Главная / Илм / КАХЧИМ

КАХЧИМ

kahchimКАХЧИМ (Allochrusa paniculata), хасгелак, гиёхест бисёрсола. Дарозии тиррешааш аз 30 то 70 см. Пояаш борики сершох (25 – 100 см кад мекашад), баргаш нештаршакли бехор (дарозиаш 1 – 3 см), гулаш майдаи сафед ё гулоби, тухмаш майдаи сиёх. Моххои июн – июл гул карда, гузааш моххои август – октябр мепазад. Дар нишебихои доманакуххо ва теппахо меруяд. Решаи онро, одатан, баъди гулшукуфт мекананд.
Дар тибби мардуми киёми К.-ро хамчун доруи пешоброн, аракрон, балгамовар (хангоми бронхит, сулфа) ва бехсозандаи мубодилаи моддахо тавсия медиханд. Киёми решаи онро дар мавриди беморихои гуногуни роххои нафас ба сифати доруи балгамрон ва чун доруи исхоловар истифода мебаранд. Накеъи он хосияти зиддимикроби дорад.
Ад.: Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …