Главная / Гуногун / Истигфор бехтарин хадяе барои мурдагон аст

Истигфор бехтарин хадяе барои мурдагон аст

Аз Абдуллох ибни Аббос (раз) ривоят аст, ки: Расули акрам (с) фармуданд: Мисоли мурдагон дар кабр монанди он шахсест, ки дар дарё Гapк шуда ва барои начоти худ доду фарёд мекашад. Он бечора дар интизор аст, ки аз суйи падар, модар, бародар ва ё дусту ошное хадяи дуои рахмату магфират ба у бирасад. Ва хар гох аз чониби касе хадяе аз дуо ба у мерасад, аз дунё ва он чи дар он хаст, барояш азизу махбубтар аст. Ва дар асари дуохои зиндагон ба мурдагони дар кабр ачру савоби бисёр монанди куххо аз чониби Худои таоло мерасад. Ва хадяи хоси зиндагон барои мурдагон дуои магфират аст.[1]

dua

Аз Абухурайра (раз) ривоят аст, ки Расули акрам (с) фармуданд: «Дар бихишт макому рутбаи як марди солех дар як лахза боло бурда мешавад. Он бихишти савол мекунад:

  • Парвардгоро, ин баланд шудани дарачаву макоми ман аз чи чихатесг?

Чавоб мерасад, ки:

  • Дар асари дуои магфирати фалон фарзанди ту».[2]

Дар ин хадис баланд гаштани маком дар асари дуои фарзанд ба таври мисол зикр гардидааст, вагарна дуохои дигар муъминон низ нафъбахш хоханд буд. Хамон тавре, ки дар зиндаги бузургтарин хак бар фарзандон хакки волидайн асту хизмат ва итоати онхо аз фароиз аст, хамчунин баъд аз марг волидайн бар фарзандон хакки хосе доранд, ки барои онхо дуои рахмату магфират кунанд. Рохи хизмат ва хусни сулук бо онхо баъд аз марг хамин аст.

Хадаф ва максуд аз ин ду хадиси Абдуллох ибни Аббос (раз) ва Абухурайра (раз) факат иттилои як хакикат нест, балки ба тарзи муассире ба фарзандону дигар хешовандон ташвик шуда, ки хамвора барои мурдагон дуои магфират ва рахмат кунанд. Ин хадяи онхо ба мурдагон дар кабр ва дар бихишт ба таври доими хохад расид. Гохе Худованди таоло ба баъзе аз бандагони хеш ин масъаларо нишон медихад, ки дар асари дуои шахсе ба мурда дар он чахон чи макому рутбае расидааст. Худованди таоло якину бовар бар ин хакоикро насиб фармояд ва тавфики истифода аз онхоро иноят кунад.[3]

Дуои истигфор барои падару модар ва чамеъи мусалмонон чунин аст:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма-гфирли ва ли волидайя камо раббаёни сагирав-ва-гфир ли чамеъи-л-муъминина ва-л-муъминоти ва-л-муслимина ва-л-муслимоти ал-ахёи минхум ва-л-амвот, Бирахматика ё Архама-р-рохимин.[4]

Тарчума: Эй Бор Худоё бахшоиш кун маро ва падару модари маро, чунончи тарбият додаанд хар ду маро дар хурдсоливу бузурги. Ва бибахш хамаи муъминону муъминот ва муслимину муслимотро, ононе ки зиндааид аз аз инхо ва онон, ки мурдаанд. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

[1] Ин хадисро Байхаки ривоят кардааст.

[2] Ин хадисро Имом Ахмад ривоят кардааст.

[3]  «Маорифу-л-хадис».

[4]  «Иршоду-т-толибин»

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

mr-bin

Дуои аз байн бурдани гафлат

Нусхаи аз байн бурдани гафлат Агар шахсе аз дин гофил ва аз рохи рост гумрох …