда наметавонанд:

– шахсе, ки суд уро гайри кобили амал донистааст ё кобилияти амалашро махдуд кардааст;

– шахсе, ки барои содир намудани чиноят ба мукобили амнияти чамъияти, тартиботи чамъияти ё касдан содир намудани чиноят ба мукобили асосхои сохти конститутсиони ва амнияти давлат доги суди дорад ва ё шахсе, ки нисбати у ду ва зиёда маротиба барои содир намудани хукуквайронкунихои маъмурии дар моддахои 106, 460, 479 ва 480 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбинишуда чазои маъмури таъин шудааст, дар давоми мухлате, ки шахс ба чазои маъмури кашидашуда хисоб меёбад;

– шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд;

– хизбхои сиёси, иттиходияхои чамъияти ва дини, ки фаъолияташон бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон боздошт, манъ ё бархам дода шудааст.

  1. Ташкилотчии чорабинии оммави хукук дорад:

– талаб намояд, ки чорабинии оммави дар чой ва вакти дар ариза зикргардида баргузор  шавад, агар талаботи дар аризаи мазкур дарчгардида ба конунгузории Чумхурии Точикистон мухолифат накунад;

– дар сурати гайриконуни манъ кардани чорабинии оммави товони зарари ба ташкилотчии чорабинии оммави расонидашударо талаб намояд;

– аз хамаи иштирокчиёни чорабинии оммави риоя намудани тартиботи чамъияти ва тартиби баргузор намудани  чорабинии оммавиро, ки у мукаррар кардааст, талаб намояд ва дар холати ба талаботи конунии у итоат накардани иштирокчиён аз намояндаи ваколатдори макомоти корхои дохили аз чои баргузор намудани чорабинии оммави дур кардани ин шахсонро хохиш намояд;

– дар сурати аз тарафи иштирокчиёни чорабинии оммави содир намудани амалхои зиддихукуки, ки тартиботи чамъиятиро вайрон мекунанд, инчунин вайрон кардани тартиби баргузор намудани чорабинии оммави, ки у мукаррар кардааст, чорабиниро боздорад ё онро катъ намояд;

– намояндагони худро барои ичрои вазифахои амрдихи оид ба ташкил ва баргузории чорабинии оммави ваколатдор намояд ва дар холати чамъоварии маблагхои пули ва таъминоти моддию техникии баргузор намудани чорабинии оммави, ваколатхои намояндагонашро, ки ба ин масъалахо машгуланд, ба таври хатти ба расмият дарорад;

– бо рохи истифодаи воситахои ахбори омма, пахн кардани варакахо, тайёр намудани шиорхо ва дигар шаклхои таблигот барои дастгирии максадхои чорабинии оммави ташвикоти пешаки барад.

  1. Ташкилотчии чорабинии оммави ухдадор аст:

– дар чорабинии оммавии баргузоршаванда доимо хузур дошта бошад;

– дар бораи вакт, чой, шумораи иштирокчиёни эхтимоли ва тартиби баргузор намудани чорабинии оммави тибки талаботи моддаи 12 Конуни мазкур ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии дахлдор ариза пешниход намояд;

– нишони фарккунандаи ташкилотчии чорабинии оммавиро дошта бошад ё шахсеро, ки барои ичрои вазифахои амрдихи ваколатдор намудааст, бояд бо нишони фарккунанда таъмин намояд, ки бо талаби намояндаи ваколатдори макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, намояндаи ваколатдори макомоти корхои дохили ва корманди макомоти корхои дохили пешниход карда мешаванд;

– риояи шартхои гузаронидани чорабинии оммавиро, ки дар ариза дар бораи баргузор намудани  чорабинии оммави пешбини шудаанд, таъмин намояд;

– дар холати аз чониби иштирокчиён риоя нагардидани талаботи ташкилотчи чорабинии оммавиро боздорад ё онро катъ намояд;

– талаботи конунии намояндаи ваколатдори макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва кормандони  макомоти корхои дохилиро ичро кунад;

– хангоми баргузор намудани чорабинии оммави риояи меъёрхо ва коидахои санитарию гигиени ва зиддисухториро таъмин намояд;

– хифзу нигохдории бинохо, иншоот, тачхизот, асбобу анчом ва дигар молу мулк, инчунин дарахтону буттахоро дар чои баргузор намудани  чорабинии оммави таъмин намояд;

– дар сурати манъ кардан ё боздоштани чорабинии оммави карорро дар ин бора ба маълумоти иштирокчиёни он расонад;

– аз иштирокчиёни чорабинии оммави талаб намояд, ки руи худро пинхон накунанд, аз чумла никоб, воситахои пинхон кардан, дигар ашёеро, ки махсус барои душвор гардонидани мукаррар кардани шахсият таъин гардидаанд, истифода набаранд;

– аз иштирокчиёни чорабинии оммави риояи тартиботи чамъияти ва дастури баргузор намудани чорабинии оммави, инчунин катъ намудани вайронкуниро талаб намояд;

– шахсеро, ки талаботи конунии ташкилотчии чорабинии оммавиро ичро намекунад, аз чои баргузории чорабинии оммави дур намояд;

– дар мухлати на дертар аз 10 руз баъд аз баргузор шудани чорабинии оммави харочотро вобаста ба таъмини химояи тартиботи чамъияти, хизматрасонии тибби ва тоза намудани худуде, ки тибки карори макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, ки дар каламрави он чорабинии оммави баргузор шудааст, пардохт намояд.

  1. Ташкилотчии чорабинии оммави дар холати ичро накардани ухдадорихои пешбининамудаи кисми 6 хамин модда, барои зарари расонидаи иштирокчиёни чорабинии оммави мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешавад.

Моддаи 11. Иштирокчиёни чорабинии оммави

  1. Иштирокчиёни чорабинии оммави шахрвандон, намояндагони хизбхои сиёси, иттиходияхои чамъияти ва дини эътироф мешаванд, ки дар он ихтиёран иштирок доранд.
  2. Иштирокчиёни чорабинии оммави хукук доранд:

– дар тахия ва кабули карорхо, дигар амалхои дастчамъона мувофики максадхои чорабинии оммави иштирок намоянд;

– хангоми баргузор намудани  чорабинии оммави рамзхои гуногун ва дигар воситахои изхори оммавии афкори коллективи ё фарди, инчунин воситахои ташвикотро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, истифода баранд;

– карорхо, талабномахо ва дигар мурочиатномахоро кабул карда, ба макомоти ичроияи маркази ва махаллии хокимияти давлати, иттиходияхои чамъияти ва дини, ташкилотхои байналмилали ва дигар ташкилотхо пешниход намоянд.

  1. Иштирокчиёни чорабинии оммави ухдадоранд:

– талаботи конунии ташкилотчии чорабинии оммави, намояндагони у, намояндаи ваколатдори макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, намояндаи ваколатдори макомоти корхои дохили ва кормандони макомоти корхои дохилиро ичро намоянд;

– тартиботи чамъияти ва дастури баргузор намудани чорабинии оммавиро риоя намоянд;

– талаботи пешбининамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар бораи бехатарии харакат ва истифодаи воситахои наклиётро дар сурати баргузор намудани чорабинии оммави бо истифодаи воситахои наклиёт риоя намоянд.

  1. Ба иштирокчиёни чорабинии оммави манъ аст:

– пинхон кардани руи худ, аз чумла истифода бурдани никоб, воситахои пинхон кардан, дигар ашёе, ки махсус барои душвор гардонидани мукаррар кардани шахсият таъин гардидаанд;

– бо худ доштани силохи оташфишон, гази, сард, дигар намуди силох, лавозимоти чанги, моддахои оташзананда, тарканда, захролудкунанда, захролуд, предметхои силохмонанд ва предметхое, ки ба сифати силох истифода мешаванд;

– халал расонидан ба харакати воситахои наклиёт ва пиёдагардхо;

– ба вучуд овардани монеахо барои кори муназзами ташкилотхо;

– чойгир кардани хаймахо ва дигар иншооти муваккати;

– таъсир расонидан дар ин ё он шакл ба кормандони макомоти корхои дохили бо максади халал расонидан ба ичрои ухдадорихои хизматиашон, инчунин ба намояндагони чамъиятие, ки ухдадорихои хифзи тартиботи чамъиятиро ичро мекунанд;

– истифодаи плакатхо, транспарантхо ва дигар воситахои аёнии ташвикот, ки даъвати бо рохи зуровари тагйир додани сохти конститутсиони ё таблиготи чанг, хусумати ичтимои, милли, дини ё нажоди ва паст задани шаъну шарафи шахсиятро дар бар мегиранд;

– амал намудан бо методхое, ки ба амнияти чамъияти, хаёт ва саломатии иштирокчиёни чорабинихои мазкур ё дигар шахсон тахдид мекунанд;

– бо худ овардани машруботи спирти, воситахои нашъадор, моддахои психотропи, прекурсорхо ва дигар моддахои мадхушкунанда, истеъмол намудани онхо ва ё дар холати масти карор доштан.

  1. Баррасии мурочиатхои иштирокчиёни чорабинии оммави ва кабули карорхо вобаста ба онхо бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали мегардад.

Моддаи 12. Ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммави

  1. Ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммави аз чониби ташкилотчии (ташкилотчиёни) он ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатие, ки дар худуди он гузаронидани чорабинии оммави ба накша гирифта шудааст, дар мухлати на дертар аз понздах руз то санаи баргузории он пешниход карда мешавад.
  2. Агар баргузор намудани чорабинии оммави дар худуди якчанд вохидхои марзиву маъмури пешбини шавад ва ё микдори эхтимолии иштирокчиёни он зиёда аз 1000 нафарро ташкил дихад, ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммави ба макомоти ичроияи хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва шахру нохияхои тобеи чумхури пешниход карда мешавад.
  3. Дар ариза нишон дода мешаванд:

– максад, шакл ва чои баргузор намудани чорабинии оммави;

– санаи баргузоршави, вакти огоз ва анчоми чорабинии оммави;

– самти харакат;

– шумораи эхтимолии иштирокчиён;

– насаб, ном, номи падари ташкилотчи (ташкилотчиён), шахси (шахсони) дар ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммави масъул, чои истикомат, кор ва ё тахсили онхо;

– чорахо оид ба таъмини амният ва тартиботи чамъияти хангоми баргузор намудани чорабинии оммави;

– чорахое, ки ба хизматрасонии тибби ва тоза намудани худуд баъд аз баргузор шудани чорабинии оммави алокаманданд;

– санаи пешниходи ариза ва раками телефонхои иртибот.

  1. Ба ариза дар шакли хатти ухдадории ташкилотчии (ташкилотчиёни) чорабинии оммави ё шахси (шахсони) дар ташкил ва баргузор намудани он масъул оид ба ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммави тибки Конуни мазкур замима карда мешавад.
  2. Ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммави аз чониби ташкилотчии (ташкилотчиёни) чорабинии оммави ё шахси (шахсони) дар ташкил ва баргузор намудани он масъул имзо карда мешавад.
  3. Аризаи тибки кисмхои 3-5 хамин модда тартибдодашударо макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии дахлдор дар рузи пешниход шуданаш ба кайд мегирад.
  4. Мухлати пешниходи ариза аз рузи бакайдгирии он дар макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ба хисоб гирифта мешавад.

 

Моддаи 13. Тартиби баррасии ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммави ва

                        кабули карор дар бораи он

 

  1. Рохбари макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ё муовини у ухдадоранд, ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавиро барраси намуда, на дертар аз 5 руз пеш аз рузи баргузор наму­дани чорабинии оммави ба шакли хатти ба ташкилотчии (ташкилот­чиёни) чорабинии оммави дар бораи карори кабулгардида хабар диханд.
  2. Баррасии ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммави бояд ошкоро сурат гирад. Барои баррасии аризаи мазкур аз чониби макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ташкилотчии чорабинии оммави даъват карда мешавад. Дар холати хозир нашудани ташкилотчии чорабинии оммави, баррасии ариза бе иштироки у сурат мегирад.
  3. Расмиёти баррасии ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммави аз чониби макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати мукаррар гардида, ба ташкилотчиёни он хукуки пешниходи мавкеи худ дода мешавад.
  4. Агар аризаи аз чониби ташкилотчии чорабинии оммави пешниходгардида ба талаботи Конуни мазкур чавобгуй набошад, дар вакти баррасии ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммави макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ба ташкилотчии (ташкилотчиёни) чорабинии оммави ё шахси (шахсони) барои ташкил ва баргузор намудани он масъул дар бораи номутобикатихои ошкоргардида маълумоти муфассалро пешниход менамояд.
  5. Аз руи натичаи баррасии ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммави макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати яке аз карорхои зеринро кабул менамояд:

– ба чорабинии оммави ичозат дода шавад;

– ба ташкилотчии чорабинии оммави барои тагйир додани вакт ва чои баргузор намудани чорабини ё самти харакати иштирокчиён таклиф пешниход карда шавад;

– чорабинии оммави манъ карда шавад.

  1. Тартиби пардохти харочот вобаста ба таъмини химояи тартиботи чамъияти, хизматрасонии тибби ва тоза намудани худуди дахлдор пас аз гузаронидани чорабинии оммави бо карори макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, ки дар каламрави он гузаронидани чорабинии оммави ба накша гирифта шудааст, муайян карда мешавад.
  2. Рохбари макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ё муовини у дар вакти баррасии ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммави бо максади хифзи хукук ва озодихои шахрвандон, таъмини амнияти чамъияти, харакати муътадили наклиёт ва фаъолияти ташкилотхо хукук доранд дар мувофика бо ташкилотчии (ташкилотчиёни) чорабинии оммави сана, чой ва вакти гузаронидани онро тагйир диханд.

 

Моддаи 14. Чой ва вакти баргузор намудани чорабинии оммави

 

  1. Чорабинии оммави дар чойхои махсус мутобикгардонидашуда ва чойхои кушоди чамъияти, ба истиснои чойхое, ки истифодаи онхо бо карорхои Мачлиси вакилони халки дахлдор мутобики моддаи 15 Конуни мазкур махдуд ё манъ гардидааст, баргузор мешавад.
  2. Чорабинии оммави метавонад аз соати 8 то соати 18 баргузор гардад.

 

Моддаи 15. Чойхое, ки барои баргузор намудани чорабинии оммави махдуд ё манъ карда

                        шудаанд 

 

  1. Ба чойхое, ки дар онхо баргузор намудани чорабинии оммави махдуд ё манъ карда шудааст, мансубанд:

– худудхо, бинохо, иншооте, ки амнияти шахрвандонро таъмин намекунанд;

– чойхои наздик ба истехсолот ва объектхои хатарнок ва зарарнок, бунгоххои наклиёти рохи охан ва автомобили, фурудгоххо, пулхо, нуктахои чудошавии роххои охан, кубурхои нафтугазгузар ва хатхои баландшиддати барк, неругоххо, объектхои дорои хатари сухтору таркиш;

– худудхое, ки ба кароргохи Президенти Чумхурии Точикистон, бинохое, ки судхо чойгир карда шудаанд, худуд ва бинохои муассисахои ичрои чазо дар намуди махрум сохтан аз озоди бевосита хамшафат мебошанд;

– кисмхои харби ва дигар объектхое, ки дар онхо силох, лавозимоти чанги ва моддахои тарканда нигох дошта мешаванд;

– ёдгорихои таърихи ва фарханги, зиёратгоххо, кабристонхо ва иншооти маросимхои дини, мамнуъгоххо, парваришгоххо ва богхои милли;

– чойхое, ки бо фаъолияти объектхои таъминоти хаёт, инфрасохтори наклиёт ё ичтимои алокаманд буда, харакати пиёдагардон, воситахои наклиёт, дастрасии шахрвандонро ба бинохои истикомати ё объектхои инфрасохтори наклиёт ё ичтимои таъмин мекунанд;

– беморхонахо ва дигар муассисахои тандурусти, муассисахои томактаби ва таълими.

  1. Баргузор намудани чорабинии оммави дар назди бинохое, ки дар онхо макомоти хокимияти давлати чой гирифтаанд, набояд ба кори муътадили ин макомот мамониат намояд. Хадди имконпазири масофахои байни бинохои зикргардида ва чойхои баргузор намудани чорабинихои оммави бо карори Мачлиси вакилони халки дахлдор муайян карда мешавад.

 

Моддаи 16. Ташвикоти пешаки

 

  1. Ташкилотчии чорабинии оммави ва дигар шахрвандон хукук доранд аз лахзаи гирифтани ичозат барои баргузор намудани чорабинии оммави аз макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар байни шахрвандон бе мамониат ташвикот бурда, ба онхо чой, вакт, максадхои баргузор намудани чорабинии оммави ва дигар маълумоти бо тайёр кардан ва баргузор намудани чорабинии оммави алокамандро хабар диханд, аз чумла, дар бораи риояи тартиботи чамъияти ва амнияти чамъияти, инчунин шахрвандон ва иттиходияхои онхоро барои иштирок кардан дар чорабинии оммавии баргузоршаванда даъват намоянд.
  2. Барои бурдани ташвикоти пешаки мумкин аст воситахои ахбори омма ва даъватхои шифохи истифода гардида, варакахо, плакатхо ва эълонхо тайёр ва пахн карда шаванд. Воситахои ахбори омма бо тартиби муайяннамудаи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон метавонанд дар бораи чорабинии оммавии баргузоршаванда иттилоот пахн намоянд.
  3. Ташвикоти пешаки дар шаклхое, ки шаъну шарафи инсон ва шахрвандро паст мезананд, инчунин бар зидди пойдории тартиботи чамъияти равона шудаанд, рох дода намешавад.

 

Моддаи 17. Таъминоти моддию техники ва ташкилии баргузор намудани чорабинии

                        оммави  

 

  1. Таъминоти моддию техникии баргузор намудани чорабинии оммави аз чониби ташкилотчиён ва иштирокчиёни он аз хисоби маблагхои худи ва маблагхое, ки барои баргузор намудани чорабинии мазкур чамъовари карда шудаанд, анчом дода мешавад.
  2. Дар холатхои зарури масъалахои таъминоти ташкилии баргузор намудани чорабинии оммави аз чониби ташкилотчиёни чорабинихои оммави бо намояндаи ваколатдори макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва намояндаи ваколатдори макомоти корхои дохили мувофика карда мешаванд.
  3. Истифодаи маблагхои бучети давлати, ташкилотхои гайридавлатие, ки аз хисоби давлатхои хоричи ва шахсони хукукии хоричи маблаггузори мешаванд, инчунин воситахои моддию техники ва молиявии шахсони вокеи ва хукукии хоричи барои таъмини баргузор намудан ва маблаггузории чорабинихои оммави манъ аст.

 

Моддаи 18. Тартиб ва асосхои манъ кардани баргузории чорабинии оммави

 

  1. Баргузор намудани чорабинии оммави бо асосхои зерин манъ карда мешавад, агар:

– максади чорабинии оммавии баргузоршаванда таблиги амал ва ё худи амале бошад, ки бо Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ва конунгузории Чумхурии Точикистон манъ карда шудаанд;

– баргузории чорабинии оммави дар чой ё вакти барои баргузор намудани дигар чорабинии оммавии пешаки таъйиншуда ё дар чои барои баргузор намудани чорабинихои оммави манъ ё махдудкардашуда пешбини карда шавад;

– чорабинии оммави ба харакати воситахои наклиёт ва шахрвандон халал расонад ё барои фаъолияти муназзами ташкилотхо монеахо ба вучуд орад;

– чорабинии оммави барои хаёт, саломати ва амнияти  шахрвандон хатари вокеи ба вучуд оварад, инчунин хукук ва манфиатхои конунии шахрвандонро вайрон намояд;

– чорабинии оммави бо вайрон кардани мукаррароти Конуни мазкур баргузор шавад.

  1. Дар сурати мавчуд будани асосхои дар сархатхои дуюм ва сеюми кисми 1 хамин модда пешбинишуда ба ташкилотчии чорабинии оммави таклиф карда мешавад, ки чорабинии оммави дар чои дигар, дар вакти дигар ё дар дигар шакл баргузор шавад.
  2. Дар холати аз чониби ташкилотчии чорабинии оммави кабул намудани таклиф, розигии у бояд дар шакли хатти изхор гардида, ба рохбари макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии дахлдор дар мухлати на дертар аз дах руз то  санаи баргузор намудани чорабинии оммавии мазкур пешниход карда шавад.

 

Моддаи 19. Шикоят овардан ба карорхо ва амалхо (беамали), ки хукуки шахрвандонро ба

                         баргузор намудани чорабинии оммави вайрон мекунанд 

 

Нисбат ба карорхо ва амалхои (беамалии) макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, шахсони мансабдор, ки хукуки шахрвандонро ба баргузор намудани чорабинии оммави вайрон мекунанд, мумкин аст бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чyмхypии Точикистон ба суд шикоят оварда шавад.

 

Моддаи 20. Хукук ва ухдадорихои намояндаи ваколатдори макомоти ичроияи махаллии

                       хокимияти давлати 

 

  1. Намояндаи ваколатдори макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати хукук дорад:

– аз ташкилотчиёни чорабинии оммави риояи тартиби ташкил ва баргузор намудани чорабинихои оммави ва тартиботи чамъиятиро хангоми баргузории он талаб намояд;

– дар бораи боздоштан ё катъ намудани чорабинии оммави бо асосхо ва тартиби пешбининамудаи Конуни мазкур карор кабул намояд.

  1. Намояндаи ваколатдори макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ухдадор аст:

– дар чорабинии оммави хузур дошта бошад;

– ба ташкилотчии чорабинии оммави барои баргузор намудани он муосидат намояд;

– дар якчояги бо ташкилотчиёни чорабинии оммави ва намояндаи ваколатдори макомоти корхои дохили тартиботи чамъияти ва амнияти чамъияти, риояи конуниятро хангоми баргузор намудани чорабинихои оммави таъмин намояд.

 

Моддаи 21. Хукук ва ухдадорихои намояндаи ваколатдори макомоти корхои дохили

 

  1. Намояндаи ваколатдори макомоти корхои дохили хукук дорад:

– дар холати аз хадди мукарраргардида зиёд шудани шумораи иштирокчиён аз ташкилотчии чорабинии оммави катъ намудани хамрохшавии шахрвандонро ба чорабинии оммави талаб намояд;

– аз ташкилотчиён ва иштирокчиёни чорабинии оммави риояи тартиби ташкил ва баргузор намудани онхо ва тартиботи чамъиятиро талаб намояд;

– бо хохиши ташкилотчии чорабинии оммави шахсонеро, ки талаботи конунии уро ичро намекунанд, аз чои баргузории чорабинии оммави дур намояд;

– нисбат ба шахсоне, ки дар чои баргузор намудани чорабинии оммави дар холати масти карор доранд ё тартиботи чамъияти ва амнияти чамъиятиро дагалона вайрон мекунанд, чорахо андешад.

  1. Намояндаи ваколатдори макомоти корхои дохили ухдадор аст:

– дар доираи ваколатхои худ ба баргузор намудани чорабинии оммави мусоидат намояд;

– дар якчояги бо ташкилотчиёни чорабинии оммави ва намояндаи ваколатдори макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати тартиботи чамъияти ва амнияти шахрвандон, инчунин риояи конуниятро хангоми баргузории чорабинии оммави таъмин намояд.

 

Моддаи 22. Боздоштан ё катъ намудани чорабинии оммави бо талаби намояндаи

                       ваколатдори макомоти корхои дохили 

 

  1. Намояндаи ваколатдори макомоти корхои дохили хукук дорад ба баргузории чорабинии оммави рох надихад, боздоштан ё катъ кардани онро дар холатхои зерин талаб намояд:

– вайрон кардани тартиби ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммави, ки Конуни мазкур мукаррар кардааст;

– дар асоси карори макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар бораи манъи баргузор намудани чорабинии оммави;

– ба миён омадани асосхо барои манъ кардани чорабинии оммави, ки дар моддаи 18 Конуни мазкур пешбини шудаанд;

– аз тарафи ташкилотчии чорабинии оммави ичро накардани ухдадорихои пешбининамудаи кисми 6 моддаи 10 Конуни мазкур;

– аз тарафи ташкилотчи ва иштирокчиёни чорабинии оммави содир гардидани амалхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ кардааст.

  1. Намояндаи ваколатдори макомоти корхои дохили то боздоштан ё катъ намудани чорабинии оммави ухдадор аст аз ташкилотчии чорабинии оммави бартараф намудани вайронкунихое, ки ба баргузор намудани чорабинии оммави монеа мешаванд, талаб кунад. Агар ин вайронкунихо дар муддати мукарраргардида бартараф нашуда бошанд, намояндаи ваколатдори макомоти корхои дохили тибки талаботи кисми 1 моддаи 23 Конуни мазкур чорабинии оммавиро катъ менамояд.
  2. Баъд аз бартараф гардидани вайронкунихо, бо мувофикаи байни ташкилотчии чорабинии оммави ва намояндаи ваколатдори макомоти корхои дохили чорабинии оммави метавонад давом дода шавад.

 

Моддаи 23. Тартиби боздоштан ё катъ намудани чорабинии оммави аз тарафи намояндаи

                        ваколатдори макомоти корхои дохили 

 

  1. Дар холати боздоштан ё катъ намудани чорабинии оммави намояндаи ваколатдори макомоти корхои дохили:

– ба ташкилотчи дар хусуси боздоштан ё катъ намудани чорабинии оммави бо асосноккунии сабабхои боздоштан ё катъ намудани он супориш медихад;

– барои ичро кардани супориш мухлат мукаррар менамояд;

– дар сурати аз тарафи ташкилотчии чорабинии оммави ичро накардани супориш дар бораи боздоштан ё катъ намудани чорабинии оммави бевосита ба иштирокчиёни чорабинии оммави мурочиат менамояд;

– барои ичро кардани супориши такрори мухлат мукаррар менамояд.

  1. Дар холати ичро нагардидани супориши такрори дар бораи боздоштан ё катъ намудани чорабинии оммави намояндаи ваколатдори макомоти корхои дохили ташкилотчии чорабинии оммавиро дар бораи истифода бурдани кувваи чисмони огох мекунад ва дар холати зарурат хукук дорад кувваи чисмони ва воситахои махсусро бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон истифода намояд.
  2. Тартиби боздоштан ё катъ кардани чорабинии оммави, ки дар кисми 1  хамин модда пешбини шудааст, хангоми руй додани бетартибихои оммави, харобкори, сухтор ва дигар ходисахое, ки амалиёти фавриро талаб мекунанд, татбик намегардад. Дар ин холатхо катъ намудани чорабинии оммави тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

 

БОБИ 4. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 24. Чавобгари барои вайрон кардани мукаррароти Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани мукаррароти Конуни мазкур мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 25. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон

                      «Дар бораи мачлисхо, гирдихамоихо, намоишхо ва рохпаймоихо»

 

Конуни Чумхурии Точикистон аз 22 майи соли 1998 «Дар бораи мачлисхо, гирдихамоихо, намоишхо ва рохпаймоихо» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1998, №10, мод. 109; с. 2011, №6, мод. 446; с. 2013, № 7, мод. 512; с. 2014, № 7, к. 2, мод. 403) аз эътибор сокит дониста шавад.

 

Моддаи 26. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти 

Чумхурии Точикистон  Эмомали РАХМОН

 

ш. Душанбе, 31 декабри соли 2014,

№1169

 

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …