Главная / Чугрофия / КУЛХО дар Точикистон ва Обанборхо

КУЛХО дар Точикистон ва Обанборхо

Кулхо. Чукурии табииеро, ки дар он микдори зиёди об чамъ шудааст, кул меноманд. Кулхо дар хушки чойгир шудаанд. Онхо бевосита бо бахру укёнусхо алока надоранд. Бинобар ин наботот ва хайвоноти кулхо (гайр аз кулхои бокимондаи бахр) аз наботот ва хайвоиоти укёнусхо фарк доранд. Масохати кулхо хам аз якдигар нихоят фарк мекукад. Онхо аз даххо километри мураббаъ то садхо километри мураббаъ масохат доранд. Кулхои калонтарин Каспий. Болой (дар Америкаи Шимолй). Арал мебошанд.

кулхои точикистон
Пайдоиши хавзаи кулхо. Хар як кул хавзаи хос дорад. Чукурй, андоза, шакл ва дигар хусусияти кулхо ба пайдоишй хавзаи онхо вобаста мебошад. Пайдоиши хавзахо бошанд. ба таври мухталиф сурат гирифтаанд. Онхо дар натичаи ходисахои дохили (вулкон. зилзила. бардошташавй ё фурурави) ва берунии Замин (лагчипк кафидани кабатхой чинсхон кухй ва шусташавин онхо) ба вучуд омадаанд* Пайдоиши хавзахои калон ва чукур ба ходисахои дохилии Замин вобасга мебошад. Аз чумла кулхои Каспий ва Арал дар ; натичаи охиста-охиста хамидани кишри За.мин пайдо шудаанд» Хавзаи кулхои чукуртарини дунё Байкал ва Танганика дар таркиши кншри Замин, ки он дар натичаи харакатхоИ тектоникй хосил шудааст, вокеъ гардидаанд.

Кулхое хастанд, ки хавзан онхо дар танураи вулконхо вокеъ гардидааст. Мунин кулхо дар нимчазираи Камчатка вомехуранд. Масалан, купи Кронотский. Дар минтакаи куххои баланд кулхое мавчуданд, ки хавзаи онхо дар натичаи фаьолняти пирях пайдо шудааст. Чунин кулхо дар Помири Шимоли ва Шаркй мавчуданд. Кули Чапдара. Карокул ва Зоркул аз чумлаи чунин кулхо мебошанд. Дар водихои дарсхои баландкух кулхое вучуд доранд, ки хавзаи онхо дар натичаи мачрои дарсро банд кардани анбухи чинсхои кухй пайдо шудааст. Масалан. хавзаи кули Сарез дар натичаи афтида пеиш мачрои дареи Мургобро гирифтани кух ба вучуд омадаасг (расми 60).

Кулхои обашон равон ва сарбаста. Кулхо ба монанди дарёхо аз борншоти агмосфера. обхои сатхи хушки ва зеризамини гизо мегиранд. Дар он чойхое, ки боришот. пиряххо ва обхои зеризаминй зиёданд, кулхо сероб мешаванд. Кулсро, ки аз он дарё чори мешавад, кули равон. кулсро, ки аз он дарё чори намешавад. кули сарбаста ё ки норавон меноманд. Кулхои равон дар Точикистон бисёранд. Ба чунин кулхо Зоркул. Яшилкул. Сарез ва Искандаркул мисол шуда метавонанд. Ба хар яки ин кулхо якчанд дарё рехга, аз онхо якто дарё ибтидо мегирад.

Карокул аз чумлаи кулхои сарбаста аст. Ба он якчанд дарё мерезад. аммо ягон дарё чорй намешавад. Дарехое, ки ба кулхои сарбаста мерезанд, ба микдори муайян намак доранд. Дар кулхои сарбаста солхои дуру дароз об аз сатхи онхо бухор мешавад, намак бошад, дар кул боки монда. оби онро шур мекунад. Аз хамин сабаб оби кулхои Карокул, Каспий ва Арал шур мебошад. Кули аз хама шуртарнни дунё дар нимчазираи Арабистон вокеъ гардидааст. Онро бахри Мурда меноманд. Кулхо ахамияти калон доранд. Дар онхо мохй, паранда мепарваранд. Баъзе аз онхоро хамчун наклиёти оби истифода мебаранд. Аз кулхои обашон шур намак хосил мекунанд.
Обанборхо. Обанбор хам кул аст. Аммо обанборхо бо рохи табии ба вучуд наомадаанд. Онхо бо дасти инсон барои обёри ва сохтани истгоххои баркй бунёд меёбанд. Агар обанбор дар водии дарёхои кухи сохта шавад, заминхои корам бо микдори кам зери об мемонанд. Дар водии дарёхои хамвори сохтани он боиси зери об мондани масохати калони заминхо ва баланд шудани сатхи обхои зеризаминй дар заминхои хамшафат мегардад. Ин барои инкишофи сохаи кишоварзи зарар дорад. Аммо манфиати обанбор аз зарараш бештар аст.

Дар водии дарё сохтани сарбанд ва ГЭС барои электриконии корхонахо, хонахои истикомати ахамияти калон дорад. Гайр аз ин, аз оби он барои обёрии заминхо истифода мебаранд. Обанбор инчунин корхонахои саноати, шахр ва дехахоро аз об таъмин менамояд. Дар баъзе обанборхо мохй мепарваранд ва киштихо шино мекунанд. Оби обанбор хавои мухитро муътадил мегардонад. Дар Точикистон хам обанборхо сохта шудаанд. Калонтарини онхо обанбори Кайроккум, Норак ва Каттасой мебошанд. Дар бисёр мавзеъхо хавзхо сохтаанд. Дар як кисми обанборхо ба монанди кулхо мохи, наранда, хайвоноти муинадор парвариш мекунанд. Оби онхоро истеъмол менамоянд. Бинобар ин мухофизати оби онхо зарур аст.

Савол ва супориш

  1.  Кул чист?
  2. Хавзаи кулхо чй тавр пайдо шудаанд?
  3. Кулхои равон аз сарбаста чи фарк доранд?
  4. Барои чи обанбор месозанд?
  5. Кулхои калонтаринро аз харита нишон дихед.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

mahali-xud

ТАБИАТ ВА АКОЛИИ МАХАЛИ ХУД

Табакаи географи ва табиатн махали худ. Дар чараёни омузиши географияи табий шумо фахмидед, ки кураи …