Главная / Ҷамъият / МАҶЛИСҲО, ГИРДИҲАМОИҲО, НАМОИШҲО ВА РОҲПАЙМОИҲО

МАҶЛИСҲО, ГИРДИҲАМОИҲО, НАМОИШҲО ВА РОҲПАЙМОИҲО

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАҶЛИСҲО, ГИРДИҲАМОИҲО, НАМОИШҲО ВА РОҲПАЙМОИҲО

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ташкил ва  баргузор намудани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, ба таъмини амалӣ шудани ҳуқуқи бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршудаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – шаҳрвандон) ба иштирок намудан дар чорабиниҳои мазкур равона шудааст.

majlis

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

чорабинии оммавӣ – чорабинии ошкоро, осоишта ва ба ҳама дастрас, ки дар шакли маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, пикетгузорӣ ва роҳпаймоӣ ё дар пайвастшавии мухталифи ин шаклҳои чорабинии оммавӣ баргузор шуда, бо ташаббуси шаҳрвандон, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ амалӣ карда мешавад;

маҷлис – иштироки якҷояи шаҳрвандон дар ҷой ва вақти пешакӣ муайяншуда барои муҳокимаи ошкоро ва ҳал намудани масъалаҳои дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ё изҳори муносибати онҳо ба амали шахсон ва (ё) фаъолияти ташкилотҳо, рӯйдодҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоӣ, инчунин ҳалли масъалаҳои марбут ба манфиати умум;

гирдиҳамоӣ – иштироки оммавии шаҳрвандон дар ҷой ва вақти пешакӣ муайяншуда барои изҳори ошкоро ва (ё) муҳокимаи афкори ҷамъиятӣ дар бораи масъалаҳои мавҷуда, ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷамъият ва мақомоти давлатӣ ба масъалаҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоии ҳаёти шаҳрвандон, инчунин эътироз намудан ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба ин масъалаҳо;

намоиш – изҳори оммавии муташаккили ақидаи умумӣ аз ҷониби гурӯҳи шаҳрвандон ва (ё) эътироз намудан оид ба масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, норозигӣ ё дастгирии ягон ташаббус, амал ё мавқеи мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ё шаҳрвандон бо истифода аз плакатҳо, транспарантҳо ва дигар воситаҳои аёнии ташвиқот дар ҷой ва вақти пешакӣ муайяншуда;

пикетгузорӣ – изҳори оммавии манфиатҳои ҷамъиятию сиёсӣ, гурӯҳӣ, шахсӣ ва дигар манфиатҳо аз ҷониби шаҳрванд ё гурӯҳи шаҳрвандон ё изҳори норозигӣ (бе роҳпаймоӣ), аз ҷумла дар шакли гуруснанишинӣ оид ба ягон масъала бо истифода ё бе истифодаи плакатҳо, транспарантҳо ва дигар воситаҳои аёнии ташвиқот бо ҷойгиршавии шаҳрванд ё гурӯҳи шаҳрвандон дар назди объекти пикетшаванда дар ҷой ва вақти пешакӣ муайяншуда;

роҳпаймоӣ – ҳаракати оммавии муташаккили шаҳрвандон дар хатсайри пешакӣ муайяншудаи қисми пиёдагард ё мошингарди кӯча (роҳ), кӯчабоғ, хиёбон, майдон бо мақсади ҷалб намудани таваҷҷӯҳ ба ягон масъала ё изҳори оммавии рӯҳияи иҷтимоӣ-сиёсии худ ва ё эътироз овардан;

ташкили чорабинии оммавӣ – хабардор намудани иштирокчиёни эҳтимолӣ, пешниҳод кардани ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бурдани ташвиқоти пешакӣ, тайёр ва паҳн намудани  воситаҳои аёнии ташвиқотӣ, инчунин дигар амалҳое, ки бо мақсади ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммавӣ содир карда мешаванд;

дастури баргузор намудани чорабинии оммавӣ – ҳуҷҷате, ки ҷадвали вақтии (нақшаи соатии) марҳалаҳои асосии баргузор намудани чорабинии оммавиро бо нишон додани шахсони масъул барои ҳар як марҳала дар бар мегирад;

ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ – ҳуҷҷате, ки тавассути он ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ хабар дода мешавад;

ташкилотчии чорабинии оммавӣ – шаҳрванд ё гурӯҳи шаҳрвандон, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ки ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аризаро дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ пешниҳод менамоянд ва тартиби баргузор намудани онро (мақсад, сана, вақт, ҷой, шакли баргузор намудан ва дигар шартҳоро) муайян менамоянд;

намояндагони ташкилотчии чорабинии оммавӣ – шаҳрвандоне, ки ба онҳо ташкилотчии чорабинии оммавӣ ваколатҳои муайян ва вазифаҳои амрдиҳии худ, аз ҷумла оид ба таъмини тартибот ҳангоми баргузор намудани чорабинии оммавӣ, таъминоти техникии он ва дигар ваколатҳоро вогузор менамояд;

иштирокчии чорабинии оммавӣ – шаҳрванде, ки ҳангоми баргузор намудани чорабинии оммавӣ дар ҷои баргузории он ҳузур дошта, рафтор ва амалҳои ӯ бевосита аз дастгирӣ намудани чорабинии оммавии мазкур ва ниятҳои ташкилотчиёни чорабинии оммавӣ дарак медиҳанд;

ҷои кушоди ҷамъиятӣ – заминҳои истифодаи умумӣ, ки майдонҳо, кӯчаҳо, пайроҳаҳо, гузаргоҳҳо, роҳҳо, соҳилҳо, боғҳо, гулгаштҳо, кӯчабоғҳо, аз ҷумла, ҳудуди ба биноҳои мақомоти давлатӣ ва муассисаҳо ҳамшафатро дар бар гирифта, ба он ҷо даромадани озодона манъ ё маҳдуд нест;

ҷойҳои махсус мутобиқгардонидашуда – биноҳо, иншоот ва ҳудудҳое, ки махсус барои баргузор намудани чорабиниҳои дахлдор таъин шудаанд, инчунин аз тарафи молик, иҷорагир ё дигар истифодабарандаи қонунии онҳо бо салоҳдиди худ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд;

намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ – яке аз муовинони раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ё ноҳия, ки дар рафти баргузории чорабиниҳои оммавӣ бевосита иштирок намуда, амалҳоро оид ба чорабиниҳои оммавӣ мувофиқа менамояд;

намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ – яке аз муовинони сардори мақомоти корҳои дохилӣ (вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ) ё сардори шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар минтақаи ӯ чорабинии оммавӣ доир мегардад ва оид ба ин масъала дар раёсат ё шӯъбаи корҳои дохилии дахлдор фармон бароварда мешавад;

намояндагони воситаҳои ахбори омма – намояндагони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ, ғайридавлатӣ ё аккредитатсияшудаи хориҷӣ, ки дар чорабиниҳои оммавӣ ҳузур дошта, дар бораи он иттилоот паҳн менамоянд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо,  намоишҳо ва роҳпаймоиҳо 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат аст.

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

  1. Амали Қонуни мазкур ба ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ берун аз ҳудуд ё биноҳои ба ташкилотчии чорабинӣ тааллуқдошта, ба иҷора гирифташуда ё дар истифодаи дигари қонунии ӯ қарордошта, инчунин ба иштирок кардани шаҳрвандон дар онҳо паҳн мегардад.
  2. Маҳдудиятҳо вобаста ба ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ, инчунин иштироки шаҳрвандон дар онҳо тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
  3. Амали Қонуни мазкур паҳн намегардад:

– ба чорабиниҳое, ки дар ҷойҳои махсус мутобиқгардонидашуда баргузор мешаванд;

– ба маҷлисҳо (конференсияҳо) ва гирдиҳамоиҳои коллективҳои меҳнатӣ, маҷлисҳои (пленумҳо, анҷуманҳо, кoнференсияҳoи) иттифоқҳои касаба, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиннома ва низомномаҳои онҳо баргузор мешаванд;

– ба корпартоиҳои дар ҳудуди корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо баргузоршаванда, ки тартиби баргузор намудани онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат муайян кардааст.

  1. Чорабиниҳое, ки дар доираи маъракаи интихобот баргузор мешаванд, анҷом додани маросимҳои динӣ ва дигар чорабиниҳое, ки манъ карда нашудаанд, бо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.

Моддаи 4. Мақсадҳои баргузор намудани чорабинии оммавӣ

Чорабинии оммавӣ бо мақсадҳои изҳори озодона ва ташаккули афкори ҷамъиятӣ, пешниҳоди талабот дар бораи масъалаҳои мухталифи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, масъалаҳои сиёсати хориҷии давлат, ҷалб намудани таваҷҷӯҳи шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба ин масъалаҳо, инчунин барои ҳимоя ё дастгирии ягон ташаббуси дорои аҳамияти иҷтимоӣ баргузор мешавад.

Моддаи 5. Принсипҳои баргузор намудани чорабинии оммавӣ

Баргузор намудани чорабинии оммавӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

– қонуният;

– эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

– шаффофияти қабули қарорҳо;

– ихтиёрӣ будани иштирок дар чорабинии оммавӣ.

Моддаи 6. Ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳангоми баргузории чорабиниҳои   оммавӣ

  1. Намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳангоми баргузории чорабиниҳои оммавӣ бо мақсади таъмини ошкорбаёнии равандҳои ҷамъиятӣ метавонанд ҳузур дошта бошанд.
  2. Намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки дар чорабинии оммавӣ ҳузур доранд, бояд:

– бо худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва ваколатҳояшонро дошта бошанд;

– ба рафти чорабинии оммавӣ дахолат накунанд ва ба амалҳои ташкилотчии чорабинии оммавӣ ва намояндагони ӯ монеъ нашаванд;

– талаботи қонунии ташкилотчии чорабинии оммавӣ, намояндагони ӯ, намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти давлатиро иҷро намоянд.

БОБИ 2. КАФОЛАТИ ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДОН

БА БАРГУЗОР НАМУДАНИ ЧОРАБИНИҲОИ ОММАВӢ

Моддаи 7. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ

  1. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар чорабиниҳои оммавие, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ихтиёран иштирок намоянд. Маҷбур намудани шаҳрвандон барои иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ манъ аст.
  2. Давлат ҳуқуқи шаҳрвандон ба баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ ва иштирок дар онҳоро бо роҳҳои зерин кафолат медиҳад:

– ба шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо пешниҳод намудани майдонҳо, кӯчаҳо, пайроҳаҳо, гузаргоҳҳо, роҳҳо, соҳилҳо, боғҳо, гулгаштҳо, кӯчабоғҳо ва дигар ҷойҳои кушоди ҷамъиятӣ барои баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ;

– паҳн намудани иттилоот тавассути воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ;

– мусоидати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор дар муташаккилона баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ.

  1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқиашон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон ҳуқуқ надоранд ба чорабиниҳои оммавие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баргузор мешаванд, монеъ шаванд.
  2. Маҳдудкунии иштироки шаҳрвандон дар чорабиниҳои оммавӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, манъ аст.

Моддаи 8. Кафолати ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодона изҳор кардани андешаҳо ҳангоми    баргузор намудани чорабинии оммавӣ 

Ташкилотчии чорабинии оммавӣ, шахсони мансабдор ва дигар шаҳрвандон ҳуқуқ надоранд ба иштирокчиёни чорабинии оммавӣ барои изҳори андешаҳои худ, ки ба мақсадҳои чорабинии оммавӣ мухолиф набуда, тартиботи ҷамъиятӣ ва тартиби муқаррарнамудаи ташкилотчиро дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавии мазкур вайрон намекунанд, монеъ шаванд.

БОБИ 3. ТАРТИБИ ТАШКИЛ ВА БАРГУЗОР НАМУДАНИ ЧОРАБИНИҲОИ ОММАВӢ

Моддаи 9. Ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммавӣ

  1. Ба ташкили чорабинии оммавӣ инҳо мансубанд:

– огоҳкунии иштирокчиёни эҳтимолии чорабинии оммавӣ ва пешниҳоди ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор;

– бурдани ташвиқоти пешакӣ;

– тайёр ва паҳн кардани воситаҳои аёнии ташвиқот;

– ҷамъоварии маблағи пулӣ барои гузаронидани чорабинии оммавӣ;

– таъминоти моддию техникии баргузор намудани чорабинии оммавӣ;

– дигар амалҳое, ки бо мақсади тайёр кардан ва баргузор намудани чорабинии оммавӣ анҷом дода шуда, ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд.

  1. Ҳангоми баргузор намудани чорабинии оммавӣ мумкин аст рамзҳои гуногун, нишонаҳои махсус ва дигар воситаҳои изҳори оммавии афкори ҷамъиятӣ ё шахсӣ, инчунин воситаҳои аёнии ташвиқот истифода бурда шаванд.

Моддаи 10. Ташкилотчии чорабинии оммавӣ

  1. Ташкилотчии чорабинии оммавӣ шаҳрванд ё гурӯҳи шаҳрвандон, ки ба синни 18 расидаанд, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ки ӯҳдадории ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммавиро ба зимма гирифтаанд, буда метавонанд.
  2. Ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ки ташкилотчии чорабинии оммавӣ мебошанд, шахси (шахсони) барои ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммавӣ масъулро аз ҳисоби ҳайати роҳбарикунандаи онҳо муайян мекунанд. Шахсе (шахсоне), ки ҳуҷҷатҳои роҳбарияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва диниро оид ба масъули ташкил ва баргузории чорабинии оммавӣ таъин шудани ӯ (онҳо) пешниҳод намудааст (намудаанд) ва дар ариза оид ба баргузор намудани чорабинии оммавӣ ба ҳамин сифат зикр гардидааст (гардидаанд), ӯҳдадориро оид ба тибқи Қонуни мазкур ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммавӣ дар шакли хаттӣ қабул мекунад (мекунанд).
  3. Ташкилотчии чорабинии оммавӣ ҳуқуқ дорад аз баргузор намудани он даст кашад ва роҳбари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро, ки дар бораи додани иҷозат барои баргузор намудани чорабинии оммавии мазкур қарор қабул кардааст, ба таври хаттӣ огоҳ намояд ва дар ин хусус иштирокчиёни онро хабардор кунад.
  4. Ташкилотчии чорабинии оммавӣ шуда наметавонанд:

– шахсе, ки суд ӯро ғайри қобили амал донистааст ё қобилияти амалашро маҳдуд кардааст;

– шахсе, ки барои содир намудани ҷиноят ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ё қасдан содир намудани ҷиноят ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат доғи судӣ дорад ва ё шахсе, ки нисбати ӯ ду ва зиёда маротиба барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии дар моддаҳои 106, 460, 479 ва 480 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷазои маъмурӣ таъин шудааст, дар давоми мӯҳлате, ки шахс ба ҷазои маъмурӣ кашидашуда ҳисоб меёбад;

– шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд;

– ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ки фаъолияташон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт, манъ ё барҳам дода шудааст.

  1. Ташкилотчии чорабинии оммавӣ ҳуқуқ дорад:

– талаб намояд, ки чорабинии оммавӣ дар ҷой ва вақти дар ариза зикргардида баргузор  шавад, агар талаботи дар аризаи мазкур дарҷгардида ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат накунад;

– дар сурати ғайриқонунӣ манъ кардани чорабинии оммавӣ товони зарари ба ташкилотчии чорабинии оммавӣ расонидашударо талаб намояд;

– аз ҳамаи иштирокчиёни чорабинии оммавӣ риоя намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва тартиби баргузор намудани  чорабинии оммавиро, ки ӯ муқаррар кардааст, талаб намояд ва дар ҳолати ба талаботи қонунии ӯ итоат накардани иштирокчиён аз намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷои баргузор намудани чорабинии оммавӣ дур кардани ин шахсонро хоҳиш намояд;

– дар сурати аз тарафи иштирокчиёни чорабинии оммавӣ содир намудани амалҳои зиддиҳуқуқӣ, ки тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунанд, инчунин вайрон кардани тартиби баргузор намудани чорабинии оммавӣ, ки ӯ муқаррар кардааст, чорабиниро боздорад ё онро қатъ намояд;

– намояндагони худро барои иҷрои вазифаҳои амрдиҳӣ оид ба ташкил ва баргузории чорабинии оммавӣ ваколатдор намояд ва дар ҳолати ҷамъоварии маблағҳои пулӣ ва таъминоти моддию техникии баргузор намудани чорабинии оммавӣ, ваколатҳои намояндагонашро, ки ба ин масъалаҳо машғуланд, ба таври хаттӣ ба расмият дарорад;

– бо роҳи истифодаи воситаҳои ахбори омма, паҳн кардани варақаҳо, тайёр намудани шиорҳо ва дигар шаклҳои таблиғот барои дастгирии мақсадҳои чорабинии оммавӣ ташвиқоти пешакӣ барад.

  1. Ташкилотчии чорабинии оммавӣ ӯҳдадор аст:

– дар чорабинии оммавии баргузоршаванда доимо ҳузур дошта бошад;

– дар бораи вақт, ҷой, шумораи иштирокчиёни эҳтимолӣ ва тартиби баргузор намудани чорабинии оммавӣ тибқи талаботи моддаи 12 Қонуни мазкур ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор ариза пешниҳод намояд;

– нишони фарқкунандаи ташкилотчии чорабинии оммавиро дошта бошад ё шахсеро, ки барои иҷрои вазифаҳои амрдиҳӣ ваколатдор намудааст, бояд бо нишони фарқкунанда таъмин намояд, ки бо талаби намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ ва корманди мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳод карда мешаванд;

– риояи шартҳои гузаронидани чорабинии оммавиро, ки дар ариза дар бораи баргузор намудани  чорабинии оммавӣ пешбинӣ шудаанд, таъмин намояд;

– дар ҳолати аз ҷониби иштирокчиён риоя нагардидани талаботи ташкилотчӣ чорабинии оммавиро боздорад ё онро қатъ намояд;

– талаботи қонунии намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва кормандони  мақомоти корҳои дохилиро иҷро кунад;

– ҳангоми баргузор намудани чорабинии оммавӣ риояи меъёрҳо ва қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддисӯхториро таъмин намояд;

– ҳифзу нигоҳдории биноҳо, иншоот, таҷҳизот, асбобу анҷом ва дигар молу мулк, инчунин дарахтону буттаҳоро дар ҷои баргузор намудани  чорабинии оммавӣ таъмин намояд;

– дар сурати манъ кардан ё боздоштани чорабинии оммавӣ қарорро дар ин бора ба маълумоти иштирокчиёни он расонад;

– аз иштирокчиёни чорабинии оммавӣ талаб намояд, ки рӯи худро пинҳон накунанд, аз ҷумла ниқоб, воситаҳои пинҳон кардан, дигар ашёеро, ки махсус барои душвор гардонидани муқаррар кардани шахсият таъин гардидаанд, истифода набаранд;

– аз иштирокчиёни чорабинии оммавӣ риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва дастури баргузор намудани чорабинии оммавӣ, инчунин қатъ намудани вайронкуниро талаб намояд;

– шахсеро, ки талаботи қонунии ташкилотчии чорабинии оммавиро иҷро намекунад, аз ҷои баргузории чорабинии оммавӣ дур намояд;

– дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯз баъд аз баргузор шудани чорабинии оммавӣ хароҷотро вобаста ба таъмини ҳимояи тартиботи ҷамъиятӣ, хизматрасонии тиббӣ ва тоза намудани ҳудуде, ки тибқи қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар қаламрави он чорабинии оммавӣ баргузор шудааст, пардохт намояд.

  1. Ташкилотчии чорабинии оммавӣ дар ҳолати иҷро накардани ӯҳдадориҳои пешбининамудаи қисми 6 ҳамин модда, барои зарари расонидаи иштирокчиёни чорабинии оммавӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Моддаи 11. Иштирокчиёни чорабинии оммавӣ

  1. Иштирокчиёни чорабинии оммавӣ шаҳрвандон, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ эътироф мешаванд, ки дар он ихтиёран иштирок доранд.
  2. Иштирокчиёни чорабинии оммавӣ ҳуқуқ доранд:

– дар таҳия ва қабули қарорҳо, дигар амалҳои дастҷамъона мувофиқи мақсадҳои чорабинии оммавӣ иштирок намоянд;

– ҳангоми баргузор намудани  чорабинии оммавӣ рамзҳои гуногун ва дигар воситаҳои изҳори оммавии афкори коллективӣ ё фардӣ, инчунин воситаҳои ташвиқотро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, истифода баранд;

– қарорҳо, талабномаҳо ва дигар муроҷиатномаҳоро қабул карда, ба мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо пешниҳод намоянд.

  1. Иштирокчиёни чорабинии оммавӣ ӯҳдадоранд:

– талаботи қонунии ташкилотчии чорабинии оммавӣ, намояндагони ӯ, намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилиро иҷро намоянд;

– тартиботи ҷамъиятӣ ва дастури баргузор намудани чорабинии оммавиро риоя намоянд;

– талаботи пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии ҳаракат ва истифодаи воситаҳои нақлиётро дар сурати баргузор намудани чорабинии оммавӣ бо истифодаи воситаҳои нақлиёт риоя намоянд.

  1. Ба иштирокчиёни чорабинии оммавӣ манъ аст:

– пинҳон кардани рӯи худ, аз ҷумла истифода бурдани ниқоб, воситаҳои пинҳон кардан, дигар ашёе, ки махсус барои душвор гардонидани муқаррар кардани шахсият таъин гардидаанд;

– бо худ доштани силоҳи оташфишон, газӣ, сард, дигар намуди силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои оташзананда, тарканда, заҳролудкунанда, заҳролуд, предметҳои силоҳмонанд ва предметҳое, ки ба сифати силоҳ истифода мешаванд;

– халал расонидан ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардҳо;

– ба вуҷуд овардани монеаҳо барои кори муназзами ташкилотҳо;

– ҷойгир кардани хаймаҳо ва дигар иншооти муваққатӣ;

– таъсир расонидан дар ин ё он шакл ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо мақсади халал расонидан ба иҷрои ӯҳдадориҳои хизматиашон, инчунин ба намояндагони ҷамъиятие, ки ӯҳдадориҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро иҷро мекунанд;

– истифодаи плакатҳо, транспарантҳо ва дигар воситаҳои аёнии ташвиқот, ки даъвати бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ё таблиғоти ҷанг, хусумати иҷтимоӣ, миллӣ, динӣ ё нажодӣ ва паст задани шаъну шарафи шахсиятро дар бар мегиранд;

– амал намудан бо методҳое, ки ба амнияти ҷамъиятӣ, ҳаёт ва саломатии иштирокчиёни чорабиниҳои мазкур ё дигар шахсон таҳдид мекунанд;

– бо худ овардани машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо ва дигар моддаҳои мадҳушкунанда, истеъмол намудани онҳо ва ё дар ҳолати мастӣ қарор доштан.

  1. Баррасии муроҷиатҳои иштирокчиёни чорабинии оммавӣ ва қабули қарорҳо вобаста ба онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Моддаи 12. Ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ

  1. Ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ аз ҷониби ташкилотчии (ташкилотчиёни) он ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатие, ки дар ҳудуди он гузаронидани чорабинии оммавӣ ба нақша гирифта шудааст, дар мӯҳлати на дертар аз понздаҳ рӯз то санаи баргузории он пешниҳод карда мешавад.
  2. Агар баргузор намудани чорабинии оммавӣ дар ҳудуди якчанд воҳидҳои марзиву маъмурӣ пешбинӣ шавад ва ё миқдори эҳтимолии иштирокчиёни он зиёда аз 1000 нафарро ташкил диҳад, ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пешниҳод карда мешавад.
  3. Дар ариза нишон дода мешаванд:

– мақсад, шакл ва ҷои баргузор намудани чорабинии оммавӣ;

– санаи баргузоршавӣ, вақти оғоз ва анҷоми чорабинии оммавӣ;

– самти ҳаракат;

– шумораи эҳтимолии иштирокчиён;

– насаб, ном, номи падари ташкилотчӣ (ташкилотчиён), шахси (шахсони) дар ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммавӣ масъул, ҷои истиқомат, кор ва ё таҳсили онҳо;

– чораҳо оид ба таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми баргузор намудани чорабинии оммавӣ;

– чораҳое, ки ба хизматрасонии тиббӣ ва тоза намудани ҳудуд баъд аз баргузор шудани чорабинии оммавӣ алоқаманданд;

– санаи пешниҳоди ариза ва рақами телефонҳои иртибот.

  1. Ба ариза дар шакли хаттӣ ӯҳдадории ташкилотчии (ташкилотчиёни) чорабинии оммавӣ ё шахси (шахсони) дар ташкил ва баргузор намудани он масъул оид ба ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммавӣ тибқи Қонуни мазкур замима карда мешавад.
  2. Ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ аз ҷониби ташкилотчии (ташкилотчиёни) чорабинии оммавӣ ё шахси (шахсони) дар ташкил ва баргузор намудани он масъул имзо карда мешавад.
  3. Аризаи тибқи қисмҳои 3-5 ҳамин модда тартибдодашударо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор дар рӯзи пешниҳод шуданаш ба қайд мегирад.
  4. Мӯҳлати пешниҳоди ариза аз рӯзи бақайдгирии он дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

 

Моддаи 13. Тартиби баррасии ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ ва

                        қабули қарор дар бораи он

 

  1. Роҳбари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё муовини ӯ ӯҳдадоранд, ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавиро баррасӣ намуда, на дертар аз 5 рӯз пеш аз рӯзи баргузор наму­дани чорабинии оммавӣ ба шакли хаттӣ ба ташкилотчии (ташкилот­чиёни) чорабинии оммавӣ дар бораи қарори қабулгардида хабар диҳанд.
  2. Баррасии ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ бояд ошкоро сурат гирад. Барои баррасии аризаи мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкилотчии чорабинии оммавӣ даъват карда мешавад. Дар ҳолати ҳозир нашудани ташкилотчии чорабинии оммавӣ, баррасии ариза бе иштироки ӯ сурат мегирад.
  3. Расмиёти баррасии ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқаррар гардида, ба ташкилотчиёни он ҳуқуқи пешниҳоди мавқеи худ дода мешавад.
  4. Агар аризаи аз ҷониби ташкилотчии чорабинии оммавӣ пешниҳодгардида ба талаботи Қонуни мазкур ҷавобгӯй набошад, дар вақти баррасии ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ташкилотчии (ташкилотчиёни) чорабинии оммавӣ ё шахси (шахсони) барои ташкил ва баргузор намудани он масъул дар бораи номутобиқатиҳои ошкоргардида маълумоти муфассалро пешниҳод менамояд.
  5. Аз рӯи натиҷаи баррасии ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ яке аз қарорҳои зеринро қабул менамояд:

– ба чорабинии оммавӣ иҷозат дода шавад;

– ба ташкилотчии чорабинии оммавӣ барои тағйир додани вақт ва ҷои баргузор намудани чорабинӣ ё самти ҳаракати иштирокчиён таклиф пешниҳод карда шавад;

– чорабинии оммавӣ манъ карда шавад.

  1. Тартиби пардохти хароҷот вобаста ба таъмини ҳимояи тартиботи ҷамъиятӣ, хизматрасонии тиббӣ ва тоза намудани ҳудуди дахлдор пас аз гузаронидани чорабинии оммавӣ бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар қаламрави он гузаронидани чорабинии оммавӣ ба нақша гирифта шудааст, муайян карда мешавад.
  2. Роҳбари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё муовини ӯ дар вақти баррасии ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амнияти ҷамъиятӣ, ҳаракати мӯътадили нақлиёт ва фаъолияти ташкилотҳо ҳуқуқ доранд дар мувофиқа бо ташкилотчии (ташкилотчиёни) чорабинии оммавӣ сана, ҷой ва вақти гузаронидани онро тағйир диҳанд.

 

Моддаи 14. Ҷой ва вақти баргузор намудани чорабинии оммавӣ

 

  1. Чорабинии оммавӣ дар ҷойҳои махсус мутобиқгардонидашуда ва ҷойҳои кушоди ҷамъиятӣ, ба истиснои ҷойҳое, ки истифодаи онҳо бо қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи дахлдор мутобиқи моддаи 15 Қонуни мазкур маҳдуд ё манъ гардидааст, баргузор мешавад.
  2. Чорабинии оммавӣ метавонад аз соати 8 то соати 18 баргузор гардад.

 

Моддаи 15. Ҷойҳое, ки барои баргузор намудани чорабинии оммавӣ маҳдуд ё манъ карда

                        шудаанд 

 

  1. Ба ҷойҳое, ки дар онҳо баргузор намудани чорабинии оммавӣ маҳдуд ё манъ карда шудааст, мансубанд:

– ҳудудҳо, биноҳо, иншооте, ки амнияти шаҳрвандонро таъмин намекунанд;

– ҷойҳои наздик ба истеҳсолот ва объектҳои хатарнок ва зарарнок, бунгоҳҳои нақлиёти роҳи оҳан ва автомобилӣ, фурудгоҳҳо, пулҳо, нуқтаҳои ҷудошавии роҳҳои оҳан, қубурҳои нафтугазгузар ва хатҳои баландшиддати барқ, нерӯгоҳҳо, объектҳои дорои хатари сӯхтору таркиш;

– ҳудудҳое, ки ба қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, биноҳое, ки судҳо ҷойгир карда шудаанд, ҳудуд ва биноҳои муассисаҳои иҷрои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ бевосита ҳамшафат мебошанд;

– қисмҳои ҳарбӣ ва дигар объектҳое, ки дар онҳо силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва моддаҳои тарканда нигоҳ дошта мешаванд;

– ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, зиёратгоҳҳо, қабристонҳо ва иншооти маросимҳои динӣ, мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ва боғҳои миллӣ;

– ҷойҳое, ки бо фаъолияти объектҳои таъминоти ҳаёт, инфрасохтори нақлиёт ё иҷтимоӣ алоқаманд буда, ҳаракати пиёдагардон, воситаҳои нақлиёт, дастрасии шаҳрвандонро ба биноҳои истиқоматӣ ё объектҳои инфрасохтори нақлиёт ё иҷтимоӣ таъмин мекунанд;

– беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои тандурустӣ, муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ.

  1. Баргузор намудани чорабинии оммавӣ дар назди биноҳое, ки дар онҳо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷой гирифтаанд, набояд ба кори мӯътадили ин мақомот мамониат намояд. Ҳадди имконпазири масофаҳои байни биноҳои зикргардида ва ҷойҳои баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ бо қарори Маҷлиси вакилони халқи дахлдор муайян карда мешавад.

 

Моддаи 16. Ташвиқоти пешакӣ

 

  1. Ташкилотчии чорабинии оммавӣ ва дигар шаҳрвандон ҳуқуқ доранд аз лаҳзаи гирифтани иҷозат барои баргузор намудани чорабинии оммавӣ аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар байни шаҳрвандон бе мамониат ташвиқот бурда, ба онҳо ҷой, вақт, мақсадҳои баргузор намудани чорабинии оммавӣ ва дигар маълумоти бо тайёр кардан ва баргузор намудани чорабинии оммавӣ алоқамандро хабар диҳанд, аз ҷумла, дар бораи риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ, инчунин шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳоро барои иштирок кардан дар чорабинии оммавии баргузоршаванда даъват намоянд.
  2. Барои бурдани ташвиқоти пешакӣ мумкин аст воситаҳои ахбори омма ва даъватҳои шифоҳӣ истифода гардида, варақаҳо, плакатҳо ва эълонҳо тайёр ва паҳн карда шаванд. Воситаҳои ахбори омма бо тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар бораи чорабинии оммавии баргузоршаванда иттилоот паҳн намоянд.
  3. Ташвиқоти пешакӣ дар шаклҳое, ки шаъну шарафи инсон ва шаҳрвандро паст мезананд, инчунин бар зидди пойдории тартиботи ҷамъиятӣ равона шудаанд, роҳ дода намешавад.

 

Моддаи 17. Таъминоти моддию техникӣ ва ташкилии баргузор намудани чорабинии

                        оммавӣ  

 

  1. Таъминоти моддию техникии баргузор намудани чорабинии оммавӣ аз ҷониби ташкилотчиён ва иштирокчиёни он аз ҳисоби маблағҳои худӣ ва маблағҳое, ки барои баргузор намудани чорабинии мазкур ҷамъоварӣ карда шудаанд, анҷом дода мешавад.
  2. Дар ҳолатҳои зарурӣ масъалаҳои таъминоти ташкилии баргузор намудани чорабинии оммавӣ аз ҷониби ташкилотчиёни чорабиниҳои оммавӣ бо намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ мувофиқа карда мешаванд.
  3. Истифодаи маблағҳои буҷети давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатие, ки аз ҳисоби давлатҳои хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин воситаҳои моддию техникӣ ва молиявии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ барои таъмини баргузор намудан ва маблағгузории чорабиниҳои оммавӣ манъ аст.

 

Моддаи 18. Тартиб ва асосҳои манъ кардани баргузории чорабинии оммавӣ

 

  1. Баргузор намудани чорабинии оммавӣ бо асосҳои зерин манъ карда мешавад, агар:

– мақсади чорабинии оммавии баргузоршаванда таблиғи амал ва ё худи амале бошад, ки бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаанд;

– баргузории чорабинии оммавӣ дар ҷой ё вақти барои баргузор намудани дигар чорабинии оммавии пешакӣ таъйиншуда ё дар ҷои барои баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ манъ ё маҳдудкардашуда пешбинӣ карда шавад;

– чорабинии оммавӣ ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва шаҳрвандон халал расонад ё барои фаъолияти муназзами ташкилотҳо монеаҳо ба вуҷуд орад;

– чорабинии оммавӣ барои ҳаёт, саломатӣ ва амнияти  шаҳрвандон хатари воқеӣ ба вуҷуд оварад, инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро вайрон намояд;

– чорабинии оммавӣ бо вайрон кардани муқаррароти Қонуни мазкур баргузор шавад.

  1. Дар сурати мавҷуд будани асосҳои дар сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда ба ташкилотчии чорабинии оммавӣ таклиф карда мешавад, ки чорабинии оммавӣ дар ҷои дигар, дар вақти дигар ё дар дигар шакл баргузор шавад.
  2. Дар ҳолати аз ҷониби ташкилотчии чорабинии оммавӣ қабул намудани таклиф, розигии ӯ бояд дар шакли хаттӣ изҳор гардида, ба роҳбари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор дар муҳлати на дертар аз даҳ рӯз то  санаи баргузор намудани чорабинии оммавии мазкур пешниҳод карда шавад.

 

Моддаи 19. Шикоят овардан ба қарорҳо ва амалҳо (беамалӣ), ки ҳуқуқи шаҳрвандонро ба

                         баргузор намудани чорабинии оммавӣ вайрон мекунанд 

 

Нисбат ба қарорҳо ва амалҳои (беамалии) мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдор, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро ба баргузор намудани чорабинии оммавӣ вайрон мекунанд, мумкин аст бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷyмҳypии Тоҷикистон ба суд шикоят оварда шавад.

 

Моддаи 20. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии

                       ҳокимияти давлатӣ 

 

  1. Намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ дорад:

– аз ташкилотчиёни чорабинии оммавӣ риояи тартиби ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ ва тартиботи ҷамъиятиро ҳангоми баргузории он талаб намояд;

– дар бораи боздоштан ё қатъ намудани чорабинии оммавӣ бо асосҳо ва тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур қарор қабул намояд.

  1. Намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ уҳдадор аст:

– дар чорабинии оммавӣ ҳузур дошта бошад;

– ба ташкилотчии чорабинии оммавӣ барои баргузор намудани он муосидат намояд;

– дар якҷоягӣ бо ташкилотчиёни чорабинии оммавӣ ва намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ, риояи қонуниятро ҳангоми баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ таъмин намояд.

 

Моддаи 21. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ

 

  1. Намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ ҳуқуқ дорад:

– дар ҳолати аз ҳадди муқарраргардида зиёд шудани шумораи иштирокчиён аз ташкилотчии чорабинии оммавӣ қатъ намудани ҳамроҳшавии шаҳрвандонро ба чорабинии оммавӣ талаб намояд;

– аз ташкилотчиён ва иштирокчиёни чорабинии оммавӣ риояи тартиби ташкил ва баргузор намудани онҳо ва тартиботи ҷамъиятиро талаб намояд;

– бо хоҳиши ташкилотчии чорабинии оммавӣ шахсонеро, ки талаботи қонунии ӯро иҷро намекунанд, аз ҷои баргузории чорабинии оммавӣ дур намояд;

– нисбат ба шахсоне, ки дар ҷои баргузор намудани чорабинии оммавӣ дар ҳолати мастӣ қарор доранд ё тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятиро дағалона вайрон мекунанд, чораҳо андешад.

  1. Намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ уҳдадор аст:

– дар доираи ваколатҳои худ ба баргузор намудани чорабинии оммавӣ мусоидат намояд;

– дар якҷоягӣ бо ташкилотчиёни чорабинии оммавӣ ва намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон, инчунин риояи қонуниятро ҳангоми баргузории чорабинии оммавӣ таъмин намояд.

 

Моддаи 22. Боздоштан ё қатъ намудани чорабинии оммавӣ бо талаби намояндаи

                       ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ 

 

  1. Намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ ҳуқуқ дорад ба баргузории чорабинии оммавӣ роҳ надиҳад, боздоштан ё қатъ кардани онро дар ҳолатҳои зерин талаб намояд:

– вайрон кардани тартиби ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммавӣ, ки Қонуни мазкур муқаррар кардааст;

– дар асоси қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи манъи баргузор намудани чорабинии оммавӣ;

– ба миён омадани асосҳо барои манъ кардани чорабинии оммавӣ, ки дар моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд;

– аз тарафи ташкилотчии чорабинии оммавӣ иҷро накардани уҳдадориҳои пешбининамудаи қисми 6 моддаи 10 Қонуни мазкур;

– аз тарафи ташкилотчӣ ва иштирокчиёни чорабинии оммавӣ содир гардидани амалҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ кардааст.

  1. Намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ то боздоштан ё қатъ намудани чорабинии оммавӣ уҳдадор аст аз ташкилотчии чорабинии оммавӣ бартараф намудани вайронкуниҳое, ки ба баргузор намудани чорабинии оммавӣ монеа мешаванд, талаб кунад. Агар ин вайронкуниҳо дар муддати муқарраргардида бартараф нашуда бошанд, намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ тибқи талаботи қисми 1 моддаи 23 Қонуни мазкур чорабинии оммавиро қатъ менамояд.
  2. Баъд аз бартараф гардидани вайронкуниҳо, бо мувофиқаи байни ташкилотчии чорабинии оммавӣ ва намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ чорабинии оммавӣ метавонад давом дода шавад.

 

Моддаи 23. Тартиби боздоштан ё қатъ намудани чорабинии оммавӣ аз тарафи намояндаи

                        ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ 

 

  1. Дар ҳолати боздоштан ё қатъ намудани чорабинии оммавӣ намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ:

– ба ташкилотчӣ дар хусуси боздоштан ё қатъ намудани чорабинии оммавӣ бо асосноккунии сабабҳои боздоштан ё қатъ намудани он супориш медиҳад;

– барои иҷро кардани супориш муҳлат муқаррар менамояд;

– дар сурати аз тарафи ташкилотчии чорабинии оммавӣ иҷро накардани супориш дар бораи боздоштан ё қатъ намудани чорабинии оммавӣ бевосита ба иштирокчиёни чорабинии оммавӣ муроҷиат менамояд;

– барои иҷро кардани супориши такрорӣ муҳлат муқаррар менамояд.

  1. Дар ҳолати иҷро нагардидани супориши такрорӣ дар бораи боздоштан ё қатъ намудани чорабинии оммавӣ намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ ташкилотчии чорабинии оммавиро дар бораи истифода бурдани қувваи ҷисмонӣ огоҳ мекунад ва дар ҳолати зарурат ҳуқуқ дорад қувваи ҷисмонӣ ва воситаҳои махсусро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намояд.
  2. Тартиби боздоштан ё қатъ кардани чорабинии оммавӣ, ки дар қисми 1  ҳамин модда пешбинӣ шудааст, ҳангоми рӯй додани бетартибиҳои оммавӣ, харобкорӣ, сӯхтор ва дигар ҳодисаҳое, ки амалиёти фавриро талаб мекунанд, татбиқ намегардад. Дар ин ҳолатҳо қатъ намудани чорабинии оммавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 24. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани муқаррароти Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани муқаррароти Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 25. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

                      «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо»

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №10, мод. 109; с. 2011, №6, мод. 446; с. 2013, № 7, мод. 512; с. 2014, № 7, қ. 2, мод. 403) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 26. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти 

Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН

 

ш. Душанбе, 31 декабри соли 2014,

№1169

 

 

 

Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

Нони точики

Нони тоҷикӣ

Нон – аз ҳама хӯроквории асосии инсон аст. Дар урфият мегӯянд, ки «ҳар чӣ қадар …