Главная / Илм / КАХВА

КАХВА

kahvaКАХВА, нушокие, ки аз кахвадона тайёр мекунанд. К. сергизо ва рухафзост. Дар таркиби он моддахои нитрогендор, кофеин, канд, равган, клетчатка ва моддахои минерали мавчуданд. Манфиати К. ба кофеини таркибаш вобаста аст.
Бино ба маълумоти Махмуди Антоки нушидани К. сулфаи тар, илтихоби магзи сар, гулу ва диг. узвхоро нафъ мебахшад. К. кабзияти пешобро мекушояд. Бо ширини ва равган нушидани К. табъро болида ва хастагиро бартараф месозад.
Ба акидаи Мухаммад Хусайни Шерози нушидани К. кабзиятро мекушояд, дардро таскин ва меъдаро таквият мебахшад, гардиши хунро бехтар месозад, хангоми табларза, заъфарма, сулфаи тар, сардард, бемории малихулиё муфид аст, хоболуди ва ташнагиро бартараф менамояд. Дар баробари ин, К. сабаби бехоби, баъзан сардард мегардад, баданро хушку логар, ранги руйро зард, шахватро суст ва нутфаро кам мекунад, боиси дилзани, кулинч, молихулиё, хобхои вахмангез мешавад. Барои бартараф намудани таъсири номатлуби К. ба дил хангоми тахияи он каме заъфарон илова мекунанд. Табибони кадим нушидани К.-ро дар нахори ва баъди гизои зиёд манъ кардаанд.
Табибони халки К.-ро чун воситаи рухафзо ва нерубахш хангоми хастагии чисмони ва фикри тавсия медиханд. К. барои беморони заифу камкувват, хусусан барои онхое, ки амрози сироятиро аз сар гузаронидаанд, муфид аст.
Дар тибби муосир К. давои пархези махсуб мешавад. Таъсири он ба организм мисли чой аст. К. кори системаи марказии асабро бехтар намуда, фаъолияти дил ва узвхои нафасро кувват мебахшад, фишори хунро баланд мебардорад, рагхои магзи сарро васеъ мекунад, тарашшухи шираи меъдаро ба танзим медарорад, иштихоро мекушояд, хастаги ва хоболудиро бартараф менамояд. Ба шахсоне, ки бемории хафакон, захми меъда, галаёни хун доранд ё бехоби мекашанд, нушидани К. зарар дорад.
Суйистеъмоли К. боиси захролуди мегардад. Кори дил тез, шахс хаячонпазир, хоб номураттаб мегардад, фишор баланд шуда, гушхо садо медиханд, сар дард мекунад, эхсоси бекарори ба вучуд меояд, дил дард карда, харорат баланд мешавад. Як кошукча К.-и куфта 0,07 – 0,01 г кофеин дорад. Ин микдор кофеин кобилияти кории чи одамони солим ва чи одамони фишори хунашон пастро баланд бардошта, кори дили онхоро кавитар мегардонад. К. инчунин чудошавии шираи меъдаро метезонад. Ба шахсоне, ки асабашон нихоят мутаассир асту ба касалихои дилзани, галаёни хун гирифторанд, инчунин бехоби мекашанд, истеъмоли кахваро тавсия намедиханд. К. ба баъзе беморихои меъда (мас., захми меъда), низ зарар дорад. Аз меъёр зиёд истеъмол кардани К. хатто ба одамони солим зарар расонда,боиси сахт задани дил ва бехоби мегардад. Бинобар ин, К.-ро шабона (махсусан пеш аз хоб) нушидан лозим нест.
Донахои хом ё бирёни К., кахваи куфтаи хакики ё омехтаи он бо косни низ фурухта мешаванд. Донахои хоми кахва барои тайёр кардани нушоки истифода мешаванд, онхоро (бехтараш дар тоба ё деги чуяни) дар оташи паст то чигариранг шудан бирён мекунанд. Хангоми бирён кардан донахои К.-ро ба хам омехтан лозим. Дар хона аз кахвакубак истифода бурдан мумкин аст. К., махсусан К.-и куфта, буй ва таъмашро тез гум мекунад, бинобар ин онро ба зарфхои шишаги ё тунукаги андохта, бо сарпуш махкам пушондан лозим аст. Нушокиро фавран баъди куфтани донаи К. тайёр кардан бехтар аст.
К.-ро дар кахвапазак ба тарзи гуногун тайёр мекунанд. Хангоми тайёр кардани кахва дар хотир бояд дошт: кахваро бисёр чушондан ё чанд маротиба гарм кардан лозим нест, чунки таъмашро гум мекунад.
Кахваи талх. К.-и талхро чушонда меполанд, баъд ба он шир ва канд андохта, каме мечушонанд ва пеш аз ба пиёлача рехтан кахваи гармро лат медиханд, то ки кафк кунад.
Барои тайёр кардани 1 истакон кахва ним истакон кахваи талх, 2/3 хиссаи истакон шир, 1 кошукча шакар лозим аст.
Кахва бо саршир. К.-и талхро бо канд чушонда, ба истаконхо мерезанд. Ба хар истакон 1 кошукча саршире, ки дар он 1 кошукча хокаи канд омехта шудааст, меандозанд.
Кахва бо яхмос. К.-и талхро чушонда меполанд ва канд хамрох карда хунук мекунанд. Ба чом 50 г яхмоси каймокиро андохта, аз болояш кахваи хунук мерезанд.
Кахваи шарки (яке аз дастурхо). Дар кахвапазаки махсус обро бо шакар чушонда, ба он К.-и куфтаро меандозанд ва хамин ки К. чушида дамид, кахвапазакро аз болои оташ гирифта, баъди фуру нишастани кафк онро боз то чушидан болои оташ мегузоранд. К.-и тайёрро наполида, бо кахвапазак ба сари дастархон меоранд. Вакте ки К. такшон мешавад (барои тез такшон шудан 1 кошукча оби чушонидаи хунук мерезанд), онро ба пиёлачахо мерезанд. Барои 1 кошукча кахва, мувофики табъ шакар лозим аст.
К.-ро махсулоти тафдодаю куфтаи растани (мас., чав, чалгузаи булут, кастона) иваз карда метавонад. Ивазкунандахои К. аз руи таркиб ба ду гурух чудо мешаванд – ба гурухи якум К. илова мекунанд, гурухи дуюм бошад, К. надорад. Дар тамгакогазхо тарзи тайёр кардани К. зикр шудааст.
Ниг. низ Дарахти кахва.
Ад.: Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988; Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …