Главная / Чамъият / Интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон

Интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон

Конуни конститутсиони оиди Интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон 

(Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон соли 1994, № 13,  мод. 195; Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли 1999, № 9,  мод.238; соли  2005, №12,  мод.626.)

 rahmon_nabiev1

1. КОИДАХОИ УМУМИ

Моддаи 1.Интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон

Президенти Чумхурии Точикистон аз тарафи шахрвандони Чумхурии Точикистон дар асоси хукуки интихоботии умуми, баробар ва мустаким бо овоздихии пинхони интихоб мешавад.

Шахрванди Чумхурии Точикистон, ки синнаш аз 35 кам нест, забони давлатиро медонад, камаш 10 соли охир дар Точикистон зиндаги карда, дорои хукуки интихоботи мебошад, Президент интихоб шуда метавонад.

Вайрон кардани талаботи ин модда боиси беэътибор дониста шудани интихоботи Президент мегардад.

Моддаи 2. Хукуки интихоботии шахрвандон 

Дар интихоботи Президенти чумхури шахсоне хукуки иштирок карданро доранд, ки синнашон ба 18 расидааст.

Дар интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон шахсоне хукук надоранд иштирок кунанд, ки суд онхоро гайрикобили амал донистааст ё бо хукми суд аз озоди махрум карда шудаанд.

Хар гуна махдудкунии хукуки интихоботии шахрвандони Чумхурии Точикистон гайр аз холатхое, ки ин Конуни конститутсиони пешбини кардааст, манъ аст. 

Моддаи 3.Принсипхои гузаронидани интихоботи ПрезидентиЧумхурии Точикистон 

Шахрвандони Чумхурии Точикистон дар маъракаи пешазинтихоботива овоздихи дар интихоботи Президенти чумхури ихтиёри ва дарасосхои баробар иштирок мекунанд.

Овоздихи дар интихоботи Президенти чумхури пинхони мебошад ва шахрвандон онро бевосита амали менамоянд. Хар шахрванд як овоз дорад.

Назорат ба изхори иродаи шахрвандон мумкин нест. 

Моддаи 4.Ошкорбаёни дар тайёри ва гузаронидани интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон 

Макомоти давлати ва иттиходияхои чамъияти, ки дар ташкил ва гузаронидани интихоботи Президент иштирок мекунанд, фаъолияти худро руирост ва ошкор амали менамоянд.

Чумхурии Точикистон ба хизбхои сиёси, иттифокхои касаба, дигар иттиходияхои чамъияти ва чунбишхои оммави, коллективхои мехнативашахрвандони Чумхурии Точикистон хукуки ба тарафдори ё зиддихарномзад ба мансаби Президенти Чумхурии Точикистон ташвикот бурданро кафолат медихад.

Ташвикот дар рузи овоздихи манъ аст.

Хамаи карорхои макомоти дахлдор оид ба тайёри ва гузаронидани интихоботи Президент дар давоми хафт руз аз лахзаикабул шуданашон нашр ва ба воситаи радио ва телевизион пахш карда мешаванд.

Комиссияи интихоботи дар бораи хайати худ, махалли вокеъ шудани участкахои интихоботи, вакти кори он ва руйхати интихобкунандагон ба ахоли сари вакт хабар медиханд.

Дар вакти мачлисхои комиссияхои интихоботи, хангоми овоздихи, вакти хисобкунии овозхо дар участкахои интихоботи, инчунин хангоми муайян кардани натичаи овоздихихак доранд як нафари намоянда аз хизбхои сиёси, Федератсияи иттифокхои касабаи мустакили Точикистон, Иттифоки чавонони Точикистон, аз макомоти намояндагии махаллиихокимияти давлати, Мачлиси намояндагони вакилони Мачлисхои вакилонихалки нохияховашахрхои тобеи чумхури, ки номзадхоро ба мансаби Президент пешбари кардаанд, намояндагони воситахои ахбори умум ва дар сурати зарурат мушохидачиён аз давлатхои дигар ва ташкилотхои байналхалки иштирок намоянд. Намояндагон бояд хуччатеро, ки аз тарафи ташкилотхои онхоро фиристода ва ваколатхои онхоро тасдиккарда дода шуда, ки шакли онро Комиссияхои марказии интихобот ва раъйпурси муайян кардааст, дошта бошанд.

Хизбхои сиёси, Федератсияи иттифокхои касабаи  мустакили Точикистон, Иттифоки чавонони Точикистон, макомоти намояндагии махаллиихокимияти давлати, Мачлиси намояндагони Мачлисхои вакилонихалки нохияхо ва шахрхои тобеи чумхури, ки номзадхоро ба Президенти пешбари кардаанд, камаш дах руз пеш аз интихобот дар бораи намояндахои худ ба комиссияхои интихоботии хавзави хабар медиханд.

Дахолати мустаким ё гайримустакими намояндагон ва мушохидатчиёни мазкур дар чараёниовоздихи ва фаъолияти комиссияхои инти­хоботи манъ аст. 

Моддаи 5.Таъминоти моддии интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон 

Харочоти вобаста ба тайёри ва гузаронидани интихоботи Президент аз хисоби бучети Чумхурии Точикистон гузаронида мешавад.

Макомоти давлати, корхонахо, муассисахо, ташкилотхо барои тай­ёри дидан ва гузаронидани интихобот бинохо ва тачхизоти заруриро ройгон дар ихтиёри комиссияхои интихоботи мегузоранд. Бинохо ва тачхизоти корхонахо ва ташкилотхои гайридавлати барои кори комиссияхои интихоботи дар асоси ичора аз хисоби маблаги бучети чумхури истифодабурда мешаванд.

Хар гуна иштироки мустаким ва ё гайримустакими ташкилотхои хоричи ва шахсони вокеи дар кори бо пултаъминкуни ва дигар хел дастгирии моддии маъракаи интихоботии номзадхо ба мансаби Президенти чумхури манъ аст. 

2. ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНИДАНИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

Моддаи 6.Таъин намудани интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон

Интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон аз тарафи чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистонна дертар аз ду мохи хатми ваколатхои Президенти Чумхурии Точикистон таъин карда мешавад.

Дар сурати пеш аз мухлат катъ гардидани ваколатхои Президенти Чумхурии Точикистон дар мухлати се мох интихоботи Президенти Чyмхурии Точикистон гузаронида мешавад.

Хабар дар бораи рузи интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон дар матбуот чоп карда мешавад. 

Моддаи 7. Ташкили интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон 

Ташкили интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон ба зиммаи  комиссияхои интихоботи гузошта мешавад. Комиссияхои  интихоботиба таври дастачамъи кор мекунанд. Тайёри ва гузаронидани интихобот аз тарафи комиссияхои интихоботи руирост ва ошкор амали карда мешавад. 

Моддаи 8.Ташкили хавзахои интихоботи 

Хавзахои интихоботи оид ба интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси ташкил карда мешаванд.

Руйхати хавзахои интихоботи бо зикри сархадхои онхо вa шумораи интихобкунандагон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси на дертар аз 50 руз пеш аз интихобот чоп карда мешавад. 

Моддаи 9.Ташкили участкахои интихоботи 

Участкахои интихоботиаз тарафи Комиссияи хавзавии интихобот бо пешниходи раисони шахру нохияхо на дертар аз 40 руз пеш аз рузи интихобот аз хисоби аз 20 то 3000 интихобкунанда дар як участка ташкил карда мешаванд.

Участкахои интихоботи бо назардошти сархадхои нохияхо, шахрхо, нохияхои шахри бо максади фарохам сохтани шароити харчи бештар муносиб барои интихобкунандагон ташкил карда мешаванд. Участкахои интихоботи инчунин дар кисмхои харби ташкил карда шуда, мувофики махалли вокеъгардидаи кисмхо ба хавзахои интихоботи дохил мешаванд. Сархадхои участкахои интихоботи набояд сархадхои хавзахои интихоботиро бурида гузаранд.

Участкахои интихоботи метавонанд дар дармонгоххо, хонахои истирохат, беморхонахо ва дигар муассисахои табобати, дар махалли буду боши шахрвандон, ки дар нохияхои дурдаст ва душворгузар вокеъ гардидаанд, ташкил карда шаванд. Ин участкахои интихоботибахавзахои интихоботи мувофики махалли вокеъгардидаашон дохил мешаванд.

Комиссияхои хавзавии интихобот бохабаркунии  интихобкунандагонро дар бораи сархадхои хар участкаи интихоботи бо зикри махалли вокеъ гардидани комиссияи участкавии  интихобот ва бинои овоздихи ташкил менамоянд. Бинои овоздихии хар участкаи интихоботиро Раиси шахр, нохия чудо мекунад.

Участкахои интихоботи барои шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки дар хорич аз сархади Точикистон мебошанд, намояндагии Чумхурии Точикистон дар кишвари чои икоматашон аст ва дар сурати дар каламрави он кишвар вучуд надоштани намояндагии Точикистон участкахои интихоботи аз тарафи Комиссияи марказии интихобот вараъйпурсибо пешниходи Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон ташкил карда мешаванд.

Масъалаиба хавзаи интихоботи бакайдгирии участкаи интихоботи, ки дар хоричи Точикистон вокеь гардидааст, аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсихал карда мешавад.

3.КОМИССИЯХОИ ИНТИХОБОТИ ОИД БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

Моддаи 10.Системаи комиссияхои интихоботи 

Барои ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон инхо барпо карда мешаванд:

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси;

Комиссияхоихавзавииинтихобот оид ба интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон;

Комиссияхои участкавии  интихобот оид ба интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон. 

Моддаи 11.Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Чумхурии Точикистон 

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Чумхурии Точикистон чун макоми доимоамалкунанда мувофики Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи интихобот ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон» ташкил мегардад. 

Моддаи 12.Ваколатхои  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси 

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси дорои чунин ваколатхо мебошад:

1) дар тамоми каламрави чумхури ба ичрои ин Конуни конститутсиони назорат мекунад ва татбики якхелаи онро таъмин менамояд, дар худуди ваколатхои худ оид ба масъалахои ташкили интихобот дастурамал мебарорад ва тавзехот медихад;

2) хавзахои интихоботи ташкил медихад, онхоро номгузори ва шуморагузори мекунад;

3) комиссияхои хавзавии интихобот ташкил медихад ва дар бораи махалливокеъ гардидани онхо маълумот нашр менамояд;

4) ба кори комиссияхои интихоботи рохбари мекунад, тартиби  ба хайати онхо дохил намудани тагйиротро муайян мекунад, карорхои комиссияхои хазавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Чумхурии Точикистонро дар сурате, ки бо ин Конуни конститутсиони ихтилоф дошта бошанд, бекор менамояд;

5) масъалахои ба кайди хавзаи интихоботи гирифтани участкахои интихоботиро, ки хорич аз сархади Чумхурии Точикистон ташкил мешаванд, хал мекунад;

6) барои иштироки номзадхо ба мансаби Президенти Чумхурии Точикистон дар маъракаи интихоботи шароити баробар мухайё месозад;

7) тартиби иштироки воситахои ахбори умумро дар маъракаи интихоботи ва истифодаи онхоро мувофики ин Конуни конститутсиони муайян мекунад;

8) воситахои пулиро дар байни комиссияхои интихоботи таксим мекунад, ба таъмин карда шудани комиссияхои интихоботи бо бино, наклиёт ва воситахои алока назорат мекунад, дигар масъалахои таъминоти моддию техникии интихоботро хал менамояд;

9) шаклхои бюллетени интихоботро оид ба интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон, руйхати интихобкунандагон, варакахои интихобот, протоколхои мачлисхои Комиссияхои интихоботи, дигар хуччатхои интихобот, намунахои куттихои интихобот ва мухри комиссияхои интихоботи, тартиби хифзи хуччатхои интихоботиро мукаррар мекунад;

10) ахбороти рохбарони, вазоратхо, кумитахои давлати ва идорахои Чумхурии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати, дигар макомоти давлати ва  иттиходияхои чамъиятиро оид ба масъалахои вобаста ба тайёри ва гузаронидани интихобот мешунавад;

11) номзадхоро ба мансаби Президенти Чумхурии Точикистон ба кайд мегирад, натичахои интихоботро дар тамоми чумхуричамъбаст менамояд, маълумотро доир ба чамъбасти интихобот дар матбуот чоп мекунад, Президенти интихобшудаи Чумхурии Точикистонро ба кайд мегирад, ба у шаходатномаи Президент интихоб шуданашро месупорад;

12) ариза ва шикоятхоро доир ба карор ва амали комиссияхои интихоботи барраси менамояд ва аз руи онхо карор кабул мекунад;

13) ба макомоти прокуратура дар бораи вайрон карда шудани Конуни конститутсиони “Дар бораи интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон», ки масъулияти чинои дорад, маълумот медихад;

14) ба бойгони супурдани хуччатхои вобаста ба гузаронидан ва ташкили интихоботро таъмин менамояд;

15) овоздихии такрори, интихоботи такрориро ташкил мекунад;

16) дигар ваколатхоро мувофики ин Конуни конститутсиони ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон амали менамояд.

Мачлисхои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси дар он сурат боэътибор шумурда мешаванд, ки агар дар онхо на камтар аз се ду хиссаи хайати аслии комиссия дар рузи чаласа хузур дошта бошанд. 

Моддаи 13.Ташкили комиссияхои хавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон 

Комиссияхои хавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси на дертар аз 45 руз пеш аз интихобот дар хайати раис, муовини раис, котиб ва камаш чор нафар аъзо ташкил карда мешаванд. 

Моддаи 14. Ваколатхои комиссияи хазавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон

Комиссияи хавзавии интихобот  оид ба интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон дорои чунин ваколатхо мебошад:

1) ба ичрои ин Конуни конститутсиони дар каламрави хавзаи интихоботи назорат мекунад ва татбики якхелаи онро таъмин менамояд;

2) ба кори участкахои интихоботи рохбари мекунад;

3) маблагхоро дар байни комиссияхои интихоботи таксим мекунад, ба таъмин карда шудани хавзахои интихоботи бо бино, наклиёт, воситахои алока назорат мекунад ва дигар масъалахои таъминоти модди-техникии интихоботро дар хавзаи интихоботи барраси менамояд;

4) барои иштироки номзадхо ба мансаби Президенти Чумхурии Точикистон дар маъракаи интихоботи шароити баробар таъмин мекунад;

5) ахбори намояндагони макомоти махаллии хокимияти давлати ва идораи давлати, рохбарони иттиходияхои чамъияти, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхоро оид ба масъалахои вобаста ба тайёри ва гузаронидани интихобот мешунавад;

6) ба тартиб додани руихати интихобкунандагон ва пешниходи онхо барои шиносоии умуми назорат мекунад;

7) натичахои интихоботро дар хавза чамъбаст мекунад ва ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсимесупорад;.

8) ариза ва шикоятхоро доир ба карорхо ва амали комиссияхои хазавии интихобот барраси мекунад ва аз руи онхо карор кабул мекунад;

9) ваколатхои дигарро мувофики ин Конуни конститутсиони ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон амали менамояд. 

Моддаи 15.Ташкили комиссияхои участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон 

Комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон аз тарафи комиссияи хазавии интихобот ташкил карда мешавад. Комиссияи участкавии интихобот на дертар аз 35 руз то интихобот дар хайати 5 – 19 аъзо, аз чумла раис, муовини раис ва котиб ташкил карда мешавад. Агар комиссия дар хайати то 7 нафар ташкил карда шавад, он гох раис ва котиб интихоб мешаванд.

Дар мавридхои зарури шумораи хайати комиссияи хавзавии интихобот метавонад зиёд ё кам карда шавад. 

Моддаи 16.Ваколатхои комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон 

Комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон дорои ваколатхои зайл мебошад:

1) руйхати интихобкунандагонро дар участка тартиб медихад;

2) интихобкунандагонро бо руйхати интихобкунандагон шинос мекунад, аризахоро дар бораи сахву галатхои руйхат кабул ва бappaси намуда, масъалаи ба руйхат дохил намудани тагйироти дахлдорро халмекунад;

3) лифофахои интихоботии интихобкунандагонеро, ки наметавонанд дар рузи интихобот дар махалли зисти худ бошанд ва дар овоздихи иштирок намоянд, кабул мекунад;

4) ба ахоли дар бораи рузи интихобот ва махалли овоздихи хабар медихад;

5) омодасозии бинои овоздихи, куттихои овоздихи ва дигар тачхизоти интихоботиро таъмин мекунад;

6) овоздихиро дар участкаи интихоботи дар рузи интихобот ташкил медихад;

7) овозхоеро, ки дар участкаи интихоботи дода шудаанд, хисоб мекунад;

8) ариза ва шикоятхоро оид ба масъалахои тайёрии интихобот, ташкили овоздихи барраси карда, аз руи онхо карор кабул менамояд;

9) ваколатхои дигарро мувофики ин Конуни конститутсиони ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон амали мекунад. 

Моддаи 17.Узвият дар комиссияхои интихоботи 

Узви комиссия бо аризаи шахси, инчунин дар сурати аз ваколат махрум карда шуданаш, аз ичрои вазифаи худ озод карда шуда метавонад.

Барои узви комиссияро аз ваколат махрум кардан, дар сурате, ки вай талаботи ин Конуни конститутсиониро вайрон ё мунтазам ба вазифаи худ беэътинои карда бошад, макоме хукукдорад, ки комиссияро ташкил додааст.

Даp мавриди зарурат узви нави комиссияи интихоботи ба тартибе, ки ин Конуни конститутсиони мукаррар кардааст, таъин карда мешавад.

Номзадхо ба мансаби Президенти ЧумхурииТочикистон ва шахсони боэътимоди онхо аъзои комиссияи интихоботи буда наметавонанд.

Як шахс узви факат як комиссияи интихоботи буда метавонад. 

Моддаи 18.Ташкили кор ва мухлати ваколати комиссияхои интихоботи 

Мачлиси комиссияи интихоботи он гох босалохият дониста мешавад, киагар дар он на камтар азсе ду хиссаи хайати аслии комиссия, ки дар рузи мачлис хузур доранд, иштирок карда бошанд. Карори комиссия дар овоздихии кушод бо аксарияти овози аъзои комиссия, ки дар мачлис иштирок намудаанд, кабул карда мешавад. Аъзои комиссия, ки бо карори он норозианд, хукук доранд фикри махсуси худро изхор намоянд, ки он ба таври хатти ба протокол замима карда мешавад. Дар сурати таксими овозхо овози раисикунанда халкунанда мебошад.

Ичрои карори комиссияи интихоботи, ки дар доираи ваколатхои он кабул карда шудааст, барои комиссияхои интихоботии поёни, инчунин барои хамаи макомоти давлати, иттиходияхои чамъияти, коллективхои мехнати ва кисмхои харби, рохбарони корхонахо, муассисаховаташкилотхо хатми мебошад.

Макомоти давлати ва иттиходияхои чамъияти, корхонахо, муассисахо, ташкилотхо, шахсони мансабдор бояд ба комиссияхои интихоботи дар ичрои ваколатхояшон мусоидат намоянд, маълумотхоеро, ки барои кори онхо зарур аст, дар ихтиёрашон гузоранд.

Макомоти давлати, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо бино ва тачхизотеро, ки барои тайёри ва гузаронидани интихобот заруранд, ройгон дар ихтиёри комиссияхои интихоботикарор медиханд.

Комиссияи интихоботихукук дорад оид ба масъалахои вобастаботайёри ва гузаронидани интихобот ба макомоти давлати ва иттиходияхои чамъияти, корхонахо, муассисахо, ташкилотхо, шахсони мансабдор мурочиат кунад, ки онхо бояд масъалаи ба миён гузошташударо барраси намуда, дар мухлати на дертар аз се руз ба комиссияи интихоботичавоб диханд.

Узви комиссияи интихоботи бо карори он дар давраи тайёри ва гузаронидани интихобот аз ичрои вазифахои истехсоли ё хизмати бо  хифзи маоши миёнааз хисоби маблаге, ки барои гузаронидани интихобот чудокарда шудааст, озод карда шуда метавонад.

Мухлати ваколати  комиссияхои хавзави ва участкавии интихобот баъди ба вазифа cap кардани Президенти Чумхурии Точикистон хотима меёбад. 

Моддаи 19.Баррасии шикоят нисбати карорхои комиссияхои интихоботи

 Нисбати карорхои комиссияхои интихоботи дар давоми дах рузибаъд аз кабули онхо ба комиссияи интихоботии болои ё ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Нисбати карорхои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиба Суди Олии Чумхурии Точикистон дар давоми дах руз баъди кабул карда шудани карор шикояткардан мумкин аст. Шикоят бояд дар давоми се рузи баъди ворид шуданаш, агар то рузи интихобот камтар аз шаш руз монда бошад—фаври  мавриди баррасикарор дода шавад.

 

4. РУЙХАТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН 

Моддаи 20.Руйхати интихобкунандагон ва тарзи тартиб додани он

 Руйхати интихобкунандагон аз тарафи комиссияхои участкавии интихобот доир ба хар участкаи интихоботи тартиб дода ва аз тарафи раис ва котиби комиссияи участкавии интихобот имзо карда мешавад.

Руйхати интихобкунандагон аз руи махалли истикомат дар асоси маълумот дар бораи интихобкунандагон, ки макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати пешниход кардаанд, тартиб дода мешавад.

Руйхати интихобкунандагон-хизматчиёни харби, ки дар кисмхои харби мебошанд, инчунин аъзои оилахои онхо ва интихобкунандагони дигар, ки дар махалхои вокеъ гардидани кисмхои харби зиндаги мекунанд, дар асоси маълумоте, ки фармондехони кисмхои харби пешниход  мекунанд, тартиб дода мешавад. Хизматчиёни харби, ки берун аз кисмхои харби зиндаги мекунанд, ба руйхати интихобкунандагон мувофики махалли истикомат дар асосхои умуми дохил карда мешаванд.

Руйхати интихобкунандагон аз руи участкахои интихоботи, ки дар дармонгоххо, профилакторияхо,хонахои истирохат, беморхонахо ва дар дигар муассисахои табобатию пешгирикунанда, инчунин дар назди намояндагихои Чумхурии Точикистон дар давлатхои хоричи ташкил карда шудаанд, дар асоси маълумотхое, ки рохбарони муассисахои мазкур пешниход мекунанд, тартиб дода мешавад.

Руйхати интихобкунандагон дар шакле, ки барои ташкили овоздихи муносиб аст, тартиб дода мешавад. 

Моддаи 21.Ба руйхати интихобкунандагон дохил намудани шахрвандон 

Ба руйхати интихобкунандагон шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки хукуки дар овоздихи иштирок кардан доранд, дохил карда мешаванд.

Ба руйхати интихобкунандагон аз руи махалли истикомат шахрвандоне дохил карда мешаванд, ки дар вакти тартиб додани руйхат дар каламрави участкахои дахлдори интихоботи доими ё муваккати зиндаги мекунанд.

Бa руйхати интихобкунандагон аз руи участкахои интихоботи, ки дар дармонгоххо, профилекторияхо, хонахои истирохат, беморхонахо ва дигар муассисахои табобатию профилактики ташкил карда шудаанд, хамаи шахрвандоне, ки дар рузи гузаронидани интихобот дар махалхо ва муассисахои мазкур мебошанд, дохил карда мешаванд.

Шахрванди Чумхурии Точикистон факат ба як руйхати интихобкунандагон дохил карда шуда метавонад. Шахрвандоне, ки ба участкаи интихоботи баъди барои шиносоии умуми гузоштани руйхати интихобкунандагон омадаанд, ба руйхати иловаги дохил карда мешаванд.

 

Моддаи 22.Шинос намудани шахрвандон бо руйхати интихобкунандагон 

Руйхати интихобкунандагон дар участкахои интихоботи, киаз руи махалли истикомат тартиб дода шудааст, 15 руз пеш аз овоздихи, дар дигар участкахои интихоботи ду руз пеш аз овоздихи барои шиносои умуми пешниход карда мешавад.

Ба шахрвандон имконият мухайё карда мешавад, ки дар бинои комиссияхои участкавии интихоботи дахлдор бо руйхати интихобкунандагон шинос шаванд, инчунин дурустии маълумотхои дар бораи интихобкунандагони ба руйхат дохил кардашударо тафтиш намоянд.

Ба хар шахрванд хукук дода мешавад, ки дар бораи ба руйхат дохил карда нашудан, нодуруст ба руйхат дохил кардан ё аз руйхат партофтан, инчунин хатогихое, ки дар руйхат дар бораи интихобкунанда чой доранд, шикоят кунад. Ариза дар бораи зарурати даровардани ислох ба руйхат аз тарафи комиссияи участкавии интихобот  дар муддати на камтар аз се руз ва дар арафа ва рузи овоздихифавран мавриди баррасикарор дода мешавад. Дар сурати рад кардани ариза комиссияи  участкавии интихобот фавран ба аризадиханда нусхаи карори асоснокро дар бораи рад карда шудани аризаи вай медихад. Нисбати карор ба комиссияхои интихоботии болои ё ба суди нохияви (шахри) шикоят кардан мумкин аст, ки он дар давоми се руз, дар арафа ва рузи интихобот—фавран барраси намуда, карори катъикабул мекунад. Дар су­рате, ки барои аризадиханда карори мусбат кабул карда шавад. Комиссияи участкавии интихобот фавран ба руйхати интихобкунандагон ислох медарорад. 

Моддаи 23.Шаходатнома барои хукуки овоздихи 

Дар сурате, ки интихобкунанда дар давраи байни пешниход кардани руйхати интихобкунандагон барои шиносоии умуми ва рузи интихобот чои будубоши худро тагйир дихад, комиссияи участкавии интихобот бо хохиши интихобкунанда ва бо пешниход намудани хуччат, ки шахсияти уро тасдик мекунад, ба интихобкунанда шаходатномаи хукуки овоздихи медихад. Зимнан дар руйхати интихобкунандагон кайди дахлдор карда мешавад.

Бо пешниход кардани шаходатномаи хукуки овоздихи Комиссияи участкавии интихобот  дар рузи овоздихи интихобкунандаро ба руйхати иловагии интихобкунандагон дар участкаи интихоботии махалли будубоши вай дохил мекунад. 

 5. ПЕШБАРИ ВА БА КАЙДГИРИИ НОМЗАДХО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

Моддаи 24. Пешбари намудани номзадхо ба мансаби Президенти Чумхурии Точикистон 

Номзадхо ба мансаби Президенти Чумхурии Точикистон аз тарафихизбхои сиёсии чумхури, ки мувофики тартиби мукарраркардаи Конуни конститутсиониба кайд гирифта шудаанд, Федератсияи иттифокхои касабаи мустакили Точикистон, Иттифоки чавонони Точикистон дар анчуманхо, конференсияхои онхо мувофики оинномаашон, Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, Мачлиси вакилони халки вилоятхо, Мачлиси вакилони халки шахри Душанбе, инчунин мачлиси намояндагони вакилонихалки Мачлиси вакилони халки нохия ва шахрхои тобеи чумхури пешбари карда мешаванд. Mеъёри намояндаги ва тартиби ташкил ва гузаронидани Мачлиси намоян­дагони Мачлисхои вакилони халки нохияхо ва шахрхои тобеи чумхурироКомиссияи марказии интихобот ва раъйпурси муайян мекунад.

Аз тарафи хар хизби сиёси, Федератсияи иттифокхои касабаимустакили Точикистон, Иттифоки чавонони Точикистон, Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, Мачлисхои вакилони халки вилоятхо, Мачлиси вакилони халки шахри Душанбе, Мачлиси намояндагони вакилони Мачлиси вакилони халки нохияхо ва шахрхои тобеи чумхури факат як нафар номзад ба мансаби Президент пешбари шуда метавонад.

Карор дар бораи пешбарии номзад ба мансаби Президент бо аксарияти овози шумораи умумии вакилони анчуман ё конференсияи хизби сиёси, Федератсияи иттифокхои касабаи мустакили Точикистон, Иттифоки чавонони Точикистон, бо аксарияти овози шумораи умумии вакилони халки Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, Мачлиси вакилони халки вилоятхо, Мачлиси вакилони халки шахри Душанбе, инчунин бо аксарияти овози шумораи умумии намояндагони вакилони Мачлиси намояндагони вакилони Мачлисхои вакилони халки нохияхо ва шахрхои тобеи чумхурикабул карда мешавад. Шакли овоздихиро макоми дахлдоре, ки номзадро ба мансаби президенти пешбари кардааст, муайян менамояд. Дар бораи пешбарии номзад прото­кол тартиб дода мешавад.

Номзади ба мансаби Президент пешбаришуда бояд аз тарафи панч фоизи шумораи шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки хукуки интихобот доранд, тарафдори карда шавад.

Чамъоварии имзои шахрвандон ба тарафдории номзади пешбаришаванда мувофики тартиб ва мухлате, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси мукаррар кардааст, сурат мегирад.

Пешбари намудани номзад ба мансаби Президенти Чумхурии Toчикистон, ки хилофи ин Конуни конститутсиони гузаронида шудааст, беэътибор дониста мешавад.

Пешбари намудани номзадхо ба мансаби Президент дар муддати 50 руз гузаронида шуда, надертар аз 30 руз то интихобот ба охир мерасад.

Шумораи умумии номзадхо ба мансаби Президент махдуд карда намешавад.

Карор дар бораи пешбари намудани номзад ба мансаби Президенти Чумхурии Точикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси дар мухлати на дертар аз се руз баъди кабул кардани он, фиристода мешавад. Дар бораи карори кабул кардашуда ба номзад ба мухлати на дертар аз ду руз хабар дода мешавад.

Хизбхои сиёси, Федератсияи иттифокхои касабаи мустакили Точикистон, Иттифоки чавонони Точикистон, макомоти намояндагии махаллиихокимияти давлати, Мачлиси намояндагони вакилони халки нохияхо ва шахрхои тобеи чумхури, ки номзадхоро ба Президенти пешбари кардаанд, хукук доранд хар вакт то интихобот карори худро дар бораи пешбарии номзад ба мансаби Президент бекор кунанд. Ин гуна кapop ба тартибе, ки барои пешбари кардани номзадхо дар назар дошта шудааст, кабул карда мешавад.

Номзад ба мансаби Президенти Чумхурии Точикистон хар вакт метавонад аз номзадии худ даст кашида, дар ин бора ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси бо ариза мурочиат намояд.

Ба мансаби Президент шахрвандоне, ки доги суди доранд ва он мувофики тартиби мукарраркардаи конун бардошта ё ботил карда нашудааст, ходимони касбии ташкилотхо ва иттиходияхои дини пешбари шуда наметавонанд.

Дар сурате, ки ягон номзад ба мансаби Президенти Чумхурии Точикистон пешбари карда нашуда бошад ё хамаи номзадхои пешбаришуда номзадии худро пас гирифта бошанд, номзадхо бамансаби Президенти Чумхурии Точикистон аз тарафи чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистонпешбари карда мешаванд. Дар ин сурат номзадхое пешбаришуда хисоб мешаванд, ки дар натичаи овоздихии пинхони аз тарафиаксарияти шумораи умумии аъзои Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дастгири карда шудаанд.

 

Моддаи 25. Бакайдгирии номзадхо ба мансаби Президенти Чумхурии Точикистон ва шахсони боэътимоди онхо 

Бакайдгирии номзадхои ба мансаби Президент пешбаришуда ва шахсони боэътимоди онхо аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси дар давомисерузаз лахзаи расидани хуччатхои зарури, вале на дертар аз 25 руз то интихобот сурат мегирад.

Карор дар бораи бакайдгирии номзад ба мансаби Президенти Чумхурии Точикистон дар сурати мавчуд будани чунин хуччатхо кабул карда мешавад:

протоколи мачлиси макоми олии (анчумани, конференсияи) хизби сиёси, Федератсияи иттифокхои касабаи мустакилиТочикистон, Иттифоки чавонони Точикистон, чаласахои Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, Мачлиси вакилони халки вилоятхо, Мачлиси вакилони шахри Душанбе, Мачлисхои намояндагони вакилони Мачлиси вакилони халки нохияхо ва шахрхои тобеи чумхури;

бланкахо бо имзои шахрвандон оид ба дастгирии номзад ба мансаби Президент, ки раисони нохияхо, шахрхо  тасдик кардаанд, дар холатхое, ки дар ин Конуни конститутсиони зикр ёфтаанд;

маълумоти тарчимаи холи номзад ба мансаби Президент;

аризаи номзад дар бораи розигиаш барои худро ба мансаби Президент номзад кардан.

Номзад ба мансаби Президенти Чумхурии Точикистон, инчунин шахсони боэътимоди номзад наметавонанд дар ягон Комиссияи  интихоботиоид ба интихоботи Президент дохил бошанд. Дар сурате ки агар узви яке аз Комиссияхои интихоботи оид ба интихоботи Президент ба мансаби Президент номзад ё шахси боэътимод пешбари шуда бошад, вай аз вазифаи узви комиссия аз лахзаи хамчун номзад ба мансаби Президент ё шахси боэътимод ба кайд гирифта шуданаш озод кардашуда хисоб меёбад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси  дар давоми ду руз баъди бакайдгирии номзадхо ба мансаби Президенти Чумхурии Точикистон ба онхо шаходатномаи дахлдор медихад.

Агар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси бакайдгирии номзадро ба мансаби Президенти Чумхурии Точикистон рад кунад, дар ин бораазтарафи хизбхои сиёси, Федератсияи иттифокхои касабаи мустакилиТочикистон, Иттифоки чавонони Точикистон, макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати, мачлиси намояндагони вакилони Мачлиси вакилони халкхои нохияхо ва шахрхои тобеи марказ, ки номзади мазкурро пешбари кардаанд, ба Суди Олии Чумхурии Точикистон шикоят кардан мумкин аст ва шикоят дар мухлати як хафта барраси карда мешавад. Карори Суди Олии Чумхурии Точикистон катъи мебошад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси  дар мухлати хафт руз баъди бакайдгирии номзад ба мансаби Президенти Чумхурии Точикистон дар матбуоти махалли дар бораи бакайдгири бо зикри фамилия, ном, насаб, сол ва махалли таваллуд, вазифа ва чои кор, хизбият, махалли зист, ахволи оилавии номзад, инчунин номи макоме, ки номзадро ба мансаби Президент пешниход кардааст, хабар чоп мекунад. 

Моддаи 26.Бюллетени интихобот 

Шакл ва матни бюллетени интихобот оид ба интихоботи Президенти чумхури аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси тасдик карда мешавад. Дар бюллетен ба тартиби алифбо руйхати номзадхо ба мансаби Президент бо зикри фамилия, ном, насаб, соли таваллуд, хизбият, вазифа ва чои кор дохил карда мешавад.

Бюллетенхои интихоботи на дертар аз 10 руз то интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон  бо забони давлати ё  забоне, ки аксарияти ахолии хавзаи интихоботи бо он гап  мезананд, аз чониби  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсибарои хамаи хавзахои интихоботи тайёр карда  мешавад. Комиссияхои интихоботи бюллетенхои интихоботиро бо акт месупоранд.

Бюллетенхои интихобот ба комиссияи участкавии интихобот  на дертар аз ду руз пеш аз интихобот расонида мешаванд.

Биное, ки бюллетенхои интихобот дар он нигох дошта мешаванд, мухр карда, ба мухофизаи макомоти корхои дохили супурда мешавад.

 

6. КАФОЛАТИ ФАЪОЛИЯТИ НОМЗАДХО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

Моддаи 27. Кафолати фаъолияти номзадхо ба мансаби Президенти Чумхурии Точикистон ва шахсони боэътимоди онхо

 

Номзадхо ба мансаби Президенти Чумхурии Точикистон аз лахзаи аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси ба кайд гирифта шуданашон дар маъракаи пешазинтихоботи дар асосхои баробар иштирок карда, барои истифодаи имкониятхои воситахои ахбори омма, аз чумла радио ва телевизион, дар каламрави Чумхурии Точикистон хукуки баробар доранд.

Барои хамаи номзадхои бaкaйдгирифташудaи мансаби Президент шароити баробари таъминоти моддию техники ва молиявии маъракаи интихоботи таъмин карда мешавад.

Номзад ба мансаби Президент хукук дорад бо интихобкунандагон чи дар мачлисхо ва чи дар шакли барои интихобкунандагон муносиб вохурихо гузаронад. Комиссияхои интихоботи, макомотихокимияти махалли ба номзадхои мансаби Президент барои гузаронидани мачлисхо бинохои мучаххаз мухайё мекунанд. Дар бораи вакт ва чои гузаронидани мачлисхо ва вохурихо ба интихобкунандагон пешаки хабар дода мешавад.

Макомоти давлати, иттиходияхои чамъияти, рохбарони корхонахо, муассисахо, ташкилотхо вазифадоранд, ки ба номзадхои мансаби Пре­зидент дар ташкили вохурихо бо интихобкунандагон, гирифтани маводхои зарурии маълумоти ва ахбороти мусоидат намоянд.

Номзад ба мансаби Президент метавонад бо барномаи фаъолияти ояндааш баромад кунад. Барномаи номзад набояд бо Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон мухолифат дошта бошад.

Номзадхои ба кайд гирифташудаи мансаби Президент дар вакти гузаронидани маъракаи пешазинтихоботихукук доранд аз ичроивазифахои истехсоли ё хизмати бо хифзи музди мехнати миёнаи чои кор аз хисоби маблаге, ки барои гузаронидани интихобот чудокарда мешавад, озод карда шаванд.

Номзадхо ба мансаби Президент ва шахсони боэътимоди онхоберозигиашон аз кор озод карда, инчунин ба кор ё вазифаи дигар гузаронида шуда наметавонанд.

Номзадхо ба мансаби Президент барои истифодаи ройгон аз тамоми намудхои наклиёти мусофиркаши шахри ё байнишахри (ба истиснои такси) дар каламрави Чумхурии Точикистон хукук доранд.

Номзад ба мансаби Президент наметавонад бе розигии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиба масъулияти чинои кашида шавад, хабс гардад, дастгир шавад ё мавриди чаримаи маъмури, ки ба таври суди сурат мегирад, карор дода шавад. 

Моддаи 28.Шахсони боэьтимоди номзад ба мансаби Президенти Чумхурии Точикистон 

Номзад ба мансаби Президент хак дорад то 15 нафар шахсони боэътимод дошта бошад, ки онхо ба вай барои гузаронидани маъракаи интихоботи ёри мерасонанд, барои интихоб шудани ваи ташвикот мебаранд, манфиатхои вайро дар муносибат бо макомоти давлати ва чамъияти, комиссияхои интихоботи мухофизат мекунанд. Номзад ба мансаби Президенти Чумхурии Точикистон шахсони боэътимодро мувофики салохдиди худ муайян мекунад ва дар бораи онхо ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси хабар медихад. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси шахсони боэъти­модро ба кайд гирифта, ба онхо шаходатнома медихад.

Шахсони боэътимод аъзои комиссияхои интихоботии дахлдор буда наметавонанд.

Шахсони боэътимод бо хохиши номзад ба мансаби Президент аз ичрои вазифахои истехсоли ва хизмати бо хифзи музди миёнаи мехнат аз хисоби маблаге, ки барои гузаронидани интихобот чудо карда меша­вад, озод карда шуда метавонанд.

Ваколатхои шахси боэътимод хар вакт то интихобот бо аризаи вай, инчунин бо таклифи номзад ба мансаби Президенти Чумхурии Точикистон катъ шуда метавонад, ки дар ин бора ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси хабар дода мешавад. 

7. ТАРТИБИ ОВОЗДИХИ ВА ЧАМЪБАСТИ НАТИЧАХОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Моддаи 29. Вакт ва чои овоздихи 

Овоздихи дар рузи интихобот аз соати 6 то 20 вакти махалли гузаронида мешавад. Дар бораи вакт ва чои овоздихи комиссияи участкавии интихобо­т на дертар аз панч руз то интихобот ба интихобкунандагон хабар медихад.

Дар участкахои интихоботи, ки дар кисмхои харби, махалли будубоши шахрвандон вокеъ дар нохияхои дурдаст ва душворгузар, инчунин дармонгоххо ва хонахои истирохат, беморхонахо ва дигар муассисахои  табобати ташкил карда шудаанд, комиссияи участкавии  интихобот метавонад хар гох хатми овоздихиро эълон кунад, агар хамаи интихобкунандагони ба руихат дохил кардашуда овоз дода бошанд. 

Моддаи 30.Ташкили овоздихи 

0воздихи дар бинохои махсус чудо кардашуда, ки дар онхо бояд барои овоздихии пинхони ба микдори кофигурфахо ё хонахо тачхизонида, чойхои додани бюллетенхои интихоботи муайян карда, куттихои интихоботи гузошта шуда бошанд, гузаронида мешавад. Куттихои инти­хоботи тавре гузошта мешаванд, ки овоздихандагон дар вакти рафтан ба назди онхо хатман аз гурфа ё хона барои овоздихии пинхони гузаранд.

Барои ташкили овоздихи, таъмини изхори пинхонии иродаи инти­хобкунандагон, мучаххаз намудани хонахо ва нигох доштани тартиботи зарури дар онхо комиссияи участкавии интихобот масъул мебошад.

Дар рузи интихобот пеш аз огози овоздихикуттихои интихоботи тафтиш карда, аз тарафи раиси комиссияи участкавии интихобот дар хузури хамаи аъзоёни комиссияи интихоботи сургуч ё мухр карда ме­шаванд.

Хap интихобкунанда шахсан овоз медихад, овоздихи ба чои шах­сони дигар мумкин нест. Бюллетенхои интихоботи аз тарафи комиссияи интихоботии дахлдор дар асоси руйхати интихобкунандагони участкаи интихоботи бо пешниходи паспорт ё дигар хуччати тасдиккунандаи шахсият дода мешавад. Хар интихобкунанда барои гирифтани бюлле­тени интихоботи дар мукобили фамилияи худ дар руйхати интихобкунандагон имзо мекунад.

Интихобкунандае, ки наметавонад дар рузи интихобот дар маха­лли истикомати худ бошад, метавонад аз комиссияи участкавии  интихоботи махалли истикомати худ варакахои интихоботро талаб кунад, нисбати номзад ба мансаби Президент карор кабул кунад ва варакахои пур кардашудаи интихоботро дар лифофаи баста дар комиссияи участкавии интихобо­т монад. Интихобкунанда дар бораи гирифтани варакаи ин­тихобот дар руйхати интихобкунандагон имзо мекунад. Шакли варакаи интихобот аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси мукаррар кар­да мешавад.

Дар мавридхое, ки баъзе интихобкунандагон ба нисбати вазъи саломати ё сабабхои дигар наметавонанд ба чои овоздихихозир шаванд, комиссияи участкавии интихобот бо хохиши онхо метавонад камаш ба ду нафар аъзои комиссия супориш дихад, ки овоздихиро дар чои будубоши он интихобкунандагон ташкил диханд.

Интихобкунандагоне, ки бо ягон сабаб ба руйхати интихобкунанда­гон дохил карда нашудаанд, дар асоси хуччате, ки шахсият ва махалли истикоматашонро тасдик мекунад, ба замимаи руйхати интихобкунан­дагон дохил карда мешаванд. 

Моддаи 31.Гузаронидани овоздихи 

Бюллетенхои интихоботро овоздихандагон дар гурфа ё хонаи овоздихии пинхони пур мекунанд. Хангоми пуркунии бюллетенхо гайри овоздиханда хозир будани шахси дигар мумкин нест. Интихобкунандае, ки наметавонад мустакилона бюллетенро пур кунад, хак дорад ба гурфа ё хонаи овоздихи шахси дигарро, гайр аз аъзои комиссияи интихоботи, мувофики салохдиди худ даъват намояд.

Интихобкунанда аз бюллетен фамилияи номзадхоеро, ки ба мукобилашон овоз медихад, хат мезанад. Бюллетени пур кардашударо овоздиханда ба куттии интихобот мепартояд.

 

Моддаи 32.Хисобкунии овозхо дар участкаи интихоботи 

Хисобкунии овозхо дар участкаи интихоботи аз тарафи комиссияи участкавии интихобот оиди хар номзад алохида-алохида  сурат мегирад.

Куттихои интихоботро комиссияи интихоботи дар хузури хамаи аъзоён баъди аз тарафи раиси комиссия эълон карда шудани анчоми овоздихи мекушояд. То анчоми овоздихи кушодани куттихои интихобот мум­кин нест. Пеш аз кушодани куттихои интихобот хамаи бюллетенхои истифоданашудаи интихоботро комиссияи интихоботихисоб карда, онхоро ботил месозад ва дар ин бора акт тартиб медихад.

Пеш аз кушодани куттихои интихоботи аз тарафи комиссияи участкавии интихобот дар хузури хамаи аъзоёни комиссияи участкави лифофахои сарбаста бо варакахои интихоботи ба куттихо партофта мешаванд.

Комиссияи участкавии интихобот мувофики руйхати асосии интихобкунандагон ва замимаи он шумораи умумии интихобкунандагони участка, инчунин шумораи интихобкунандагонеро, ки бюллетени интихо­боти ва варакахо гирифтаанд, муайян мекунад. Дар асоси бюллетенхо ва варакахои интихоботи, ки дар куттихои интихобот мавчуданд, комис­сия шумораи интихобкунандагонеро, ки дар овоздихи иштирок кардаанд, шумораи овозхои ба тарафдори ва шумораи овозхои зидди хар номзад додашуда, шумораи варакахо ва бюллетенхоеро, ки беэътибор дониста шудаанд, муайян мекунад. Аз руи фамилияхое, ки интихобкунандагон ба бюллетенхо ва варакахо илова кардаанд, овозхо хисоб карда намешаванд.

Бюллетенхо ва варакахои интихоботии намунаашон гайримукаррари, инчунин бюллетенхо ва варакахое, ки дар онхохангоми овоздихи фамилияхои беш аз як номзад гузошта шудаанд, беэътибор дониста мешаванд. Дар вакти ба миён омадани шубха дар бораи хакики будани бюллетен ва варакаи интихобот масъала аз тарафи комиссияи участкавии интихобот бо рохи овоздихихал карда мешавад.

Натичаи хисобкунии овозхо дар мачлиси комиссияи участкавии интихобот муайян карда, ба протокол дохил карда мешавад.

Протокол аз тарафи раис, муовини раис, котиб ва аъзоёни комиссия имзо карда, ба комиссияи интихоботии хавзаи дахлдор ба тартибе, ки Комиссияхои марказии интихобот ва раъйпурси мукаррар кардааст, фиристода мешавад. 

Моддаи33. Муайянкунии натичаи интихобот дар хавза 

Дар асоси протоколхои комиссияхои участкавии интихобот комис­сияи хавзавии интихобот  шумораи умумии интихобкунандагони хавза, шумораи интихобкунандагоне, ки бюллетен ва варакаи интихобот ги­рифтаанд, шумораи интихобкунандагоне, ки дар овоздихи иштирок кар­даанд, шумораи овозхое, ки ба тарафдори ва шумораи овозхое, ки зид­ди хар як номзад дода шудаанд, шумораи бюллетенхо ва варакахоеро, ки беэътибор дониста шудаанд, муайян мекунад.

Натичаи интихобот дар хавза дар мачлиси комиссияи интихоботи муайян ва ба протокол дохил карда мешавад. Протокол аз тарафи ра­ис, муовини раис, котиб ва аъзоёни комиссия имзо ва ба тартиби мукар­рар кардашуда ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсифиристода мешавад. 

Моддаи 34.Муайянкунии натичаи интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон 

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси дар асоси протоколхои аз комиссияхои интихо­ботии хавзахо расида, шумораи умумии интихобкунандагони чумхури, шумораи интихобкунандагоне, ки бюллетен ва варакахои интихобот ги­рифтаанд, шумораи интихобкунандагоне, ки дар овоздихи иштирок кардаанд, шумораи овозхое, ки ба «тарафдори» ва шумораи овозхое, ки «зидди» хар як номзад дода шудаанд, шумораи бюллетенхо ва варакахоеро, ки беэътибор дониста шудаанд, муайян мекунад.

Интихоботи Президент дар сурате баргузоршуда дониста мешавад, агар дар он беш аз нисфи интихобкунандагони ба руйхати интихобкунандагон дохил кардашуда, иштирок карда бошанд.

Он номзаде ба мансаби Президенти Чумхурии Точикистон интихобшуда хисоб меёбад, ки дар интихобот беш аз нисфи овозхои интихобкунандагони дар овоздихи иштироккардаро гирифтааст.

Интихобот умуман ё аз руи хавзахои алохида ё участкахои алохида аз сабаби дар рафти интихобот ё хангоми хисобкунии овозхо рох додан ба вайронкунихо, ки ба натичаи интихобот таъсир расонидааст, беэътибор дониста шуда метавонад. Карор дар бораи беэътибор донистани интихобот аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсикабул карда мешавад ва нисбати он ба Суди Олии Чумхурии Точикистон дар муддати дах руз шикоят кардан мумкин аст.Хукуки шикоят кардан барои беэътибор донистани интихобот ба номзадхои мансаби Президенти Чумхурии Точикистон тааллук дорад.

Дар сурати дар хавзахо ё участкахои алохида беэътибор донистани интихобот бо карори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсинатичаи овоздихи дар ин хавзахо, участкахо аз натичаи умумии интихобот хорич карда мешавад, ба шарте ки бе онхо хам умуман баргузор шудани интихобот эътироф карда шавад.

Хабар дар бораи натичаи интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси  дар муддати на дертар аз дах руз баъди интихобот дар матбуот чоп карда мешавад. 

Моддаи 35.Овоздихии такрори 

Агар ба мансаби Президенти Чумхурии Точикистон беш аз ду нафар номзад ба овоз монда шуда бошанд ва ягон нафарашон шумораи даркории овозхоро нагиранд, он гох бо иштироки ду номзаде, ки шумораи бештари овозхоро гирифтаанд, овоздихии такрори гузаронида мешавад. Агар дар натичаи баромада рафтани номзадхо як номзад боки монад, овоздихии такрори аз руи номзадии у гузаронида мешавад. Комиссияхои марказии интихобот ва раъйпурси рузи овоздихии такрориро дар худуди як мох, баъди рузи гузаронида шудани интихобот, вале на пештар аз понздах рузи гузаронидани интихобот таъин мекунад.

Хабар дар бораи гузаронидани овоздихии такрори дар матбуот чоп карда мешавад.

Номзаде интихобшуда хисоб меёбад, ки дар овоздихии такрори назар ба номзади дигар шумораи бештари овозхои интихобкунандагони дар овоздихи иштироккардаро гирифтааст, ба шарте, ки дар овоздихи бештар аз нисфи интихобкунандагони ба руйхат дохил кардашуда иштирок карда бошанд ва шумораи овозхои ба ин номзад додашуда аз шумораи овозхое, ки ба мукобили вай дода шудааст, зиёд бошад.

Агар дар вакти овоздихии такрори ягон номзад Президенти  Чумхурии Точикистон интихоб нашуда бошад, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси интихоботи такрории Президенти Чумхуриро таъин мекунад. 

Моддаи 36.Интихоботи такрори 

Дар сурате, ки интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон баргузорнашуда ё беэътибор дониста шавад ё агар ба Президенти Чумхурии Точикистон на бештар аз ду номзад ба овоз монда шуда бошанду ягоннафарашон шумораи даркории овозхои ннтихобкунандагонро нагирад ё хангоми овоздихии такрори Президенти Чумхурии Точикистон интихоб нашуда бошад, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси интихоботи такрориро таъин мекунад. Зимнан вай метавонад дар бораи зарурати гузаронидани интихобот аз тарафи комиссияхои хавзави ва участкавии интихобот  дар хайати нав карор кабул намояд. Овоздихи дар хамон участкахои интихоботи ва мувофики руйхатхои интихобкунандагон, ки барои гузаронидани интихоботи асоси тартиб дода шудаанд, гузаронида мешавад.

Ташкили комиссияхо, пешбари ва бакайдгирии номзадхо ба мансаби Президенти Чумхурии Точикистон, чорабинихои дигари вобаста ба гузаронидани интихоботи такрории Президенти Чумхурии Точикистон ба тартибе, ки ин Конуни конститутсиони мукаррар кардааст, сурат мегирад.

Хабар дар бораи гузаронидани интихоботи такрори дар матбуот чоп карда мешавад. Интихоботи такрори на пештар аз ду мох баъд аз гузаштани интихоботи асоси гузаронида мешавад.

Моддаи 37.Масъулият барои вайрон кардани Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон»

Шахсоне, ки бо рохи зури, фиреб, тахдид ё бо рохи дигар ба шахрванди Чумхурии Точикистон барои амали намудани хукуки Президенти чумхури интихоб кардан ва интихоб шудан, бурдани ташвикоти пешазинтихоботи мамониат мекунанд, инчунин аъзоёни комиссияхои интихо­боти, шахсони мансабдори макомоти давлати ва чамъияти, ки ба сохтакории хуччатхои интихобот рох дода, дидаю дониста овозхоро нодуруст хисоб кардаанд, овоздихии пинхониро вайрон кардаанд ё ба ди­гар вайронкунии ин Конуни конститутсиони рох додаанд, мувофики конун мавриди масъулият карор дода мешаванд. Инчунин шахсоне, ки дидаю дониста маълумоти дуругро, ки шаъну эътибори номзад ба мансаби Президенти Чумхуриро паст мезанад, чоп кардаанд ё ба тарики дигар пахн намудаанд, ё нисбати аъзоёни комиссияи интихоботи ба тахкир рох додаанд, ба чавобгари кашида мешаванд.

Хангоми аз тарафи номзад ба мансаби Президенти чумхури вайрон кардани ин Конуни конститутсиониКомиссияи марказии интихобот ва раъйпурси номзадро огох мекунад, дар сурати такроран вайрон намудан вай метавонад карори ба кайдгирии номзади мазкурро ба мансаби Президенти чумхури бекор кунад.

Аризахое, ки дар бораи вайрон карда шудани ин Конуни конститутсиони ба комис­сияи интихоботи, макомоти давлатию чамъияти дар давраи тайёрии ин­тихобот ё баъди интихобот расидаанд, бояд дар мухлати се руз ва аризахои дар рузи интихобот расида – фавран барраси карда шаванд. ­ 

Моддаи 38.Ба ичрои вазифа шуруъ  кардани Президенти Чумхурии Точикистон 

Президенти Чумхурии Точикистон аз рузи дар чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони  Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ёд кардани савганд, тибки матни пешбининамудаи Конститутсияи  Чумхурии Точикистон  (моддаи 67) ба вазифа шуруъ мекунад.

 

Раиси

ШУрои Олии

ЧумХурии Точикистон                    Э. РАХМОНОВ

 

шахри Душанбе, 21 июли соли 1994

№1042.

 

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …