Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқи корманд дар хусуси ба дигар вақт гузаронидан ва дароз намудани муҳлати рухсатии меҳнатӣ дар давоми соли корӣ

Ҳуқуқи корманд дар хусуси ба дигар вақт гузаронидан ва дароз намудани муҳлати рухсатии меҳнатӣ дар давоми соли корӣ

Моддаи 109-и Кодекси Меҳнат. Ҳуқуқи корманд дар хусуси ба дигар вақт гузаронидан ва дароз намудани муҳлати рухсатии меҳнатӣ дар давоми соли корӣ

  1. Корманд метавонад дар ҳолатҳои зерин рухсатии меҳнатиашро ба дигар вақт гузаронад ё дароз намояд:

– ҳангоми корношоямии муваққатӣ;

– ҳангоми фаро расидани муҳлати рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд;

– ҳангоми рост омадани рухсатии солонаи меҳнатӣ бо рухсатӣ барои таҳсил бе ҷудо шудан аз истеҳсолот (агар корманд чунин рухсатиро пеш аз рухсатии меҳнатӣ ва ё дар вақти рухсатии меҳнатӣ ва баъд аз даъвати муассисаи таълимӣ ба расмият дароварда бошад);

– ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои чунин вазифаҳо аз кор озод намудани кормандро пешбинӣ карда бошанд;

– ҳангоми пардохт накардани музди меҳнати корманд дар муҳлати муқаррарнамуда барои рухсатӣ;

– бо мувофиқаи тарафҳо, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ намудаанд.

  1. Агар сабабҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда дар давраи рухсатӣ ба миён омада бошанд, рухсатӣ ба муддати он рўзҳо дароз ё бо мувофиқаи корманд ва корфармо қисми рухсатии истифоданашуда бо розигии корфармо ба муҳлати дигари соли равони корӣ гузаронида мешавад.
  2. Агар сабабҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда то оғози рухсатии меҳнатӣ ба вуҷуд омада бошанд, рухсатӣ бо хоҳиши корманд ва розигии корфармо ба вақти дигари соли корӣ гузаронида мешавад.
  3. Корманд уҳдадор аст корфарморо оид ба сабабҳое, ки ба истифодабарии рухсатӣ дар муҳлати муайяншуда ва вақти дароз намудани рухсатӣ монеъ мешаванд, огоҳ намояд.

Инчунин кобед

screenshot-2017-10-30-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%b0%d0%bc12

Аркони Ислом чанд аст? – Рукн

Мо мусулмон ҳастем, аз ин РӮ бояд вазифаҳои муайяни, ки ба зиммаи мусулмонон гузошташударо, ичро …