Главная / Гуногун / Издивоч бо хоричиён ва Топ-3 довталабон ба калби духтарони точик

Издивоч бо хоричиён ва Топ-3 довталабон ба калби духтарони точик

Агар духтари точик ба шахрванди хоричи дил бандаду, рози бошад бо у издивоч кунад, аз руи кадом коидахо бояд туй барпо кард

Пас аз тамошои мултфилмхои Дисней, эхтимол хар як духтарак орзуи издивоч бо хоричиро мекунад. Хаёлхо тасвир мекашанд, ки чи тавр чавони нозанини афсонави  аруси худро, ба кишвари дигар мебарад. Кудаки ба охир мерасад, аммо орзухо боки мемонанд ва хатто ба вокеъият табдил меёбанд.

tuy-domod-arus

Саргузашти тарбияви дар бораи интихоби арус

Яке аз дустони олмонии ман карор дод, бо дучарха кишвархои Осиёи Марказро гардад. Ин соли 2003-юм буд.

Ва хамин тавр, замони сафар бо дучарха дар Туркманистон, у ба садама дучор мешавад. Зинда монд, вале дар беморхонахои махалли чанд вакт хобид. Дар он чо немиси мо, тахти зебогиву нозу карашмаи шаркии хамшираи шафкати туркмандухтаре, ки уро табобат мекард, гарк мешавад.

Бо як азобе вай тавонист ба олихаи худ мухаббаташро фахмонад ва дили уро ба даст орад. Хамшираи шафкат шармгинона чавоб медихад, ки у аслан зид нест, вале мувофики кавонини кишвари онхо шахси хоричие, ки мехохад бо духтари туркман издивоч кунад, бояд хадди аккал 50 хазор доллар ба хисоби чории Ташкилоти бимаи давлати гузаронад.

Холо ин коидахо бекор карда шудаанд, вале он вакт “тобишхои” гуногуни конунгузории Туркманистон олмонии боинтизомро ба шур оварда буд.

Шумо, эхтимолан, хикояеро интизоред, ки дар он Ромео аз Франкфурт дар мехроби хушбахтии оилави дилу пулхои худашро гузоштта буд, вале мачбурам, ки шуморо ноумед кунам. Дар канори чапи кафаси синаи немиси, арифмометри фавкулодда дакик кор мекард, бино бар ин, накшахои хаёли дар як он аз сари у париданду, дусти мо хам ба хона танхо баргашт.

Чигуна дар Точикистон ба хоричи шавхар мекунанд

Дар Точикистон аз шахрванди хоричи хеч гуна бочи пули талаб намешавад, аммо як катор шартхоеро домодшаванда бояд ичро кунад.

“Соли 2011 ба Кодекси оилаи Чумхурии Точикистон ислох шуд, ки тибки онхо агар яке аз тарафхо шахрванди хоричи бошад,  бояд дар Точикистон на камтар аз 12 мох пеш аз туй зиндаги карда бошад, шартномаи никох имзо кунад ва ухдадор шавад, ки зану фарзандони ояндаашро бо манзил таъмин мекунад”, — шарх медихад хукукшинос Анвар Саидов.

Хукумат инро гамхори нисбати занхо меномад, ки дар холати акс, аксаран пас аз талоку чудо шудан (дар зиндаги хама холатхо рух медиханд), метавонанд бе хонаю дар монанд.

Дар айни замон, далели дигареро меоранд: хифзи сокинони Точикистон аз кочоки инсон. Ба хар хол, махдудиятхои мукарраргардида ба онхое, ки бо хоричиён издивоч кардаанд, таъсири манфи расонидааст.

“Кор то чое расид, ки дар соли 2017 Кумитаи СММ оид ба бархамдихии табъизи нажоди аз Точикистон даъват намуд, ки ичозат дихад то занхо озодона бо хоричиён издивоч кунанд”, — идома медихад Саидов.

Мувофики маълумоти Идораи сабти асноди холатхои шахрвандии Вазорати адлияи Точикистон, дар нимаи аввали соли 2017-49 издивоч бо шахрвандони хоричи ба кайд гирифта шудааст. Дар соли 2016 чунин издивочхо 184-то буд. Хохишмандонро хатто афзоиши пардохти андози давлати барои хонадоршавандагон халал нарасонд, ки хачмаш аз 80 то 200 сомони (22,5 доллар) буд.

Дар байни домодхои хоричи, ки хохишмандони ба даст овардани дасту дили арусони точик хастанд, шахрвандони Афгонистон ва Эрон, бо сабаби хамзабониву хамдини, пешсафанд.

Сегонаи пешсафонро русхо анчом медиханд. Аммо дар ин чо омори комилан дакик вучуд надорад, зеро он издивочхое, ки дар каламрави ФР ба амал меояд, ба хисоб гирифта намешавад. Ходисахои ягонаи бакайдгирии никох бо мардхои Литва ва Чин вучуд дорад.

Дар Афгонистон хатто тачрибаи оммавии зангхои бидуни низом ба Точикистон дар робита ба чустучуи дилдодагон, ба вучуд омадааст. Мардони махалли дар минтакахои наздисархадии ЧТ, ба монанди Бадахшон, Тахор ва Кундуз, симкортхои операторони мобилии точикро мехаранд, ки тавассути онхо метавон шуморахои телефонхои дасти дар масофаи 10-50 км аз назди сархад, занг зад.

Сипас, онхо ба ракамхои тасодуфи занг мезананд ва агар овози зан чавоб дихад, кушиш мекунанд, ки бо сохибони телефонхо шинос шаванд. Баъзан чунин ошикихои мобили бо туй меанчомад.

Вале дар айни замон, издивоч бо шахрванди хоричи на хамеша маънои ба даст овардани хушбахтии оилавиро дорад.

Домодхо аз кишвархои мусулмони аксар вакт хузури хонумхои худро дар хона пинхон мекунанд, ки дар натичаи он, аруси точик ба фитнаи онхо медарояд ва мефахмад, ки у зани дуюм, сеюм ва ё чоруму панчум дар ин харам шудааст.

Мутаассифона, вазъиятхои аз ин бадтар хам хаст. Мохи гузашта дар як паёми видеоии шабакахои ичтимои шахрванди Точикистон Бибисумаё Кулова, ки бо эроние издивоч карда будааст, пайдо шуд. Духтари чавони точик хамрохи шавхари худ дар шахри Чорбахори Эрон чанд сол зиндаги карда будааст, вале баъдан “каики мухаббат ба санги хаёт бархурдаасту, пора-пора гаштааст”, ва чуфти хамсарон низ пароканда шудаанд.

Точикзан ба шахри Хамадон кучида, дар он чо се сол кор ва зиндаги кардааст. Дар мохи декабри соли 2015 у аз чониби пулис барои итмоми мухлати раводид дастгир шуда, ба хадамоти махсуси эрони супурда мешавад. Занро барои чосуси ба манфиати Точикистон айбдор карданд. Тибки хукми додгох, вай дар зиндони Техрон 2 солро паси сар кард.

Ба духтарони точике, ки бо хоричиён издивоч мекунанд, чи тавр муносибат мекунанд

Дар чомеаи точик, чун коида, издивочи духтар бо шахрванди хоричиро намепазиранд, новобаста аз хохиши худи духтар.

Аксари мардон ба мухочирати мехнати мераванд ва бисёр вактхо дар он чо оилахои дуввуму сеюм барпо ва дар бораи хонаводахои кухнаашон фаромуш мекунанд.

Баъзе фаъолон барои бекор кардани конун дар бораи бисёрзани дар Точикистон талош мекунанд то ин ки занхои талокшуда ё духтарони бокира тавонанд хушбахтии оилавияшонро дар дохили Точикистон ёбанд, новобаста аз шумораи тартибии хамсар.

Аммо фаъолони хукуки башар зидди ин коранд ва мегуянд, ки бисёрзани ба стандартхои кабулшуда мукобил аст, зеро дар ин хол баробарии марду зан поймол мегардад.

Киро ва дар кучо метавон ситораи хаёти худ номид? Ин дар вокеъ кори шахсии хар шахс аст! Бо хатаре, ки аз хар тараф чавобхои газабноки феминисткахо сар мезананд, ман бояд гуям, ки арусхои точик нисбат ба намояндагони аз хад зиёд озодбудаи хамчинсонашон дар баъзе давлатхо, ба кулли фарк мекунанд.

Точикдухтарон сардории мардонро дар хонавода рад намекунанд, озодии худро бахудаву бехуда дар мазхари ом намегузоранд, сохибхоназанхои хеле оли ва модарони бисёр мушфику гамхоранд.

Аммо ба акидаи ман, агар калби шуморо тири Купидон сурох карда даромада бошад, пас ба ранги шиносномаи дилдодаи худ ва дигар монеахои бюрократи нигох накунед. Мухаббат, агар вокеъи бошад, тамоми монеахоро дар рохи худ пароканда мекунад, ва он вакт ба шумо муяссар мегардад, ки орзуи ширини анъанавии точиконро шунавед: “Муборак бошаду, чуфтпир шавед!”.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …