Главная / Ҷуғрофия / КӮЛҲО дар Тоҷикистон ва Обанборҳо

КӮЛҲО дар Тоҷикистон ва Обанборҳо

Кӯлҳо. Чуқурии табииеро, ки дар он миқдори зиёди об ҷамъ шудааст, кӯл меноманд. Кӯлҳо дар хушкӣ ҷойгир шудаанд. Онҳо бевосита бо баҳру уқёнусҳо алоқа надоранд. Бинобар ин наботот ва ҳайвоноти кӯлҳо (ғайр аз кӯлҳои боқимондаи баҳр) аз наботот ва ҳайвоиоти уқёнусҳо фарқ доранд. Масоҳати кӯлҳо ҳам аз якдигар ниҳоят фарк мекукад. Онҳо аз дахҳо километри мураббаъ то садхо километри мураббаъ масохат доранд. Кӯлҳои калонтарин Каспий. Болой (дар Америкаи Шимолй). Арал мебошанд.

кулхои точикистон
Пайдоиши хавзаи кӯлҳо. Хар як кӯл хавзаи хос дорад. Чуқурй, андоза, шакл ва дигар хусусияти кӯлҳо ба пайдоишй хавзаи онҳо вобаста мебошад. Пайдоиши хавзаҳо бошанд. ба таври мухталиф сурат гирифтаанд. Онҳо дар натиҷаи ходисахои дохилӣ (вулқон. зилзила. бардошташавй ё фурӯравӣ) ва берунии Замин (лағҷипқ кафидани қабатхой ҷинсҳон кӯхй ва шусташавин онхо) ба вуҷуд омадаанд* Пайдоиши хавзахои калон ва чуқур ба ходисахои дохилии Замин вобасга мебошад. Аз ҷумла кӯлҳои Каспий ва Арал дар ; натиҷаи охиста-охиста хамидани қишри За.мин пайдо шудаанд» Ҳавзаи кӯлҳои чукуртарини дунё Байкал ва Танганика дар таркиши кншри Замин, ки он дар натиҷаи ҳаракатхоИ тектоникй ҳосил шудааст, воқеъ гардидаанд.

Кӯлҳое хастанд, ки ҳавзан онҳо дар танӯраи вулқонҳо воқеъ гардидааст. Мунин кӯлҳо дар нимчазираи Камчатка вомехӯранд. Масалан, кӯпи Кронотский. Дар минтақаи кӯҳҳои баланд кӯлҳое мавчуданд, ки хавзаи онҳо дар натиҷаи фаьолняти пирях пайдо шудааст. Чунин кӯлҳо дар Помири Шимолӣ ва Шарқй мавҷуданд. Кӯли Чапдара. Қарокӯл ва Зоркӯл аз ҷумлаи чунин кӯлҳо мебошанд. Дар водихои дарсхои баландкӯх кӯлҳое вуҷуд доранд, ки хавзаи онҳо дар натиҷаи маҷрои дарсро банд кардани анбӯхи чинсхои кухй пайдо шудааст. Масалан. хавзаи кӯли Сарез дар натиҷаи афтида пеиш маҷрои дареи Мургобро гирифтани кӯх ба вучуд омадаасг (расми 60).

Кӯлҳои обашон равон ва сарбаста. Кӯлҳо ба монанди дарёҳо аз борншоти агмосфера. обхои сатҳи хушкӣ ва зеризаминӣ гизо мегиранд. Дар он чойхое, ки боришот. пиряххо ва обҳои зеризаминй зиёданд, кӯлҳо сероб мешаванд. Кулсро, ки аз он дарё ҷорӣ мешавад, кӯли равон. кӯлсро, ки аз он дарё ҷорӣ намешавад. кӯли сарбаста ё ки норавон меноманд. Кӯлҳои равон дар Тоҷикистон бисёранд. Ба чунин кӯлҳо Зоркӯл. Яшилкӯл. Сарез ва Искандаркӯл мисол шуда метавонанд. Ба хар яки ин кӯлҳо якчанд дарё рехга, аз онҳо якто дарё ибтидо мегирад.

Қарокӯл аз ҷумлаи кӯлҳои сарбаста аст. Ба он якчанд дарё мерезад. аммо ягон дарё ҷорй намешавад. Дареҳое, ки ба кӯлҳои сарбаста мерезанд, ба миқдори муайян намак доранд. Дар кӯлҳои сарбаста солҳои дуру дароз об аз сатҳи онҳо бухор мешавад, намак бошад, дар кул боқӣ монда. оби онро шӯр мекунад. Аз хамин сабаб оби кӯлҳои Қарокӯл, Каспий ва Арал шӯр мебошад. Кӯли аз ҳама шӯртарнни дунё дар нимчазираи Арабистон воқеъ гардидааст. Онро бахри Мурда меноманд. Кӯлҳо ахамияти калон доранд. Дар онҳо моҳй, паранда мепарваранд. Баъзе аз онхоро ҳамчун наклиёти обӣ истифода мебаранд. Аз кӯлҳои обашон шӯр намак ҳосил мекунанд.
Обанборҳо. Обанбор ҳам кӯл аст. Аммо обанборҳо бо роҳи табиӣ ба вуҷуд наомадаанд. Онҳо бо дасти инсон барои обёрӣ ва сохтани истгоҳҳои барқй бунёд меёбанд. Агар обанбор дар водии дарёҳои кӯҳӣ сохта шавад, заминҳои корам бо миқдори кам зери об мемонанд. Дар водии дарёҳои ҳамворӣ сохтани он боиси зери об мондани масоҳати калони заминҳо ва баланд шудани сатҳи обҳои зеризаминй дар заминҳои ҳамшафат мегардад. Ин барои инкишофи соҳаи кишоварзӣ зарар дорад. Аммо манфиати обанбор аз зарараш бештар аст.

Дар водии дарё сохтани сарбанд ва ГЭС барои электриконии корхонаҳо, хонаҳои истиқоматӣ аҳамияти калон дорад. Ғайр аз ин, аз оби он барои обёрии заминҳо истифода мебаранд. Обанбор инчунин корхонаҳои саноатӣ, шаҳр ва деҳаҳоро аз об таъмин менамояд. Дар баъзе обанборҳо моҳй мепарваранд ва киштиҳо шино мекунанд. Оби обанбор ҳавои муҳитро мӯътадил мегардонад. Дар Тоҷикистон ҳам обанборҳо сохта шудаанд. Калонтарини онҳо обанбори Қайроккум, Норак ва Каттасой мебошанд. Дар бисёр мавзеъҳо ҳавзҳо сохтаанд. Дар як қисми обанборҳо ба монанди кӯлҳо моҳӣ, наранда, ҳайвоноти мӯинадор парвариш мекунанд. Оби онҳоро истеъмол менамоянд. Бинобар ин муҳофизати оби онҳо зарур аст.

Савол ва супориш

  1.  Кӯл чист?
  2. Ҳавзаи кӯлҳо чй тавр пайдо шудаанд?
  3. Кӯлҳои равон аз сарбаста чӣ фарқ доранд?
  4. Барои чӣ обанбор месозанд?
  5. Кӯлҳои калонтаринро аз харита нишон диҳед.

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …