Главная / Илм / Лиму дар Канзи Шифо (Китоб)

Лиму дар Канзи Шифо (Китоб)

lemon-600x330Лиму (Лимон) — ин маълум аст, ки самари он дар таъм гуногун, турш, ширин ва майхуш (туршу ширин) мебошад. Бехтарини он калон-калони пусташ тунук, ялаккоси, расидаги ва сероби он аст. Ин самар хангоми нораси сабз ва дар вакти пухта расидан зарди андак ба сурхи моил мешавад. Мизочаш дар дарачаи дувум сард ва дар якум хушк аст, баъзехо тар хам гуфтаанд.

Хислатхои шифобахши он: ошомидани ин дарди сари аз гарми ва чарх задани сар, ки сабабаш ба сар баромадани бухороти ахлоти гализ бошад, шифо мебахшад, хуморро таскин ва варами гарми халкро тахлил медихад; тапидани дилро, ки сабабаш бисёрии савдо бошад, шифо мебахшад, фишори баланди хун ва чушиши сафроро паст мегардонад; тафси меъдаро пас мешинонад; кайи сафрови, бехузур (бечо) шудани дил, хазм наёфта ба кафо баргаштани таомро ба ислох меоварад; моддахои гармро аз чигар ба меъда кашида берун мекунад; меъда ва чигари гарммизочро кувват мебахшад, инчунин барои табхои сафрови ва аз чушиши хун содир шуда бошанд, бадбуйии хун, таби руздармиёни бемодда ва модди даво мебошад.

Истеъмоли лиму ба дарун барои асаб ва гирифторони сурфаи хунукмизоч зарар дорад. Агар хангоми холи будани меъда бихуранд, рудахоро заиф мегардонад ва дар ин узвхо дард пайдо мекунад. Давои хамаи ин зарархояш шакар ва асал хурдан аст. Огох намоем, ки агар худи лимуро ба танхои бо мудовамат бихуранд, хобро мегурезонад. Бинобар хамин бояд, ки инро бо шакар ё бо канди сафед бихуранд.

Чун лимуро бо корд бурида, тарафи буридаи онро дар оташ гарм намуда, ба пешони ва чаккахои сар батакрор бимоланд, дарди сареро, ки сабабаш гарми бошад, таскин медихад. Ва агар буридаи онро бимоланд, доначахои дар пуст чушида, шаро (аллергия) ва хушк шудани пусти баданро шифо мебахшад ва агар ба рухсора бимоланд, онро пок ва чиркхояшро нест мекунад.

Хурдани лиму захрхои чонварон ва захри давохои каттолро аз бадан дафъ мекунад. Лимуро дар аксар холат ба чойи сирко истеъмол менамоянд ва барои дафъ намудани беморихои сафрови бехтар аз лиму ва шароби он даво нест. Мизочи шаробаш дар дарачаи якум сард ва дар тариву хушки муътадил аст, вале шароби асалии он моил 6а хушкист. Хаким Антоки шароби шакарии онро дар дарачаи дувум сард ва дар якум тар донистааст.

Бехтарин шароби соддаи лиму он аст, ки аз оби лимуи нави расида молида, соф гардонида бошанд, бо шакар ё бо канди сафед ва ё бо асали соф тартиб дода, яъне чушонида бошанд, ки туршии хуштаъм дошта бошад ва аз сохтани он зиёда аз як сол нагузашта бошад, дар давоги истеъмол кардан равост.

Шакари сафеди софро дар зарфе карда, аз болояш лимуро фишурда обашро бирезанд он микдор, ки шакарро тар гардонад. Хамии тавр як шабонаруз бигузоранд, пас соф намуда, аз он микдоре оби лимуро ба он бирезанд, то таъми онро неку турш гардонад ва баъд дар оташ ба кивом оваранд, бехтар аст.

Хислатхои шифобахши он: ин шароби лиму дар навбати аввал барои беморихои дар боло зикрёфта нафъ дорад; барои чушиши дахан, бастагии забон, соф кардани овоз, пок намудани узвхои даруни сина аз моддахои бегона, дафъ намудани сурфаи гарм, дилтапак (дилбози), ки аз моддахои гарм бошанд, шикастанн шиддати сафро, дафъи фишор ва чушиши хун, табхои сафрови ва мураккабу даври, кандан ва дафъ кардани ахлоти сухта ва савдовии гафси часпак, манъ кардану боло баромадани бухорхои савдови, аз чояш кандани хар як модда ва хилти гафс ва часпак даво мебошад.

Чун ин шаробро пеш аз давохои исхоловар бинушанд, баданро барои кабул кардани давои исхоловар тайёр мегардонад ва баъди он гусл медихад баданро ва инчунин хар он чиро, ки дар бадан мавчуд бошад, аз бакияи давои исхоловар пок менамояд. Касе, ки хамеша инро биёшомад, саломатиашро нигох медорад ва барои тамоми беморихои кудакона фоида дорад. Дар бобати дафъ кардани зарари захрхо, табхои даври ва мураккаб макомаш баробари тарёки форук аст. Чун чавохиротро бо оби лиму бисоянд ва чил руз дар оби лиму бигузоранд, инчунин вакт-вакт оби лимуро нав гардонанд, онхоро хал мекунад.

Мизочи тухми лиму дар дарачаи дувум гарм ва дар охири дарачаи якум хушк аст. Инро бихуранд, фарах меоварад, бар зидди захрхо тарёк мебошад, яъне захрхоро аз бадан дафъ мекунад, ба шарте ки аз пусташ чудо карда бихуранд. Аз 3,5 то 7 грамми онро бо оби гарм ё бо шароб бихоянд, кундии дандонхоро, ки аз расидани турши ба хам расида бошад, ислох мекунад.

Чун лимуро батамом хушк намоянд ва ба вазни он дар шакар соида бихуранд, барои манъи ба сар баромадани бухорот, кушодани гиреххои узвхои бадан давои ба ин монандро ёфтан амри мухол аст. Лимуи намакхурдаро биёшоманд, меъдаро кувват мебахшад, буйи дахан ва оругро хушбуй мегардонад.Барги лимуро бо андак каранфули гардан ва ё дорчини соида бимоланд, дарди сарро дафъ мекунад, бидуни дорчини хам бимоланд, хамин гуна манфиатро дорад. Манфиати лимуи ширин назар ба турши он заифтар, вале ба асаб зарар намерасонад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …