Главная / Биология / КОНУНИ БИОГЕНЕТИКИ

КОНУНИ БИОГЕНЕТИКИ

Тамоми организмхои серхучайра аз хисоби тухми бордор ё бордорнашуда инкишоф меёбанд. Инкишофи чанин дар хайвоноти мансуби як тип монанд аст. Дар хамаи чонварони хордадор дар давраи чанини камонаки скелети пайдо мешавад, масалан, хорда, найчаи асаб, чавфи галсама.

dugonikДар зинахои аввали инкишофи чанини хайвоноти мухрадор ба хам бисёр монанданд (расми 7.10). Ин далелхо дуруст будани конуни монандии чанинро, ки К.Бэр пешниход карда буд, тасдик мекунанд. Дар чанин аз ибтидо баъзе аломатхои ба хамон типи чонварон хос мушохида мешаванд.

Ба хам монандии чанини гуруххои гуногуни хайвонот нишонаи асосии пайдоиши умумии онхост. Дар оянда дар сохти чанин аломатхои синф, авлод, намуд ва дар охир аломатхои худи фард зохир мешаванд.

Дуршавии аломатхои чаниниро дар рафти инкишоф дивергенсияи чанин меноманд. Он таърихи инкишофи хамон намуд буда, дар он тахаввулоти (эволютсияи) ин ё он гу-рухи хайвонот инъикос ёфтааст. Монанди дар давраи аввали инкишофи чанин ва пайдо шудани фаркиятхо дар давраи охир сабаб дорад. Тагйирпазири дар хамаи зинахои инкишоф ба амал меояд. Раванди мутатсионии генхо ба амал меояд, ки он хосият, сохт ва мубодилаи моддахоро дар чанин назорат мекунад.

Вале структурахое, ки дар давраи аввали инкишофи чанин (аломатхои кадима, ки ба пешгузаштагон хосанд) пайдо мешаванд, барои инкишофи ояндаи онхо ахамияти калон доранд. Чуноне ки кайд шуда буд, аз хучайрахои ибтидои хорда ва найчаи асаб пайдо мешаванд. Дар сурати нест шудани онхо инкишоф катъ мегардад. Мисолхои мухим будани ин сохторхои функсионали дар даврахои аввали инкишоф хеле бисёранд.

Аз ин чост, ки тагйироти дар зинахои аввал пайдошаванда, дар бисёр мавридхо ба номукаммали ё марг оварда мерасонад. Баракс, тагйироте, ки дар зинахои охир пайдо мешаванд, кисми ками аломатхоро дар бар гирифта, барои организм (фард) мусоид мебошанд ва дар ин холатхо зери таъсири интихоби табии мемонанд.

Зухуроти аломатхои чонварон дар давраи инкишофи чанин, ки ба пешгузаштагони онхо хосанд, исботи дигаргунии эволютсионии сохти узвхо мебошад. Организмхо давраи инкишофи якхучайраги (давраи зигота)-ро аз сар мегузаронанд, ки он такрорёбии зинаи филогенези ном дорад.

Ин давраи ба амёба монандро ба хотир меорад. Дар хамаи мухрадорон, аз чумла, намояндагони олии онхо, ибтидои хордаро дидан мумкин аст, ки дар рафти инкишоф ба мухрахо табдил меёбад. Вале дар ачдоди онхо, агар нештаршаклхоро ба назар гирем, хорда дар тамоми хаёт боки мемонад. Дар рафти инкишофи чанини паррандагон ва ширхурон, аз чумла одам, дар гулу сурохихои галсама пайдо шуда, ба хоначахо чудо шудаанд.

Пайдо шудани дастгохи галсама дар мухрадорони хушкигард шояд далели аз мохишаклони кадима ба вучуд омадани онхо бошад. Сохти дили чанини одамизод дар давраи аввали ташаккул ба сохти дили мохи монанд аст, яъне аз як

пешдил ва як меъдачаи дил иборат мебошад. Дар нахангхои бедандон, дар давраи чанини нишонахои дандон мавчуд аст, вале он набаромада нест шуда меравад. Хамаи ин исбот мекунад, ки дар байни инкишофи фарди ва таърихии организмхо алокаи зич вучуд дорад. Ин алокаманди дар ко-нуни биогенетики, ки аз чониби Ф.Мюллер ва Э.Геккел дар асри ХIХ пешниход шуда буд, инъикос ёфтааст. Онтогенези (инкишофи фарди) хар фард такрорёбии кутох ва тези филогенези (инкишофи таърихи) намуд мебошад. Дар пешрафти минбаъдаи конуни биогенетики олими рус А.Н.Северсов сахми калон гузоштааст. Вай муайян намуд, ки дар инкишофи хайвонот дар давраи чанини на аломатхои фардхои болиги ачдод, балки аломатхои чанини онхо такрор мешавад.

Саволхо барои санчиш:

  1. Мисолхое оред, ки монандии хусусиятхои сохтро дар чанини хайвоноти гуногуни мухрадор нишон диханд.
  2. Диверегенсияи чанин чист?
  3. Чаро дар чанини хайвоноти хозира аломатхои сохти ачдоди онхо пайдо мешаванд? Онро шарх дихед.

 

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …