Главная / Чамъият / КАРОРИ БАРНОМАИ МУСОИДАТ БА СОДИРОТ ВА ВОРИДОТИВАЗКУНИИ ЧТ

КАРОРИ БАРНОМАИ МУСОИДАТ БА СОДИРОТ ВА ВОРИДОТИВАЗКУНИИ ЧТ

КАРОРИ ХУКУМАТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ МУСОИДАТ БА СОДИРОТ ВА ВОРИДОТИВАЗКУНИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛХОИ 2016-2020

Мутобики моддаи 7 Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи дурнамохои давлати, консепсияхо, стратегияхо ва барномахои инкишофи ичтимоию иктисодии Чумхурии Точикистон”, бо максади мусоидат намудан ба татбики сиёсати давлатии иктисодии хоричи, баланд бардоштани ракобатнокии махсулоти ватани, вусъати имкониятхои содирот ва воридотивазкуни Хукумати Чумхурии Точикистон карор мекунад:

  1. Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Чумхурии Точикистон барои солхои 2016-2020 ва Накшаи чорабинихои амалигардонии Барнома тасдик карда шаванд (замимахои 1 ва 2).
  2. Вазорату идорахо, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, корхонахо ва дигар ташкилотхо новобаста аз шаклп моликияташон, чихати татбики пурра ва самараноки Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Чумхурии Точикистон барои солхои 2016-2020 тадбирхои мушаххас андешанд.
  3. Хамохангсозии корхо оид ба мониторинг ва татбики Барноман давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Чумхурпн Точикистон барои солхои 2016-2020 ба зиммаи Вазорати рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон вогузор карда шавад.
  4. Вазорату идорахо, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ба Вазорати рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон оид ба натичахои татбики Барнома дар нимсолаи аввал ва соли хисоботи маълумот пешниход намоянд.
  5. Вазорати рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон:

– хар сол ба Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба рафти ичрои Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Чумхурни Точикистон барои солхои 2016-2020 ва Накшаи чорабинихои татбики Барнома хисобот пешниход намояд;

– хангоми тагйирёбии вазъи иктисоди ва дигаргуншавии сохтори моли ва молиявии Барнома тахти таъсири омилхои беруниву дохили дар давраи татбики он тибки тартиби мукарраршуда тагйиру иловахо пешниход намояд.

 

 

Раиси

Хукумати Чумхурии Точикистон                                                                                      Эмомали Рахмон

 

аз 26 ноябри соли 2016, № 503

ш. Душанбе

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …