Главная / Чамъият / Хукуки корманд дар хусуси ба дигар вакт гузаронидан ва дароз намудани мухлати рухсатии мехнати дар давоми соли кори

Хукуки корманд дар хусуси ба дигар вакт гузаронидан ва дароз намудани мухлати рухсатии мехнати дар давоми соли кори

Моддаи 109-и Кодекси Мехнат. Хукуки корманд дар хусуси ба дигар вакт гузаронидан ва дароз намудани мухлати рухсатии мехнати дар давоми соли кори

  1. Корманд метавонад дар холатхои зерин рухсатии мехнатиашро ба дигар вакт гузаронад ё дароз намояд:

– хангоми корношоямии муваккати;

– хангоми фаро расидани мухлати рухсати барои хомиладори ва таваллуд;

– хангоми рост омадани рухсатии солонаи мехнати бо рухсати барои тахсил бе чудо шудан аз истехсолот (агар корманд чунин рухсатиро пеш аз рухсатии мехнати ва ё дар вакти рухсатии мехнати ва баъд аз даъвати муассисаи таълими ба расмият дароварда бошад);

– хангоми ичрои ухдадорихои давлати ё чамъияти, агар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон барои ичрои чунин вазифахо аз кор озод намудани кормандро пешбини карда бошанд;

– хангоми пардохт накардани музди мехнати корманд дар мухлати мукаррарнамуда барои рухсати;

– бо мувофикаи тарафхо, инчунин дар дигар холатхое, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, созишнома ва шартномахои коллективи пешбини намудаанд.

  1. Агар сабабхои дар кисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда дар давраи рухсати ба миён омада бошанд, рухсати ба муддати он рузхо дароз ё бо мувофикаи корманд ва корфармо кисми рухсатии истифоданашуда бо розигии корфармо ба мухлати дигари соли равони кори гузаронида мешавад.
  2. Агар сабабхои дар кисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда то огози рухсатии мехнати ба вучуд омада бошанд, рухсати бо хохиши корманд ва розигии корфармо ба вакти дигари соли кори гузаронида мешавад.
  3. Корманд ухдадор аст корфарморо оид ба сабабхое, ки ба истифодабарии рухсати дар мухлати муайяншуда ва вакти дароз намудани рухсати монеъ мешаванд, огох намояд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …