Главная / Илм / ИЕРСИНИОЗ

ИЕРСИНИОЗ

iersinozИЕРСИНИОЗ, бемории сироятиест, ки дар мавриди он рохи меъдаю рудахо осеб меёбад. Хангоми И. бисёр вакт диг. узву бофтахо низ зарар мебинанд. Ангезандаи И. каламчамикроби граммусбати Versinia enterocolitica мебошад; спора надорад, дар харор. паст (6 – 10°С) афзоиш ёфта, хангоми чушондан ва зери таъсири моддахои гандзудо зуд махв мешавад.
Манбаи ангезандаи бемори мушу калламушхо, хук, гов, саг ва диг. хайвонот мебошанд. Онхо ангезандахоро ба воситаи ахлот хорич мекунанд. Баъзан одамони гирифтори И. низ манбаи интиколи ангезандахо махсуб мешаванд. Ангезандахои И. бештар ба воситаи гизо, инчунин дар натичаи тамос бо мариз сироят менамоянд. Ба И. одамони хама синну сол, вале бештар кудакон гирифтор мешаванд. Холатхои сирояти дохилибеморхонави низ ба мушохида расидаанд.
И. метавонад бидуни пайдоиши аломатхо ва нисбатан сабук чараён гирад. Дар кудакони хурдсол ва одамони заиф баъзан бемори шиддат ёфта, боиси уфунат мешавад. Дар сурати инкишофи гастроэнтероколит шикам дард карда, мариз табу тасф, кай ва рузе то 15 маротиба казои хочат мекунад; начосат якчоя бо луоб, баъзан хун меояд. Дар холатхои вазнин токсикоз ва беобии организм рух менамояд. Эхтимол нишонахои аппендитсит ва лимфаденит низ ба мушохида расанд, чигар, банду бугумхо, шуш, чашм, майнапарда осеб ёбад.
И.-ро дар беморхона ва бо антибиотикхо муолича мекунанд. Барои пешгирии И. назорати катъи аз болои забх кардани чорво, тахияи гизо, тоза нигох доштани зарфхои рузгор, истеъмоли махсулоти тару тоза, нест кардани хояндахо, магасхо ахамияти калон дорад.

К. А. Хурсандов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …