Главная / Илм / ЛАРИНГОСПАЗМ

ЛАРИНГОСПАЗМ

laringospazmЛАРИНГОСПАЗМ (Laryngospasmus; юн. larynx, laryngos – ханчара ва спазм), ташаннучи ногахони ва хуручмонанди мушакхои ханчара, ки боиси танг ва баста шудани роги нафаскаши мегардад. Сабаби Л. ангезиши сахти дастгохи асабу мушакии ханчара аст. Л. бештар дар кудаконе, ки гизои сунъи истеъмол мекунанд, хангоми ихтилоли мубодилаи моддахо, дар организм нарасидани намакхои калтсий ва витамини D, дар заминаи бронхопневмония, рахит, спазмофилия, гидросефалия ва г. ба мушохида мерасад.
Дар аснои хуручи Л. кудак ногахон бо садои хуштакмонанд нафас гирифта, ранги ру мепарад, чехра кабуд мешавад; сар ба кафо хам гашта, дахон боз аст; кудак араки сард мекунад, нафасгири муваккатан катъ меёбад. Минбаъд бинобар дар организм чамъ шудани гази карбонат ва ангезиши маркази нафас кудак аз дигар нафас мекашад. Дар холатхои сабук Л. чанд сония давом карда, баъди он кудак нафаси чукур мегирад ва ором мешавад (баъзан андак хобаш мебарад). Бемори метавонад дар давоми руз борхо такрор ёбад. Дар мавриди вазнин будани хуручи Л. аз дахони кудак кафк рафта, у бехуш мешавад, беихтиёр тар мекунад, дил аз кор мемонад. Хангоми бештар давом кардани хуруч бинобар нафасгир шудан кудак мефавтад.
Л. дар одамони калон низ ба мушохида мерасад. Хангоми хуручи маризи беморро ором кардан лозим аст; ба у об менушонанд, ба руяш об мепошанд, оксиген медиханд, ба тахтапушташ мезананд. Буй кашондани спирти навшодир низ муфид аст. Дар хама гуна холатхои Л. маслихати духтур хатмист. Муоличаи Л. ба рафъ намудани сабабхои он нигаронда мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …