Главная / Техника / Хушруйтарин мошини дунё

Хушруйтарин мошини дунё

Мошини фасонтарин, яъне зеботраину хушруйтарин ки ба кавли точикон бо ибораи «Зуртарин» ифода мешавад ба андешаи одамон ягонаву якхела нест ва он вобаста ба солу, рангу, нарх, харочотнокиаш ва дигар унсурхо, хар хел бахо дода мешавад.

Лек дар ба хаммаи ин нигох накарда аз хамма зеботарин мошини чахонро солхои тулунии охир маркаи «Ламборчини» сазовор шуда истодааст. Дар чойи дуюм бошад «Буггати» ва савум «Алфа Ромео» мебошад. Албатта зебоги нархи гарон ва шумораи нотакрорро сохиб аст. Дигар хел карда гуем, адади мошинхои фасон бо шумораи кам истехсол мешаванд, ин хам бошад бар асоси нархи гарон буданашон бо арзиши аз 100 то млн доллари ИМА фурухта мешаванд.

Мошинхои зебо бехатаринанд ва дар харакат тез буда суръати баланд доранд ва онхоро ба гурухи мошинхои варзиши (sport car) ворид кардаанд. Аз нигохи вазн ин мошинхо нисбатан сабук буда аз 800 кг то 2 тонн вазн доранд ва кадашон нисбатан паст мебошад. Чи тавре, ки кайд кардем мошинхои фасон асосан барои варзиш ва харакат дар роххои хамвори шахриву байнишахри истифодаи махсусгардонидашударо дорад.

Харидани мошинхои фасон асосан барои бойхо имконпазир аст, чун ки на хамагон пули бисёре доранду хаваси молик шудани мошини хушру. Дар чахон асосан бештар арабхо, хиндухо, амрикоихо, русхо, французхо бештар дар харидори кардани мошинхои зебо майл доранд. Табиатан чунин мошинхо баъди истехсол 3-5 сол хизмат мекунад ва баъдан бар асоси касе онро таъмир накарданаш хамчун хайкал дар тавакуфгоххои (гараж) сохибашон боки мемонанд. Худ казоват кунед, ки кисмхои эхтиётии он дар истехсол нестанд ва нахаммаи устохо аз бартараф кардани камбудихои ин мошинхо ухдабароянд.

Мошинхои зеботарини чахонро асосан немисхо, франсузхо, итолиёвихо ва амрикоихо истехсол менамоянд. Мошинхои истехсоли Чопон, Руссия, Хитой, Хиндустон, Бразилия аз чихати сифату зебоги ба номгуи мошинхои зеботарини чахон ворид нашудаанд ва эътирофи чахониро нагирифтаанд.

Бугатти Вейрон
Пагани Зонда
Алфа Ромео
МКларен П1
Пагани Хурана

 

 

 

 

 

Инчунин кобед

Кисмхои компютерхои фарди

Пеш аз хама аз таъминоти дастгохии компютери фарди огоз менамоем: Расми кисмхои асосии компютер Чи …