Главная / Техника / Хушруйтарин мошини дунё

Хушруйтарин мошини дунё

Мошини фасонтарин, яъне зеботраину хушруйтарин ки ба қавли тоҷикон бо ибораи «Зуртарин» ифода мешавад ба андешаи одамон ягонаву якхела нест ва он вобаста ба солу, рангу, нарх, хароҷотнокиаш ва дигар унсурҳо, ҳар хел баҳо дода мешавад.

Лек дар ба ҳаммаи ин нигоҳ накарда аз ҳамма зеботарин мошини ҷаҳонро солҳои тӯлунии охир маркаи «Ламборҷинӣ» сазовор шуда истодааст. Дар ҷойи дуюм бошад «Буггатӣ» ва савум «Алфа Ромео» мебошад. Албатта зебогӣ нархи гарон ва шумораи нотакрорро соҳиб аст. Дигар хел карда гӯем, адади мошинҳои фасон бо шумораи кам истеҳсол мешаванд, ин ҳам бошад бар асоси нархи гарон буданашон бо арзиши аз 100 то млн доллари ИМА фурухта мешаванд.

Мошинҳои зебо беҳатаринанд ва дар ҳаракат тез буда суръати баланд доранд ва онҳоро ба гуруҳи мошинҳои варзишӣ (sport car) ворид кардаанд. Аз нигоҳи вазн ин мошинҳо нисбатан сабук буда аз 800 кг то 2 тонн вазн доранд ва қадашон нисбатан паст мебошад. Чи тавре, ки қайд кардем мошинҳои фасон асосан барои варзиш ва ҳаракат дар роҳҳои ҳамвори шаҳриву байнишаҳрӣ истифодаи махсусгардонидашударо дорад.

Харидани мошинҳои фасон асосан барои бойҳо имконпазир аст, чун ки на ҳамагон пули бисёре доранду ҳаваси молик шудани мошини хушру. Дар ҷаҳон асосан бештар арабҳо, ҳиндуҳо, амрикоиҳо, русҳо, французҳо бештар дар харидорӣ кардани мошинҳои зебо майл доранд. Табиатан чунин мошинҳо баъди истеҳсол 3-5 сол хизмат мекунад ва баъдан бар асоси касе онро таъмир накарданаш ҳамчун ҳайкал дар тавақӯфгоҳҳои (гараж) соҳибашон боқӣ мемонанд. Худ қазоват кунед, ки қисмҳои эҳтиётии он дар истеҳсол нестанд ва наҳаммаи устоҳо аз бартараф кардани камбудиҳои ин мошинҳо уҳдабароянд.

Мошинҳои зеботарини ҷаҳонро асосан немисҳо, франсузҳо, итолиёвиҳо ва амрикоиҳо истеҳсол менамоянд. Мошинҳои истеҳсоли Ҷопон, Руссия, Хитой, Ҳиндустон, Бразилия аз ҷиҳати сифату зебогӣ ба номгӯи мошинҳои зеботарини ҷаҳон ворид нашудаанд ва эътирофи ҷаҳониро нагирифтаанд.

Бугатти Вейрон
Пагани Зонда
Алфа Ромео
МКларен П1
Пагани Ҳурана

 

 

 

 

 

Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

klaviatura

КЛАВИАТУРА

Клавиатура барои ба компютер дохил намудани командаҳо ва матни ҳуҷҷатҳо пешбинӣ карда шудааст. Азбаски имрўз …