Главная / Гуногун / Издивоҷ бо хориҷиён ва Топ-3 довталабон ба қалби духтарони тоҷик

Издивоҷ бо хориҷиён ва Топ-3 довталабон ба қалби духтарони тоҷик

Агар духтари тоҷик ба шаҳрванди хориҷӣ дил бандаду, розӣ бошад бо ӯ издивоҷ кунад, аз рӯи кадом қоидаҳо бояд тӯй барпо кард

Пас аз тамошои мултфилмҳои Дисней, эҳтимол ҳар як духтарак орзуи издивоҷ бо хориҷиро мекунад. Хаёлҳо тасвир мекашанд, ки чӣ тавр ҷавони нозанини афсонавӣ  арӯси худро, ба кишвари дигар мебарад. Кӯдакӣ ба охир мерасад, аммо орзӯҳо боқӣ мемонанд ва ҳатто ба воқеъият табдил меёбанд.

tuy-domod-arus

Саргузашти тарбиявӣ дар бораи интихоби арӯс

Яке аз дӯстони олмонии ман қарор дод, бо дучарха кишварҳои Осиёи Марказро гардад. Ин соли 2003-юм буд.

Ва ҳамин тавр, замони сафар бо дучарха дар Туркманистон, ӯ ба садама дучор мешавад. Зинда монд, вале дар беморхонаҳои маҳаллӣ чанд вақт хобид. Дар он ҷо немиси мо, таҳти зебогиву нозу карашмаи шарқии ҳамшираи шафқати туркмандухтаре, ки ӯро табобат мекард, ғарқ мешавад.

Бо як азобе вай тавонист ба олиҳаи худ муҳаббаташро фаҳмонад ва дили ӯро ба даст орад. Ҳамшираи шафқат шармгинона ҷавоб медиҳад, ки ӯ аслан зид нест, вале мувофиқи қавонини кишвари онҳо шахси хориҷие, ки мехоҳад бо духтари туркман издивоҷ кунад, бояд ҳадди аққал 50 ҳазор доллар ба ҳисоби ҷории Ташкилоти бимаи давлатӣ гузаронад.

Ҳоло ин қоидаҳо бекор карда шудаанд, вале он вақт “тобишҳои” гуногуни қонунгузории Туркманистон олмонии боинтизомро ба шӯр оварда буд.

Шумо, эҳтимолан, ҳикояеро интизоред, ки дар он Ромео аз Франкфурт дар меҳроби хушбахтии оилавӣ дилу пулҳои худашро гузоштта буд, вале маҷбурам, ки шуморо ноумед кунам. Дар канори чапи қафаси синаи немисӣ, арифмометри фавқулодда дақиқ кор мекард, бино бар ин, нақшаҳои хаёлӣ дар як он аз сари ӯ париданду, дӯсти мо ҳам ба хона танҳо баргашт.

Чигуна дар Тоҷикистон ба хориҷӣ шавҳар мекунанд

Дар Тоҷикистон аз шаҳрванди хориҷӣ ҳеҷ гуна боҷи пулӣ талаб намешавад, аммо як қатор шартҳоеро домодшаванда бояд иҷро кунад.

“Соли 2011 ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳ шуд, ки тибқи онҳо агар яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ бошад,  бояд дар Тоҷикистон на камтар аз 12 моҳ пеш аз тӯй зиндагӣ карда бошад, шартномаи никоҳ имзо кунад ва ӯҳдадор шавад, ки зану фарзандони ояндаашро бо манзил таъмин мекунад”, — шарҳ медиҳад ҳуқуқшинос Анвар Саидов.

Ҳукумат инро ғамхорӣ нисбати занҳо меномад, ки дар ҳолати акс, аксаран пас аз талоқу ҷудо шудан (дар зиндагӣ ҳама ҳолатҳо рӯх медиҳанд), метавонанд бе хонаю дар монанд.

Дар айни замон, далели дигареро меоранд: ҳифзи сокинони Тоҷикистон аз қочоқи инсон. Ба ҳар ҳол, маҳдудиятҳои муқарраргардида ба онҳое, ки бо хориҷиён издивоҷ кардаанд, таъсири манфӣ расонидааст.

“Кор то ҷое расид, ки дар соли 2017 Кумитаи СММ оид ба барҳамдиҳии табъизи нажодӣ аз Тоҷикистон даъват намуд, ки иҷозат диҳад то занҳо озодона бо хориҷиён издивоҷ кунанд”, — идома медиҳад Саидов.

Мувофиқи маълумоти Идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли 2017-49 издивоҷ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар соли 2016 чунин издивоҷҳо 184-то буд. Хоҳишмандонро ҳатто афзоиши пардохти андози давлатӣ барои хонадоршавандагон халал нарасонд, ки ҳаҷмаш аз 80 то 200 сомонӣ (22,5 доллар) буд.

Дар байни домодҳои хориҷӣ, ки хоҳишмандони ба даст овардани дасту дили арӯсони тоҷик ҳастанд, шаҳрвандони Афғонистон ва Эрон, бо сабаби ҳамзабониву ҳамдинӣ, пешсафанд.

Сегонаи пешсафонро русҳо анҷом медиҳанд. Аммо дар ин ҷо омори комилан дақиқ вуҷуд надорад, зеро он издивоҷҳое, ки дар қаламрави ФР ба амал меояд, ба ҳисоб гирифта намешавад. Ҳодисаҳои ягонаи бақайдгирии никоҳ бо мардҳои Литва ва Чин вуҷуд дорад.

Дар Афғонистон ҳатто таҷрибаи оммавии зангҳои бидуни низом ба Тоҷикистон дар робита ба ҷустуҷӯи дилдодагон, ба вуҷуд омадааст. Мардони маҳаллӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии ҶТ, ба монанди Бадахшон, Таҳор ва Қундуз, симкортҳои операторони мобилии тоҷикро мехаранд, ки тавассути онҳо метавон шумораҳои телефонҳои дастӣ дар масофаи 10-50 км аз назди сарҳад, занг зад.

Сипас, онҳо ба рақамҳои тасодуфӣ занг мезананд ва агар овози зан ҷавоб диҳад, кӯшиш мекунанд, ки бо соҳибони телефонҳо шинос шаванд. Баъзан чунин ошиқиҳои мобилӣ бо тӯй меанҷомад.

Вале дар айни замон, издивоҷ бо шаҳрванди хориҷӣ на ҳамеша маънои ба даст овардани хушбахтии оилавиро дорад.

Домодҳо аз кишварҳои мусулмонӣ аксар вақт ҳузури хонумҳои худро дар хона пинҳон мекунанд, ки дар натиҷаи он, арӯси тоҷик ба фитнаи онҳо медарояд ва мефаҳмад, ки ӯ зани дуюм, сеюм ва ё чоруму панҷум дар ин ҳарам шудааст.

Мутаассифона, вазъиятҳои аз ин бадтар ҳам ҳаст. Моҳи гузашта дар як паёми видеоии шабакаҳои иҷтимоӣ шаҳрванди Тоҷикистон Бибисумаё Қулова, ки бо эроние издивоҷ карда будааст, пайдо шуд. Духтари ҷавони тоҷик ҳамроҳи шавҳари худ дар шаҳри Чорбаҳори Эрон чанд сол зиндагӣ карда будааст, вале баъдан “қаиқи муҳаббат ба санги ҳаёт бархӯрдаасту, пора-пора гаштааст”, ва ҷуфти ҳамсарон низ пароканда шудаанд.

Тоҷикзан ба шаҳри Ҳамадон кӯчида, дар он ҷо се сол кор ва зиндагӣ кардааст. Дар моҳи декабри соли 2015 ӯ аз ҷониби пулис барои итмоми мӯҳлати раводид дастгир шуда, ба хадамоти махсуси эронӣ супурда мешавад. Занро барои ҷосусӣ ба манфиати Тоҷикистон айбдор карданд. Тибқи ҳукми додгоҳ, вай дар зиндони Теҳрон 2 солро паси сар кард.

Ба духтарони тоҷике, ки бо хориҷиён издивоҷ мекунанд, чӣ тавр муносибат мекунанд

Дар ҷомеаи тоҷик, чун қоида, издивоҷи духтар бо шаҳрванди хориҷиро намепазиранд, новобаста аз хоҳиши худи духтар.

Аксари мардон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва бисёр вақтҳо дар он ҷо оилаҳои дуввуму сеюм барпо ва дар бораи хонаводаҳои кӯҳнаашон фаромӯш мекунанд.

Баъзе фаъолон барои бекор кардани қонун дар бораи бисёрзанӣ дар Тоҷикистон талош мекунанд то ин ки занҳои талоқшуда ё духтарони бокира тавонанд хушбахтии оилавияшонро дар дохили Тоҷикистон ёбанд, новобаста аз шумораи тартибии ҳамсар.

Аммо фаъолони ҳуқуқи башар зидди ин коранд ва мегӯянд, ки бисёрзанӣ ба стандартҳои қабулшуда муқобил аст, зеро дар ин ҳол баробарии марду зан поймол мегардад.

Киро ва дар куҷо метавон ситораи ҳаёти худ номид? Ин дар воқеъ кори шахсии ҳар шахс аст! Бо хатаре, ки аз ҳар тараф ҷавобҳои ғазабноки феминисткаҳо сар мезананд, ман бояд гӯям, ки арӯсҳои тоҷик нисбат ба намояндагони аз ҳад зиёд озодбудаи ҳамҷинсонашон дар баъзе давлатҳо, ба куллӣ фарқ мекунанд.

Тоҷикдухтарон сардории мардонро дар хонавода рад намекунанд, озодии худро баҳудаву беҳуда дар мазҳари ом намегузоранд, соҳибхоназанҳои хеле олӣ ва модарони бисёр мушфиқу ғамхоранд.

Аммо ба ақидаи ман, агар қалби шуморо тири Купидон сӯрох карда даромада бошад, пас ба ранги шиносномаи дилдодаи худ ва дигар монеаҳои бюрократӣ нигоҳ накунед. Муҳаббат, агар воқеъӣ бошад, тамоми монеаҳоро дар роҳи худ пароканда мекунад, ва он вақт ба шумо муяссар мегардад, ки орзӯи ширини анъанавии тоҷиконро шунавед: “Муборак бошаду, ҷуфтпир шавед!”.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …