Главная / Гуногун / Иқтисодиёти ҷаҳон аз назари Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА)

Иқтисодиёти ҷаҳон аз назари Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА)

Тамоюли асосии рушди иқтисодиёти ҷаҳон. Дар давраи ҳисоботӣ бо назардошти муътадил гардидани нархи молу ашё дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва дар ин замина афзоиши ёфтани ҳаҷми истеҳсолот тадриҷан рушд ёфтани иқтисоди ҷаҳон ба назар мерасад.

Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳонро таҷдиди назар намуда, рушди онро дар соли 2018 дар сатҳи 3,7 фоиз пешгӯӣ намудааст, ки нисбат ба баҳодиҳии қаблӣ 0,2 банди фоизӣ кам аст.

Бояд қайд кард, ки идома ёфтани низоъҳои тиҷоратӣ байни кишварҳои ҷаҳон ба рушди иқтисодиёти ҷаҳон, аз ҷумла гардиши савдои ҷаҳонӣ таъсири манфии худро мерасонад.

iqtisodiyoti-jahonТадқиқоти Бонки марказии Аврупо нишон дод, ки иқтисодиёти ИМА дар ҳолати шурӯъ намудани низоъҳои тиҷоратӣ бо дигар давлатҳо аз ҳисоби коҳиш ёфтани тиҷорат ва аз даст додани боварии истеъмолкунандагон ва сармоягузорон метавонад бештар зарар бинад, дар ҳоле ки Ҷумҳурии Халқии Хитой бо андешидани чораҳои ҷавобӣ аз чунин ҳолат мебоист комёб гардад.

Аз рӯи баҳодиҳии Бонки марказии Аврупо суръати рушди иқтисодиёти ИМА дар ин маврид ба андозаи 2 банди фоизӣ коҳиш ёфта, иқтисодиёти Хитой баръакс аз ҳисоби зиёд намудани ҳаҷми содироти мол ба давлатҳои рӯ ба тараққӣ, ки нисбат ба молҳои ИМА боҷи гумрукиро пешбинӣ намудаанд, афзоиш меёбад. Тиҷорати ҷаҳонӣ ба андозаи 3,0 фоиз ва рушди иқтисодиёти ҷаҳон ба 0,2-0,3 фоиз метавонад коҳиш ёбад.

Дар доираи ҷаласаи 73-юми Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк роҳбари Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой вобаста ба зарурияти гузаронидани ислоҳот дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва дастгирии савдои озод табодули назар карданд.

Ҷониби Хитой изҳор намуд, ки ислоҳот бояд ҷавобгӯи принсип ва арзишҳои асосии СУС бошад ва муносибати махсус нисбат ба давлатҳои рӯ ба тараққӣ тақвият дода шавад. Тавассути гузаронидани ислоҳот ба ин гуна давлатҳо имтиёзҳои бештар бояд фароҳам оварда шавад. Хитой савдои озод ва принсипҳои ҳуқуқ ва муносибати байналмилалиро қатъиян ҷонибдорӣ менамояд ва чунин назар дорад, ки ҷаҳон набояд дигар боз ба «қонунҳои ҷангал» баргардад.

Роҳбарияти ХБА дар навбати худ қайд намуд, ки дар шароити кунунӣ дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ бояд низоми савдои бисёрҷониба ҳимоя гардида, принсипҳои савдои байналмилалӣ риоя шавад ва ҷиҳати муваффақ шудан ба рушди иқтисодӣ бо роҳи машварат ихтилофоти мавҷуда бартараф карда шавад.

Инчунин роҳбари Созмони Умумиҷаҳонии Савдо изҳор дошт, ки низоъҳои густурдаи тиҷоратӣ барои субот, афзоиши ҷойҳои корӣ ва рушди иқтисодӣ хатари зиёдро эҷод менамоянд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …