Главная / Гуногун / КОМПЮТЕРХОИ IBM PC

КОМПЮТЕРХОИ IBM PC

Дар охирхои солхои 70-ум ба таври хеле васеъ пахншавии компютерхои фарди сабаби кохишёбии талабот ба компютерхои калон ва мини-МЭХ гашт. Фирмаи IBM (International Business Machines Corporation), ки компанияи пешбари истехсолкунандаи

компютерхои калон ба шумор мерафт, аз ин ходиса ба ташвиш афтод. Ин фирма соли 1979 карор дод, ки ба истехсоли компютерхои фарди шуруъ намояд.

 Вале рохбарони фирма ба ахамияти беандоза бузург доштани бозори ин соха бахои сазовор надода, истехсоли компютерхои фардиро хамчун як тачрибаи хурд, аз кабили сохтани ягон детали нав, ба накша гирифтанд. Барои он ки ба тачрибаи маблаги зиёд сарф нашавад, фирма ба гурухи масъули лоиха озодии гушношунидро фарохам овард.

ibmИчозат дод, ки компютер аз «нул» сохта нашуда, балки дастовардхои фирмахои дигар дар он тадбик карда шаванд. Ва гурухи кори аз ин фурсати хеле мувофик ва мусоид ба пурраги истифода бурда тавонист.

Пеш аз хама, ба сифати микропротсессори асосии компютер микропротсессори навтарини 16-разрядаи Intel-8088 интихоб карда шуд. Истифода бурдани ин микропротсессор имконият дод, ки бо хотираи 1 мегабайт (220 байт) кор карда шавад. Хамаи компютерхои фардии пештара бошанд, танхо то 64 килобайт (1 килобайт = 210 байт) хачми хотира кор карда метавонистанду халос. Дар компютер кисмхои иловагии аз тарафи фирмахои дигар истехсол кардашуда истифода бурда шуд. Таъминоти программавии компютер ба души фирмаи он вакт начандон калони Micкosoft (Майкро-софт) гузошта шуд.

Мохи августи соли 1981 компютери нав бо номи IBM PC (Ай-Би-ЭМ Пи-Си) ба чахониён муаррифи карда шуд ва он дар байни истифодабарандагон ба зуди махбуб гашт. PC

абвиатураи калимахои англисии Peкsonal Computeк мебошад, ки тарчумааш компютери персонали ё фарди аст. Пас аз як-ду соли пайдоишаш IBM PC дар бозори чахонии компютерхои фарди чои аввалро ишгол намуда, чои компютерхои 8-битаро танг намуд. Дар асл IBM PC имруз дар чахон стандарти компютерхои фарди ба хисоб меравад.

Холо компютерхои ба IBM PC монанд, ки дар тамоми дунё истехсол карда мешаванд, зиёда аз 90% хамаи компютерхои фардиро ташкил медиханд.

Компютерхои IBM PC аз кисмхои асосии зерин иборат мебошанд:

  • – блоки системави
  • – экран
  • – клавиатура
  • – принтер
  • – муш

Вобастаги ва алокамандии ин кисмхоро мухтасар дар шакли схема (Расми 1) овардан мумкин аст.

Агар IBM PC низ ба мисли дигар компютерхои онвакта дар мухити махфи сохта мешуд, пас аз 2-3 сол кухна шуда, холо дар ёди ягон кас намемонд. Тавре ки аз расм дида мешавад, IBM PC хамчун тачхизоти ягона сохта нашуда, балки аз кисмхои алохидаи мустакил иборат аст. Ин усули сохтани компютер имконият медихад, ки кисмхои алохидаи он дилхох вакт такмил дода шавад ва хатто тачхизоти нав ба компютер пайваст карда шаванд. Усули пайвастани кисмхои компютерро фирмаи IBM на танхо махфи нигох надошт, балки баръакс, даст-раси хамаи истифодабарандагон гардонид. Ин принсип, ки принсипи архитектураи кушода ном дошт, дар баробари арзишхои зиёди IBM PC, ки бурдбории онро хеле зиёд намуда буданд, фирмаи IBM-ро аз яккахукумрони ба ин компютер махрум сохт.

Холо номи IBM PC танхо маънои онро надорад, ки ин компютерро фирмаи IBM сохтааст. Имруз кисми зиёди чунин компютерхо дар мамлакатхои Осиёи Чануби ва дигар мамолик истехсол карда мешаванд.

Аз принсипи архитектураи кушода беш аз хама истифодабарандагон бурд хосил намуданд, ки ин бурд пеш аз хама дар нархи онхо тачассум ёфтааст. Холо бошад IBM PC дар ду намуд – руи мизи ва портативи (Notebook – Болокнот – Дафтарча) истехсол карда мешавад. Намуди зохирии компютерхои IBM PC чи гунае, ки набошад хам, онхо хамеша аз компонентхои якхела иборатанд.

Дар компютер чун анъана блоки системави, клавиатура ва монитор доимо мавчуд аст. Вактхои охир манипулятори муш номидашаванда ва принтер (тачхизот барои чоп) низ

ба комплекти асоси дохил карда шудаанд. Вазифаи муш аз ба таври фаври ва кулай дохил намудани командахо ва расмкаши дар экран иборат аст. Ба воситаи принтер бошад, матни хуччатхо ва расмхо дар когаз чоп карда мешаванд.

Хамчунин имрузхо ба хайати IBM PC модемро низ дохил Экран Клавиатура Муш Принтер Блоки системави

Расми 1. Кисмхои асосии IBM PC ва алокамандии байни онхо намудаанд, ки вай барои компютерхоро ба воситаи хати телефони ба хамдигар пайваст намудан, хизмат мерасонад. Модемхо дохили ва беруни мешаванд. Модемхои дохили дар дохили блоки системави чойгир буда, беруни бошанд, дар шакли тачхизоти алохида истифода бурда мешаванд.

Саволхо:

  1. Кадом омилхо сабаб гаштанд, ки фирмаи IBM ба истехсоли компютерхои фарди шуруъ намуд?
  2. Аввалин компютери фардии фирмаи IBM чи ном дошт?
  3. Дар компютерхои IBM PC кадом микропротсессорхо истифода бурда шудаанд?
  4. Фирмаи асосии таъминкунандаи программахои IBM PC чи ном дорад?
  5. Кисмхои асосии IBM PC кадомхоянд?
  6. Мохияти принсипи архитектураи кушода дар чист?
  7. Компютерхои IBM PC-ро кадом мамлакатхо истехсол менамоянд?
  8. Компютерхои IBM PC дар чанд намуд истехсол карда мешаванд?
  9. Ба компютерхои IBM PC кадом тачхизоти берунаро пайваст кардан мумкин аст?
  10. Модемхои дохили аз модемхои беруна чи фарк доранд?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Схемахои алокамандии кисмхои IBM PC-ро дар дафтаратон кашед ва онро маънидод намоед.
  3. Дар синфхонаи компютери оид ба хар як кисми IBM PC ба муаллим ва хамсабаконатон фикратонро баён намоед.

 

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …