Главная / Илм / «КАРОБОДИНИ АЪЗАМ ВА АКМАЛ»

«КАРОБОДИНИ АЪЗАМ ВА АКМАЛ»

kabir«КАРОБОДИНИ АЪЗАМ ВА АКМАЛ», дастуруламали илмиест доир ба тиб. Муаллифи китоб Мухаммад Акмалхон (тав. номаълум; ваф. – такр. 1907) илми тибро аз бобояш Хаким Мухаммади Аъзамхони Ромпури (ваф. 1902) омухтааст. Азбаски ба ин асар кисме (693 номгуи беморихо ва табобати онхо) аз «Карободини Аъзам» дохил аст, китоб номи худи муаллиф ва бобои уро гирифтааст. «К.» хачман калон буда, ба забони адабии фасехи точики таълиф шудааст. Дар он рочеъ ба муоличаи беморихои сар, сина, шикам, узвхои даруни кос, аъзои таносул ва пойхо сухан меравад. Номи давохо бо тартиби алифбои форси навишта шудаанд. Давои хар як бемори аз чихати навъ ба фаслхо кисмат шудааст. Чунончи, фасли аввали боби якум ба иёрачот (дорухои амрози магзи сар), фасли дуюм ба итрифалот (доруе, ки аз балила, халила ва омула иборат аст), фасли сеюм ба нушдорухо, чорум ба инкибоб (компрессхои гарм), панчум ба обзанхо оиданд. Ба хар як иллат микдори зиёди давохо тавсия шудааст. Дар «К.» хамаги дар бораи 5607 доруи мураккаб, ки хар яке барои муоличаи 10 – 15 бемори таъин шудааст, маълумот вучуд дорад.
К. с. 1327 хичрии камари (с. 1908) дар Дехли ба табъ расидааст.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …