Главная / Илм / «КИТОБУ-С-САЙДАНА ФИ-Т-ТИБ»

«КИТОБУ-С-САЙДАНА ФИ-Т-ТИБ»

drevnyaya-kniga«КИТОБУ-С-САЙДАНА ФИ-Т-ТИБ» («Дастури дорусози»), асари тиббиест, ки ба дорухои муфрада (сода) ва баъзе дорухои мураккаб бахшида шудааст. «К.»-ро Беруни дар солхои охири зиндагиаш ба забони араби таълиф намудааст. «К.» аз 3 кисм (мукаддима ва маълумот доир ба дорухо) иборат аст. Дар асар дорухо мувофики гурух, шакл, инчунин усули тайёр намудани онхо аз руи нусхахо (ретсептхо) пурра баён шудааст.
Мукаддимаи китоб аз чанд кисм иборат буда, дар онхо муаллиф дар бораи этимологияи калимаи сайдана (фармакогнозия), вазифа ва мохияти он дар тиб, инчунин ба гуруххо таксим шудани дорухо сухан меронад. Муаллиф дорухоро ба ду гурух (сода ва мураккаб) таксим намудааст. Вай ба дорухои сода давохои аз растани (реша, барг, бутта) ё дигар манбаъхо (минералхо, хайвонот) тайёркарда ва ба дорухои мураккаб омехтаи якчанд намуди ашёи дорувори ё дорухои содаро дохил кардааст.
Дар кисми дуюми китоб маълумот оид ба 1116 дорухои наботи, хайвони, маъдани ва мураккаб аз руи алифбо зикр ёфтаанд. Дар «К.» номи 750 рустани, 107 маъдан, 101 чонвар ва 30 маводи мураккаби доруи гирд омадааст, ки дар ягон китоби дорушиносии гузаштагон чунин теъдоди мавод ба мушохида намерасад. Беруни номи дорухоро бо забон ва лахчахои мухталиф додааст. Мас., дар китоб такр. 4500 номи растанихо, хайвонот, маъданхо ва озукавори, ки аз онхо дору тахия мекарданд, ба забонхои араби, юнони, суриёни, хинди, форси, хоразми, сугди, турки ва г. оварда шудаанд. Муаллиф дар мукаддимаи китоб навиштааст, ки «… ман аз чавони бисёр ташнаи омузиши илм ва хирси аз бар кардани онро доштам. Намунаи ин он аст, ки боре як нафар юнониро дидам ва ба назди у гандум, тухми, меваги ва гиёххоро оварда нишон дода, пурсидам, ки онхо дар забони шумо чи ном доранд ва онхоро барои худ навишта гирифтам».
Аз мухтавои «К.» маълум мешавад, ки Беруни забонхои араби, суриёни, юнони, хинди, форси-точики ва лахчахои онро хуб медонистааст. Мас., у дар бораи «Бутм» ном растани маълумот дода чайд мекунад, ки «… арабхо онро бутмах хонанд, румихо окукус ва ё таросонус, суриёнихо бутмо, ба забони форси кинбахн ва ахли Хуросон хинчак, сичзихо (мардуми Сичистон) кинбашак ва ахли Нишобуру Коин нанкиш ва ахли Микрону Каздор гулангур хонанд…». Ё худ дар шархи иччос (олу) муаллиф мефармояд: «… ва ба форси гирди сиёх. Пеши мо номи форсии олу машхур аст, ки бо сиёх тавсиф меёбад. Зардолу дар ном бо у мушобех аст ва бо сифати зард тафовут дорад. Яке зардолу он дигаре сиёхолуст».
С-хои 1211 – 36 Абубакр ибни Али ибни Усмонасфар ал-Косони (аз Фаргона) «К.»-ро ба забони точики тарчима намудааст. «К.» с. 1972 иборат аз 2 чилд дар Эрон ба форси ва с. 1973 дар Тошкент ба руси нашр гардид.
Ад.: Беруни Абу Райхан, Фармакогнозия в медицине ((Исследование, перевод, примечания и указатели У. И. Каримова). Избранные произведения, т. IV, Ташкент, 1973; Муваффак Абумансур, Гиёхнома (тахияи матн, пешгуфтор, мулхакот, лугот, тавзехот ва фехристи номхо аз Ю. Нуралиев ва Ч. Додалишоев), Д., 1992; Султон Мирзо Хасан, Ташаккул ва такомули истилохоти илмии форси-точики, Д., 2008; Саидова Ф., «Китобу-с-сайдана фи-т-тиб»-и Абурайхони Беруни сарчашмаи истилохоти тиббии забони точики. Мач. «Авчи зухал», 2011, № 1.

Ф. Саидова.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

telefon

Ба мактаб бо телефони мобили рафтан мумкин нест!

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ОИД БА МАНЪ НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНХОИ МОБИЛИ ДАР МАКТАБХОИ …