Главная / Чамъият / КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2014, №8-10, мод. 533)

Моддаи 1

Шахсони ба  чазои махрум сохтан аз озоди махкумшудае,  ки аз чор се хиссаи чазои бо хукми суд таъиншударо дар чойхои махруми аз озоди вокеан адо кардаанд, аз адои чазо озод карда шаванд.

Моддаи 2

Аз адои чазои махрум сохтан аз озоди, новобаста аз мухлати чазои таъиншуда  ва  аз  адои чазохои  дигари  ба махрум сохтан аз озоди алокаманднабуда махкумшудагони зерин озод карда шаванд:

1) Занон.

2) Ноболигон.

3) Мардони аз синни 55 боло.

4) Маъюбони гуруххои I,  II ва  III, инчунин шахсони  гирифтори беморихои омоси бадсифати  мархалаи 4 ва гурухи клиникии 4 аз руи таснифи байналмилали, омоси бадсифати бофтахои лимфоиди ва хунофар, сили узвхои нафас ва пошхурдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил – стенокардияи фаъолияти чисмонии гуруххои III ва IV мансуб донисташуда.

5) Иштирокчиёни  Чанги Бузурги Ватани ва  шахсони  ба онхо баробаркардашуда,  иштирокчиёни  амалиётхои чанги дар худуди дигар давлатхо ва иштирокчиёни муковиматхои сиёси ва харби дар Точикистон, инчунин шахсоне,  ки бар асари фалокати Неругохи барки атомии Чернобил зарар дидаанд.

6) Шахсоне, ки бо мукофотхои давлатии ИЧШС, ЧШС  Точикистон  ва Чумхурии Точикистон сарфароз гардонида шудаанд.

7) Шахсоне, ки аз даъват ба хизмати хатмии харби саркаши намудаанд, худсарона кисми харби ё махалли хизматро тарк кардаанд,  аз кисми харби ё аз чои хизмат бо рохи худсарона баромада рафтан фирор кардаанд, агар онхо ихтиёран ба хизмати харби баргарданд, инчунин шахсоне, ки аз ичрои вазифахои хизмати харби бо рохи узвмаибкуни ё усули дигар саркаши кардаанд.

8) Шахрвандони хоричи.

Моддаи 3

Махкумшудагоне, ки аз беэхтиёти чиноят содир намудаанд, новобаста аз намуди чазои таъиншуда аз адои чазо озод карда шаванд.

Моддаи 4

Махкумшудагони зерин аз адои минбаъдаи чазо озод карда шаванд:

1) Махкумшудагоне, ки  нисбати  онхо  барои касдан  содир   кардани чиноятхои  начандон  вазнин  ва  дарачаи  миёна чазои махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч сол ва чазохои дигари  ба махрум  сохтан  аз озоди  алокаманднабуда  таъин  карда шудаанд.

2) Махкумшудагоне, ки то мавриди амал карор гирифтани Конуни мазкур мухлати адонагардидаи чазои махруми аз озодиашон то як солу шаш мох боки мондааст, новобаста аз махдудиятхо ва манъкунихои дар Конуни мазкур пешбинигардида, ба истиснои шахсоне, ки барои содир намудани чиноятхои дар моддахои 61-67, 104, кисмхои 3 ва 4 моддаи 121 Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон (тахрири соли 1961), кисми 2 моддаи 104, кисми 3 моддаи 138, кисмхои 2 ва 3 моддаи 179, кисми 2 моддаи 1791, кисмхои 2 ва 3 моддаи 1792,  кисми 2 моддаи 1793,  моддахои 187, 305, 306, кисмхои 2 ва 3 моддаи 307, кисми 3 моддаи 3072, моддахои 308, 309, 347 (агар хабар надодан  дар  бораи чиноят ё пинхон доштани он ба чиноятхои хусусияти террористидошта вобаста  бошад) Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон (тахрири соли 1998) пешбинигардида махкум гардидаанд.

 

Моддаи 5

Махкумшудагони зерин аз чазо ё адои чазо озод карда шаванд:

1) Агар нисбати онхо ичрои хукм мавкуф гузошта шуда бошад.

2) Агар нисбати онхо чазо шартан татбик накарда шуда бошад.

3) Агар  онхо шартан пеш аз мухлат аз адои чазои махрум сохтан аз озоди озод шуда бошанд ё чазоро дар  колонияхои ислохии  сукунат  адо карда истода бошанд.

4) Агар онхо шартан пеш аз мухлат аз адои чазо озод шуда бошанд.

5) Агар онхо  ба чазохои  дигари  ба махрум  сохтан  аз  озоди алокаманднабуда махкум шуда бошанд.

6) Агар онхо барои содир кардани чиноятхои дар моддахои 245, 246,  247,  253  ва  257 Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон (тахрири соли 1998) пешбининамуда махкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофи намуда бошанд.

7) Заноне, ки чинояти одамкуширо дар натичаи мунокишахои оилави содир намуда, аз се ду хиссаи чазои бо хукми суд таъиншударо вокеан адо карда бошанд.

 

Моддаи 6

Пешбурди парвандахои чиноятии зерин, ки тахти тахкик, тафтиши пешаки ва баррасии суди карор доранд ё аз тарафи судхо барраси нагардидаанд, катъ карда шавад:

1) Оид ба чиноятхое, ки то рузи мавриди амал карор додани Конуни мазкур аз тарафи шахсони дар моддаи 2 хамин Конун пешбинишуда содир гардидаанд.

2) Нисбати шахсоне, ки аз беэхтиёти чиноят содир намудаанд.

3) Нисбати  шахсоне, ки касдан чиноятхои начандон вазнин ва дарачаи миёна содир намудаанд.

4) Нисбати шахсоне, ки чиноятхои пешбининамудаи моддахои  245, 246, 247, 253 ва 257 Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон (тахрири соли 1998)-ро содир карда, зарари моддии расонидашударо пурра талофи намудаанд.

 

Моддаи 7

Мухлати адонагардидаи чазои махрум сохтан аз озоди нисбати махкумшудагони зерин,  ки тахти амали моддахои 1, 2, 4, банди 6) моддаи 5 Конуни мазкур карор намегиранд, ба истиснои махкумшудагоне, ки дар моддахои 8 ва 16 Конуни мазкур пешбини шудаанд, кам карда шавад:

1) Чазои махкумшудагоне, ки барои содир кардани чиноятхои начандон вазнин ва дарачаи миёна ба онхо чазои махрум сохтан аз озоди таъин карда шудааст ё аз руи чазои чиноятии каблан таъиншуда доги судиашон бархам нахурдааст ва боз барои касдан содир кардани чиноятхои начандон вазнин ва дарачаи миёна ба онхо чазои махрум сохтан аз озоди таъин карда шудааст – аз ду як хисса.

2) Чазои махкумшудагоне, ки барои содир кардани чиноятхои вазнин ба онхо чазои махрум сохтан аз озоди таъин карда шудааст –  аз  се  як хисса.

3) Чазои махкумшудагоне,  ки  барои  содир кардани чиноятхои махсусан  вазнин  ба  онхо чазои махрум сохтан аз озоди таъин карда шудааст – аз чор як хисса.

4) Чазои  махрум  сохтан аз  озоди  нисбати махкумшудагоне,  ки то содир кардани чиноят дар макомоти адлия, суди, прокуратура, хифзи хукук ва сохторхои низоми хизмат кардаанд, ба истиснои махкумшудагоне, ки чиноятхои дар бандхои 1) ва 2) моддаи 8 Конуни мазкур пешбинишударо содир кардаанд – се соли.

 

Моддаи 8

Мукаррароти моддаи 7 Конуни мазкур нисбат ба махкумшудагони зерин татбик карда намешаванд:

1) Шахсоне, ки бо моддахои 61-70, 74, 104 ва 105  Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон (тахрири соли 1961) махкум шудаанд (ба истиснои занон ва ноболигон).

2) Шахсоне, ки бо моддахои 104, 1301,  кисми 3 моддаи 138, моддахои 179, 1791, 1792, 1793, 185, 186, 187, 188, 189, кисмхои 2 ва 3 моддаи 195, моддаи 199, кисмхои 3 ва 4 моддаи 200, кисми 3 моддаи 237, кисми 4 моддаи 248, кисмхои 3 ва 4 моддаи 249, кисмхои 3 ва 4 моддаи 250, моддахои 305-310, 313, 331, 332, кисми 2 моддаи 335, кисми 2 моддаи 3351, моддахои 347 (агар хабар надодан  дар  бораи  чиноят ё пинхон доштани он ба чиноятхои хусусияти террористидошта вобаста  бошад), 365, 395-405  Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон (тахрири соли 1998) махкум шудаанд (ба истиснои занон ва ноболигон).

3) Шахсоне, ки  ба чазои якумра аз озоди махрум сохтан махкум шудаанд.

4) Шахсоне, ки нисбати онхо чазои катл ба чазои махрум сохтан аз озоди иваз карда шудааст.

5) Шахсоне, ки  пештар бо татбики конунхо дар бораи авф аз чавобгарии чинояти ва ё аз чазо барои содир кардани чиноятхои вазнин ва махсусан вазнин озод карда шудаанд ва боз касдан чинояти  вазнин  ё махсусан вазнин содир намудаанд, агар мухлати ба чавобгарии чинояти кашидан ва ё чазое, ки аз руи он конунхо дар бораи авф татбик карда шудааст, нагузашта бошад.

6) Шахсоне, ки нисбати онхо ду маротиба ва зиёда аз он мухлати адонагардидаи чазои махрум сохтан аз озоди бинобар татбики конунхо дар бораи авф кам карда шудааст.

7) Шахсоне, ки барои содир кардани чинояти касдона дар  махалли адои чазои махрум сохтан аз озоди махкум шудаанд.

8) Махкумшудагоне, ки мутобики кисми 4 моддаи 80 Кодекси ичрои чазои чиноятии Чумхурии Точикистон аз муассисахои ислохи ба махбас гузаронида шудаанд, агар мухлати дар махбас нигох доштани онхо нагузашта бошад.

 

Моддаи 9

  1. Мукаррароти моддахои 1, 2, банди 1) моддаи 4 ва моддаи 6 Конуни мазкур нисбати шахсоне, ки барои чиноятхои зерин ба чавобгарии чинояти кашида шудаанд ё махкум гардидаанд,  ба  истиснои занон ва ноболигон,  татбик карда намешаванд:

1) Барои чиноятхои пешбининамудаи моддахои 61-70, 74, 75,  кисмхои 3 ва 4 моддаи 76, кисми 4 моддаи 90,  моддаи 91, кисми 3 моддаи  95, моддахои 104,  105, кисми 2 моддаи 111, моддахои 121, 1341,  кисми 3 моддаи 135,  кисми 4 моддаи 154,  моддахои 155, 156, кисми 3 моддаи 160, кисми 3 моддаи 227, кисми 3 моддаи 233, кисмхои 1 ва 2 моддаи 234, моддаи 2341, кисми 2 моддаи 240, моддаи 2401, кисми 3 моддаи 241, банди  «в» моддаи 249, бандхои «б» ва «в» моддаи 250, банди «б» моддаи 252, банди «в» моддаи 270, моддахои 276 ва  277 Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон (тахрири соли 1961).

2) Барои  чиноятхои  пешбининамудаи  моддахои 104, кисмхои 2 ва 3 моддаи 110,  кисмхои 2 ва 3 моддаи 130, кисмхои  2  ва 3 моддаи 1301,  кисми 3 моддаи 131, кисми 3 моддаи 132,  кисми 2 моддаи 137,  моддахои 138, 139, бандхои «г», «д», «е», «ё» кисми 2 ва кисми 3 моддаи 167,  моддахои 179, 1791, 1792, 1793, 181, кисмхои 3 ва 4 моддаи 184, кисмхои 4 ва 5 моддаи 1841,  кисмхои 3 ва 4 моддаи 1842, кисмхои 3 ва 4 моддаи 1843, моддахои 1844, 185, 186, 187, 188, 189, кисмхои 2, 3 ва 4 моддаи 193,  кисмхои 2 ва 3 моддаи 195, кисмхои 2 ва 3 моддаи 196,  моддаи 199,  кисмхои 3 ва 4 моддаи 200, кисми 4 моддаи 201, кисмхои 2 ва 3 моддаи 202, кисми 3 моддаи 2021, кисми 3 моддаи 2022, кисми 3 моддаи 203, кисмхои 3 ва 4 моддаи 204, кисми 2 моддаи 205, кисмхои 2 ва 3 моддаи 206, кисми 3 моддаи 237, кисми 4 моддаи 244 (ба истиснои холатхое, ки зарари расонидашуда аз панч хазор сомони зиёд набошад), кисмхои 2, 3 ва 4 моддаи 248, моддахои  249, 250, кисмхои 2 ва 3 моддаи 252, кисмхои 2, 3 ва 4 моддаи 289,  моддахои 305-310, 313, кисми 2 моддаи 328, 329, 331, 332, кисми 2 моддаи 335, кисми 2 моддаи 3351, моддаи 347 (агар хабар надодан  дар  бораи чиноят ё пинхон доштани он ба чиноятхои хусусияти террористидошта вобаста  бошад), кисмхои 2 ва 3 моддаи 356, моддаи 365, кисми 2 моддаи 368, кисмхои 2 ва 3 моддаи 369, кисмхои 2 ва 3 моддаи 370, кисмхои 3 ва 4 моддаи 375, моддахои 382, 383, 384, 385, кисми 4 моддаи 386, кисми 4 моддаи 391,  моддахои 393, 395-405 Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон (тахрири соли 1998).

3) Нисбати шахсоне,  ки ба чазои якумра аз  озоди махрум сохтан  махкум шудаанд.

4) Нисбати шахсоне, ки нисбати онхо чазои катл ба чазои махрум сохтан аз озоди иваз карда шудааст.

5) Нисбати шахсоне, ки барои содир кардани чинояти касдона дар махалли адои  чазои махрум сохтан аз озоди махкум шудаанд.

6) Нисбати махкумшудагоне, ки мувофики Кодекси чиноятии   Чумхурии Точикистон ретсидивисти хавфнок ва махсусан хавфнок эътироф шудаанд ва ё чиноятро дар холати ретсидиви хавфнок ва махсусан хавфнок содир кардаанд.

7) Нисбати шахсоне, ки пештар тарики бахшиши чазо ё бо татбики конунхо дар бораи авф аз чавобгарии чинояти ва ё аз чазо барои содир кардани чиноятхои вазнин ва махсусан вазнин озод карда шудаанд ва боз  касдан чинояти  вазнин  ё махсусан вазнин содир намудаанд,  агар мухлати ба чавобгарии чинояти кашидан ва ё чазое, ки аз руи он тарики бахшиши чазо ё бо татбики конунхо дар бораи авф нагузашта бошад.

8) Шахсоне, ки нисбати онхо ду маротиба ва зиёда аз он мухлати  адонагардидаи чазои махрум сохтан аз озоди бинобар татбики конунхо дар бораи авф кам карда шудааст. Амали ин банд нисбати занон низ  пахн мегардад.

  1. Мукаррароти моддахои 2 ва 6 Конуни  мазкур нисбати  занон  ва ноболигоне,  ки касдан чиноятхои  пешбининамудаи моддахои 104  (ба истиснои суикасд ба одамкуши), 1301, бандхои «г», «д», «е», «ё» кисми 2 ва кисми 3 моддаи 167,  моддахои 179,  1791,  1792, 1793,  305,  306, кисмхои 2 ва 3 моддаи 307,  кисми 1 моддаи 3072,  кисми 1 моддаи 3073ва  моддахои 308-310  Кодекси чиноятии Чумхурии  Точикистон (тахрири соли 1998)–ро содир намудаанд, татбик карда намешаванд.
  2. Мукаррароти  моддахои 1, 2, 4, банди 6) моддаи 5 ва моддаи 6 Конуни мазкур нисбати махкумшудагоне, ки чиноятхои пешбининамудаи моддахои 245, 246, 247, 253 ва 257 Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон (тахрири соли 1998)- ро содир карда, чазоро дар муассисахои ичрои чазо адо мекунанд, ба шарте татбик карда мешаванд,  ки агар онхо зарари  моддии расонидашударо  пурра талофи намоянд.

 

Моддаи 10

  1. Амали Конуни мазкур нисбати шахсоне, ки то мавриди амал карор додани он чиноят содир кардаанд ё аз чониби макомоти тахкик ва тафтиши пешаки ба чавобгарии чинояти кашида шудаанд ё парвандаи  чинояти нисбати онхо дар суд мавриди барраси карор дорад ё барраси нагардидааст ва ё аз чониби судхои Чумхурии Точикистон махкум шудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки аз чониби судхои давлатхои хоричи махкум шуда, барои минбаъд адо намудани чазо ба Точикистон  оварда  шудаанд, пахн мегардад.
  2. Татбики Конуни мазкур доги судии шахсро намебардорад.

 

Моддаи 11

Ичрои Конуни мазкур ба зиммаи  макомот  ва муассисахои  зерин гузошта шавад:

1) Макомоти тахкик ва тафтиши пешаки – нисбати шахсоне, ки мавод ё парвандахои чинояти нисбати онхо тахти баррасии ин макомот карор доранд.

2) Судхо:

– нисбати шахсоне, ки мавод ё парвандахои чинояти нисбати онхо дар суд тахти барраси карор дошта, то мавриди амал карор додани Конуни мазкур барраси нашудаанд, инчунин шахсоне, ки парвандахои чинояти нисбати онхо барраси гардида, вале хукм нисбати онхо кувваи конуни пайдо накардааст;

– нисбати махкумшудагоне, ки ичрои хукм нисбати онхо мавкуф гузошта шудааст ва махкумшудагоне, ки нисбати онхо бо хукми суд чазо шартан татбик карда нашудааст (бо пешниходи нозироти корхои ислохие, ки рафтори махкумшударо назорат менамояд, аз чониби суди махалли ичрои хукм ё зисти махкумшуда);

– нисбати махкумшудагоне, ки аз махалли махрум сохтан аз озоди шартан пеш аз мухлат аз чазо озод шудаанд ё кисми адонагардидаи чазои нисбати онхо таъиншуда то мавриди амал карор дода шудани Конуни мазкур ба чазои сабуктар иваз карда шудааст (бо пешниходи нозироти корхои ислохи аз чониби суди махалли ичрои хукм ё зисти махкумшуда);

– нисбати махкумшудагоне, ки ба чазои чарима махкум шудаанд (бо пешниходи ичрочии суд аз чониби суде, ки хукм баровардааст).

3) Муассисахои тобеи Сарраёсати ичрои чазои чиноятии Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон:

– нисбати шахсоне, ки ба чазои махрум сохтан аз озоди махкум шудаанду дар хабс нестанд ва хукм нисбати онхо кувваи конуни пайдо кардааст;

– нисбати шахсоне, ки чазоро дар намуди корхои хатми, корхои ислохи дар чои корашон ё дар чойхои дигаре, ки макомоти ичрокунандаи хукм муайян менамоянд, адо мекунанд, инчунин шахсоне, ки ба махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян махкум карда шудаанд;

– нисбати махкумшудагоне, ки дар чойхои махруми аз озоди карор дошта, хукм нисбати онхо кувваи конуни пайдо кардааст;

– нисбати махкумшудагоне, ки чазоро дар колонияхои ислохии сукунат адо мекунанд.

4) Фармондехони кисмхои харбии интизоми – нисбати хизматчиёни харбие, ки ба нигох доштан дар кисми харбии интизоми махкум шудаанд.

 

Моддаи 12

Озод намудани  махкумшудагон аз чазохои иловаги, ки то рузи мавриди амал карор додани Конуни мазкур ичро нашудаанд,  ба зиммаи он макомот ва муассисахое гузошта мешавад, ки масъалаи аз чазои  асоси озод намудани чунин махкумшудагон ба ваколати онхо вогузор шудааст.

 

Моддаи 13

Карор дар  бораи  татбик  кардан  ё  рад кардани татбики Конуни мазкур нисбати хар як шахс алохида кабул  карда мешавад. Дар  сурати мавчуд набудани маълумоти зарури, мухокимаи масъалаи татбики авф тибки Конуни мазкур то дастрас гардидани хуччатхои иловаги, вале ба мухлати на дертар аз як мох мавкуф гузошта мешавад.

 

Моддаи 14

Макомоти тахкик ва тафтиши пешаки, фармондехони кисмхои харбии интизоми,  муассисахои тобеи Сарраёсати ичрои чазои чиноятии  Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон Конуни мазкурро бо ичозати  прокурори дахлдор татбик менамоянд. Конуни мазкур аз чониби судхо  бо иштироки хатмии прокурор татбик карда мешавад.

 

Моддаи 15

  1. Хангоми татбики Конуни  мазкур  холатхои зерин бояд ба назар гирифта шаванд:

1) Бандхои 1) ва 2) моддаи 2 Конуни мазкур нисбати занон ва ноболигон ба шарте татбик мегарданд,  ки то рузи мавриди  амал карор додани Конуни мазкур чиноят содир кардаанд ва чинояти содиркардаашон чиноятхои пешбининамудаи моддахои 104 (ба истиснои   суикасд ба одамкуши), 1301, бандхои «г», «д», «е», «ё» кисми 2 ва кисми 3 моддаи 167,  моддахои 179,  1791,  1792, 1793, 305, 306, кисмхои 2 ва 3 моддаи 307, кисми 1 моддаи 3072,  кисми 1 моддаи 3073 ва моддахои 308 – 310 Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон (тахрири соли 1998) набошад.

2) Амали банди 2) моддаи 2 Конуни мазкур нисбати шахсоне татбик мегардад, ки то рузи содир кардани чиноят ба синни 18 нарасидаанд.

3) Амали банди 3) моддаи 2 Конуни мазкур нисбати мардоне  татбик мегардад,  ки то рузи мавриди амал карор додани Конуни мазкур ба синни 55 расидаанд.

4) Банди 4) моддаи 2 Конуни мазкур нисбати шахсоне татбик карда мешавад, ки мувофики тартиби мукарраршуда то мавриди амал карор додани Конуни  мазкур  маъюбони  гуруххои I, II ва ё III дониста шудаанд, инчунин  нисбати  шахсоне,  ки  гирифтори беморихои омоси  бадсифати мархалаи 4 ва гурухи клиникии 4 аз руи таснифи байналмилали, омоси бадсифати бофтахои лимфоиди ва хунофар, сили узвхои нафас ва пошхурдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти чисмонии гуруххои III ва IV буда, то рузи мавриди амал карор додани Конуни мазкур бо тартиби мукарраршуда дар муассисахои тибби ба кайд гирифта шудаанд.

5) Тахти амали банди 5) моддаи 2 Конуни мазкур иштирокчиёни Чанги Бузурги Ватани ва шахсони ба онхо баробаркардашуда,  иштирокчиёни амалиёти чанги дар худуди давлатхои дигар ва иштирокчиёни муковиматхои сиёси ва харби дар Точикистон, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Неругохи барки атомии Чернобил зарар дидаанд, карор мегиранд.

  1. Иштирокчиёни  Чанги Бузурги Ватани ва шахсони ба онхо баробаркардашуда, инчунин иштирокчиёни амалиёти чанги дар худуди дигар давлатхо шахсоне эътироф карда мешаванд, ки дар комиссариатхои харбии шахру нохияхои махалли зисташон ба кайд гирифта шудаанд.
  2. Иштирокчиёни муковиматхои сиёси ва харби дар Точикистон шахсоне шуморида мешаванд, ки дар дафтари махсуси бакайдгирии  комичроияхои Шурохои депутатхои халкии шахру нохияхо (холо – макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати) мувофики карори  Шурои Вазирони Чумхурии Точикистон  аз  29  июни  соли  1993,  №312 номнавис шудаанд,  инчунин кормандони сохторхои хифзи хукук ва низомие, ки дар ин муковиматхо иштирок кардаанд ва собик аъзои нерухои Иттиходи оппозитсиони точик, ки дар руйхати бо карори Комиссияи Оштии Милли аз 3 марти соли 1999, №15 тасдикгардида номнавис шудаанд.
  3. Шахсони бар асари фалокати Неругохи барки атомии  Чернобил зарардида шахсоне эътироф карда мешаванд, ки мутобики Конуни Чумхурии Точикистон  «Дар  бораи  хифзи  ичтимоии шахрвандоне,  ки  бар  асари фалокати  Неругохи барки  атомии Чернобил зарар дидаанд» ба ин гурух дохил карда шудаанд.
  4. Амали банди 6) моддаи 8 Конуни мазкур нисбати махкумшудагоне, ки то адои пурраи чазо барои чинояти дигари пештар содиркардаашон  махкум карда шуда, суд чазоеро, ки аз руи хукми пештара то охир адо нашудааст, пурра ё кисман ба чазои дар асоси хукми нав таъиншуда  зам кардааст, татбик намегардад.

 

Моддаи 16

  1. Конуни мазкур нисбати шахсоне татбик карда намешавад, ки барои содир намудани мачмуи чиноятхо айбдор дониста шудаанд ва ё  махкум  шудаанд, агар  яке аз ин чиноятхо дар бандхои 1) ва 2) кисми 1 моддаи 9 Конуни мазкур пешбини шуда бошад.
  2. Мухлати адои чазои шахсоне, ки тахти амали кисми 1 хамин модда карор мегиранд, бо тартиби пешбининамудаи моддаи 7 Конуни мазкур бо дарназардошти талаботхои пешбининамудаи моддаи 8 Конуни мазкур кам карда мешавад.

 

Моддаи 17

  1. Мутобики моддаи 7 Конуни мазкур кисми мухлати чазои адонагардида,  ки то рузи мавриди амал карор додани Конуни мазкур боки мондааст, кам карда мешавад.
  2. Нисбати шахсоне, ки пештар мухлати чазояшон бо тарики бахшиши чазо ё авф кам карда шуда буд, мукаррароти Конуни мазкур бо дарназардошти  мухлати чазои бокимонда  татбик карда мешаванд.
  3. Амали кисмхои 1 ва 2 хамин модда нисбати махкумшудагоне, ки ду маротиба ва зиёда аз он мухлати чазои махрум сохтан аз озодии онхо бо татбики конунхо дар бораи авф кам карда шудааст, татбик карда намешавад.

 

Моддаи 18

Шахсоне, ки  нисбати онхо Конуни мазкур татбик карда мешавад,  аз баркарор намудани товони зарари моддии бо кирдори чинояти расонидаашон озод карда намешаванд.

 

Моддаи 19

Шахсони мувофики Конуни  мазкур авфшаванда хам аз чазои асоси ва хам аз чазои иловаги озод карда мешаванд. Махкумшудагоне, ки мухлати адои чазояшон мутобики моддаи 7 Конуни мазкур кам карда мешавад,  аз адои чазохои иловаги озод карда намешаванд.

 

Моддаи 20

Конуни мазкур нисбати шахсоне, ки чиноятхои давомдор ё дарозмуддат содир кардаанд, танхо дар мавриде татбик карда мешавад, ки агар ин чиноятхо то рузи мавриди амал карор додани Конуни мазкур анчом ёфта бошанд  (ба  истиснои  шахсоне,  ки дар банди 7) моддаи 2 Конуни мазкур пешбини шудаанд).

 

Моддаи 21

Макомоти ичроияи хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахру нохияхо ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот вазифадоранд:

1) Барои расонидани кумаки ичтимои бакайдгирии саривактии шахсонеро, ки аз адои чазо тибки Конуни мазкур озод шудаанд, таъмин намоянд ва рафтори онхоро тахти назорат гиранд.

2) Назорати ноболигони мутобики Конуни мазкур озодшударо ба падару модарон ё шахсони ивазкунандаи онхо вогузор намуда, дар мавриди зарури барои дар мактаб-интернатхо чойгир кардани ноболигони бесаробон чорахо андешанд.

3) Чойгир кардани шахсони озодгардидаи беморро дар муассисахои тибби ва маъюбону пиронсолони яккаю танхоро дар интернат ва хонахои пиронсолон ташкил намоянд.

 

Моддаи 22

  1. Ичрои Конуни мазкур дар давоми шаш мох таъмин карда шавад.
  2. Агар масъалаи татбики Конуни мазкур пас аз мухлатхои шашмохаи пешбининамудаи кисми 1 хамин модда ба миён ояд,  татбики он бо тартиби умуми аз тарафи макомоти дар моддаи 11 Конуни мазкур пешбинишуда  амали  карда мешавад.

 

Моддаи 23

Суди Олии Чумхурии Точикистон, Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон, Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон, Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон, Шурои адлияи Чумхурии Точикистон, Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти ичроияи хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва шахру нохияхо баъди шаш мохи мавриди амал карор додани Конуни мазкур дар хусуси ичрои он ба Президенти Чумхурии Точикистон хисобот пешниход намоянд.

 

Моддаи 24

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

Президенти 

Чумхурии Точикистон                                                              Эмомали РАХМОН

 

ш. Душанбе, 29 октябри соли 2014,

№1130

 

 

 

КАРОРИ 
МАЧЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ

МАЧЛИСИ ОЛИИ

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

ОИД БА КАБУЛ КАРДАНИ КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

«ДАР БОРАИ АВФ»

Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

 

Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи авф» кабул карда шавад.

 

Раиси

Мачлиси намояндагони

Мачлиси Олии

Чумхурии Точикистон                                                                      Ш. ЗУХУРОВ

 

ш. Душанбе, 29 октябри соли 2014

№1622

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …