Главная / Гуногун / Иктисодиёти чахон аз назари Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА)

Иктисодиёти чахон аз назари Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА)

Тамоюли асосии рушди иктисодиёти чахон. Дар давраи хисоботи бо назардошти муътадил гардидани нархи молу ашё дар бозорхои чахони ва дар ин замина афзоиши ёфтани хачми истехсолот тадричан рушд ёфтани иктисоди чахон ба назар мерасад.

Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) дурнамои рушди иктисоди чахонро тачдиди назар намуда, рушди онро дар соли 2018 дар сатхи 3,7 фоиз пешгуи намудааст, ки нисбат ба баходихии кабли 0,2 банди фоизи кам аст.

Бояд кайд кард, ки идома ёфтани низоъхои тичорати байни кишвархои чахон ба рушди иктисодиёти чахон, аз чумла гардиши савдои чахони таъсири манфии худро мерасонад.

iqtisodiyoti-jahonТадкикоти Бонки марказии Аврупо нишон дод, ки иктисодиёти ИМА дар холати шуруъ намудани низоъхои тичорати бо дигар давлатхо аз хисоби кохиш ёфтани тичорат ва аз даст додани боварии истеъмолкунандагон ва сармоягузорон метавонад бештар зарар бинад, дар холе ки Чумхурии Халкии Хитой бо андешидани чорахои чавоби аз чунин холат мебоист комёб гардад.

Аз руи баходихии Бонки марказии Аврупо суръати рушди иктисодиёти ИМА дар ин маврид ба андозаи 2 банди фоизи кохиш ёфта, иктисодиёти Хитой баръакс аз хисоби зиёд намудани хачми содироти мол ба давлатхои ру ба таракки, ки нисбат ба молхои ИМА бочи гумрукиро пешбини намудаанд, афзоиш меёбад. Тичорати чахони ба андозаи 3,0 фоиз ва рушди иктисодиёти чахон ба 0,2-0,3 фоиз метавонад кохиш ёбад.

Дар доираи чаласаи 73-юми Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттахид дар шахри Ню-Йорк рохбари Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Вазири корхои хоричии Чумхурии Халкии Хитой вобаста ба зарурияти гузаронидани ислохот дар Созмони Умумичахонии Савдо ва дастгирии савдои озод табодули назар карданд.

Чониби Хитой изхор намуд, ки ислохот бояд чавобгуи принсип ва арзишхои асосии СУС бошад ва муносибати махсус нисбат ба давлатхои ру ба таракки таквият дода шавад. Тавассути гузаронидани ислохот ба ин гуна давлатхо имтиёзхои бештар бояд фарохам оварда шавад. Хитой савдои озод ва принсипхои хукук ва муносибати байналмилалиро катъиян чонибдори менамояд ва чунин назар дорад, ки чахон набояд дигар боз ба «конунхои чангал» баргардад.

Рохбарияти ХБА дар навбати худ кайд намуд, ки дар шароити кунуни дар доираи хамкорихои байналмилали бояд низоми савдои бисёрчониба химоя гардида, принсипхои савдои байналмилали риоя шавад ва чихати муваффак шудан ба рушди иктисоди бо рохи машварат ихтилофоти мавчуда бартараф карда шавад.

Инчунин рохбари Созмони Умумичахонии Савдо изхор дошт, ки низоъхои густурдаи тичорати барои субот, афзоиши чойхои кори ва рушди иктисоди хатари зиёдро эчод менамоянд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

javshan-asp-arab

Асноди дуои «Чавшани кабир»

Овардаанд, ки дар яке аз газохо дар холате, ки дар тани он Хазрат (с) чавшани …