Главная / Илм / ҚАҲВА

ҚАҲВА

kahvaҚАҲВА, нӯшокие, ки аз қаҳвадона тайёр мекунанд. Қ. серғизо ва рӯҳафзост. Дар таркиби он моддаҳои нитрогендор, кофеин, қанд, равған, клетчатка ва моддаҳои минералӣ мавҷуданд. Манфиати Қ. ба кофеини таркибаш вобаста аст.
Бино ба маълумоти Маҳмуди Антокӣ нӯшидани Қ. сулфаи тар, илтиҳоби мағзи сар, гулӯ ва диг. узвҳоро нафъ мебахшад. Қ. қабзияти пешобро мекушояд. Бо ширинӣ ва равған нӯшидани Қ. табъро болида ва хастагиро бартараф месозад.
Ба ақидаи Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ нӯшидани Қ. қабзиятро мекушояд, дардро таскин ва меъдаро тақвият мебахшад, гардиши хунро беҳтар месозад, ҳангоми табларза, заъфарма, сулфаи тар, сардард, бемории малихулиё муфид аст, хоболудӣ ва ташнагиро бартараф менамояд. Дар баробари ин, Қ. сабаби бехобӣ, баъзан сардард мегардад, баданро хушку лоғар, ранги рӯйро зард, шаҳватро суст ва нутфаро кам мекунад, боиси дилзанӣ, кулинҷ, молихулиё, хобҳои ваҳмангез мешавад. Барои бартараф намудани таъсири номатлуби Қ. ба дил ҳангоми таҳияи он каме заъфарон илова мекунанд. Табибони қадим нӯшидани Қ.-ро дар наҳорӣ ва баъди ғизои зиёд манъ кардаанд.
Табибони халқӣ Қ.-ро чун воситаи рӯҳафзо ва нерубахш ҳангоми хастагии ҷисмонӣ ва фикрӣ тавсия медиҳанд. Қ. барои беморони заифу камқувват, хусусан барои онҳое, ки амрози сироятиро аз сар гузаронидаанд, муфид аст.
Дар тибби муосир Қ. давои парҳезӣ маҳсуб мешавад. Таъсири он ба организм мисли чой аст. Қ. кори системаи марказии асабро беҳтар намуда, фаъолияти дил ва узвҳои нафасро қувват мебахшад, фишори хунро баланд мебардорад, рагҳои мағзи сарро васеъ мекунад, тарашшӯҳи шираи меъдаро ба танзим медарорад, иштиҳоро мекушояд, хастагӣ ва хоболудиро бартараф менамояд. Ба шахсоне, ки бемории хафақон, захми меъда, ғалаёни хун доранд ё бехобӣ мекашанд, нӯшидани Қ. зарар дорад.
Суйистеъмоли Қ. боиси заҳролудӣ мегардад. Кори дил тез, шахс ҳаяҷонпазир, хоб номураттаб мегардад, фишор баланд шуда, гӯшҳо садо медиҳанд, сар дард мекунад, эҳсоси беқарорӣ ба вуҷуд меояд, дил дард карда, ҳарорат баланд мешавад. Як қошуқча Қ.-и кӯфта 0,07 – 0,01 г кофеин дорад. Ин миқдор кофеин қобилияти кории чи одамони солим ва чи одамони фишори хунашон пастро баланд бардошта, кори дили онҳоро қавитар мегардонад. Қ. инчунин ҷудошавии шираи меъдаро метезонад. Ба шахсоне, ки асабашон ниҳоят мутаассир асту ба касалиҳои дилзанӣ, ғалаёни хун гирифторанд, инчунин бехобӣ мекашанд, истеъмоли қаҳваро тавсия намедиҳанд. Қ. ба баъзе бемориҳои меъда (мас., захми меъда), низ зарар дорад. Аз меъёр зиёд истеъмол кардани Қ. ҳатто ба одамони солим зарар расонда,боиси сахт задани дил ва бехобӣ мегардад. Бинобар ин, Қ.-ро шабона (махсусан пеш аз хоб) нӯшидан лозим нест.
Донаҳои хом ё бирёни Қ., қаҳваи кӯфтаи ҳақиқӣ ё омехтаи он бо коснӣ низ фурӯхта мешаванд. Донаҳои хоми қаҳва барои тайёр кардани нӯшокӣ истифода мешаванд, онҳоро (беҳтараш дар тоба ё деги чӯянӣ) дар оташи паст то ҷигариранг шудан бирён мекунанд. Ҳангоми бирён кардан донаҳои Қ.-ро ба ҳам омехтан лозим. Дар хона аз қаҳвакӯбак истифода бурдан мумкин аст. Қ., махсусан Қ.-и кӯфта, бӯй ва таъмашро тез гум мекунад, бинобар ин онро ба зарфҳои шишагӣ ё тунукагӣ андохта, бо сарпӯш маҳкам пӯшондан лозим аст. Нӯшокиро фавран баъди кӯфтани донаи Қ. тайёр кардан беҳтар аст.
Қ.-ро дар қаҳвапазак ба тарзи гуногун тайёр мекунанд. Ҳангоми тайёр кардани қаҳва дар хотир бояд дошт: қаҳваро бисёр ҷӯшондан ё чанд маротиба гарм кардан лозим нест, чунки таъмашро гум мекунад.
Қаҳваи талх. Қ.-и талхро ҷӯшонда меполанд, баъд ба он шир ва қанд андохта, каме меҷӯшонанд ва пеш аз ба пиёлача рехтан қаҳваи гармро лат медиҳанд, то ки кафк кунад.
Барои тайёр кардани 1 истакон қаҳва ним истакон қаҳваи талх, 2/3 ҳиссаи истакон шир, 1 қошуқча шакар лозим аст.
Қаҳва бо саршир. Қ.-и талхро бо қанд ҷӯшонда, ба истаконҳо мерезанд. Ба ҳар истакон 1 қошуқча саршире, ки дар он 1 қошуқча хокаи қанд омехта шудааст, меандозанд.
Қаҳва бо яхмос. Қ.-и талхро ҷӯшонда меполанд ва қанд ҳамроҳ карда хунук мекунанд. Ба ҷом 50 г яхмоси қаймоқиро андохта, аз болояш қаҳваи хунук мерезанд.
Қаҳваи шарқӣ (яке аз дастурҳо). Дар қаҳвапазаки махсус обро бо шакар ҷӯшонда, ба он Қ.-и кӯфтаро меандозанд ва ҳамин ки Қ. ҷӯшида дамид, қаҳвапазакро аз болои оташ гирифта, баъди фурӯ нишастани кафк онро боз то ҷӯшидан болои оташ мегузоранд. Қ.-и тайёрро наполида, бо қаҳвапазак ба сари дастархон меоранд. Вақте ки Қ. такшон мешавад (барои тез такшон шудан 1 қошуқча оби ҷӯшонидаи хунук мерезанд), онро ба пиёлачаҳо мерезанд. Барои 1 қошуқча қаҳва, мувофиқи табъ шакар лозим аст.
Қ.-ро маҳсулоти тафдодаю кӯфтаи растанӣ (мас., ҷав, чалғӯзаи булут, кастона) иваз карда метавонад. Ивазкунандаҳои Қ. аз рӯи таркиб ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд – ба гурӯҳи якум Қ. илова мекунанд, гурӯҳи дуюм бошад, Қ. надорад. Дар тамғакоғазҳо тарзи тайёр кардани Қ. зикр шудааст.
Ниг. низ Дарахти қаҳва.
Ад.: Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …