Главная / Илм / ИЕРСИНИОЗ

ИЕРСИНИОЗ

iersinozИЕРСИНИОЗ, бемории сироятиест, ки дар мавриди он роҳи меъдаю рӯдаҳо осеб меёбад. Ҳангоми И. бисёр вақт диг. узву бофтаҳо низ зарар мебинанд. Ангезандаи И. қаламчамикроби граммусбати Versinia enterocolitica мебошад; спора надорад, дар ҳарор. паст (6 – 10°С) афзоиш ёфта, ҳангоми ҷӯшондан ва зери таъсири моддаҳои гандзудо зуд маҳв мешавад.
Манбаи ангезандаи беморӣ мушу калламушҳо, хук, гов, саг ва диг. ҳайвонот мебошанд. Онҳо ангезандаҳоро ба воситаи ахлот хориҷ мекунанд. Баъзан одамони гирифтори И. низ манбаи интиқоли ангезандаҳо маҳсуб мешаванд. Ангезандаҳои И. бештар ба воситаи ғизо, инчунин дар натиҷаи тамос бо мариз сироят менамоянд. Ба И. одамони ҳама синну сол, вале бештар кӯдакон гирифтор мешаванд. Ҳолатҳои сирояти дохилибеморхонавӣ низ ба мушоҳида расидаанд.
И. метавонад бидуни пайдоиши аломатҳо ва нисбатан сабук ҷараён гирад. Дар кӯдакони хурдсол ва одамони заиф баъзан беморӣ шиддат ёфта, боиси уфунат мешавад. Дар сурати инкишофи гастроэнтероколит шикам дард карда, мариз табу тасф, қай ва рӯзе то 15 маротиба қазои ҳоҷат мекунад; наҷосат якҷоя бо луоб, баъзан хун меояд. Дар ҳолатҳои вазнин токсикоз ва беобии организм рух менамояд. Эҳтимол нишонаҳои аппендитсит ва лимфаденит низ ба мушоҳида расанд, ҷигар, банду буғумҳо, шуш, чашм, майнапарда осеб ёбад.
И.-ро дар беморхона ва бо антибиотикҳо муолиҷа мекунанд. Барои пешгирии И. назорати қатъӣ аз болои забҳ кардани чорво, таҳияи ғизо, тоза нигоҳ доштани зарфҳои рӯзгор, истеъмоли маҳсулоти тару тоза, нест кардани хояндаҳо, магасҳо аҳамияти калон дорад.

Қ. А. Хурсандов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …