Главная / Чамъият / КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН (КИСМИ СЕЮМ)

КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН (КИСМИ СЕЮМ)

 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон с. 2005, №3, мод. 124; с. 2012, №7, мод. 690)

 Фасли V. Моликияти зехни. 3

Боби 57. Мукаррароти умуми оид ба моликияти зехни. 3

Моддаи 1125. Мафхуми моликияти зехни. 3

Моддаи 1126. Объектхои хукуки моликияти зехни. 3

Моддаи 1127. Ба миён омадани хукуки моликияти зехни. 3

Моддаи 1128. Мазмуни хукуки моликияти зехни. 4

Моддаи 1129. Хукуки моликияти зехни  ва хукуки моликият ба хомили модди. 4

Моддаи 1130. Хукукхои шахсии гайриамволи. 4

Моддаи 1131. Хукуки амволии моликияти зехни. 4

Моддаи 1132. Мухлати амали хукуки амволи. 4

Моддаи 1133. Гузаштани хукуки амволи. 5

Моддаи 1134. Объектхои хизматии моликияти зехни. 5

Моддаи 1135. Хукук ба объектхои моликияти зехние, ки хангоми ичрои карордодхои (фармоишхои) давлати таъсис ёфтаанд  5

Моддаи 1136. Татбики хукуки моликияти зехни. 5

Моддаи 1137. Хифзи хукуки моликияти зехни. 6

Моддаи 11371. Тарзхои хифзи хукуки моликияти зехни. 6

Фасли VI. Хукук ба мерос. 7

Боби 58. Мукаррароти умуми оид ба меросгузори. 7

Моддаи 1138. Ворисии хукук ба мерос. 7

Моддаи 1139. Асосхои вориси (меросхури) 7

Моддаи 1140.  Бамеросгирии амволе, ки моликияти муштараки умуми мебошад. 7

Моддаи 1141. Ворисии хукуки истифодабарии китъаи замини хочагии  дехкони (фермери) ва хочагии ёрирасони шахси  7

Моддаи 1142. Кушодани мерос. 7

Моддаи 1143. Махали кушодани мерос. 8

Моддаи 1144. Ворисон. 8

Моддаи 1145.  Аз мерос бартараф намудани ворисони ношоиста. 8

Моддаи 1146. Ухдадорихои шахсе, ки вориси ношоиста эътироф шудааст. 8

Моддаи 1147.  Мухлати пешниходи даъво дар хусуси вориси ношоиста эътироф намудан. 8

Моддаи 1148. Афзун гардонидани хиссаи мероси. 8

Моддаи 1149. Гузаштани мерос ба давлат. 9

Боби 59. Меросгири бо васиятнома. 9

Моддаи 1150. Мукаррароти умуми. 9

Моддаи 1151. Таъини ворисони иловаги. 9

Моддаи 1152. Супориши васияткунандаи мерос (легат) 9

Моддаи 1153. Гузаштани супориши васияткунандаи мерос ба ворисон. 10

Моддаи 1154. Мухлати ичрои супориши васияткунандаи мерос. 10

Моддаи 1155. Базиммагузори. 10

Моддаи 1156. Меросгирии кисми амволе, ки васиятнокарда мондааст. 11

Моддаи 1157. Коидахои умумии шакли васиятнома. 11

Моддаи 1158. Васиятномаи ба таври нотариали тасдикшуда. 11

Моддаи 1159. Васиятномаи бо васиятномаи ба таври нотариали тасдикшуда баробар. 11

Моддаи 1160. Бекор кардан ва тагйир додани васиятнома. 12

Моддаи 1161. Махфи будани васиятнома. 12

Моддаи 1162. Шархи васиятнома. 12

Моддаи 1163. Беэътибор будани васиятнома. 12

Моддаи 1164. Ичрои васиятнома. 13

Боби 60. Меросгири мутобики конун. 13

Моддаи 1165. Мукаррароти умуми. 13

Моддаи 1166. Навбати аввали ворисони конуни. 14

Моддаи 1167. Навбати дуюми ворисони конуни. 14

Моддаи 1168. Навбати сеюми ворисони конуни. 14

Моддаи 1169. Меросгири бо хукуки пешниход. 14

Моддаи 1170. Мухточони корношоями меросгузор. 14

Моддаи 1171. Хукук ба хиссаи хатмии мерос. 15

Моддаи 1172. Хукуки хамсарон хангоми меросгири. 15

Моддаи 1173. Хифзи мерос ва идораи он хангоми мероси конуни. 15

Боби 61. Кабул ва даст кашидан аз мерос. 15

Моддаи 1174. Кабули мерос. 15

Моддаи 1175. Ба ворисон гузаштани хукуки гирифтани хиссаи мерос (трансмиссияи вориси) 16

Моддаи 1176. Додани шаходатномаи хукуки меросгири. 16

Моддаи 1177. Дароз намудани мухлат барои кабули мерос. 16

Моддаи 1178. Имконнопазирии ихтиёрдории мерос. 16

Моддаи 1179. Хукуки аз мерос даст кашидан. 16

Моддаи 1180. Махдудкунии хукуки дасткаши аз мерос. 17

Моддаи 1181. Хукуки даст кашидан аз гирифтани супориши васияткунандаи мерос. 17

Моддаи 1182.Таксими мерос. 17

Моддаи 1183. Хукуки ворисони гоиб. 17

Моддаи 1184. Меросгирии корхона. 18

Моддаи 1185. Хукуки бартарии ворисони алохида ба амволи ба мерос воридшаванда. 18

Моддаи 1186. Харочоте, ки аз хисоби мерос бояд пардохта шавад. 18

Моддаи 1187. Аз тарафи кредиторхо руёнидани карзхои меросгузор. 18

Моддаи 1188. Мухлати пешниходи талаботи кредиторхо. 18

Боби 62. Хифзи амволи мероси. 18

Моддаи 1189. Чорахо оид ба  хифзи амволи мероси. 18

Моддаи 1190. Ухдадории макоми нотариали ё макоми ба он баробаркардашуда  оид ба  хифзи мерос. 19

Фасли VII. Хукуки хусусии байналмилали. 19

Боби 63. Мукаррароти умуми. 19

Моддаи 1191. Муайян кардани хукукхое, ки бояд дар муносибатхои  шахрвандию хукукии бо унсурхои хоричи мураккабгардида татбик шаванд. 19

Моддаи 1192. Бандубасти мафхумхои хукуки (бандубасти хукуки) 19

Моддаи 1193. Мукаррар намудани мазмуни меъёри  хукуки хоричи. 19

Моддаи 1194. Хаволаи бозгашт ва хавола ба хукуки кишвари сеюм.. 20

Моддаи 1195. Татбики хукуки кишвари дорои хукуки бисёрсистемаги. 20

Моддаи 1196.  Истифодаи мутакобила. 20

Моддаи 1197.  Кайду шарт дар бораи тартиби оммави. 20

Моддаи 1198. Татбики меъёрхои хатми (императиви) 20

Моддаи 1199. Махдудиятхои чавоби (реторсияхо) 20

Боби 64. Меъёрхои коллизиони. 21

Моддаи 1200. Конуни шахсии шахси вокеи. 21

Моддаи 1201. Кобилияти хукукдори ва кобили амал будани шахси  вокеи. 21

Моддаи 1202. Бедарак  гоибшуда ё фавтида эълон  намудани шахси вокеи. 21

Моддаи 1203. Номи шахси вокеи. 21

Моддаи 1204. Бакайдгирии санадхои холати шахрвандии шахрвандони Чумхурии Точикистон дар хоричи Чумхурии Точикистон. 21

Моддаи 1205. Эътирофи хуччатхое, ки макомоти давлати хоричи барои тасдики санадхои холати шахрванди додаанд  22

Моддаи 1206. Конуни шахсии шахси хукуки. 22

Моддаи 1207. Кобилияти хукукдори ва кобилияти амалкунии шахси хукуки. 22

Моддаи 1208. Иштироки давлатхо дар муносибатхои хукукии шахрвандии   дорои унсурхои хоричи. 22

Моддаи 1209. Хукукхои шахсии гайриамволи ва хифзи онхо. 22

Моддаи 1210. Шакли ахдхо. 22

Моддаи 1211. Ваколатнома. 23

Моддаи 1212. Мухлати даъво. 23

Моддаи 1213. Мукаррароти умуми оид ба хукуке, ки нисбат ба хукуки ашё татбик карда мешавад. 23

Моддаи 1214. Ба вучуд омадан ва катъ гардидани хукуки ашё. 23

Моддаи 1215. Хукуки ашё ба воситахои наклиёт ва амволи  дигаре, ки  бояд  ба  фехристи  давлати ворид  карда шаванд  23

Моддаи 1216. Хукуки ашё ба амволи манкули дар рох карордошта. 23

Моддаи 1217. Хифзи хукуки ашё. 24

Моддаи 1218. Интихоби хукук бо созишномаи тарафхои шартнома. 24

Моддаи 1219. Хукуке, ки хангоми набудани созиши тарафхо бо шартнома татбик карда мешавад. 24

Моддаи 1220.  Хукуке, ки ба шартнома дар бораи таъсиси шахси хукуки бо иштироки хоричиён  татбик мешавад  25

Моддаи 1221. Хукуке, ки барои гузашткунии талабот ва гузаронидани карз татбик карда мешавад. 25

Моддаи 1222. Доираи амали хукуки татбикшаванда. 26

Моддаи 1223.Ухдадори аз ахдхои яктарафа. 26

Моддаи 1224. Татбики хукук оид ба муносибатхои пардохти фоизхо. 26

Моддаи 1225. Ухдадорихое, ки дар натичаи расонидани зарар ба миён меоянд. 26

Моддаи 1226. Сохаи амали хукуки татбикшаванда ба ухдадорихои  дар  натичаи  расонидани зарар ба миёномада  26

Моддаи 1227. Чавобгари барои зарари ба истеъмолкунанда расонидашуда. 27

Моддаи 1228. Хукукхои татбикшаванда ба ухдадорихое, ки дар натичаи  ракобати  бевичдонона ба миён меоянд  27

Моддаи 1229. Дорошавии беасос. 27

Моддаи 1230. Хукук ба моликияти зехни. 27

Моддаи 1231.  Муносибатхо оид ба меросгири. 27

Моддаи 1232. Кобилияти шахс оид ба тахия ва бекор кардани васиятнома, шакли васиятнома ва санади бекор кардани он  27

Моддаи 1233. Меросгирии амволи гайриманкул ва амволе, ки бояд ба фехристи  давлати  ворид  карда  шавад. 28

Моддаи 1234. Васоят ва парастори. 28

 

Фасли V. Моликияти зехни 

Боби 57. Мукаррароти умуми оид ба моликияти зехни

 

Моддаи 1125. Мафхуми моликияти зехни

  1. Моликияти зехни ин хукукхои амволи ва (ё) гайриамволии шахси нисбат ба натичахои фаъолияти зехни, воситахои фардикунонии иштирокчиёни ахдхои граждани, фардикунонии махсулот, корхо ё хизматрасонии ичрошаванда (воситахои фардикунони) ва хамчунин объектхои дигари ба онхо баробаркардашуда мебошад.

Мазмун, асосхои ба миён омадан, тартиби татбик ва катъ намудани хукукхои амволи ва гайриамволии шахси нисбат ба объектхои алохидаи моликияти зехни бо хамин Кодекс ва конунхои дигар муайян карда мешавад.

  1. Хамин Кодекс намудхои асосии объектхои моликияти зехниро мукаррар мекунад ва мукаррароти умумии танзими муносибатхои амволи ва гайриамволии шахсии вобаста ба онхоро муайян менамояд.
  2. Ба муносибатхои моликияти зехни меъёрхои хамин Кодекс, аз чумла мукаррарот оид ба ухдадорихо ва шартномахо татбик мегарданд, агар дар конунхо тартиби дигаре пешбини нашуда бошад ва аз мохияти муносибатхои танзимшаванда барнаояд.

Моддаи 1126. Объектхои хукуки моликияти зехни

Ба объектхои хукуки моликияти зехни  инхо дохил мешаванд:

1) натичахои фаъолияти эчодии зехни :

-асархои илми, санъат ва адабиёт, аз чумла барномахо барои мошинхои электронии хисоббарор, барномахои компютери ва мачмуи маълумот;

-ичро намудан, фонограммахо, ташкили намоиши эфири ё намоиши кабели;

-ихтироот, моделхои муфид, намунахои саноати;

-дастовардхои селексиони;

-топологияи микросхемахои интеграли;

-маълумоти дорои сирри хизмати ё тичорати.

2) воситахои фардикунонии иштирокчиёни ахдхои граждани, молхо, корхо ва хизматрасони:

-номи фирмави;

-тамгаи моли ва тамгаи хизматрасони;

-номи махалли истехсоли мол ва нишондоди истехсоли.

3) натичахои дигари фаъолияти зехни  ва воситахои фардикунонии ба онхо баробаркардашуда, ки мутобики конунхо ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон хифз карда мешаванд.

Моддаи 1127. Ба миён омадани хукуки моликияти зехни

Хукуки моликияти зехни  ба объектхои дахлдор дар натичаи ташкили онхо ё шуруи истифода ё бакайдгирии давлати ва хамчунин бо асосхои дигар, ки бо конун ё санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд, ба миён меоянд.

Моддаи 1128. Мазмуни хукуки моликияти зехни

  1. Сохиби хукуки моликияти зехни ба натичахои фаъолияти зехни ё воситахои фардикунони хукукхои мустасноие дорад, ки нисбати хама ва хар кас хифз карда мешаванд.
  2. Хукуки истиснои ба натичаи фаъолияти зехни ё воситаи фардикунонии ваколатхои амволи ва гайриамволии шахсиро дар бар мегирад, ки нисбат ба объектхои мушаххаси моликияти зехни кобили истифода будани таркиби онро конун бо назардошти мукаррароти хамин Кодекс муайян менамояд.
  3. Хукуки сохибони хукуки моликияти зехни мумкин аст бо конун махдуд карда шавад.

Чунин махдудиятхо набояд ба истифодаи муътадили объектхои моликияти зехни зарар оваранд ва хукукхои шахсии гайриамволии муаллифро махдуд созанд.

Моддаи 1129. Хукуки моликияти зехни  ва хукуки моликият ба хомили модди

  1. Хукуки моликияти зехни ба хукуки моликият ё хукуки ашёии дигар ба хомили модди, ки дар он объекти моликияти зехни тачассум ёфтааст, вобаста намебошад.
  2. Гузаштани хукуки моликият ба хомили моддии натичаи фаъолияти зехни ё воситаи фардикунони худ аз худ додан ё пешниходи ягон намуди хукукро ба истифодаи объекти дахлдори моликияти зехни, ки дар ин хомил тачассум ёфтааст, фаро намегирад, агар тартиби дигареро конун мукаррар накарда бошад.
  3. Аз тарафи сохибмулк ё хар як шахси дигар ба амал баровардани хукук нисбат ба хомили модди, ки дар он объекти моликияти зехни  тачассум ёфтааст, набояд хукук ва манфиатхои сохиби хукуки амвол ва хукуки гайриамволиро ба хамин гуна объект, ки конун хифз менамояд, вайрон намояд.

Моддаи 1130. Хукукхои шахсии гайриамволи

  1. Хукуки муаллиф, хукук ба ном ва хукукхои дигари шахсии гайриамволии моликияти зехни мутобики хамин Кодекс ва конунхои дигар татбик ва хифз карда мешавад.
  2. Хукуки шахсии гайриамволии ба хукуки моликияти зехни дохилшаванда ва бо конунхои дахлдор пешбинишуда ба хукуки амвол вобаста нест, ба шахсони дигар дода намешавад ва бемухлат хифз карда мешавад.
  3. Пурра ё кисман аз тарафи офарандаи натичаи фаъолияти зехни (муаллиф, ичрокунанда) рад намудани хукуки марбутаи шахсии гайриамволии у ба ин натича беэътибор аст.
  4. Дар холати пешбининамудаи конун хукукхои шахсии гайриамволии алохидаи моликияти зехни метавонанд аз они шахсони хукуки эътироф карда шаванд.

Моддаи 1131. Хукуки амволии моликияти зехни

  1. Сохиби хукуки амволии моликияти зехни хукук дорад бо хости худ истифодаи объекти дахлдори моликияти зехниро бо воситаю шакли дилхох татбик , хал ва манъ намояд, агар инро хамин Кодекс ва конунхои дигар манъ накунанд.
  2. Хукуки амвол нисбат ба объекти моликияти зехни метавонад ба таври муштарак ба як шахс ё якчанд шахс тааллук дошта бошад. Дар холатхои пешбининамудаи конун хукуки амволи нисбат ба як объекти моликияти зехни метавонад ба шахсони гуногун тааллук дошта бошад ва аз тарафи онхо новобаста ба хамдигар татбик карда шавад.
  3. Муносибати мутакобила оид ба истифодаи объекти моликияти зехни, ки хукук ба он ба таври муштарак ба якчанд нафар тааллук дорад, бо созишномаи байни онхо муайян карда мешавад. Хангоми мавчуд набудани чунин созишнома бахси татбики хукуки амволии моликияти зехни бо тартиби суди хал карда мешавад.

Моддаи 1132. Мухлати амали хукуки амволи

  1. Мухлати амали хукуки амволи нисбат ба намудхои алохидаи объектхои моликияти зехни, тартиби хисобкунии онхо, асос ва тартиби дароз кардани онхо ё баркарор намудан ва хамчунин асос ва тартиби пеш аз мухлат катъ намудани амали хамин гуна хукукхоро конунгузори мукаррар менамояд.
  2. Бо гузаштани мухлати амали хукукхои амволи ва хамчунин дар холати пеш аз мухлат катъ намудани амали хамин гуна хукукхо объекти дахлдори моликияти зехни ба сарвати чамъияти мегузарад.
  3. Сохиби хукуки амволи метавонад дар хусуси катъ намудани амали он ва гузаштани объекти дахлдори моликияти зехни ба сарвати чамъияти пеш аз мухлат карор кабул намояд, агар тартиби дигареро конун мукаррар накарда бошад ва хамзамон хукук ва манфиатхои шахсони дигар, ки конун хифз менамояд, вайрон карда нашавад.

Моддаи 1133. Гузаштани хукуки амволи

  1. Хукуки амволи ба объектхои моликияти зехни мумкин аст тибки шартнома ба шахсони дигар дода шавад ё ба онхо дар асоси конун гузарад.
  2. Шартномахое, ки ба додани хукуки амволи ба объектхои моликияти зехни вобаста мебошад, бояд дар шакли хатти ё намуди дигари пешбининамудаи конун баста шаванд.
  3. Шартхои шартномахо, ки вазъи сохибони хукуки моликияти зехниро бад мекунанд, беэътибор дониста мешаванд.
  4. Конун метавонад бакайдгирии давлатии намудхои алохидаи шартномахои вобаста ба додани хукуки амволи ба объектхои моликияти зехни ва хамчунин холатхои дигари гузаштани хукукро ба хамин гуна объектхо мукаррар намояд.

Моддаи 1134. Объектхои хизматии моликияти зехни

  1. Хукуки амволи ба объекти моликияти зехни, ки корманд вобаста ба ичрои вазифахои хизмати ё супориши хизматии корфармо (объекти хизматии моликияти зехни ) ташкил намудааст, ба корфармо тааллук дорад, агар дар конун ё дар шартномаи байни корманд ва корфармо тартиби дигар пешбини нашуда бошад.
  2. Ба корманде, ки объекти хизматии моликияти зехниро ташкил намудааст, хукуки шахсии гайриамволи ба хамин гуна объект ва хукуки мукофотгирие тааллук дорад, ки андоза, шарт ва тартиби пардохти он бо шартномаи байни корманд ва корфармо муайян карда мешавад, агар конун тартиби дигарро пешбини накарда бошад.
  3. Дар холатхо ва тартиби муайяннамудаи конунгузори хукукхои дар кисми 1 хамин модда пешбинишуда метавонанд ба корманде, ки объекти хизмати моликияти зехниро ташкил намудааст, гузаранд.

 

Моддаи 1135. Хукук ба объектхои моликияти зехние, ки хангоми ичрои карордодхои (фармоишхои) давлати таъсис ёфтаанд

  1. Хукукхои амволи ба объектхои моликияти зехни, ки бо карордоди (фармоиши) давлати барои эхтиёчоти давлати ташкил гардидаанд, ба Чумхурии Точикистон тааллук доранд, агар карордоди (фармоиши) давлати тартиби дигареро пешбини накарда бошад.
  2. Агар хукуки амволи ба объекти моликияти зехни бо карордоди (фармоиши) давлати барои эхтиёчоти давлати ташкил шуда бошад ва тибки кисми 1 хамин модда ба Чумхурии Точикистон тааллук надошта бошад, сохиби хукуки амволи бо талаби давлат вазифадор аст хукуки истифодаи хамин гуна объекти моликияти зехниро барои эхтиёчоти давлати ройгон пешниход намояд.
  3. Дар холатхои пешбининамудаи хамин модда ба офарандаи (муаллифи) натичаи фаъолияти эчоди, ки ба он хукуки амволи надорад, хукуки шахсии гайриамволи ба чунин натича, хукук ба подош, ки сохиби хукуки амволи ба хамин гуна натича пардохт менамояд, тааллук дорад. Андоза, шарт ва тартиби пардохти подошро шартномаи байни офаранда (муаллиф) ва сохиби хукуки амволи муайян менамояд, агар конун тартиби дигареро мукаррар накарда бошад.

Моддаи 1136. Татбики хукуки моликияти зехни

  1. Хукуки моликияти зехни бо салохдиди сохиби ин хукукхо татбик карда мешавад. Дар холатхои пешбининамудаи конун ба сохиби хукуки амволии моликияти зехни ба сифати шарти амали ин хукукхо мумкин аст вазифаи истифодаи объекти дахлдори моликияти зехни вогузор карда шавад.
  2. Хангоми татбики хукуки моликияти зехни хукуки сохибони объектхои дигари моликияти зехни набояд вайрон карда шаванд.
  3. Хукуки амволи ба объектхои моликияти зехни мумкин аст дар асоси инфироди ё дастачамъона татбик карда шаванд.

Талаботи асоси ба идораи хукуки коллективии амволи дар асоси конун мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 1137. Хифзи хукуки моликияти зехни

  1. Хукуки моликияти зехни бо тарзхои пешбининамудаи Кодекс мазкур бо назардошти мохияти хукуки вайроншуда ва окибатхои вайронкунии ин хукук хифз карда мешавад.
  2. Тарзхои физи пешбининамудаи Кодекси мазкур бо талаби сохибхукук, ташкилоти идораи дастачамъии хукукхои молумулки, инчунин дар мавридхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз тарафи дигар шахсон низ татбик карда мешавад.
  3. Гунох надоштани вайронкунанда уро аз ухдадории катъ намудани вайронкунии хукуки моликияти зехни озод намекунад ва нисбати у чорахое, ки барои хифзхи чунин хукукро равона шудаанд, татбик мегарданд. Интишори карори суд оид ба вайронкунии содиршуда ва пешгири намудани амалхое, ки хукукро вайрон мекунанд ё барои вайрон карданион тахдид менамояд, низ новобаста аз гунохи вайронкунанда ва аз хисоби у амали карда мешавад. (КЧТ аз 03.07.2012с., №840)

Моддаи 11371. Тарзхои хифзи хукуки моликияти зехни

  1. дар холати вайрон шудани хукукхои шахсии гайримолумулкии муаллиф хифзи онхо бо тарзхои эътирофи хукук, баркарор намудани вазъи, ки то вайронкунии хукук чой дошт, пешгирии амалхое, ки хукукро вайрон мекунад ё ба вайронкунии он тахдид менамояд, чуброни зарари маънави ва нашри карори суд оид ба вайронкунии содиршуда амали карюда мешавад.
  2. Хифзи шаъну шараф ва эътибори кории муаллиф мувофики коидахои моддаи 174 Кодекси мазкур амали карда мешавад.
  3. Дар холати пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дигар шахсон них метавонанд тарзхои хифзи хукукхои шахсии гайримолумулкро татбик намоянд.
  4. Хукукхои молумулкии муаллиф бо тарзхои зерин хифз карда мешавад:

– этирофи хукук;

– пешгири намудаи амалхои, ки хукукро вайрон мекунанд ё ба вавйронкардани он тахдид мегнамояд;

– руёнидани товони зарар;

– мусодираи маводи тачхизоти, ки бо истифодаи онхо вайронкуни содир гардидааст ва объектхои моддае, ки дар натичаи хамин вайронкуниба даст омадаанд;

– интишори карори суд оид ба вайронкунии содиршуд;- тарзхои дигар, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини менамояд.

5.Дар холати пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон сохибхукук метавонад ба чои руёнидаи товони зарарпардохти чубронипулиро барои хукуки вайроншудаи мазкур талаб намояд. Андозаи чубронпули аз чониби вобаста ба хуссусияти вайронкуни ва холатхо муаян карда мешавад.

  1. Дар холатхое, ки истехсол пахн кардан ё истифодаи дигар, инчунин ворид намудан, интикол ё фиристодан, ё нигох доштани хомили модди,ки дар он натичаи фаъолияти зехни таччасум ёфтааст, боиси вайронгардиданихукуки моликияти зехни мегарданд, чунин хомили модди калбаки дониста шуда, бо карори суд аз муомилот гирифта шуда бидуни чуброн нест карда мешаванд, агар дар конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад.
  2. Тачхизот, дигар дастгоххо ва маводе, ки асосан барои вайрон кардани хукукхои истеснои истифода ё таъин шудаанд, бо карори суд аз муомилот гирифта шуда, аз хисоби вайронкунанда нес карда мешаванд, агар дар конунгузории Чумхурии Точикистон гирифтани онхо ба фоидаи давлат пешбини нашуда бошад.
  3. Бо максади таъмини далелхо аз руи парвандахо оид ба вайронкунии хукукхои истиснои ба хомили модди, тачхизот, дигар дастгоххо ва маводе, ки таввасути онхо эхтимолияти вайронкунии хукуки моликияти зехни пешниход шудааст, мумкин аст чорахои таъминкунии мукарарнамудаи конунгузории мурофиавии Чумхурии Точикистон аз чумла ба хабс гирифтани объектхо, татбик карда шаванд.

 

Фасли VI. Хукук ба мерос 

Боби 58. Мукаррароти умуми оид ба меросгузори

Моддаи 1138. Ворисии хукук ба мерос

  1. Вориси ин гузариши хукуки амволи ва дар холатхои пешбининамудаи конун ба дигар шахс ё ашхос (ворисон) гузаштани хукукхои шахсии гайримолумулкии ба молумулк вобастаи шахси фавтида (меросгузор) тибки шартхои ворисии хукукии универсали эътироф мегардад. Мерос, агар аз коидахои хамин фасл тартиби дигаре барнаояд, хамчун як мачмуи мукаммал ва дар хамон як лахза мегузарад.
  2. Ворисии хукук ба мерос бо хамин Кодекс ва дигар конунхо танзим карда мешавад.

Моддаи 1139. Асосхои вориси (меросхури)

  1. Вориси тибки васиятнома ва конун анчом дода мешавад.
  2. Вориси тибки конун хангоми вучуд надоштани васиятнома ё агар он кисмати хамаи меросро муайян насозад, инчунин дар дигар холатхои мукаррарнамудаи хамин Кодекс чой дошта метавонад.

Моддаи 1140.  Бамеросгирии амволе, ки моликияти муштараки умуми мебошад

  1. Фавтидани иштирокчии моликияти муштараки умуми барои муайян намудани хиссаи у ба хукуки моликияти умуми ва таксими моликияти умуми ё аз он чудо намудани хиссаи шахси вафоткарда асос мебошад. Дар ин холат мерос нисбат ба амволи умуми, ки ба хиссаи шахси вафоткарда дохил мешавад ва хангоми гайриимкон будани таксимоти амвол дар шакли асл – нисбат ба арзиши хамин гуна хисса кушода мешавад.
  2. Иштирокчии моликияти муштараки умуми хукук дорад ба хукуки амволи умуми хиссаи худро чойгир намояд, ки баъди вафоти у мутобики кисми 1 хамин модда муайян карда мешавад.

Моддаи 1141. Ворисии хукуки истифодабарии китъаи замини хочагии  дехкони (фермери) ва хочагии ёрирасони шахси

Ворисии хукуки истифодабарии меросии якумраи китъаи замини хочагии дехкони (фермери) ва хочагии ёрирасони шахси тибки хамин Кодекс танзим мегардад, агар дар конун тартиби дигар пешбини нашуда бошад.

Моддаи 1142. Кушодани мерос

  1. Мерос дар натичаи вафоти шахрванд ё фавтида эълон гардидани у (моддаи 46 хамин Кодекс) кушода мешавад.
  2. Замони кушодани мерос рузи (хангоми зарурат инчунин лахзаи) вафоти меросгузор ва хангоми фавтида эълон намудани у рузи эътибори конуни пайдо намудани карори суд дар хусуси фавтида эълон гардидани шахрванд мебошад, агар дар карори суд рузи дигар нишон дода нашуда бошад.
  3. Агар дар давоми як шабонаруз (бисту чор соат) шахсоне, ки хукук доштанд яке пас аз дигаре мерос гиранд, вафот карда бошанд, онхо дар як вакт вафоткарда эътироф мешаванд ва ба меросгири ворисони хар яки онхо даъват карда мешаванд.
  4. Агар суд вафот намудани якчанд шахсро дар натичаи бедарак гоиб шудан дар хамон як холат фавтида эътироф намояд, пас онхо дар як вакт вафоткарда эътироф мешаванд ва меросгири баъди хар яки онхо кушода мешавад ва ба меросгири ворисони хар яки онхо даъват карда мешаванд.

Моддаи 1143. Махали кушодани мерос

Махали кушодани мерос махали охирини зисти меросгузор (моддаи 21 хамин Кодекс) мебошад. Агар махали зисти охирини меросгузор номаълум бошад, пас махали кушодани мерос махали чойгиршавии амволи гайриманкули ба меросгузор дахлдошта ё кисмати асосии он ва хангоми набудани амволи гайриманкул – махали вокеъ гардидани кисми асосии амволи манкул эътироф карда мешавад.

Моддаи 1144. Ворисон

  1. Ворисон тибки васиятнома ва бо конун шахрвандони дар лахзаи кушодани мерос зинда ва хамчунин кудакони хангоми зинда будани меросгузор дар батни модар ва баъди кушодани мерос зинда таваллудшуда буда метавонанд.
  2. Ворисон тибки васиятнома хамчунин мумкин аст шахсони хукуки ва давлат бошанд.

 

Моддаи 1145.  Аз мерос бартараф намудани ворисони ношоиста

  1. Шахсоне, ки касдан меросгузор ё яке аз ворисони имконпазирро аз хаёт махрум сохтаанд ё ба хаёти онхо суикасд кардаанд, на тибки васиятнома ва на тибки конун ба вориси хукук надоранд.
  2. Шахсоне, ки касдан ба меросгузор барои амали шудани охирин нияти у монеа гардидаанд ва бо ин рох барои ба мерос даъват шудани худ ё шахсони наздикашон ё барои зиёд кардани хиссаи мероси ба онхо марбута мусоидат кардаанд, на тибки васиятнома ва на тибки конун ба вориси хукук надоранд.
  3. Падару модар баъди фарзандоне, ки нисбат ба онхо аз хукуки падарию модари махрум гардидаанд ва дар лахзаи кушодани мерос ин хукукашон баркарор нашудааст, инчунин падару модар (фарзандхондагон) ва фарзандони болиг (фарзандхондшудагон), ки аз ичрои ухдадорихои бо амри конун ба зиммаашон гузошташуда вобаста ба таъминоти меросгузор саркаши намудаанд, тибки конун хукуки вориси надоранд.
  4. Холатхое, ки барои аз мерос барканор намудани ворисони ношоиста асос мебошанд, аз чониби суд мукаррар карда мешавад.
  5. Меъёрхои хамин модда инчунин нисбат ба супориши васият низ татбик мегарданд.

Моддаи 1146. Ухдадорихои шахсе, ки вориси ношоиста эътироф шудааст

Агар шахсро суд вориси ношоиста эътироф намояд, у баъди гирифтани мерос ухдадор аст, ки хамаи мероси гирифтаашро якчоя бо фоидаю даромадаш баргардонад. Хангоми нигох надоштани амволи мероси ин шахс ухдадор аст, ки арзиши онро пардохт намояд.

Моддаи 1147.  Мухлати пешниходи даъво дар хусуси вориси ношоиста эътироф намудан

Даъво дар хусуси вориси ношоиста эътироф намудани шахс аз тарафи шахсони манфиатдор дар давоми се сол аз лахзае, ки ин шахс ихтиёрдории онро ба даст гирифтааст, бояд пешниход шавад.

Моддаи 1148. Афзун гардонидани хиссаи мероси

  1. Дар холати аз тарафи ворис рад гардидани мерос ё аз тарафи васиятгар ё суд махрум намудан аз хукуки мерос ё бинобар аз миён рафтани холатхои дар хамин Кодекс нишондодашуда як кисми мерос, ки хиссаи хамин гуна ворис буд, ба ворисони конунан меросгир мегузарад ва дар байни онхо мутаносибан ба хиссаи меросиашон таксим мешавад.

Агар меросгузор тамоми амволашро ба ворисони таъиннамудааш васият карда бошад, як кисми меросе, ки ба шахси аз мерос дасткашида ё ба вориси аз миёнрафта тааллук дошт, ба ворисони дигари дар васиятнома зикршуда мегузарад ва дар байни онхо мутаносибан ба хиссаи меросиашон таксим карда мешавад, чунки дар васиятнома тартиби дигаре пешбини нашудааст.

  1. Меъёрхое, ки дар кисми 1 хамин модда пешбини шудаанд, дар холатхои зерин татбик намешаванд:

-агар ба вориси раднамуда ё аз миёнрафта вориси иловаги таъин шуда бошад (моддаи 1151 хамин Кодекс);

-хангоми даст кашидани ворис аз мерос ба фоидаи вориси дигар (кисми 3 моддаи 1180 хамин Кодекс) ё шахси дигар;

-дар холатхое, ки агар хангоми меросгири бо конун радкуни ё гоиб гардидани ворис ба меросхурии меросхурони навбати дигар меорад.

Моддаи 1149. Гузаштани мерос ба давлат

  1. Амволи мероси бо хукуки мероси дар холатхои зерин ба давлат мегузарад:

   а) агар амвол ба давлат васият шуда бошад;

б) агар меросгузор тибки конун ва васиятнома ворис надошта бошад;

в) агар хамаи меросгиронро васиятгар аз хукуки меросгири махрум гардонида бошад.

  1. Агар яке аз ворисон ба фоидаи давлат аз мерос даст кашида бошад, пас хиссае, ки ба ин ворис дахл дошт, ба давлат мегузарад.
  2. Хангоми набудани ворисони тибки конун, ки танхо як кисми амволи меросгузор васият шудааст, кисми бокимонда ба давлат мегузарад.

Боби 59. Меросгири бо васиятнома

 

Моддаи 1150. Мукаррароти умуми

  1. Васиятнома иродаи ихтиёрии шахрванд оид ба ихтиёрдории хукуки амволии ба у дахлдошта ва дар холатхои пешбининамудаи конун хукуки гайриамволи хангоми вафот кардан эътироф мешавад, ки ба тарзи зарури ба расмият дароварда шудааст.
  2. Васиятнома бояд шахсан тартиб дода шавад. Тартиб додани васиятнома тарики намоянда ичозат дода намешавад.
  3. Шахрванд метавонад хамаи амвол ё як кисми амволи худро ба як ё якчанд шахс, ки ба гурухи ворисон тибки конун дохил мешаванд ё дохил намешаванд, хамчунин ба шахсони хукуки ва давлат васият намояд.
  4. Васиятгар хукук дорад бидуни тавзехи сабаб як ё якчанд нафар ё хамаи ворисонро тибки конун аз мерос махрум намояд. Аз мерос махрум намудани ворис тибки конун ба наслхои ояндаи у, ки тибки пешниход хукуки меросро доранд, дахл надорад, агар аз васиятнома тартиби дигаре барнаояд, ба истиснои холатхое, ки моддаи 1171 хамин Кодекс пешбини менамояд.
  5. Меросгузор метавонад озодона васиятномаи тартибдодаашро дар вакти дилхох баъди анчом ёфтани он рад намояд ё тагйир дихад ва дар ин холат ухдадор нест, ки сабабхои рад намудан ё тагйир додани онро нишон дихад.
  6. Меросгузор хукук надорад ба зиммаи шахсоне, ки дар васиятнома таъин гардидаанд, дар навбати худ вазифаи ихтиёрдории амволи ба онхо васиятшударо бо тартиби муайяне дар холати вафот кардани онхо вогузор намояд.

Моддаи 1151. Таъини ворисони иловаги

  1. Васияткунанда метавонад барои холатхое, ки агар вориси дар васиятнома зикргардида то кушода шудани мерос фавтад ё меросро кабул накунад ё онро рад намояд ё аз мерос хамчун вориси ношоиста бартараф гардад (моддаи 1145 хамин Кодекс), дар васиятнома дигар ворисро таъин намояд (вориси иловаги).
  2. Вориси иловаги хар шахсе шуда метавонад, ки мутобики моддаи 1144 хамин Кодекс ворис буданаш мумкин аст.

Моддаи 1152. Супориши васияткунандаи мерос (легат)

  1. Васияткунанда хукук дорад ба зиммаи ворис тибки васиятнома аз хисоби мерос (супориши васияткунандаи мерос) ба манфиати як ё якчанд шахс (меросгирандагон), ки хукуки талаб намудани ичрои супориши васияткунандаи меросро ба даст меоранд, анчом додани ягон ухдадориро вогузорад.

Меросгирандагон  метавонанд шахсоне бошанд, ки ба шумораи ворисони тибки конун дохиланд ё дохил нестанд.

  1. Мавзуи супориши васияткунандаи мерос метавонад барои меросгиранда ба моликият, истифода ё дигар хукуки амволи додани ашёи шомили таркиби мерос, ба даст овардан ва ба у додани амволи ба таркиби мерос шомилнабуда, барои у ичро намудани кори муайян, ичрои ягон навъи хизматрасонии муайян ва гайра бошад.
  2. Ворисе, ки васияткунанда ба зиммаи у супориши васияткунандаи меросро вогузоштааст, бояд онро дар доираи арзиши вокеии мероси ба у гузашта ва аз хисоб баровардани хиссаи карзи меросгузор ба у ичро кунад.

Агар вориси ба зиммааш супориши васияткунандаи мерос вогузошташуда дорои хукуки хиссаи хатми ба мерос бошад, ухдадории у оид ба ичрои он дар доираи арзиши мероси ба у гузашта, ки аз хиссаи хатмии у бештар аст, махдуд карда мешавад.

Агар супориши васияткунандаи мерос ба зиммаи  хама ё якчанд ворисон гузошта шуда бошад, супориши васияткунандаи мерос хар кадоми онхоро баробари хиссаашон дар мерос вазифадор менамояд, зеро дар васиятнома тартиби дигаре пешбини нашудааст.

  1. Васияткунанда хукук дорад ба зиммаи ворисе, ки ба у хонаи истикомати, квартира ё дигар бинои истикомати мегузарад, ухдадории ба дигар шахс фарохам овардани истифодаи якумраи ин бино ё як кисми муайяни онро гузорад. Хангоми минбаъд гузаштани хукуки моликият ба бинои истикомати хукуки истифодаи якумра эътибори худро нигох медорад.

Хукуки истифодаи якумраи бинои истикомати бегона карда намешавад, ба дигар кас дода намешавад  ва ба дигар ворисони  меросгиранда намегузарад.

Хукуки истифодаи якумраи бинои истикомати, ки ба  меросгиранда пешниход шудааст, агар дар васиятнома тартиби дигаре пешбини нашуда бошад, барои   дар хамин бино истикомат намудани аъзои оилаи у асос шуда наметавонад.

  1. Дар сурати фавти вориси ба зиммааш супориши васияткунандаи мерос вогузошташуда ё аз чониби у кабул накардани мерос ичрои ухдадории супориши васияткунандаи мерос ба дигар ворисоне, ки хиссаи уро гирифтаанд ё ба давлат мегузарад.

Супориши васияткунандаи мерос дар сурати фавти меросгиранда то  кушода шудани мерос ё баъди кушодани мерос, вале то лахзае, ки вориси тибки васиятнома тавонад, онро кабул кунад, ичро карда намешавад.

  1. Меросгиранда оид ба карзхои меросгузор чавобгар намебошад.

Моддаи 1153. Гузаштани супориши васияткунандаи мерос ба ворисон

Агар шахси гирандаи супориши васияткунандаи мерос баъди кушодани мерос фавтад, ки ба кабули супориши васияткунандаи мерос розиги надода буд, хукуки гирифтани ин супориши васияткунандаи мерос ба ворисони у, ки ин васиятро кабул мекунанд, мегузарад.

 

Моддаи 1154. Мухлати ичрои супориши васияткунандаи мерос

Шахси гирандаи супориши васияткунандаи мерос хукук дорад ичрои супориши васияткунандаи меросро дар доираи мухлати сесолаи мухлати даъво, ки аз рузи кушода шудани мерос ба хисоб меравад, талаб намояд.

 

Моддаи 1155. Базиммагузори

  1. Васияткунанда метавонад ба зиммаи ворис тибки васиятнома ухдадории анчом додани ягон амал ё аз он худдори намуданро вогузорад. Чихати анчом додани максадхои барои умум судманд чунин ухдадори мумкин аст ба ичрочии васиятнома бо аз тарафи меросгузор чудо намудани як кисми амвол барои ичрои базиммагузори дода шавад.
  2. Базиммагузори, ки мавзуи он фаъолияти дорои хусусияти амволи мебошад, мутобикан коидахои моддаи 1152 хамин Кодекс татбик карда мешавад.
  3. Ухдадории ичрои базиммагузори хамон вакт катъ мегардад, агар мутобики хамин Кодекс хиссаи мероси ба ворис пешбинишаванда ё дахлдошта, ки ичрои базиммагузориро ба ухда дошт, ба дигар ворисон гузарад.

 

Моддаи 1156. Меросгирии кисми амволе, ки васиятнокарда мондааст

  1. Як кисми амволи меросгузор, ки васиятношуда мондааст, тибки конун ва бо тартиби мукаррарнамудаи моддахои 1165-1169 хамин Кодекс дар байни ворисон таксим карда мешавад.
  2. Ба хисоби ин ворисон инчунин хамон ворисон тибки конун дохил мешаванд, ки кисми дигари амвол бо васиятнома ба онхо монда шуда буд.

Моддаи 1157. Коидахои умумии шакли васиятнома

  1. Васиятнома бояд дар шакли хатти бо нишон додани макон ва замони тартиб дода шудани он тахия карда шавад.
  2. Васиятномахои зерин, ки дар шакли хатти тартиб дода шудаанд, эътироф карда мешаванд:

а) васиятномахое, ки ба таври нотариали тасдик карда шудаанд;

б) васиятномахое, ки бо васиятномахои ба таври нотариали тасдикгардида баробар карда шудаанд.

  1. Васиятнома бояд аз тарафи васияткунанда шахсан имзо гардад.

Агар васияткунанда бо сабаби нуксони чисмони, бемори ё бесаводи васиятномаро бо дасти худаш имзо карда натавонад, пас бо хохиши у дар хузури нотариус ё шахси дигари мансабдор мутобики конуни тасдиккунандаи васиятнома мумкин аст аз тарафи шахрванди дигар бо нишон додани сабабхо, ки васиятгар наметавонад васиятномаро бо дасти худаш имзо намояд, имзо карда шавад.

  1. Агар мутобики Кодекси мазкур хангоми тартиб додан, имзо намудан ё тасдики васиятнома, ки бояд шохидон иштирок намоянд, пас дар ин сурат шахсони зерин шохид буда наметавонанд ва васиятномаро ба чои васияткунанда имзо карда наметавонанд:

а) нотариус ё шахси дигаре, ки васиятномаро тасдик менамояд;

б) хамсар, фарзандон, падару модар, набераю абераи шахсе, ки нисбати он васиятнома ё супориши васияткунандаи мерос тахия ва тартиб дода мешавад ва хамчунин ворисони конунии васиятгар;

в) шахрвандоне, ки гайри кобили амал мебошанд;

г) шахрвандон ва шахсони дигар, ки кобилияти хондани васиятномаро надоранд;

д) шахсоне, ки барои нишондоди бардуруг додан суд шудаанд.

 

Моддаи 1158. Васиятномаи ба таври нотариали тасдикшуда

  1. Васиятномаи ба таври нотариали тасдикшударо бояд васиятгар нависад ё аз забони у аз тарафи нотариус бо иштироки шохид навишта шавад. Нотариус хангоми навиштани васиятнома аз забони меросгузор метавонад воситахои техникии умумикабулшударо (мошинкаи чопи, компютери шахси ва гайраро) истифода барад.
  2. Васиятномае, ки нотариус аз забони васиятгар менависад, бояд онро ба васиятгар дар хузури нотариус ва шохид то ба имзо расонидани васиятнома пурра хонад.

Агар васияткунанда бо сабаби нуксони чисмони, бемори ё бесаводи шахсан васиятномаро хонда натавонад, пас матни онро шохид дар хузури нотариус мехонад ва дар ин бора бо нишон додани сабабхое, ки васиятгар наметавонад шахсан васиятномаро хонад, дар васиятнома сабти дахлдор  карда мешавад.

  1. Агар васиятномаи ба таври нотариали тасдикшуда дар хузури шохид тартиб дода шуда бошад, пас дар васиятнома бояд ному насаб, номи падар ва махалли зисти доимии шохид нишон дода шавад.

Хамчунин дар васиятнома нисбати шахсе, ки васиятномаро ба чойи васиятгар имзо намудааст, маълумот ворид карда мешавад.

  1. Бо хохиши васияткунанда нотариус васиятномаро бидуни шинос шудан бо мазмуни он (васиятномаи махфи) тасдик менамояд.

Васиятномаи махфи аз хавфи беэътибор хисобидани он бояд дасти навишта шавад, васиятгар ба он имзо гузорад ва дар хузури ду шохид, натариус ба лифофа андохта, ширеш кунад ва шохидон ба он имзои худро гузоранд. Лифофае, ки шохидон имзо намудаанд, дар хузури шохидон ва нотариус ба лифофаи дигар андохта, ширеш карда мешавад ва дар он нотариус навиштачоти тасдиккунандаро сабт менамояд.

 

Моддаи 1159. Васиятномаи бо васиятномаи ба таври нотариали тасдикшуда баробар

  1. Васиятномахои зерин бо васиятномахои ба таври нотариали тасдикшуда баробар дониста мешаванд:

а) васиятномаи шахрвандоне, ки барои табобат дар беморхонахо, госпиталхо, муассисахои табобатии статсионарии дигар мебошанд ё дар хонаи пиронсолону маъюбон зиндаги мекунанд ва сардухтурон ё муовинони онхо оид ба кисми тибби ё духтурони навбатдори ин беморхонахо, госпиталхо ва муассисахои дигари табобати ва хамчунин сардорони госпиталхо, директорон ё сардухтурони хонаи пиронсолон ва маъюбон тасдик намудаанд;

б) васиятномаи шахрвандоне, ки хангоми шино кардан дар киштихои тахти парчами кишвари киштии шинокунанда карор доранд ва аз тарафи капитани ин киштихо тасдик шудаанд;

в) васиятномаи шахрвандоне, ки дар экспедитсияхои кашфиёти, арктики ё экспедитсияхои дигар буда аз тарафи сардорони ин экспедитсияхо тасдик гардидаанд;

г) васиятномаи хизматчиёни харби ва аъзои оилаи онхо ва дар нуктахои чойгиршавии кисмхои харби, ки нотариусхо нестанд ва хамчунин васиятномаи шахсони мулки ва аъзои оилаи онхо, ки дар ин кисмхои харби кор мекунанд ва аз тарафи командирони кисмхои харби тасдик шудаанд;

д) васиятномаи шахсоне, ки дар чойхои махрум сохтан аз озоди хастанд ва аз тарафи сардорони махали махрум сохтан аз озоди тасдик шудаанд;

е) васиятномаи шахсоне, ки дар махалхои алохидаи ахолинишин зиндаги мекунанд ва нотариус нест, аз тарафи шахси рохбарикунандаи макоми ичроияи махаллии хокимияти давлати ё худидоракунии махалли тасдик шудаанд.

  1. Васиятномае, ки ба кисми 1 хамин модда дахл дорад, бояд аз тарафи васиятгар дар хузури шохид имзо карда шавад, ки шохид хам онро имзо мекунад.

Дар холатхои дигар ба хамин гуна васиятномахо мутобикан коидахои моддаи 1158 хамин Кодекс ба истиснои талабот оид ба васиятномахои ба таври нотариали тасдикгардида татбик карда мешавад.

 

Моддаи 1160. Бекор кардан ва тагйир додани васиятнома

  1. Васияткунанда хукук дорад хар вакт васиятномаро бекор ё тагйир дихад.
  2. Васиятнома мумкин аст бо роххои зерин бекор карда шавад:

   а) бо рохи додани ариза ба макомоти нотариали дар хусуси пурра бекор намудани васиятномаи пештар тартибдодашуда;

   б) хангоми тартиб додани васиятномаи нав.

  1. Васиятнома мумкин аст бо роххои зерин тагйир дода шавад:

   а) бо рохи додани ариза ба макомоти нотариали дар хусуси ворид намудани тагйирот ба кисми муайяни васиятномаи пештар тартибдодашуда;

   б) хангоми тартиб додани васиятномаи нав, ки ба як кисми васиятномаи пештара тагйирот ворид менамояд.

  1. Васиятномаи пештар тартибдодашуда, ки бо васиятномаи минбаъда пурра ё кисман бекор карда шудааст, баркарор карда намешавад, агар ин васиятнома дар навбати худ аз тарафи шахси васиятгар бекор карда нашавад ё ба он тагйирот ворид карда нашавад.

Моддаи 1161. Махфи будани васиятнома

Нотариус, шахси дигаре, ки васиятномаро тасдик намудааст, шохидон ва хамчунин шахрванде, ки васиятномаро ба чойи васиятгар имзо намудааст, то кушодани мерос хукук надорад маълумоти ба мазмуни васиятнома, тартиб додан, бекор кардан ва тагйир додани он дахлдоштаро ошкор намояд.

Моддаи 1162. Шархи васиятнома

Хангоми шархи васиятнома аз тарафи нотариус, ичрокунандаи васиятнома ё суд маънои асосии калимаю иборахои дар он буда ба эътибор гирифта мешавад. Хангоми дакик набудани маънои баъзе мукаррароти васиятнома он ба тартиби мукоисаи ин мукаррарот бо мукаррароти дигар ва маънои пурраи васиятнома мукаррар карда мешавад.

Моддаи 1163. Беэътибор будани васиятнома

  1. Васиятномае, ки дар шакли номатлуб тартиб дода шудааст, беэътибор мебошад. Беэътибории васиятнома хамчунин ба коидахои хамин Кодекс дар хусуси беэътибор будани ахдхо асос меёбад.
  2. Беэътибор будани мазмуни алохидаи фармоишхои дар васиятнома буда ба эътиборнокии кисмати дигари васиятнома дахл надорад.
  3. Дар холати беэътибор донистани васиятнома вориси тибки хамин васиятнома аз мерос махрумгардида хукук пайдо мекунад, ки дар асосхои умуми ба мерос сохиб шавад.

Моддаи 1164. Ичрои васиятнома

  1. Васиятгар метавонад ичрои васиятномаро ба шахси дар васиятнома зикргардида, ки ворис намебошад (ичрокунандаи васиятнома) супорад. Розигии ин шахс барои ичрокунандаи васиятнома будан бояд бо хатти худаш дар худи васиятнома ё аризае, ки ба васиятнома замима шудааст, сабт шуда бошад.

Ворисон дар мувофика байни хамдигар хукук доранд ичрои васиятномаро ба яке аз ворисон ё шахси дигар супоранд. Хангоми ба хамин гуна созиш нарасидан бо талаби як ё якчанд ворисон суд метавонад ичрокунандаи васиятномаро таъин намояд.

Ичрокунандаи васиятнома хар вакт хукук дорад бо пешаки хабардор намудани ворисони васиятнома аз ичрои ухдадорихои ба зимааш гузошташуда даст кашад. Хамчунин мутобики даъвои ворисон имкон дорад, ки ичрокунандаи васиятнома бо карори суд аз ичрои ухдадорихояш озод карда шавад.

  1. Ичрокунандаи васиятнома метавонад шахси кобили амал бошад.
  2. Ичрокунандаи васиятнома бояд:

а) хифзи мерос ва идораи онро анчом дихад;

б) барои хабардор намудани хамаи меросхурон ва васияти меросгирифтагон дар хусуси кушодани мерос ва супориши васияткунандаи мерос ва фоидаи онхо хамаи чорахои имконпазирро андешад;

в) мутобики иродаи васиятгар ва конун ба ворисон хиссаи ба онхо дахлдоштаи амволро дихад;

г) аз тарафи ворисон ичро гардидани супориши васияткунандаи меросро, ки ба зиммаи онхо гузошта шудааст, таъмин намояд;

д) базиммагузории васиятномавиро ичро намояд ё аз ворисони васиятномави ичрои ба зиммагузории васиятномавиро талаб намояд.

  1. Ичрокунандаи васиятнома хукук дорад аз номи худаш дар суд ва корхои дигари вобаста ба хифзи мерос, идораи он ва ичрои васиятнома баромад намояд ва хамчунин метавонад барои иштирок дар хамин гуна корхо чалб карда шавад.
  2. Ичрокунандаи васиятнома вазифахои худро дар давоми мухлати зарури барои тоза намудани мерос аз карз, ситонидани маблагхои ба шахси меросгузор дахлдошта ва аз тарафи ворисон сохиби намудани мерос анчом медихад.
  3. Ичрокунандаи васиятнома барои аз хисоби мерос чуброн кардани харочоти зарурии вобаста ба хифз, идора ва ичрои мерос хукук дорад. Дар васиятнома мумкин аст ба ичрокунандаи васиятнома пардохти подош аз хисоби мерос пешбини шавад.
  4. Ичрокунандаи васиятнома хангоми анчом додани ичрои васиятнома бо талаби ворисон ухдадор аст, ки хисобот пешниход намояд.

Боби 60. Меросгири мутобики конун

 

Моддаи 1165. Мукаррароти умуми

  1. Ворисони конуни ба меросгири бо навбат тибки мукаррароти моддахои 1166-1168 хамин Кодекс даъват карда мешаванд.
  2. Хангоми меросгирии конуни фарзандхондшуда ва наслхои он, аз як тараф ва фарзандхонда ва хешовандони у, аз тарафи дигар бо хешони хуни баробар хисоб карда мешаванд.

Фарзандхондшудагон ва наслхои онхо баъди вафоти падару модари фарзандхоншуда ва хешони дигари хамхуни у мутобики конун мерос намегиранд.

Падару модари фарзандхондшуда ва дигар хешони хамхуни  аждодии у тибки конун баъди вафоти фарзандхондшуда ва наслхои у мерос намегиранд.

  1. Ворисони конунии хар як навбат дар холати набудани ворисони навбати пешина, бартараф намудани онхо аз мерос, аз тарафи онхо кабул нагардидани мерос ё даст кашидан аз он хукук ба мерос доранд.
  2. Меъёрхои хамин Кодекс оид ба навбат даъват кардани вориси конуни ба мерос ва оид ба андозаи хиссаи онхо ба мерос мумкин аст бо созишномаи аз тарики нотариали тасдикшудаи ворисони манфиатдор, ки баъди кушодани мерос баста шудааст, тагйир дода шавад. Чунин созишнома набояд ба хукуки ворисони дар он иштирокнадошта, инчунин ворисоне, ки ба хиссаи хатми хукук доранд, дахолат кунад.

 

Моддаи 1166. Навбати аввали ворисони конуни

  1. Дар навбати аввал мероси конуниро бо хиссаи баробар фарзандон (аз чумла фарзандхоншудагон), хамсарон ва падару модар, фарзандхондагони меросгузор ва хамчунин кудакони шахси вафоткарда, ки баъди вафоти у таваллуд шудаанд, мегиранд.
  2. Наберагони меросгузор ва наслхои онхо бо хукуки пешниход мерос мегиранд.

 

Моддаи 1167. Навбати дуюми ворисони конуни

  1. Хангоми набудани меросгирони навбати якум хукуки вориси конуниро дар навбати дуюм бо хиссаи баробар бародару хохарони меросгузор ва хамчунин бобою биби хам аз тарафи модар ва хам аз тарафи падар мегиранд.
  2. Фарзандони бародару хохарони меросгузор (чиянхои меросгузор) бо хукуки пешниход мерос мегиранд.

 

Моддаи 1168. Навбати сеюми ворисони конуни

  1. Хангоми набудани меросгирони навбатхои якум ва дуюм хукуки меросгирии конуниро дар навбати сеюм бо хиссаи баробар бародару хохарони падару модари (таго, амак, хола ва амма) меросгузор мегиранд.
  2. Духтару писарони амма, хола, таго ва амаки меросгузор бо хукуки пешниход ба мерос хукук доранд.

Моддаи 1169. Меросгири бо хукуки пешниход

  1. Хиссаи вориси конуние, ки то кушода шудани мерос ва ё дар як вакт бо меросгузор вафот кардааст, бо хукуки пешниход ба наслхои дахлдори у мегузарад ва дар холатхои пешбиникардаи кисми 2 моддахои 1166, 1167 ва 1168 Кодекси мазкур бошад, байни онхо баробар таксим карда мешавад.
  2. Наслхои вориси меросгузоре, ки онхоро у конунан аз вориси махрум кардааст, бо хукуки пешниход мерос гирифта наметавонанд.
  3. Наслхои ворисе, ки то кушода шудани мерос ва ё дар як вакт бо меросгузор вафот кардааст ва мутобики талаботи моддаи 1145 хамин Кодекс хукуки гирифтани меросро надошт, бо хукуки пешниход мерос гирифта наметавонанд.

 

Моддаи 1170. Мухточони корношоями меросгузор

  1. Ба шумораи ворисони конуни шахсони корношояме дохил мешаванд, ки дар мухлати на камтар аз як соли то фавти меросгузор тахти таъминоти у карор дошта, бо у якчоя зиндаги мекарданд. Хангоми тибки Конун мавчуд будани ворисони дигари онхо якчоя бо ворисони хамон навбате, ки ба меросгири даъват шудаанд, мерос мегиранд.
  2. Шахси корношоям, ки ба шумораи ворисони конуни дар моддахои 1167-1168 нишон додашудаи хамин Кодекс дохил шуда, вале ба доираи хамон ворисони навбати ба меросгири даъватшуда шомил нестанд, агар на камтар аз як соли то фавти меросгузор, сарфи назар аз зиндагии якчоя бо меросгузор дар таъминоти у бошанд, якчоя бо хамин навбат мерос мегиранд.

Моддаи 1171. Хукук ба хиссаи хатмии мерос

  1. Кудакони ба балогат нарасида ва гайрикобили мехнати васиятгар ва хамчунин падару модар (падархонду модархонд), хамсари гайри кобили мехнат сарфи назар аз мазмуни васиятнома, на камтар аз се ду хиссае, ки ба хар яки онхо хангоми мероси конуни (хиссаи хатми) тааллук дошт, мерос мегиранд.
  2. Ба хиссаи хатми хамаи он чизе, ки вориси ба чунин хисса хукукдошта дар ин ё он асос мегирад, аз чумла арзиши амвол, ки аз ашёю тачхизоти оддии хона иборат аст ва арзише, ки ба фоидаи хамин гуна вориси супориши васияткунандаи мерос мукаррар карда буд, хисоб карда мешавад.
  3. Хама гуна махдудкуни ва вазнинкуни, ки дар васиятнома барои вориси ба хиссаи хатмии мерос хукукдошта мукаррар гардидааст, танхо ба он хиссаи мероси ба хисоби у гузаранда дахл дорад, ки аз хиссаи хатми зиёд мебошад.

Моддаи 1172. Хукуки хамсарон хангоми меросгири

  1. Хукуки мероси тарики васиятнома ё конун ба хамсарон (зан ё шавхар) дахлдошта ба хукукхои дигари амволии онхо, ки бо холати дар никох будан бо меросгузор, аз чумла хукуки моликият ба як кисми амволи дар никохи якчоя ба даст омадааст, дахл надорад.
  2. Хамсари бо карори суд талокгирифта мумкин аст аз мероси конуни барканор карда шавад, ба истиснои мерос дар асоси моддаи 1171 хамин Кодекс, агар ворисони дигари конуни исбот намоянд, ки никох бо меросгузор вокеан то кушода шудани мерос катъ гардида буд ва хамсарон дар давоми на камтар аз 3 сол то кушода шудани мерос чудо зиндаги мекарданд.

Моддаи 1173. Хифзи мерос ва идораи он хангоми мероси конуни

  1. Дар холате, ки агар як кисми амвол тарики васиятнома ба мерос гузарад, ичрокунандаи васиятнома, ки васиятгар таъин намудааст, хифзи хамаи мерос ва идораи онро, аз чумла он кисмати меросро, ки бо тартиби мероси конуни мегузарад, анчом медихад.

Ичрокунандаи васиятнома, ки мутобики кисми 1 моддаи 1164 хамин Кодекс вориси васиятномави ё аз тарафи суд таъин шудааст, вазифаи хифзи хамаи мерос ва идоракунии ваколатии онро анчом медихад, агар ворисони конуни таъини идоракунандаи меросро барои ичрои вазифахои номбаршуда, ки барои кисмати мероси бо тартиби мероси конуни гузаранда татбик мешавад, талаб накунанд.

  1. Идоракунандаи ваколатии мерос бо хохиши як ё якчанд ворисони конуни ё бо талаби кредитори меросгузор дар чои кушодани мерос аз тарафи нотариус таъин карда мешавад. Агар вориси конуни ё кредитори меросгузор бо таъини идоракунандаи мерос рози набошанд, хукук доранд таъини идоракунандаи меросро дар суд бахс кунанд.
  2. Агар ворисони конуни набошанд ё номаълум бошанд, макоми ичроияи махаллии хокимияти давлати бояд бо хохиши оид ба таъини идоракунандаи мерос ба нотариус мурочиат намояд. Дар холати хозир гардидани ворисони конуни идоракунандаи мерос мумкин аст бо талаби онхо бо баргардонидани харочоти ба у зарури ва пардохтани мукофот аз хисоби мерос бозхонда шавад.
  3. Идоракунандаи мерос ваколатхои пешбининамудаи моддаи 1164 хамин Кодексро, ки нисбати ичрокунандаи васиятнома татбик карда мешавад, анчом медихад, чунки чизи дигаре аз махсусияти мероси конуни барнамеояд.
  4. Идоракунандаи мерос хукуки чуброни харочоти заруриро оид ба хифзи мерос ва идораи он дорад, агар тартиби дигареро созишномаи у бо ворисон ва хамчунин барои мукофот пешбини накунад.

Боби 61. Кабул ва даст кашидан аз мерос

Моддаи 1174. Кабули мерос

  1. Барои сохиб шудан ба мерос ворис хукук дорад онро кабул намояд. Кабули мерос бо ягон шарт ё эзохот ичозат дода намешавад.
  2. Хамон вакт аз тарафи ворис мерос кабулгардида эътироф мешавад, ки агар у вокеан ба сохибияти амволи мероси шуруъ намояд ё вакте ки у ба макоми нотариати махали кушода шудани мерос дар хусуси кабули мерос ариза дихад.
  3. Амалхои дар хамин модда нишондодашуда бояд дар давоми шаш мох аз рузи кушода шудани мерос ба анчом расонида шаванд.
  4. Шахсоне, ки барои онхо хукуки вориси танхо дар холати кабул накардани мерос аз тарафи ворисони дигар ба миён меояд, метавонанд дар хусуси розигии кабули мерос дар давоми мухлати бокимондаи кабули мерос эълон намоянд ва агар ин мухлат аз се мох кам бошад, пас он то се мох дароз карда мешавад.
  5. Кабули мерос аз рузи кушодашавии мерос ба ворис тааллукдошта эътироф карда мешавад.

Моддаи 1175. Ба ворисон гузаштани хукуки гирифтани хиссаи мерос (трансмиссияи вориси)

  1. Агар ворис баъди кушода шудани мерос онро дар мухлати мукарраргардида кабул нокарда фавтида бошад, дар ин сурат хукуки гирифтани хиссаи мерос ба ворисони у мегузарад (трансмиссияи вориси). Ворисони вориси фавтида меросро бояд дар чараёни мухлати то охири мухлати кабули мерос бокимонда кабул кунанд. Агар ин мухлат камтар аз се мох бошад, пас он бояд то се мох дароз карда шавад.
  2. Хангоми даст кашидан аз гирифтани амвол тибки трансмиссияи вориси амвол ба дигар ворисон мегузарад.

Моддаи 1176. Додани шаходатномаи хукуки меросгири

  1. Нотариуси махалли кушодани мерос ухдадор аст, ки бо хохиши ворис ба у шаходатномаи хукуки меросгириро дихад.
  2. Шаходатномаи хукуки меросгири баъди гузаштани шаш мох аз рузи кушодашавии мерос дода мешавад.

Хангоми меросгирии конуни ё тибки васиятнома шаходатнома мумкин аст то гузаштани мухлати нишондодашуда дода шавад, агар нотариус маълумоти дакик дошта бошад, ки ба гайр аз шахси барои шаходатнома мурочиаткарда вобаста ба  амволи дахлдор ё хамаи мерос ворисони дигар надошта бошанд.

Моддаи 1177. Дароз намудани мухлат барои кабули мерос

Мухлати кабули мерос, ки дар моддаи 1174 хамин Кодекс мукаррар карда шудааст, мумкин аст хангоми аз тарафи суд эътироф намудани сабаби узрноки гузаронидани мухлат дароз карда шавад.

Дар ин холатхо ба ворисе, ки мухлати кабули меросро гузаронидааст, танхо он кисми амволи ба у мансуббуда, ки ворисони дигар кабул намудаанд ё ба давлат гузаштааст ва дар шакли асли нигох дошта шудааст ва хамчунин маблагхое, ки аз фуруши кисмати дигари амволи ба у мансуббуда ба даст омадааст, дода мешавад.

Моддаи 1178. Имконнопазирии ихтиёрдории мерос

Ворисе, ки хузури дигар ворисонро мунтазир нашуда, ба ихтиёрдории мерос ё идораи он шуруъ намудааст, ба истиснои харочоти дафн, таъминоти шахси тахти парастории (хурандагон) меросгузор карордошта, хукук надорад то гузашти шаш мох аз рузи кушода шудани  мерос ё то гирифтани шаходатномаи хукук ба вориси меросро ихтиёрдори намояд.

Моддаи 1179. Хукуки аз мерос даст кашидан

  1. Ворис хукук дорад дар давоми шаш мох аз рузе, ки у дар бораи ба меросгири даъват шуданаш донист ё бояд медонист, аз мерос даст кашад. Хангоми мавчуд будани сабабхои узрнок ин мухлатро мумкин аст суд дароз намояд, аммо на бештар аз ду мох.
  2. Даст кашидан аз мерос тарики пешниходи ариза ба нотариуси махалли кушода шудани мерос аз тарафи ворис анчом дода мешавад.

Даст кашидан аз мерос тарики намоянда мумкин аст, агар дар ваколатнома барои хамин гуна радкуни махсус ваколат пешбини шуда бошад.

  1. Дасткаши аз мерос минбаъд аз эътибор сокит дониста ё бозхонда намешавад.
  2. Ворис бо гузашти вакти ба у пешниходшуда хукуки даст кашидан аз меросро гум мекунад. У ин хукукро хамчунин то гузаштани мухлати нишондодашуда гум мекунад, агар ба ихтиёрдории амволи мероси шуруъ карда бошад ё онро ихтиёрдори карда бошад, ё барои гирифтани хуччатхои тасдиккунандаи хукуки у ба ин моликият мурочиат намуда бошад.

Моддаи 1180. Махдудкунии хукуки дасткаши аз мерос

  1. Агар ворис хам бо васиятнома ва хам бо Конун ба меросгири даъват шавад, у хукук дорад аз мероси ба у мансубшаванда бо яке аз ин асосхо ё бо хардуи ин асосхо даст кашад.
  2. Ворис хукук дорад аз мероси ба у мансубшаванда тибки хукуки афзоишдихи (моддаи 1148 хамин Кодекс) сарфи назар аз меросгирии кисмати дигари мерос даст кашад.
  3. Хангоми даст кашидан аз мерос ворис хукук дорад нишон дихад, ки у ба фоидаи шахсони дигар аз хисоби ворисони васиятномави ё тибки Конун даст мекашад.
  4. Даст кашидан аз мерос ба фоидаи ворисони аз тарафи васиятгар аз мерос махрумшуда ё ворисони ношоиста ичозат дода намешавад.
  5. Ба истиснои холатхои пешбининамудаи хамин модда даст кашидан аз кисми мерос, аз мерос бо эзохот ё бо шарт ичозат дода намешавад.

Моддаи 1181. Хукуки даст кашидан аз гирифтани супориши васияткунандаи мерос

  1. Меросгир хукук дорад аз супориши васияткунандаи мерос даст кашад. Кисман даст кашидан аз супориши васияткунандаи мерос, даст кашидан аз он бо эзохот, ба шарте ё ба фоидаи шахси дигар ичозат дода намешавад.
  2. Агар меросгиранда аз хукуки дар хамин модда пешбинишуда истифода барад, вориси ба супориши васияткунандаи мерос водоргардида аз ухдадории ичрои он озод карда мешавад.

Моддаи 1182.Таксими мерос

  1. Хар як вориси конуни, ки меросро кабул кардааст, хукук дорад таксими меросро талаб намояд.
  2. Таксими мерос бо мувофикаи ворисон тибки хиссахои ба онхо мансубшаванда ва хангоми набудани мувофика бо тартиби суди анчом дода мешавад.
  3. Коидахои хамин модда ба таксими мерос байни ворисони васиятномави дар холатхое, ки агар хамаи мерос ё як кисми он ба ворисон ба хиссахо бе нишон додани амволи мушаххас васият шуда бошад, татбик карда мешавад.

Моддаи 1183. Хукуки ворисони гоиб

  1. Агар дар байни ворисон шахсоне бошанд, ки махали буду боши онхо номаълум бошад, ворисони дигар, ичрокунандаи васиятнома (идоракунандаи мерос) ва нотариус ухдадоранд барои мукаррар намудани махали буду бош ва даъвати онхо ба мерос тадбирхои зарури андешанд.
  2. Агар вориси гоиб, ки ба мерос даъват шудааст, махали буду бошаш мукаррар шуда бошад ва дар давоми мухлати пешбининамудаи моддаи 1179 хамин Кодекс аз мерос даст накашида бошад, ворисони дигар ухдадоранд, ки дар хусуси нияти худ оид ба таксими мерос ба у хабар диханд.
  3. Агар дар давоми се мох аз лахзаи хабардихии дар кисми 2 моддаи мазкур мукарраргардида вориси гоиб ворисони дигарро дар бораи хохиши худ оид ба иштирок намудан дар созишномаи таксими мерос хабардор накунад, ворисони дигар хукук доранд бо созишномаи байнихамдигари меросро таксим кунанд ва хиссаи ба вориси гоиб мансуббударо чудо намоянд.
  4. Агар дар давоми шаш мох аз рузи кушодани мерос махали буду боши вориси гоиб мукаррар нагардида бошад ва дар бораи аз тарафи у рад намудани мерос маълумоте набошад, ворисони дигар хукук доранд бо коидахои кисми 2 хамин модда таксими меросро анчом диханд.
  5. Хангоми мавчуд будани хамл, вале хануз таваллуд нашудани ворис таксими амвол метавонад танхо баъди таваллуди чунин ворис сурат гирад.

Агар хамл, вале вориси хануз таваллуднашуда зинда ба дунё ояд, ворисони бокимонда хукук доранд таксими меросро танхо бо чудо намудани хиссаи мероси ба у марбута анчом диханд. Барои хифзи манфиатхои навзод дар таксими мерос бояд намояндаи макоми васоят ва парастори даъват карда шавад.

Моддаи 1184. Меросгирии корхона

Агар дар созишномаи хамаи онхое, ки меросро кабул кардаанд, тартиби дигаре пешбини нашуда бошад, корхонаи (моддаи 144 хамин Кодекс) ба хайати мерос дохилшаванда дар шакли асл таксим карда намешавад ва тибки хиссаи ба онхо мансуббуда ба моликияти умумии хиссавии ворисон ворид мешавад.

 

Моддаи 1185. Хукуки бартарии ворисони алохида ба амволи ба мерос воридшаванда

  1. Хангоми таксими мерос ворисоне, ки дар давоми сол то кушодашавии мерос якчоя бо меросгузор зиндаги мекарданд, барои аз хайати мерос гирифтани хонаи истикомати, хучра ё бинои дигари истикомати ва хамчунин асбобу ашёи хона хукуки бартари доранд.
  2. Хангоми таксими мерос ворисоне, ки хамрохи меросгузор хукуки моликияти умуми ба амвол доранд, барои гирифтани амволи дар хайати мерос буда, ки ба моликияти умуми дохил мешавад, дар шакли асли хукуки бартари доранд.
  3. Хангоми амали намудани хукуки бартарии дар кисмхои 1 ва 2 хамин модда нишондодашуда бояд манфиатхои амволии ворисони дигари дар таксимот ширкаткунанда риоя карда шаванд. Агар дар натичаи амали намудани ин хукукхо амволе, ки меросро ташкил медихад, барои пешниход ба ворисони сохиби хисса кам бошад, пас вориси татбиккунандаи хукуки бартари бояд ба онхо чуброни дахлдори пули ё амволи намояд.

Моддаи 1186. Харочоте, ки аз хисоби мерос бояд пардохта шавад

Аз хисоби мерос то таксими он байни ворисон бояд дархости баргардонидани харочоти зарурии бо сабаби бемории пеш аз вафоти  меросгузор ба миёномада, харочоти дафни меросгузор, харочоти вобаста ба гирифтани мерос, хифзи он, идораи он ва ичрои васиятнома ва хамчунин пардохти мукофот ба ичрочии васиятнома ё ба идоракунандаи мерос конеъ гардонида шавад. Ин дархост бояд аз арзиши мерос пештар аз дигар дархостхо, аз чумла дархостхое, ки бо гарав ё замонатхои дигар таъмин карда шудаанд, конеъ карда шаванд.

Моддаи 1187. Аз тарафи кредиторхо руёнидани карзхои меросгузор

Кредиторони меросгузор хукук доранд талаботи худро, ки аз ухдадорихои меросгузор бармеояд ба ичрочии васиятнома, идоракунандаи мерос ё ворисон пешниход намоянд. Ворисон хамчун карздорони муштарак дар доираи арзиши амволи ба хар яки онхо гузошта чавоб медиханд.

Моддаи 1188. Мухлати пешниходи талаботи кредиторхо

  1. Кредиторхои меросгузор дар давоми шаш мох аз рузи кушодашавии мерос, бояд ба ворисоне, ки меросро кабул намудаанд, талаботро сарфи назар аз мухлати шуруи талабот пешниход намоянд.
  2. Мухлати дар кисми 1 хамин модда мукарраргардида мумкин аст аз тарафи суд дароз карда шавад, агар суд сабаби гузаронидани мухлатро узрнок эътироф намояд.
  3. Риоя нагардидани ин коидахо кредиторонро ба гум кардани хукуки талабот меорад.

Боби 62. Хифзи амволи мероси

Моддаи 1189. Чорахо оид ба  хифзи амволи мероси

Барои хифзи манфиатхои ворисони гоиб кабулкунандаи супориши васияткунандаи мерос ва манфиатхои оммави, нотариус ё макоми ба он баробар кардашудаи махали кушодани мерос бо ташаббуси шахсони манфиатдор, ичрокунандаи васиятнома ё бо ташаббуси худ чорахои заруриро оид ба хифзи мерос то кабули мерос аз тарафи хамаи ворисон меандешад.

Моддаи 1190. Ухдадории макоми нотариали ё макоми ба он баробаркардашуда  оид ба  хифзи мерос

Агар мерос ё як кисми он дар махалли кушодани мерос набошад, макоми нотариали ё макоми ба он баробаркардашуда ба макоми нотариали ё макоми ба он баробаркардашудаи махалли вокеъ гардидани амвол барои кабули чорахо чихати хифзи ин амвол супориш медихад.

Фасли VII. Хукуки хусусии байналмилали

Боби 63. Мукаррароти умуми

 

Моддаи 1191. Муайян кардани хукукхое, ки бояд дар муносибатхои  шахрвандию хукукии бо унсурхои хоричи мураккабгардида татбик шаванд

  1. Хукуки бо иштироки шахрвандони хоричи ё шахсони хукукии хоричи ё унсурхои хоричии дигар мураккабгардида, ки бояд ба муносибатхои хукуки граждани татбик карда шаванд, дар асоси хамин Кодекс, дигар санадхои меъёрии хукуки, санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф намудааст ва анъанахое, ки Чумхурии Точикистон онхоро эътироф мекунад ва хамчунин дар асоси созишномаи тарафхо муайян карда мешавад.
  2. Агар мутобики кисми 1 хамин модда муайян кардани хукуке, ки бояд татбик карда шавад, гайриимкон бошад, хукуки нисбатан бо муносибатхои шахрвандию хукуки вобастаи бо чузъиёти хоричи мураккабгардида татбик карда мешавад.
  3. Меъёрхои фасли мазкур дар хусуси муайян намудани хукуке, ки бояд аз тарафи суд татбик карда шавад, мутобикан аз тарафи макомоти дигари дорои ваколати халлу фасли масъалаи татбики хукук татбик карда мешавад.
  4. Татбики меъёрхои хукуки хоричи наметавонад танхо дар асоси он ки меъёри мазкур хусусияти оммавию хукуки дорад, махдуд карда шавад.

 

Моддаи 1192. Бандубасти мафхумхои хукуки (бандубасти хукуки)

  1. Суд ё макомоти дигари ваколатдор бандубасти мафхумхои хукукиро (бандубасти хукуки) ба тафсири он тибки хукуки кишвари суд асоснок мекунад, агар тартиби дигареро конунхо пешбини накарда бошанд.
  2. Агар мафхуми хукуки ба хукуки Чумхурии Точикистон номаълум бошад ё бо номи дигар ё бо мазмуни дигар маълум буда, тибки хукуки Чумхурии Точикистон тафсири онро муайян намудан мумкин набошад, пас хангоми бандубасти мафхумхои хукуки (бандубасти хукуки) мумкин аст хамчунин хукуки кишвари хоричи татбик карда шавад.

Моддаи 1193. Мукаррар намудани мазмуни меъёри  хукуки хоричи

  1. Суд ё макоми дигари ваколатдор хангоми татбики хукуки хоричи мазмуни меъёрхои онро тибки тафсири расми, тачрибаи татбик ва доктрина дар давлати хоричии дахлдор мукаррар мекунад.
  2. Суд бо максади мукаррар намудани мазмуни меъёрхои хукуки хоричи метавонад бо тартиби мукарраргардида барои хамкори ва тафсир ба Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон, макомоту ташкилоти дигари ваколатдори Чумхурии Точикистон, аз чумла ба хорича мурочиат намояд ё ин ки экспертхоро чалб кунад.
  3. Шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд, хукуки пешниходи хуччатхои тасдиккунандаи мазмуни меъёрхои хукуки хоричиро доранд, ки онхо аз он ба асоснокии талабот ё эътирози худ иктибос меоранд ё ба тарзи дигар ба суд барои мукаррар намудани мазмуни ин меъёрхо мусоидат мекунанд.

Бо дархостхои вобаста аз чониби тарафхо амали намудани фаъолияти сохибкори, вазнинии исботи масъулияти меъёрхои хукуки хоричи мумкин аст аз чониби суд ба тарафхо вогузор карда шавад.

  1. Агар мазмуни меъёрхои хукуки хоричи новобаста аз чорахои дидашаванда тибки хамин модда мукаррар карда нашавад, хукуки Чумхурии Точикистон татбик карда мешавад.

Моддаи 1194. Хаволаи бозгашт ва хавола ба хукуки кишвари сеюм

  1. Хама гуна хавола ба хукуки хоричи мутобики коидахои хамин фасл бояд чун хавола ба хукуки моддии кишвари дахлдор барраси карда шаванд, ба гайр аз холатхое, ки кисми дуюми хамин модда пешбини мекунад.
  2. Хаволаи бозгашт ба хукуки Чумхурии Точикистон ва хавола ба хукуки кишвари сеюм дар холатхои татбики хукуки хоричи тибки моддахои 1200, 1201, 1203 ва 1234 хамин Кодекс татбик карда мешавад.

 

Моддаи 1195. Татбики хукуки кишвари дорои хукуки бисёрсистемаги

Дар сурати татбик намудани хукуки кишваре, ки дар он якчанд системаи худуди ё дигар системахои хукуки амал мекунанд, системаи хукуки мутобики хукуки ин кишвар истифода мешавад. Агар мутобики хукуки ин кишвар татбик кардани кадом системаи хукуки имконнопазир бошад, пас системаи хукукие татбик мешавад, ки бо он муносибати наздик дорад.

Моддаи 1196.  Истифодаи мутакобила

  1. Суд хукуки хоричиро, сарфи назар аз он ки дар кишвари дахлдори хоричи вобаста ба муносибати хамшабех хукуки Чумхурии Точикистон истифода мешавад ё не ба истиснои холатхое, ки истифодаи хукуки хоричи дар асоси мутакобила тибки санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини шудааст, истифода менамояд.
  2. Агар татбики хукуки хоричи ба муносибатхои мутакобила вобаста бошад, эхтимол меравад, ки он вучуд дорад, зеро тартиби дигаре исбот карда нашудааст.

Моддаи 1197.  Кайду шарт дар бораи тартиби оммави

  1. Хукуки хоричи дар холатхое, ки агар истифодаи он хилофи асосхои тартиби хукукии Чумхурии Точикистон (тартиби оммавии Чумхурии Точикистон) бошад, татбик карда намешавад. Дар ин холат меъёрхои хукуки Чумхурии Точикистон татбик мегардад.
  2. Рад кардани татбики хукуки хоричи наметавонад танхо ба фаркияти системахои хукуки, сиёси ё иктисодии кишвари хоричии дахлдор аз системаи хукуки, сиёси ё иктисодии Чумхурии Точикистон асос ёбад.

Моддаи 1198. Татбики меъёрхои хатми (императиви)

  1. Меъёрхои хамин фасл ба амали он меъёрхои хатмии (императивии) конунгузории Чумхурии Точикистон, ки дар натичаи дар худи ин меъёрхо нишон додан ё бо сабаби маънои махсуси онхо, аз чумла барои таъмини хукук ва манфиатхои иштирокчиёни муомилоти граждани, ки конун хифз мекунад, дахл надорад ва муносибатхои дахлдорро сарфи назар аз хукуки татбикшаванда танзим менамояд.
  2. Хангоми татбики хукуки кишвари дигар тибки меъёрхои хамин фасл суд метавонад меъёрхои хукуки хатмии (императивии) кишвари дигарро, ки бо ин муносибатхо робитаи зич доранд, татбик намояд, агар мутобики хукуки ин кишвари дигар хамин гуна меъёрхо бояд муносибатхои дахлдорро сарфи назар аз хукуки татбикшаванда танзим намоянд. Хамзамон суд бояд таъинот ва хусусияти ин меъёрхо ва хамчунин окибати татбики онхоро ба эътибор гирад.

Моддаи 1199. Махдудиятхои чавоби (реторсияхо)

Хукумати Чумхурии Точикистон метавонад нисбат ба хукуки амволи ва шахсии гайриамволии шахрвандон ва шахсони хукукии он давлатхое, ки дар онхо махдудиятхои махсуси хукуки амволи ва шахсии гайриамволии шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистон хастанд, махдудиятхои чавоби (реторсияхо)  мукаррар намояд.

Боби 64. Меъёрхои коллизиони

  • 1. Шахсон

 

Моддаи 1200. Конуни шахсии шахси вокеи

  1. Конуни шахсии шахси вокеи хукуки кишваре, ки ин шахс шахрвандии онро дорад, мебошад. Хангоми дар шахс мавчуд будани ду ва ё зиёда шахрванди конуни шахси хукуки хамон кишвар хисобида мешавад, ки шахс дар он бештар истикомат мекунад.

Агар шахс шахрвандии Чумхурии Точикистон ва давлати хоричиро дошта бошад, конуни шахсии у хукуки Чумхурии Точикистон мебошад.

  1. Конуни шахсии шахси бешахрванди хукуки кишваре хисоб мешавад, ки дар он ин шахс бештар истикомат мекунад.
  2. Конуни шахсии гуреза хукуки хамон кишваре хисобида мешавад, ки ба у паногох додааст.

Моддаи 1201. Кобилияти хукукдори ва кобили амал будани шахси  вокеи

  1. Кобилияти хукукдории граждании (шахрвандии) шахси вокеи тавассути конуни шахсии у муайян карда мешавад.
  2. Кобили амал будани шахси вокеи тибки конуни шахсии у муайян карда мешавад.
  3. Кобили амали граждании шахси вокеи дар муносибат бо ахдхо ва ухдадорихо, ки вобаста ба расонидани зарар ба миён омадааст, тибки хукуки кишвари махали ичрои амал ё ба миён омадани ухдадорихои вобаста ба расонидани зарар муайян карда мешавад.
  4. Кобилияти шахси вокеи чихати сохибкори инфироди будан ва доштани хукуку ухдадорихои вобаста ба он тибки хукуки кишваре муайян мегардад, ки шахси вокеи ба сифати сохибкори инфироди ба кайд гирифта шудааст. Хангоми мавчуд набудани кишвари бакайдгиранда хукуки кишваре татбик мегардад, ки дар он махали асосии фаъолияти инфиродии сохибкори сурат мегирад.
  5. Шахси вокеие, ки тибки конуни шахсии худ дорои кобилияти амали граждани намебошад, агар у дар махали анчом додани ахд кобили амал бошад, хукук надорад ба гайри кобили амал будани худ истинод кунад, ба истиснои холати исботи он, ки дар мавриди гайри кобили амал будани у тарафи дигар медонист ё пешаки мебоист огох гардад.
  6. Гайри кобили амал ё махдуди кобили амал эътироф намудани шахси вокеи дар Точикистон ба хукуки Чумхурии Точикистон тобеъ аст.

 

Моддаи 1202. Бедарак  гоибшуда ё фавтида эълон  намудани шахси вокеи

Дар Точикистон бедарак гоибшуда ё фавтида эълон намудани шахси вокеи тибки хукуки Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 1203. Номи шахси вокеи

Хукуки шахси вокеи ба ном, истифода ва хифзи он бо конуни шахсии у муайян карда мешавад, агар тартиби дигареро хамин Кодекс ё конунхои дигар пешбини накарда бошанд.

Моддаи 1204. Бакайдгирии санадхои холати шахрвандии шахрвандони Чумхурии Точикистон дар хоричи Чумхурии Точикистон

Бакайдгирии санадхои граждании шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон истикомат мекунанд, дар муассисахои консулгарии Чумхурии Точикистон амали карда мешаванд. Дар ин холат санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон татбик карда мешавад.

Моддаи 1205. Эътирофи хуччатхое, ки макомоти давлати хоричи барои тасдики санадхои холати шахрванди додаанд

Хуччатхое, ки макомоти салохиятдори давлати хоричи барои тасдики санадхои холати шахрванди берун аз худуди Чумхурии Точикистон тибки конунхои давлатхои дахлдори ба шахрвандони Чумхурии Точикистон, шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд додаанд, хангоми расми будани онхо дар Чумхурии Точикистон хакики эътироф карда мешаванд, агар санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон онхоро эътироф кардааст, тартиби дигареро пешбини накарда бошанд.

Моддаи 1206. Конуни шахсии шахси хукуки

Конуни шахсии шахси хукуки хукуки кишваре хисобида мешавад, ки дар он чо шахси хукуки таъсис дода шудааст.

Моддаи 1207. Кобилияти хукукдори ва кобилияти амалкунии шахси хукуки

  1. Кобилияти хукукдории шахрванди ва кобилияти амалкунии шахси хукуки бо конуни шахсии шахси хукуки муайян карда мешавад.
  2. Шахси хукукии хоричи наметавонад ба махдудияти ваколатхои маком ё намояндаи он барои бастани ахдхои ба хукук номаълуми кишваре, ки дар он маком ё намояндаи шахси хукукии хоричи ахдро ба имзо расонидааст, такя намояд.
  3. Кобилияти хукукдории шахрванди ва кобилияти амалкунии ташкилоти хоричи, ки бо хукуки хоричи шахси хукуки намебошад, бо хукуки кишваре, ки ин ташкилот ташкил карда шудааст, муайян карда мешавад.

Ба фаъолияти хамин гуна ташкилот, агар хукуки Чумхурии Точикистон татбикшаванда бошад, меъёрхои хамин Кодекс, ки фаъолияти шахси хукукии ташкилоти тичорати бударо ба танзим меоранд, татбик карда мешавад, агар аз конунгузории Чумхурии Точикистон ё мохияти ухдадори тартиби дигаре барнаояд.

Моддаи 1208. Иштироки давлатхо дар муносибатхои хукукии шахрвандии   дорои унсурхои хоричи

Ба муносибатхои хукукии шахрвандии бо унсурхои хоричи мураккабгашта меъёрхои хамин фасл дар асоси умуми татбик карда мешаванд, агар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигареро пешбини накунанд.

  • 2. Хукукхои шахсии гайриамволи ва хифзи онхо

Моддаи 1209. Хукукхои шахсии гайриамволи ва хифзи онхо

  1. Хукукхои шахсии гайриамволи бо конуни шахсии субъект амали карда мешаванд, агар санадхои конунгузори ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон тартиби дигареро пешбини накарда бошанд.
  2. Ба хукуки шахсии гайриамволи хукуки кишваре, ки дар он чо амал ё холати дигар чой дошт ва барои талаби хифзи хамин гуна хукукхо асос шуда буд, татбик карда мешавад.
  • 3. Ахдхо. Намояндаги. Мухлати даъво.

Моддаи 1210. Шакли ахдхо

  1. Шакли ахдхо ба хукуки махали ба имзо расидани он тобеъ аст. Аммо ахди дар хорича басташуда наметавонад дар натичаи риоя нагардидани шаклхо беэътибор дониста шавад, агар талаботи хукуки Чумхурии Точикистон риоя шуда бошад.
  2. Ахди иктисоди хоричи, ки яке аз иштирокчиёни он шахси хукукии Чумхурии Точикистон ё шахрванди Чумхурии Точикистон мебошад, сарфи назар аз махали ба имзо расидани ахд дар шакли хатти ба имзо расонида мешавад.
  3. Шакли ахд вобаста ба амволи гайриманкул ба хукуки кишваре тобеъ аст, ки ин амвол вокеъ гардидааст, аммо нисбати амволи гайриманкул ва хамчунин воситаи наклиёт ва амволи дигар, ки ба фехристи давлатии Чумхурии Точикистон ворид карда шудааст, хукуки Чумхурии Точикистон татбик мешавад.

Моддаи 1211. Ваколатнома

Шакл ва мухлати амали ваколатнома бо хукуки кишваре, ки ваколатнома дода шудааст, муайян карда мешавад. Аммо ваколатнома наметавонад дар натичаи риоя накардани шакл беэътибор эътироф карда шавад, агар он талаботи хукуки Чумхурии Точикистонро конеъ гардонад.

Моддаи 1212. Мухлати даъво

  1. Мухлати даъво бо хукуки кишваре, ки барои танзими муносибати дахлдор татбик мегардад, муайян карда мешавад.
  2. Талаботе, ки ба онхо мухлати даъво дахл надорад, бо хукуки Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад, агар яке аз иштирокчиёни муносибатхои дахлдор шахрванди Чумхурии Точикистон ё шахси хукукии Чумхурии Точикистон бошад.
  • 4.Хукуки ашё

 

Моддаи 1213. Мукаррароти умуми оид ба хукуке, ки нисбат ба хукуки ашё татбик карда мешавад

  1. Мазмуни хукуки моликият ва хукуки дигари ашё ба моликияти манкул ва гайриманкул ва хамчунин татбики онхо бо хукуки кишваре, ки ин моликият дар он чо вокеъ гардидааст, муайян карда мешавад, агар конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигареро пешбини накарда бошад.
  2. Мансубияти амвол ба ашёи гайриманкул ё манкул ва хамчунин бандубасти дигари хукукии амвол бо хукуки кишваре, ки ин амвол дар он чо вокеъ гардидааст, муайян карда мешавад.

 

Моддаи 1214. Ба вучуд омадан ва катъ гардидани хукуки ашё

  1. Ба вучуд омадан ва катъ гардидани хукуки ашё ба амвол бо хукуки кишваре муайян карда мешавад, ки ин амвол дар лахзаи амал ё холати дигар, ки барои ба миён омадан ё катъ гардидани хукуки ашё асос гардидааст, дар он чо вокеъ гардида буд, агар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигареро пешбини накарда бошанд.
  2. Ба вучуд омадан ва катъ гардидани хукуки ашё ба амвол, ки предмети ахд мебошад, бо хукуки кишваре, ки ин ахд тобеи он мебошад, муайян карда мешавад, агар созишномаи тарафхо тартиби дигареро мукаррар накарда бошад.
  3. Ба вучуд омадани хукуки моликият ба амвол вобаста ба мухлати бадастовари тибки хукуки кишваре муайян мегардад, ки дар лахзаи ба охир расидани мухлати бадастовари амвол дар он карор дошт.

 

Моддаи 1215. Хукуки ашё ба воситахои наклиёт ва амволи  дигаре, ки  бояд  ба  фехристи  давлати ворид  карда шаванд

Хукуки ашё ба воситахои наклиёт ва амволи дигар, ки бояд ба фехристи давлати ворид карда шаванд, бо хукуки кишваре, ки ин воситахои наклиёт ё амвол ба фехристи давлати ворид карда шудаанд, муайян карда мешавад.

Моддаи 1216. Хукуки ашё ба амволи манкули дар рох карордошта

Хукуки моликият ва хукуки дигари ашё ба амволи манкули тибки ахд дар рох карордошта бо хукуки кишваре, ки аз он ин амвол ирсол шудааст, муайян карда мешавад, агар бо созишномаи тарафхо тартиби дигаре мукаррар нашуда бошад.

Моддаи 1217. Хифзи хукуки ашё

  1. Ба хифзи хукуки моликият ва хукуки дигари ашё хукуки кишваре, ки ин амвол дар он карор дорад ё хукуки кишвари суд татбик карда мешавад.
  2. Ба хифзи хукуки моликият ва хукуки дигари ашёи гайриманкул хукуки кишваре татбик карда мешавад, ки дар он ин амвол вокеъ гардидааст. Нисбат ба амволе, ки ба фехристи давлатии Чумхурии Точикистон ворид карда шудааст, хукуки Чумхурии Точикистон татбик карда мешавад.
  • 5. Ухдадорихои шартномави

 

Моддаи 1218. Интихоби хукук бо созишномаи тарафхои шартнома

  1. Муносибатхои шартномави бо хукуки кишвари бо созишномаи тарафхо интихобшуда танзим карда мешавад, агар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигареро мукаррар накарда бошанд.
  2. Созишномаи тарафхо оид ба интихоби хукуки татбикшаванда бояд пурра баён шуда бошад ё аз шартхои шартнома ва холатхои кори дар мачмуъ баррасишаванда мустакиман барояд.
  3. Тарафхои шартнома татбики хукукро барои тамоми шартнома ё барои як кисми алохидаи он метавонанд интихоб намоянд.
  4. Интихоби татбики хукукро тарафхои шартнома метавонанд дар вакти дилхох хангоми бастани шартнома ё минбаъд анчом диханд. Тарафхо метавонанд дар вакти дилхох оид ба тагйир додани хукуки ба шартнома татбикшаванда созиш банданд.
  5. Интихоби хукуке, ки бояд татбик шавад ва тарафхо баъди бастани шартнома анчом додаанд, кувваи бозгашт дорад ва аз лахзаи бастани шартнома эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 1219. Хукуке, ки хангоми набудани созиши тарафхо бо шартнома татбик карда мешавад

  1. Хангоми набудани созиши тарафхои шартнома дар хусуси татбики хукук ба хамин гуна шартнома хукуки кишваре, ки дар он яке аз тарафхо таъсис ёфтааст, истикоматгох ё макони асосии фаъолият дорад ва:

а) дар шартномаи хариду фуруш – фурушанда;

б) дар шартномаи хадя – хадякунанда;

в) дар шартномаи кирояи (ичораи) амвол-ичорадех ё кироядех;

г) дар шартномаи истифодаи ройгони амвол – карздиханда;

д) дар шартномаи пудрат – пудратчи;

е) дар шартномаи хамлу накл – боркашон;

ё) дар шартномаи экспедитсияи наклиёти – экпедитор;

ж) дар шартномаи карз ё шартномаи кредит – кредитор;

з) дар шартномаи супориш – вакил;

и) дар шартномаи комиссия – комиссионер;

к) дар шартномаи нигохдошт – нигохбон;

л) дар шартномаи сугурта – сугуртакунанда;

м) дар шартномаи замонат – зомин;

н) дар шартномаи гарав – гаравдех;

о) дар шартномаи литсензиони оид ба истифодаи хукуки мустасно – литсензиар;

п) дар шартномаи маблаггузори тахти супоридани дархостхои пули – агенти молияви;

р) дар шартномаи пасандози (депозити) бонки ва шартномаи хисобномаи бонки – бонк;

с) дар шартномаи агент – агент;

т) дар шартномаи консессияи тичорати – дорандаи хукук мебошанд.

  1. Хангоми набудани созиши тарафхо оид ба татбики хукук ба шартнома хукуки кишваре, ки бо он шартнома нисбатан зичтар алока дорад, татбик карда мешавад. Шартнома бо хукуки кишваре нисбатан зичтар алокаманд хисобида мешавад, ки дар он чо истикоматгох ё махали фаъолияти асосии тарафе, ки шартномаро ичро мекунад ва барои нигохдории шартнома ахамияти халкунанда дорад, агар аз конун ё шарти шартнома тартиби дигаре барнаояд.
  2. Ба хукуку ухдадорихо оид ба шартнома, ки предмети он амволи гайриманкул мебошад ва хамчунин бо шартнома оид ба идораи ба бовари асосёфтаи амвол хукуки кишваре татбик карда мешавад, ки амвол дар он вокеъ гардидааст, аммо нисбати амволе, ки дар Чумхурии Точикистон ба Фехристи давлати ворид карда шудааст – хукуки Чумхурии Точикистон.
  3. Хангоми набудани созишномаи тарафхои шартнома оид ба татбики хукук, сарфи назар аз мукаррароти кисми 1 хамин модда, татбик карда мешаванд:

а) нисбат ба шартномаи фаъолияти якчоя (ширкати одди) – хукуки кишваре, ки асосан дар он чо фаъолияти хамин гуна ширкат анчом дода мешавад;

б) нисбат ба фаъолияти муштарак ва пудрати сохтмони, пудрат ба корхои лоихакаши ва чустучуи – хукуки кишваре, ки хамин гуна фаъолият анчом дода мешавад ё натичахои пешбининамудаи шартнома ташкил карда мешаванд;

в) ба шартномахое, ки тибки чамъбасти савдои оммави (тендер, музояда) ё дар биржа баста шудаанд – хукуки кишваре, ки савдои оммави (тендерхо, музоядахо) гузаронида мешавад ё биржа вокеъ гардидааст.

  1. Ба шартномахое, ки дар кисмхои 1-3 хамин модда номбар нашудаанд, хангоми набудани созиши тарафхо оид ба татбики хукук, хукуки кишвари тарафе татбик карда мешавад, ки таъсис ёфтааст, истикоматгох дорад ва чойи асосии фаъолияти он мебошад ва ичрои дорои ахамияти халкунандаро барои хамин гуна шартнома анчом медихад. Хангоми гайриимкон будани муайянкунии ичрои дорои ахамияти халкунанда барои нигох доштани шартнома хукуки кишваре татбик карда мешавад, ки бо он шартнома нисбатан зичтар вобаста аст.
  2. Нисбат ба кабули ичрои шартнома хукуки чойи гузаронидани хамин гуна кабул ба эътибор гирифта мешавад, чунки тарафхо тартиби дигарро мувофика накардаанд.
  3. Агар дар шартнома истилохоти тичоратии савдо дар ахдхои байналмилали кабулгардида истифода шаванд, пас хангоми дар шартнома набудани нишондодхои дигар ба хисоб гирифта мешавад, ки тарафхо нисбат ба онхо татбик гардидани анъанахои мубодилаи кориро дар муносибати мавчудаи истилохоти дахлдори тичорати мувофика кардаанд.

Моддаи 1220.  Хукуке, ки ба шартнома дар бораи таъсиси шахси хукуки бо иштироки хоричиён  татбик мешавад

  1. Ба шартномаи таъсиси шахси хукуки бо иштироки хоричиён хукуки кишваре татбик карда мешавад, ки дар он чо шахси хукуки таъсис ва тасдик шудааст.
  2. Муносибатхое, ки хамин модда танзим мекунад, муносибатхои ташкил ва катъи шахси хукуки, тахвили хиссаи иштирок дар он ва муносибатхои дигарро байни иштирокчиёни шахси хукуки, ки бо хукуку ухдадорихои мутакобила вобаста мебошанд, аз чумла бо созишномахои минбаъда муайяншударо дар бар мегиранд.
  3. Мукаррароти хамин модда хамчунин дар холатхои мукаррар намудани хукуку ухдадорихои иштирокчиёни шахси хукуки бо иштироки хоричён бо хуччатхои дигари таъсисоти татбик карда мешавад.

 

Моддаи 1221. Хукуке, ки барои гузашткунии талабот ва гузаронидани карз татбик карда мешавад

  1. Хукуке, ки ба созишномаи байни кредитори ибтидои ва нав оид ба гузашткунии талабот бояд татбик гардад ва хамчунин байни карздори ибтидои ва нав оид ба гузаронидани карз тибки меъёрхои моддаи 1219 хамин Кодекс муайян карда мешавад.
  2. Хачми ичозатдихии гузашткунии талабот байни кредиторо-ни нав ва карздор ва шартхое, ки тавассути онхо ин талабот мумкин аст аз тарафи кредитори нав ба карздор пешниход карда шавад ва хамчунин шартхои ичро аз тарафи карздор бо хукуки татбикшавандаи талабот, ки предмети гузашткуни мебошад, муайян карда мешавад.
  3. Хачми ичозатдихии гузаронидани карз байни карздори ибтидои ва нав, шартхои гузаронидан ва хамчунин ичрои зарури бо хукуки кишваре, ки бояд ба гузаронидани карз татбик шавад ва предмети карз мебошад, муайян карда мешавад.

Моддаи 1222. Доираи амали хукуки татбикшаванда

  1. Хукуке, ки вобаста ба шартнома тибки мукаррароти хамин параграф татбик карда мешавад, аз чумла инхоро дар бар мегирад:

-маънидодкунии шартнома;

-хукук ва ухдадорихои тарафхо;

-ичрои шартнома;

-окибати ичро накардан ё ичрои гайриканоатбахши шартнома;

-катъи шартнома;

-асосхо ва окибати беэътибор гардидани шартнома;

-гузашткунии талабот ва гузаронидани карз вобаста ба шартнома.

  1. Вобаста ба усулхо ва расмиёти ичро ва хамчунин чорахое, ки бояд дар холати ичрои гайриканоатбахш кабул карда шаванд, ба гайр аз хукуки татбикшаванда хамчунин хукуки кишваре ба эътибор гирифта мешавад, ки дар он ичро анчом мегирад.

Моддаи 1223.Ухдадори аз ахдхои яктарафа

  1. Хукуки татбикшаванда нисбати ухдадорихои аз ахдхои яктарафа ба амалоянда, агар дар санадхои конунгузори тартиби дигаре пешбини нашуда бошад, бо хукуки кишваре, ки истикоматгох ё чои фаъолияти асосии тарафи оид ба ахдхои яктарафа ба худ ухдадори гирифта муайян карда мешавад.
  2. Мухлати амали ваколатнома ва асосхои катъ гардидани он бо хукуки кишваре, ки ваколатнома дода шуда буд, муайян карда мешавад.

Моддаи 1224. Татбики хукук оид ба муносибатхои пардохти фоизхо

Асосхои ситонидан, шартхо ва тартиби маблаггузарони ва хамчунин андозаи фоизхо оид ба ухдадорихои пули бо хукуки кишваре, ки бояд бо ухдадории дахлдор татбик шаванд, муайян карда мешавад.

  • 6.Ухдадорихои гайришартномави

Моддаи 1225. Ухдадорихое, ки дар натичаи расонидани зарар ба миён меоянд

  1. Хукуку ухдадорихо оид ба ухдадорихое, ки дар натичаи расонидани зарар ба амал меоянд, бо хукуки кишваре, ки амал ё холати дигар чой дошт ва барои талаботи баргардонидани зарар асос шуда буд, муайян карда мешавад.
  2. Хукуку ухдадорихо оид ба ухдадорихое, ки дар натичаи расонидани зарар дар хорича ба амал омадаанд, агар тарафхо шахрванд ё шахсони хукукии хамон як давлат бошанд ё дар як давлат истикоматгох дошта бошанд, бо хукуки ин давлат муайян карда мешаванд.
  3. Баъди содир гардидани амал ё пеш омадани холати дигаре, ки дар натича зарар расонида шудааст, тарафхо метавонанд оид ба татбики ухдадории дар натичаи расонидани зарар ба амаломада хукуки кишвари судро созиш намоянд.
  4. Агар амал ё холати дигар, ки барои талаби гардонидани зарар асос шуда бошад ва ба санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон мухолиф набошанд, хукуки хоричи татбик намешавад.

 Моддаи 1226. Сохаи амали хукуки татбикшаванда ба ухдадорихои  дар  натичаи  расонидани зарар ба миёномада

Хукуки татбикшаванда ба ухдадорихои дар натичаи расонидани зарар бамиёномада инхоро дар бар мегирад:

а) кобилияти шахс чихати анчом додани чавобгари барои зарари расонидашуда;

б) гузоштани чавобгари барои расонидани зарар ба зиммаи шахсе, ки зарар нарасондааст;

г) асосхои махдудкуни ва озод намудан аз масъулият;

д) тарзхои чуброни зарар;

е) хачм ва андозаи чуброни зарар.

 

Моддаи 1227. Чавобгари барои зарари ба истеъмолкунанда расонидашуда

  1. Ба талаботи чуброни зарари истеъмолкунанда, ки вобаста ба хариди амвол, ичрои корхо ё хизматрасони ба миён омадааст, тибки интихоби истеъмолкунанда татбик карда мешавад:

а) хукуки кишваре, ки истикоматгох ё махали фаъолияти истеъмолкунанда чойгир аст;

б) хукуки кишваре, ки истикоматгох ё махали чойгиршавии истехсолкунанда ё шахсе, ки хизмат расонидааст, чойгир аст;

в) хукуки кишваре, ки истеъмолкунанда молро харидааст, дар як чо кор ичро шудааст ё ба у хизмат расонида шудааст.

  1. Агар чабрдида хукуки интихобро истифода набурда бошад, хукуки татбикшаванда тибки моддаи 1225 хамин Кодекс муайян карда мешавад.

Моддаи 1228. Хукукхои татбикшаванда ба ухдадорихое, ки дар натичаи  ракобати  бевичдонона ба миён меоянд

Ба ухдадорихое, ки дар натичаи ракобати бевичдонона ба миён меоянд, хукуки кишваре татбик карда мешавад, ки ба бозори он хамин гуна ракобат дахл намудааст, агар аз санадхои конунгузори ё мохияти ухдадори тартиби дигаре барнаояд.

Моддаи 1229. Дорошавии беасос

  1. Ба ухдадорихое, ки дар натичаи дорошавии беасос ба миён меоянд, хукуки кишваре, ки ин дорошави чой дошт, татбик мешавад.
  2. Агар дорошавии беасос дар натичаи аз байн рафтани асосхое, ки бо он амвол харидори ё гун шудааст, ба миён ояд, хукуки татбикшаванда бо хукуки кишваре, ки ин асос тобеъ карда шудааст, муайян карда мешавад.
  3. Мафхуми дорошавии беасос бо хукуки Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
  • 7.Моликияти зехни

Моддаи 1230. Хукук ба моликияти зехни

  1. Ба моликияти зехни хукуки кишваре татбик карда мешавад, ки дар он чо хифзи ин хукукхо пурсида мешавад.
  2. Шартномахое, ки предмети онхо хукуки моликияти зехни мебошанд, бо хукуке танзим мешаванд, ки бо мукаррароти хамин фасл оид ба ухдадорихои шартномави муайян карда шудаанд.
  • 8.Хукуки мерос

 

Моддаи 1231.  Муносибатхо оид ба меросгири

Муносибатхо оид ба меросгири бо хукуки кишваре, ки дар он чо меросгузор охирин истикоматгохи доими дошт муайян карда мешавад, агар меросгузор дар васиятнома хукуки кишвареро, ки шахрванди он мебошад, интихоб накарда бошад.

Моддаи 1232. Кобилияти шахс оид ба тахия ва бекор кардани васиятнома, шакли васиятнома ва санади бекор кардани он

Кобилияти шахс оид ба тахия ва бекор кардани васиятнома, инчунин шакли васиятнома ва санади бекор кардани он бо хукуки кишваре, ки дар он чо меросгузор  дар лахзаи тахияи санад истикоматгохи доими дошт, муайян карда мешавад, агар меросгузор дар васиятнома хукуки кишвареро, ки шахрванди у мебошад, интихоб накарда бошад. Аммо васиятнома  ё бекор кардани он наметавонад дар натичаи риоя накардани шакл беэътибор хисобида шавад, агар васиятнома талаботи хукуки махали тахияи санад ё талаботи хукуки Чумхурии Точикистонро конеъ намояд.

Моддаи 1233. Меросгирии амволи гайриманкул ва амволе, ки бояд ба фехристи  давлати  ворид  карда  шавад

Меросгирии амволи гайриманкул бо хукуки кишваре, ки дар он вокеъ гардидааст ва амволе, ки ба фехристи давлатии Чумхурии Точикистон дохил карда шудааст, бо хукуки Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад. Бо хамин хукук кобилияти шахс ба тахия ва бекор кардани васиятнома, инчунин шакли васиятнома, агар амволи номбаркарда васият карда шавад, муайян карда мешавад.

  • 9. Васоят ва парастори

 

Моддаи 1234. Васоят ва парастори

  1. Васоят ва парастори нисбати ноболигон, шахсони гайри кобили амал ё шахсони болиги кобилияти амалашон махдуд бо конуни шахсии ин шахс мукаррар ва бекор карда мешавад, ки нисбати он васоят ва парастори мукаррар ё бекор карда мешавад.
  2. Ухдадории васи (парастор) оид ба кабули васоят (парастори) бо конуни шахсии шахсе, ки васи (парастор) таъин мешавад, мукаррар ё муайян карда мешавад.
  3. Муносибати хукукии байни васи (парастор) ва шахси тахти васоят (парастори) карордошта бо хукуки муассисаи кишваре, ки васиро (парастор) таъин намудааст, муайян карда мешавад. Аммо агар шахси тахти васоят карордошта (парастори) дар Чумхурии Точикистон зиндаги намояд, хукуки Чумхурии Точикистон, агар вай барои ин шахс нисбатан кобили кабул бошад, татбик карда мешавад.
  4. Васояти (парастории) ба шахрванди Чумхурии Точикистон мукаррарнамуда, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон истикомат мекунад, дар Чумхурии Точикистон эътиборнок хисобида мешавад, агар бар зидди мукаррар намудани васоят ва парстори ё бар зидди эътироф намудани он эътирозхои ба конун асосёфтаи муассисахои дахлдори консулгарии Чумхурии Точикистон мавчуд набошанд.

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи кабул ва мавриди амал карор додани кисми сеюми Кодекси граждании Чумхурии Точикистон

   Моддаи 1. Кисми сеюми Кодекси граждании Чумхурии Точикистон кабул карда шавад.

   Моддаи 2. Фасли чорум «Хукуки муаллифи», фасли панчум «Хукукхои кашфкуни», фасли шашум «Хукуки ихтироъкори, таклифи ратсионализатори ва намунаи саноати», фасли хафтум «Хукуки мероси», фасли хаштум «Кобилияти хукукдории гражданинхои хоричи ва шахсони бегражданият. Татбики конунхои граждании давлатхои хоричи ва шартномахои байналхалки»-и Кодекси граждании Чумхурии Точикистон, ки бо Конуни Чумхурии Точикистон  аз 28 декабри соли 1963 «Дар бораи тасдик кардани Кодекси граждании Чумхурии Точикистон» ва конунхои Чумхурии Точикистон, ки мувофики онхо ба фаслхои ишорашудаи хамин Кодекс тагйиру иловахо ворид карда шудаанд, аз эътибор сокит дониста шаванд.

   Моддаи 3. Кисми сеюми Кодекси граждании Чумхурии Точикистон нисбат ба муносибатхои хукуки граждани, ки баъди мавриди амал карор додани он ба вучуд омадааст, истифода бурда мешавад.

   Моддаи 4. Кисми сеюми Кодекси граждании Чумхурии Точикистон пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

                Президенти Чумхурии Точикистон                                                                                       Э.Рахмонов

             ш. Душанбе  1 марти соли 2005

            № 84                                                                          _____________________

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Cortes_de_cadiz-1

Харакати милли дар Испания дар огози асри XX

Аз даст додани мустамликахои америкои зарбае буд бар буржуазияи Каталония ва Басконияи Испания. Дар баробари …