Главная / Илм / ИНСУЛИН

ИНСУЛИН

insulinИНСУЛИН (лот. insula – чазира, чазирача), гормоне, ки бета-хучайрахои чазирачахои гадуди зери меъда хосил мекунанд. И. омили асосии назорати мубодила ва дар организм гун шудани сафедахо, равган ва ангиштобхо мебошад. Вобаста ба сохтори химияви И. полипептиди мураккаб буда, таркиби он дар хайвоноти гуногун фарк мекунад. И. ба тавассути ретсепторхои махсус, ки дар сатхи хучайрахои бофтахои инсулинхох чой гирифтаанд, таъсир мерасонад. Ангезаи асосии тарашшухи И. дар организм глюкоза аст. Дар мавриди дар бета-хучайрахои чазирачахои гадуди зери меъда кам хосил гаштани И., ба мачрои хун хорич шудани И.-и нофаъол ё нисбати И. суст шудани хассосияти бофтахо диабети канди инкишоф меёбад. И. хангоми омосе, ки аз бета-хучайраи чазирчахо бармеояд (инсулома) бисёр хорич мешавад.
Дорухои И.-ро аз гадуди зери меъдаи гов ва хукхо мегиранд. Онхо барои табобати диабети канди ва беморихои рухи (инсулинотерапия) истифода мегарданд. И. савияи глюкозаро дар хуни беморони гирифтори диабети канди тез паст мекунад, вале таъсири он аз 6 соат беш нест. Дар натичаи ба И. илова кардани намакхои рух ва сафедахои гуногун таъсири он 10 – 36 соат идома меёбад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …