Главная / Гуногун / КОМПЮТЕРҲОИ IBM PC

КОМПЮТЕРҲОИ IBM PC

Дар охирҳои солҳои 70-ум ба таври хеле васеъ паҳншавии компютерҳои фардӣ сабаби коҳишёбии талабот ба компютерҳои калон ва мини-МЭҲ гашт. Фирмаи IBM (International Business Machines Corporation), ки компанияи пешбари истеҳсолкунандаи

компютерҳои калон ба шумор мерафт, аз ин ҳодиса ба ташвиш афтод. Ин фирма соли 1979 қарор дод, ки ба истеҳсоли компютерҳои фардӣ шурўъ намояд.

 Вале роҳбарони фирма ба аҳамияти беандоза бузург доштани бозори ин соҳа баҳои сазовор надода, истеҳсоли компютерҳои фардиро ҳамчун як таҷрибаи хурд, аз қабили сохтани ягон детали нав, ба нақша гирифтанд. Барои он ки ба таҷрибаи маблағи зиёд сарф нашавад, фирма ба гурўҳи масъули лоиҳа озодии гўшношунидро фароҳам овард.

ibmИҷозат дод, ки компютер аз «нул» сохта нашуда, балки дастовардҳои фирмаҳои дигар дар он тадбиқ карда шаванд. Ва гурўҳи корӣ аз ин фурсати хеле мувофиқ ва мусоид ба пуррагӣ истифода бурда тавонист.

Пеш аз ҳама, ба сифати микропротсессори асосии компютер микропротсессори навтарини 16-разрядаи Intel-8088 интихоб карда шуд. Истифода бурдани ин микропротсессор имконият дод, ки бо хотираи 1 мегабайт (220 байт) кор карда шавад. Ҳамаи компютерҳои фардии пештара бошанд, танҳо то 64 килобайт (1 килобайт = 210 байт) ҳаҷми хотира кор карда метавонистанду халос. Дар компютер қисмҳои иловагии аз тарафи фирмаҳои дигар истеҳсол кардашуда истифода бурда шуд. Таъминоти программавии компютер ба дўши фирмаи он вақт начандон калони Micқosoft (Майкро-софт) гузошта шуд.

Моҳи августи соли 1981 компютери нав бо номи IBM PC (Ай-Би-ЭМ Пи-Си) ба ҷаҳониён муаррифӣ карда шуд ва он дар байни истифодабарандагон ба зудӣ маҳбуб гашт. PC

абвиатураи калимаҳои англисии Peқsonal Computeқ мебошад, ки тарҷумааш компютери персоналӣ ё фардӣ аст. Пас аз як-ду соли пайдоишаш IBM PC дар бозори ҷаҳонии компютерҳои фардӣ ҷои аввалро ишғол намуда, ҷои компютерҳои 8-битаро танг намуд. Дар асл IBM PC имрўз дар ҷаҳон стандарти компютерҳои фардӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳоло компютерҳои ба IBM PC монанд, ки дар тамоми дунё истеҳсол карда мешаванд, зиёда аз 90% ҳамаи компютерҳои фардиро ташкил медиҳанд.

Компютерҳои IBM PC аз қисмҳои асосии зерин иборат мебошанд:

  • – блоки системавӣ
  • – экран
  • – клавиатура
  • – принтер
  • – муш

Вобастагӣ ва алоқамандии ин қисмҳоро мухтасар дар шакли схема (Расми 1) овардан мумкин аст.

Агар IBM PC низ ба мисли дигар компютерҳои онвақта дар муҳити махфӣ сохта мешуд, пас аз 2-3 сол кўҳна шуда, ҳоло дар ёди ягон кас намемонд. Тавре ки аз расм дида мешавад, IBM PC ҳамчун таҷҳизоти ягона сохта нашуда, балки аз қисмҳои алоҳидаи мустақил иборат аст. Ин усули сохтани компютер имконият медиҳад, ки қисмҳои алоҳидаи он дилхоҳ вақт такмил дода шавад ва ҳатто таҷҳизоти нав ба компютер пайваст карда шаванд. Усули пайвастани қисмҳои компютерро фирмаи IBM на танҳо махфӣ нигоҳ надошт, балки баръакс, даст-раси ҳамаи истифодабарандагон гардонид. Ин принсип, ки принсипи архитектураи кушода ном дошт, дар баробари арзишҳои зиёди IBM PC, ки бурдбории онро хеле зиёд намуда буданд, фирмаи IBM-ро аз яккаҳукумронӣ ба ин компютер маҳрум сохт.

Ҳоло номи IBM PC танҳо маънои онро надорад, ки ин компютерро фирмаи IBM сохтааст. Имрўз қисми зиёди чунин компютерҳо дар мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва дигар мамолик истеҳсол карда мешаванд.

Аз принсипи архитектураи кушода беш аз ҳама истифодабарандагон бурд ҳосил намуданд, ки ин бурд пеш аз ҳама дар нархи онҳо таҷассум ёфтааст. Ҳоло бошад IBM PC дар ду намуд – рўи мизӣ ва портативӣ (Notebook – Болокнот – Дафтарча) истеҳсол карда мешавад. Намуди зоҳирии компютерҳои IBM PC чи гунае, ки набошад ҳам, онҳо ҳамеша аз компонентҳои якхела иборатанд.

Дар компютер чун анъана блоки системавӣ, клавиатура ва монитор доимо мавҷуд аст. Вақтҳои охир манипулятори муш номидашаванда ва принтер (таҷҳизот барои чоп) низ

ба комплекти асосӣ дохил карда шудаанд. Вазифаи муш аз ба таври фаврӣ ва қулай дохил намудани командаҳо ва расмкашӣ дар экран иборат аст. Ба воситаи принтер бошад, матни ҳуҷҷатҳо ва расмҳо дар коғаз чоп карда мешаванд.

Ҳамчунин имрўзҳо ба ҳайати IBM PC модемро низ дохил Экран Клавиатура Муш Принтер Блоки системавӣ

Расми 1. Қисмҳои асосии IBM PC ва алоқамандии байни онҳо намудаанд, ки вай барои компютерҳоро ба воситаи хати телефонӣ ба ҳамдигар пайваст намудан, хизмат мерасонад. Модемҳо дохилӣ ва берунӣ мешаванд. Модемҳои дохилӣ дар дохили блоки системавӣ ҷойгир буда, берунӣ бошанд, дар шакли таҷҳизоти алоҳида истифода бурда мешаванд.

Саволҳо:

  1. Кадом омилҳо сабаб гаштанд, ки фирмаи IBM ба истеҳсоли компютерҳои фардӣ шурўъ намуд?
  2. Аввалин компютери фардии фирмаи IBM чӣ ном дошт?
  3. Дар компютерҳои IBM PC кадом микропротсессорҳо истифода бурда шудаанд?
  4. Фирмаи асосии таъминкунандаи программаҳои IBM PC чӣ ном дорад?
  5. Қисмҳои асосии IBM PC кадомҳоянд?
  6. Моҳияти принсипи архитектураи кушода дар чист?
  7. Компютерҳои IBM PC-ро кадом мамлакатҳо истеҳсол менамоянд?
  8. Компютерҳои IBM PC дар чанд намуд истеҳсол карда мешаванд?
  9. Ба компютерҳои IBM PC кадом таҷҳизоти берунаро пайваст кардан мумкин аст?
  10. Модемҳои дохилӣ аз модемҳои беруна чӣ фарқ доранд?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Схемаҳои алоқамандии қисмҳои IBM PC-ро дар дафтаратон кашед ва онро маънидод намоед.
  3. Дар синфхонаи компютерӣ оид ба ҳар як қисми IBM PC ба муаллим ва ҳамсабақонатон фикратонро баён намоед.

 

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …